Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Хадамоти алоқа дастури бастани 131 сомонаро бекор кард


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастури масдудияти 131 саҳфаи интернетиро бекор кардааст.

Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр бо пахши як баёния эълом дошт, ки фармони масдудияти 131 сомонаи интернетӣ бекор шудааст. Ба қавли манбаъ, ин тасмим баъд аз баҳси дусоатаи масъулони Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон оид ба масъалаи этика ё худ одоби интернет гирифта шудааст.

Дар баёнияи рӯзи 26-уми Хадамоти алоқа гуфта мешавад, давлати Тоҷикистон ва аз ҷумла Хадамоти алоқа зидди озодии баён, андеша ва мубодилаи афкор нестанд, "вале ҳама мехоҳад, ки интернет як сарчашмаи иғвогариву таҳқиру ҳақорат набошад."

Дар идомаи ин баёния Хадамоти алоқа аз ҳамаи истифодабарандагони интернет хостааст, "одоби муоширатро риоя карда, ба дигарон низ намуна бошанд."

Дар охири ҳафтаи гузашта Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз ширкатҳои интернетрасон талаб карда буд, то рӯзи душанбеи 24-уми декабр 131 сомонаро масдуд кунанд. Дар рӯйхати пешниҳодкардаи Хадамот 80 дарсади сомонаҳо тафреҳӣ буда, аз шабакаҳои иҷтимоӣ "Мой Мир" ва "В Контакте" низ ба он шомил буданд.

Ба дунболи ин дархости Хадамоти алоқа, ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон рӯзи 24-уми декабр, зимни як нишасти муштарак, қарор карданд, бо як номаи расмӣ аз парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон талаб кунанд, ки ба дастури масдудияти 131 саҳифаи интернетӣ расидагӣ кунанд.

Масъулони Анҷумани ширкатҳои фароҳамсози интернет, созмонҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ин нишаст иштирок кардаанд, аз масъулини давлати Тоҷикистон даъват намудаанд, муносибат ба интернетро тағйир диҳанд ва ба маҳдудкуниҳои рӯзафзуни интернет дар кишвар хотима бахшанд. Як намояндаи ширкати бонуфузи кишвар, ки дар нишасти рӯзи сешанбеи Хадамоти алоқа ширкат дошт, гуфт, пас аз ин мулоқот ба ин натиҷа расидаанд, ки сомонаҳое, ки дар феҳрист зикрашон рафта буд, баста нашаванд ва агар баста шуда бошанд, боз карда шаванд.
XS
SM
MD
LG