Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти “Регар-ТадАЗ” ба “Ал-Риффа” бо ҳисоби 0:3


Бозӣ миёни дастаҳои "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ва "Ал-Риффа"-и Баҳрайн дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд. 12-уми марти соли 2013.
Бозӣ миёни дастаҳои "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ва "Ал-Риффа"-и Баҳрайн дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд. 12-уми марти соли 2013.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар даври дувуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC- Конфедератсияи футболи Осиё аз тими «Ал-Риффа»-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “А” рӯзи 12-уми март дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳузури 10 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Ҳарсе голро Аҳмад-ал-Доунӣ, ҳамлагари “Ал-Риффа”, ба самар расонд. Ӯ дар дақиқаи 15-ум ҳисобро боз кард. Тӯби дувумро вай дар дақиқаи 45-ум ва голи севумро дар нимаи дувум, дар дақиқаи 68-ум зад.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” шоми 12-уми март дастаи “Кувайт”-и Кувайт дар майдони худ бар тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.


Ҷоми АФК. Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

«Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) - «Ал-Риффа» (Баҳрайн) - 0:3

Голҳо: Аҳмад Ал-Доунӣ, 15 (0:1). Аҳмад Ал-Доунӣ, 45 (0:2). Аҳмад Ал-Доунӣ, 68 (0:3).

«Регар-ТадАЗ»: Фарҳод Юлдошев, Сафаралӣ Каримов, Фрейтас Фабритсио, Фаррух Чориев, Сардорбек Эминов (Далер Шомуродов, 80), Хуршед Маҳмудов (капитан), Ҷамшед Исмоилов (Расул Файзов, 46), Аҳтам Ҳамроқулов (Сантос Элтон, 46), Алексей Неъматов, Комил Саидов, Далерҷон Тухтасунов.
Огоҳонида шуданд: Ҷамшед Исмоилов, 33, Муҳаммад Солеҳ, 38, Комил Саидов, 63, Ҳамад Ракеа, 63, Алексей Неъматов, 73.
Сардовар: Чоримурод Қурбонов (Туркманистон).

12-уми март. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 10 000 тамошогар.


“Кувайт” (Кувайт) – “Сафо” (Лубнон) – 3:1

Голҳо: Абдуллоҳ Ал Бураикӣ, 14 (1:0), Амир Хон, 16 (1:1), Иссом Ҷумъа, 53 (2:1), Рогерио де Ассис Коутинҳо, 69 (3:1).

Дастаи “Кувайт” баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Сафо” ва “Регар-ТадАЗ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Сафо” дар ҷойи севум ва “Регар-ТадАЗ” дар ҷойи охирин – 4-ум қарор доранд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Б Ғ М Б Т И
1. “Кувайт” 2 2 0 0 5-1 6
2. “Ал-Риффа” 2 1 0 1 3-2 3
3. “Сафо” 2 0 1 0 2-4 1
4. “Регар-ТадАЗ” 2 0 1 1 1-4 1

Бозии даври севумро дастаи «Регар-ТадАЗ» рӯзи сешанбе, 2-юми апрел, дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо тими «Кувайт»-и Кувайт анҷом медиҳад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон дар Ҷоми AFC – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб 13-уми март дар сафар бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия рақобат мекунад. Бинобар вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия ин бозӣ дар майдони бетараф – дар шаҳри Аззаркаи Урдун, дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG