Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 20 зина поин шуд


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) 20 зина поин шуда, дар мақоми 152-юм ҷой гирифт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар феҳристи FIFA: Русия (10), Украина (48), Узбакистон (59), Беларус (62), Гурҷистон (69), Арманистон (84), Эстония (89), Латвия (108), Литва (115), Озарбойҷон (116), Молдова (131), Қазоқистон (139), Туркманистон (140), Тоҷикистон (152), Қирғизистон (201).

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Инглистон, Италия, Колумбия, Португалия, Ҳолланд, Хорватия ва Русия ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷойи 25-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (26), Австралия (39), Кореяи Ҷанубӣ (47), Эрон (57),Узбакистон (59), Урдун (90), Ироқ (94), Қатар (98), Аморати Муттаҳидаи Араб (98) ва Кореяи Шимолӣ (102).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар чаҳор соли охир дода мешавад.

Вале мунтахаби Тоҷикистон баъди бозии дӯстона дар Теҳрон бо тими миллии Эрон дар чаҳор моҳи ахир ягон бозӣ анҷом надодааст. Бинобар ин, дар рейтинги FIFA 20 зина поин шуд.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Никола Кавазович, мутахассиси сербиягӣ, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои ин гурӯҳ дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов аз 17-ум то 21-уми марти соли равон баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон 17-уми март бо дастаи Покистон, 19-уми март бо тими Макао ва 21-уми март бо тими Қирғизистон бозӣ хоҳад кард.

Рейтинги минбаъдаи FIFA 11-уми апрели соли 2013-ум нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG