Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Ғафуров: "Вахш" ба сарпараст ва кумаки молӣ ниёз дорад"


Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 20-ум ва 21-уми апрел баргузор шуданд.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бар тими «Истаравшан»-и Истаравшан бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро легионери узбакистонӣ Илҳом Мирзоев (дақиқаи 47-ум) ва Нодирбек Маъмиров (дақиқаи 57-ум) заданд.

Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бозиро дар майдони худ бо тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Муҳаммад Гулипур, легионери эронии «Хуҷанд», дар дақиқаи 49-ум ҳисобро боз кард. Стенли, легионери ССКА «Помир» аз Гана, дар дақиқаи 70-ум ҳисобро баробар намуд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00
Линки мустақим


Як бозии дигари даври сеюми мусобиқа, ки рӯзи якшанбе, 21-уми апрел байни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар барпо гардид, бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Бахтиёр Қаландаров, бозигари «Вахш», дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 38-ум ҳисобро кушод. Дар нимаи дувуми дидор футболбозони дастаи мизбон - Бахтиёр Чориев дар дақиқаи 58-ум ва Шавкати Ҳотам дар дақиқаи 72-юм ду гол зада, бозиро ба нафъи «Энергетик» анҷом доданд.

Голҳо дар бозӣ миёни дастаҳои "Энергетик" ва "Вахш"




Баъди бозӣ миёни дастаҳои “Энергетик” ва “Вахш” нишасти матбуотӣ бо иштироки сармураббиёни ҳарду даста баргузор шуд. Нахуст Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, андешаҳои худро дар бораи ин бозӣ баён кард. Вай гуфт, “бозӣ хеле шавқовар гузашт. Вале дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони ҷавони мо хаста шуда, ба хатоҳои зиёд роҳ доданд ва ба дарвозаи мо ду тӯб ворид гашт. “Энергетик”, ки легионерҳои моҳир дорад, дар нимаи дувум хуб бозӣ кард. Иллати нокомии дастаи мо дар се бозии имсола, пеш аз ҳама, он аст, ки мо омодагиро ба мавсим хеле дер сар кардем. Аниқтараш ҳамагӣ як ҳафта пеш аз оғози мусобиқаи имсола мо тасмим гирифтем, ки дар чемпионат иштирок мекунем. Вале то ҳоло шароити дастаи мо вазнин аст. Даста сарпараст надорад ва касе ба мо кӯмак намекунад. Чизи дигаре, ки моро ба ташвиш андохтааст, ин
Салоҳиддин Ғафуров (аз рост) ва Тоҳир Муъминов (аз чап) зимни нишасти матбуотӣ.
Салоҳиддин Ғафуров (аз рост) ва Тоҳир Муъминов (аз чап) зимни нишасти матбуотӣ.
сатҳи пасти доварӣ мебошад. Ба назари ман бо чунин доварӣ футболи тоҷик рушд намекунад. Дар ин бозӣ низ сардовар Диловаршоҳ Орзуев ба хатоҳои дағал роҳ дод, ки ба натиҷаи бозӣ таъсир расонд. Доварон баҳудаву беҳуда ба бозигарони мо кортҳои зард нишон доданд. Агар чунин ҳолат идома ёбад, дар даври панҷум мо бозигарон намеёбем, ки ба майдон бароянд.”

Баъдан Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”, ба саволҳои хабарнигорон посух дод. Ӯ гуфт, “мо дар мусобиқаи имсола то ин муддат мушоҳида намудем, ки рақибони суст надорем. Дастаҳо баробаранд ва барои пирӯзӣ сахт талош мекунанд. “Вахш” имрӯз бозии хуб нишон дод. Вале дар нимаи дувуми бозӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ камқувватии футболбозони ҷавон ба назар мерасид ва чунон ки ҳамкасби ман иброз дошт, дастаи “Вахш” фурсати омодагии хуб ба мусобиқаи имсола надоштааст. Дар бораи дастаи худ ҳаминро гуфтаниям, ки дар ду бозии пешин мо хуб бозӣ кардем, вале ҳамагӣ як хол гирифтем. Имрӯз бошад, бад бозӣ кардем ва аммо соҳиби се хол шудем. Албатта мо бозиро таҳлил мекунем ва хулосаҳои зарурӣ мебарорем. Он чиз боиси хушнудист, ки ба тамошои бозиҳои чемпионати имсола дар варзишгоҳҳои шаҳри Душанбе мухлисони зиёд ҷамъ меоянд.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00


Даври 3-юм
20-уми апрел, шанбе.

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 2-0.
Б.Ғафуров. Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”. Гол
ҳо: Илҳом Мирзоев, 47 (1:0). Нодирбек Маъмиров, 57 (2:0).

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд) – 1-1.
Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. Голҳо: : Муҳаммад Гулипур, 49 (0:1). Стенли, 70 (1:1).

21-уми апрел, якшанбе.
«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) – 2-1.
Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”. Голҳо: Бахтиёр Қаландаров, 38 (0:1). Бахтиёр Чориев, 58 (1:1), Шавкати Ҳотам, 72 (2:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 2 2 0 0 9-2 6
2. «Хайр» 2 1 1 0 3-1 4
3. «Парвоз» 3 1 1 1 2-1 4
4-5. «Хуҷанд» 3 1 1 1 2-2 4
4-5. «Энергетик» 3 1 1 1 2-2 4
6-7. «Равшан» 1 1 0 0 1-0 3
6-7. «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 1-0 3
8. ССКА «Помир» 2 0 2 0 1-1 2
9. «Истаравшан» 2 0 1 1 0-2 1
10. «Вахш» 3 0 1 2 2-6 1
11. «Панҷшер» 2 0 0 2 2-8 0

Нишонзани беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 3 гол.

Даври 4-ум
27-уми апрел, шанбе.


«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе). Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода). Қӯрғонтеппа.
Варзишгоҳи «Пахтакор».
«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) – «ХАЙР» (Ваҳдат). Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”.


28-уми апрел, якшанбе.

«ПАНҶШЕР» (Ҷалолиддини Румӣ) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе). Ҷ. Румӣ Варзишгоҳи ба номи Уктам Мамадов.

Оғози бозиҳо – соати 16:00.
XS
SM
MD
LG