Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳҷоизаи “Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон” - «Hyundai Accent»


Дар варзишгоҳи «Спитамен» (собиқ «Спартак»)-и Душанбе мусобиқа барои “Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон” оид ба футбол ва футболи хурд ҷараён дорад.

Ин мусобиқа бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси вазорати корҳои дохилии кишвар баргузор шудааст. Дар сомонаи ин вазорат гуфта мешавад, ки дар ин мусобиқа дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ ширкат меварзанд.

Барои “Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон” 36 даста, аз он ҷумла 14 даста оид ба футбол ва 22 даста оид ба футболи хурд мубориза мебаранд. Шоҳҷоизаи ин мусобиқа мошини сабукрави тамғаи «Hyundai Accent» мебошад.

Мусобиқаи мазкур, ки 11-уми май шурӯъ шудааст, то рӯзи 10-уми июн идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG