Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Ҳабибуллоев: “Ман аз вазифаам истеъфо нахоҳам дод”


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода.
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, баъди бохт ба тими «Аль-Риффа» -и Баҳрайн бо ҳисоби бузурги 0:3 дар даври дувуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2013 дар гурӯҳи «А» изҳор дошт, ки истеъфо нахоҳад дод.

Дар нишасти матбуотӣ нахуст Ҷамол Хаҷабдич, сармураббии “Ал-Риффа”, ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Вай гуфт: «Ман бозии хуби “Регар”-ро дар Лубнон тамошо кардам ва камбудиҳоро дар бозии онҳо омухтам. Мураббии “Регар”, шояд гумон дошт, ки мо аз паи ҳимоя мешавем. Вале ман ӯро дар ҳайрат гузоштам ва аз дақиқаҳои аввал ба ҳуҷум гузаштем. «Регар» дастаи хуб аст, вале кораш омад накард. Мехоҳам барои пазироӣ ба мизбонон ва ҳамаи онҳое, ки ин бозиро баргузор карданд, ташаккур гӯям.”

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, дар ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, “дар бозии имрӯза хатоҳои пайиҳам дар хатти дифоъ боиси шикасти даста шуд. Бинобар ин ман аз мухлисон узр мепурсам. Тамоми даста суст бозӣ кард ва ман аз бозӣ қаноатманд нестам. «Риффа», бешак, аз мо аз ҷиҳати маҳорат як сару гардан болост. Вале бохти мо дарс аст ва мо аз ин бояд хулосаи даркорӣ барорем.”


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
Линки мустақим


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар посух ба суоли яке аз хабарнигорон дар бораи он ки оё ӯ баъди ин бохт истеъфо медиҳад, чунин гуфт: «Бозиҳое буданд, ки мо бо ҳисоби аз ин бузургтар мағлуб шуда будем. Ва ман таслим шуданӣ нестам. Минбаъд кор мекунем ва хатоҳоро ислоҳ менамоем.”
XS
SM
MD
LG