Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар бозии севумаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони синнашон то 14-сола дар Непал бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ин бозии охирини мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи «С» рӯзи 6-уми апрел дар варзишгоҳи Дашрати пойтахти Непал – Катманду бо ҳузури 300 тамошогар баргузор шуд.

Зиёвиддин Фузайлов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 4-ум тӯбро вориди дарвозаи мизбонон карда, ҳисобро кушод. Умед Ҳайдар Солеҳ, бозигари мунтахаби Афғонистон, дар дақиқаи 30+1 ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Аслиддин Муҳаммадиев, нимҳимоятгари дастаи Тоҷикистон , дар дақиқаи 54-ум ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар нахустин бозии худ 2-юми апрел бар тими Бутан бо ҳисоби бузурги 15:0 ғалаба карда, бозии дувумашонро 4-уми апрел бо дастаи мизбон – Непал бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буданд.

Дар бозии охирин ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Непал бар тими Бутан бо ҳисоби 13:0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 18-2) ғолиби гурӯҳи «С» шуд. Тими Афғонистон бо 6 имтиёз (17-3) ҷойи дувумро касб кард. Дастаи Непал бо 4 имтиёз (15-3) севум шуд. Мунтахаби Бутан бидуни имтиёз ва бидуни гол (0-42) дар ҷойи охирин – чорум қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дар ҳамин ҳол мусобиқа дар се гурӯҳ ба анҷом расидааст. Ба ҷуз Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Ироқ аз гурӯҳи “А” ва Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи “В” ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон, ки соли 2014-ум баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Мусобиқа дар гурӯҳи “D” (Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркманистон ва Қирғизистон) аз 23-юм то 29-уми апрел, дар гурӯҳи “Е” (Бруней Доруссалом, Малайзия, Мянмар, Филиппин ва Тимор Лесте) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “F” (Бангладеш, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Сингапур ва Тайланд) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “G” (Чин, Тайван, Гуам, Кореяи Ҷанубӣ ва Марианаи Шимолӣ) аз 20-уми апрел то 26-уми апрел ва дар гурӯҳи “H” (Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Ҷопон, Макао ва Муғулистон) аз 11-ум то 17-уми апрел баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG