Чоршанбе, Октябр 22, 2014

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Посухи шаҳрдории Душанбе ба Муҳиддин Кабирӣ

Шаҳрдории Душанбе ба матлаби Муҳиддин Кабирӣ, ки 12 октябри соли 2012 дар сомонаи интернетии Тоҷнюс бо номи «10 сол пас Душанбе «урён» мешавад», интишор шудааст, таҳти унвони «Душанбе ҳамарўза бештар сабзу хуррам ва гулпўш мегардад!» бо имзои Н. Хайруллоев, муовини авали раиси ҳукумати шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ низ посух фиристод.

Бинои идораи шаҳрдории Душанбе.
Бинои идораи шаҳрдории Душанбе.
Мўҳтарам вакил, ҳар касе Душанбеи имрўзаро медонад, агар нигаронии Шуморо, ки бо номи «10 сол пас Душанбе  «урён» мешавад» аз минбари мўътабари парлумон шояд бо тақозои «популизм»-и хосаатон изҳор намудеду баъд тавассути сомонаи Тоҷнюс 12.10.2012.  мунташир гаштаанд,  хонад ё шунавад, ангушти ҳайрат газида ба андеша меравад, зеро бо таассуфу дилсўзӣ гуфтаеду  савол гузоштаед, ки: «Гулгаштҳо ва дарахтон ҳар сол дар Душанбе бурида мешаванд. аммо касе дар бораи пайомади  он ва вазъи экологии шаҳр фикр кардааст?»

Ин гуфтаатон моро ҳам нигарон кард ва ҳайрон шудем, ки ин маълумоти комилан  ботилро аз кадом сарчашма дастрас кардаед?  Ё барои вонамуди хеш ба сифати як «дилсўзу  ғамхор» дар назди мардум ҳарф задаед ? Дурўғ торикии имон аст, мегўянд ва бовар дорем, ки ба маънои он хуб сарфаҳм меравед. Ба маълумотатон мерасонем, ки шаҳрдорӣ ҳамеша дар андешаи ободии пойтахт буда,  давоми чанд соли охир тибқи Нақшаи генералии  шаҳри Душанбе ҷиддан ба ободию кабудизоркунии он камар бастааст.Қарори Раиси шаҳри Душанбе №583 аз 9 октябри соли 2007 «Дар бораи Барномаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе   барои солҳои 2007-2010»  ва Консепсияи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр, ки то соли 2012 тамдид карда шуд, ба ҳамин мақсадҳост. Шояд, ана ҳамин вусъати баланд, ҷўшу хурўши ободонию созандагӣ, аз нигоҳи  Шумо  вайронкорию харобкорӣ намоянд ва аз пайомади  он, аз вазъи экологии он ба ташвиш омада бошед.

 Мўҳтарам вакил, боз ба гуфтаи худатон аз он дар ташвишу таассуф ҳастед, ки «Солона дар шаҳри Душанбе даҳҳо дарахтон канда мешавад, аммо мақомот садо баланд     намекунад …Оё атмосфера  вайрон намешавад?» 
Ба  маълумотатон  мерасонем, ки  ягон дарахт, ягон гулгашт бе иҷозати мақомот на канда мешаваду  на вайрон. Дақиқ донистан хоҳед, ба сохтори дахлдори мақомот муроҷиат намоед.

Ба таваҷҷўҳи Шумо ва онҳое, ки  аз иттилоатон дар шубҳаву ҳайрат мондаанд, мерасонем, ки танҳо бо мақсади ободонию  созандагӣ ва амалисозии Нақшаи генералии  шаҳри Душанбе  (на он ғаразҳое, ки гумонбаред) соли 2011 аз шумораи умумии муроҷиатҳо барои бартараф намудани 2123 дарахт ҳамагӣ дар шаҳр 1018 дарахт ва соли равон бошад, аз шумораи умумии муроҷиатҳо барои бартараф намудани 3250 дарахт ҳамагӣ 2602 адад дарахт бурида шудааст, ки ба ин миқдор  ҳам дарахтони солхўрдаи аз офатҳои табиӣ осебдида ва ҳам дарахтони ба татбиқи Нақшаи генералию ободонии шаҳр монеашуда маҳсубанд. Мавриди зикр медонем, ки миқдори дарахтони аз рўи зарурият бартарафшуда 0.1(сифру аз сад як) ҳиссаи миқдори  умумии дарахтонро ҳам ташкил намедиҳад.
Бо ин ақли кўдак ҳам мерасад, ки роҳу пайроҳа,  манзилу иншоот дар фазо ё болои дарахту деворҳо сохтаю бунёд намешаванд! Ҳамаро замин мебардорад ва Шумо ҳаргиз мутаассифу нигарон набошед, ки ба ҷойи 3620  дарахти  давоми ду соли охир (2011-2012) бартарафшуда то ба имрўз (октябри соли 2012 ) дар шаҳри Душанбе дар маҷмўъ 68488 ниҳол, дар майдони 63701 м2 гулҳои бисёрсола, дар майдони 61240м2  чаманзор кишт кардаю  шинонда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки барои зебову гулпўш кардани пойтахт баҳори ҳамин сол аз Ҷумҳурии Исломии Эрон 4230  бех гулу буттаҳо оварда, дар Боғи Устод Рўдакӣ ва атрофи  хиёбони Рўдакӣ шинонда, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бошад , 350 ниҳоли калону миёнаҳаҷми  саквойя  барои зебову сабзпўш гардондани Маҷмааи Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо пайкараи Исмоили Сомонӣ аз Белгия ройгон оварда шинонида шуд. Магар нигоҳи айбҷўи Шумо ин ободию сабзкориҳо , нашъунамо ва нумўи ин ниҳолу гулу чаманзорҳоро намебинанд?! Ё ки чашм пўшида дидан намехоҳед? Бовар дорем, ки Шумо не, агар як инсони холис, бекинаву ғараз, одилу ҳақбин ба манзараҳои гуногуни навобод, аз қабили Наврўзгоҳи пойтахт, нишебиҳои хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, майдонҳои Парчаму Нишон ва даҳҳо дигар навгониҳо, ки бо азму талошҳои созандаю бунёдкоронаи шаҳрдорӣ ва аҳли ҷомеаи пойтахт бунёд гаштаанд, бо чашми ҳақиқату адолатбин  нигарад, ба ақидаи Шумо  ки «баъди 10 сол як Душанбеи «урён», бидуни гулгашту ҷойи сайру гаштро мерос ҳоҳем  монд» гуфтаед, хати батлон  кашида, бо ифтихору боварӣ мегўяд: «Дурўғи маҳз , тўҳмати бармало!  Имрўзу баъди 10 сол ҳам барои насли оянда  як Душанбеи гулпўшу сабзпўш бо гулгашту хиёбонҳо  ва боғу бўстонҳои бешумору беназир мерос хоҳад монд!».

Вакили мўхтарам, Муҳиддин Кабирӣ, мо аз  суханҳои бебунёду тўҳматомезатон, ки ақли солим ҳеҷ қабул надорад,дар ҳайратем. Ба маълумотатон мерасонем, ки ҳифзи муҳити зист дар қаламрави шаҳри Душанбе қатъиян тибқи қонунгузории  ҷорӣ буда, аз рўи санҷишҳои прокурорӣ танҳо давоми соли ҷорӣ нисбати 8 нафар парвандаи ҷиноятӣ ва нисбати 37 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, нисбати 7 қарори ғайриқонунӣ  қабулкардаи шахсони мансабдор эътироз оварда шудааст. Барои мисол, то фаҳмеду боваратон ояд, шаҳрванд  Убайдов З.Б. бе гирифтани иҷозати Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе  худсарона ду дарахти сабзро (дар кўчаи Б.Ғафуров, бинои 64/4) буридааст. Мувофиқи хулосаи Раёсати номбурда аз 4 сентябри  соли 2012  зарари расонда 1400 сомониро ташкил мекунад. Аз рўи амали мазкур нисбати Убайдов З.Б. 17 сентябри соли 2012 прокуратураи ноҳияи Сино бо моддаи 234, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо )  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, айни ҳол мавриди тафтишоти мақомоти марбута қарор дорад. Ё ин  ки нисбати шаҳрванд Имомов А.Ф. сокини кўчаи Ғанӣ  Абдулло , хонаи №97 барои худсарона як дарахти чинорро буриданаш, ки зарар 1800 сомониро ташкил медиҳад, аз тарафи прокуратураи ноҳияи И.Сомонӣ 16  апрели соли равон бо моддаи 234, қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда  шуда, бо ҳукми суди ноҳияи мазкур нисбати номбурда 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ карда шудааст. Акнун бовар кардед, ки ҳар як дарахт, гулу бутта ва сабзаву себарга дар шаҳр ҳомӣ,  нигаҳбон,  дилсўзу ғамхор доранд!?
 
Муҳиддин Кабирӣ, хайрият инсофатон боло гирифтаву иқрор шудаед, ки «паркҳоро месозем», вале боз ба дурўгу тўҳмат гузашта «панҷарапеч мекунем ва бояд бо пардохти пул вориди он  шавед. Ин чӣ гап аст?» гўён мардумро ба ҳайрат мемонед.Як сухани рост, ки гуфтед,  ба ростӣ нуқта гузоред, охир! Дурўгу тўҳмат ҳам ҳадду андоза доштагист. Магар боғи Устод Рўдакӣ дар ҷойи собиқ боғи ба номи Ленин ва қароргоҳи қўшунҳои Федератсия  Россия, ки дар масоҳати  15 гектар бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони зебу зинатбахш аз нав  бунёд шуда,  дар хизмати умум қарор дорад, панҷарапеч асту вориди он шудан бо пардохти пул?! Ё боғҳои  ба номи устод Айнӣ , «Дўстии  халқҳо»  ва «Кўли ҷавонон». Не! Дару дарвозаҳои онҳо ҳамеша ба  рўи шаҳриёну меҳмонон ройгон кушодаанд. Агар «Боғи ҳайвонот »-у  «Боғи пойтахт »-ро дар назар дошта бошед,  хотиррасон мекунем, ки ҳамааш дар доираи талаботи қонун аст ва ҳатто дар давлатҳои мутараққии дунё ҳам воридшавӣ ба чунин муассисаҳо  бо ифодаи Шумо «бо пардохти пул»  аст.
 
Вакили мўҳтарам Муҳиддин Кабирӣ, ба «изҳори нигаронӣ»-и Шумо, ки  нисбати ҳолати имрўзаи шаҳри Душанбе ва шаҳрдорӣ беасос, бебунёд ва аз ҳақиқати воқеӣ комилан дур интишор ёфтаанд,  ҷумла ба ҷумла, мухтасаран ҷавоб гардонда,  дар доираи муқаррароти қонун талаб дорем, ки тавассути расона узр ё бахшиш мепурсед. Дар акси ҳол, мо омодаем, ки барои тўҳмату бўҳтонатон нисбат ба ҳолати шаҳру фаъолияти  шаҳрдорӣ бо ваҷҳу далелҳои асоснок ба мақомоти судӣ муроҷиат намоем.

Дар охир хотиррасон  мекунем, ки агар  минбаъд таваҷҷўҳатон ба масоили шаҳру шаҳрдорӣ бедор шавад, ба ҷойи дурўғу бўҳтон паҳн намудан ба мақомоти марбутаи шаҳри Душанбе муроҷиат намоед. Сохторҳои шаҳр омодаанд, ки барои вакилони халқ  оид ба ҳар масъала  маълумоти дақиқ ва дуруст пешниҳод намоянд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Ватандуст
31.10.2012 19:17
Чохкан зери чох

Ном: Шахри аз: Шахр
31.10.2012 19:37
Браво..........

Ном: Саидмурод аз: Душанбе
31.10.2012 20:23
хеле бад акалан ба чои дарахтон барк шавад!!!!!

Ном: Зан аз: Душанбе
31.10.2012 20:41
Рузхои охир дар ВАО Чумхурамон шикоят аз шахрдории шахрамон зиёд ба чашм мерасад."---Озмун барои дарёфти корманди ҳирфаӣ буд!"---«10 сол пас Душанбе «урён» мешавад» ---дигару дигар..Аз ин лихоз ба шахдори гуфтаниям, ки ба хамаи кардагият тулли 20-сол ташаккуру ба хамин обу руятон ба истеъфо раветон.....Чун ки маълум аст ки аз руи шикоятхо шояд дар ин 20-сол мондаам шудаетон...Офарин ин асаби бечора хам охан нест-ку..Асаб монда шудааст...
Дар посух

Ном: MirOb аз: TJK
31.10.2012 23:26
Офарин ба шумо.
Дар посух

Ном: Мард аз: Душанбе
01.11.2012 09:59
Шикоят аз шахрдории бисер шудааст мегуед хонуми азиз. Курбонатон шаваму хамту дида мебаромадед,, ки шикоят аз ки ва аз кучо мебарояд. Бо кавле шикояти ду се "Обиженный". Яке Мирбобои Миррахим, ки агар "литература"-и солхои 90-91 умро хонда бошед мефахмед у чи шахс аст ва дигар Кабирист, ки гайр аз Луплучи-Урении шахру зану мард дигар мавзуъ надорад. Бо кавли дигаре шояд ба Кабири дарс шавад ки "бо шох бо олотхои нарм" чанг карда намешавад.
Раиси шахр аз он шахсон нест, ки бесаводиву тухмату бухтонро ба худ хазм кунаду "хапакак" шинад. Кабири бояд пеш аз суханпардози андеша мекард, ки мо ки мухотаб мешавад. Бо убайдуллоев, ки сиесатмадори шинохта дар минтака мебошад гуфти русхо "шутки плохи".

Ном: Саидшо аз: душанбе
31.10.2012 20:59
Ачаб устое шидаги як одама сиёх кардан.на онкадар обод карде ки инкадар нависед.20сол шуд 10процент шахр дигар шудаги нест.факат баъзехо котедж сохтагию тамом.
Дар посух

Ном: Салим аз: Душанбе
31.10.2012 23:13
Бародари шахрдори як бор дастота болои дилатон монда рос гап занед охир? Як бор дарунтари хонахои истикоматии ПООйтахтро бинед! О ин чи гап аст наход шахрдориаш хамин бошад? ТО он вакте ки Путин е дигар мехмон наояд роху кучахоро об намезананд ва на тоза мекунанд.Хама кучахои шахр пур аз ахлот чуйборхои об чои мусор партоби шудаст.Буи ахлотпартохо дар осмон ягон бор дар ончойхо хлор е ягон доруи зидди инфекция мепартоед е не?Пеш аз он ки буред аввал шинонед камтар калон шаванд баъд буред.Хамаро калакан кардамондед.Гапи бисер барои хатогихоятонро нишон додан асабони шудан нашояд.Бояд кушиш ба харч дод то он ислох шавад.
Дар посух

Ном: салимбойбача аз: душанбе
02.11.2012 08:22
мо рузи дароз дарахт шинонему шумо мулочахои сергап худоихури када гарден О, шумо балочахое чам шуден факат раиси шахра айбчуи менен!!!!!
А Худо чунтуна .....
Дар посух

Ном: рафики Салим
07.11.2012 12:22
Салим ако ба шумо гуфтаниам, ки нигохдори ва тозагии шазр дар дасти хар як сокини шахр аст ту барин 10-20 нафар аз кух гурехта омада шахрро ба мусурка табдил додаед. ту барин одамон, ки мусра дар рох партофта гардад кормандони шахр дигар кор надоранд чоруб гирифта дум думи шумобаринхо, ки зараае шахрро обод нигох намедоред гарданд??? аввал ту оила фарзандонат хешонатро тарбия кун ки чи гуна дар шахр зист бад дар инчо навис фахмо?
шахсони аз дигар минтака омадагихо набошад Шумобарин афрод боври дорам ки бо мардуми худии шахр Душанбе дар 3 сол аз Лондону Парижда мегзара. истгохоро ки дар тамомои давлатхои эвропа аз хамин истгоххо аст шикстанд магар ин гунохи кист аз шахрдори ё сокинони бад рафтор??
Дар посух

Ном: файзулло аз: тавилдара
01.11.2012 01:36
дурустии гапро гуфтед !биёед бародарон тарсидану дуруг таъриф кардана бас кунем охир ,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,
Дар посух

Ном: Абутолиб аз: Душанбе
02.11.2012 08:31
Кабири бисёр гузаронидеси, а бача и шухихора накун...Ами шухиотон кати солои 90 кариб номи точика ай хариати чахон нобуд кунен.....
Охи бгум садкаи ами истиклол шаванд баъзехо бо меген дагал гуфт....
Илтимос монмон як 10 соли ждигар ку тенч зиндаги кнем бинем ай худои олам чи мешад!!!!!!!!!!

Ном: Абу хурайра аз: аз гузари боло
01.11.2012 08:44
чаноби кабири вокеан фикр кардаст ки умумигуи посух намехохад, вале холо бояд дониста бошад ки хар харфе ки мегуяд бо даккик бо омору факт гуяд..... Шумо Кабири бародар як дарахт нашинондаеду боз дуруг гап мезанед, рост гуфтааст Коргарои раиси шахр мо хам мебинем ку шахр ба тадрич симои худаша дигар кардааст аслан кабири аз пешрафту гшукуфоии шахрамон норохат аст чун хамаруз хар касе ба душанбе бияд мегуяд Душанбе дар хакикат зебо шудааст ИН харфо дар хакикат Кабириву хизбхои сиёсии мухолиф ва умуман касонеро ки хостори тенчиву амниячти ватанамон нестанд ва факат дар фикри бозгашт ба вокеахои солхои 90-92 хастанд хушашон намеояд.... Якзамон буд ки ин тоифа барои бунёди хайкали И.Сомони, Китобхонаи нав, Парчаму герб, Богхои наву хар гуна ташаббус зид мебаромаданд вале бо мурури замон дидем ки он корхо ба манфиати мардуму кишвар будааст...... Хатто Масчиди 150 000 нафараи бо дастгирии Катар месохтаи Президентро хам эрод гирифта буд .... Хукумату давлату кори хубам кунад бадам кунад инхо бояд эрод гиранду шуронаннд чун маблагхои хангуфт гирифтаанд ва хатман бояд дар соли 2013 ва солхои наздик вокеахои солхои 90-92 ро такрор намоянд..... Иншоаллох ба хадафи шумашон намерасанд.....
Инхо замоне буд, ки барои расидан ба хадафхои шуми Узбекистону Киргизистону Россия ба майдонхо баромада гуруснанишини карда буданд, ки Рогун насозед ки мурдахои мо зери об мемонанд..... Садхо бор суистифода шуданд, бозам бас кардани нестанд...

Ном: Vatandust аз: Tj
01.11.2012 08:45
Bravo. Gapoi haq!... 100% rost dushanbe har ruz gulgulshukufon shudestai neki i mardumi mo yagon vaht ai baxiliyu norozigi namemonand. Zinda bod ei vatan Jumhurii Tojikistoni ozodi man!

Ном: Самад аз: душанбе
01.11.2012 09:00
Ман сад дар сад бо джаноби М.Кабири рози астам,чунки шардори ягон вазифаи худашро иджро намекунад.Манзилои камунали кор намекунанд,кариб 90% фози хонаои баланд ошиёна лифт надоранд,оби гарм тамоман нест,кучахоро намерубанд,рохои шар тамоман ба талабот джавобгу нестанд.Масалаи транспорт дар шахр хали худро намеёбад. Умуан шардори ба ин масалахо дикат намедихад вале ин проблемахо вазифи джони шахрдори дар назди сокинони пойтахт аст.
Дар посух

Ном: Авдусамад аз: Хоит
02.11.2012 08:26
Лифт барои шумо чи даркорай тарафдорони Кабири шумо дар хонахои лои равен зиндаги кунен... Лифта мусулмон насохтаст ку.... Шумо чи махсули фикру дастсохти бединора истифода мебарен... Намеша ай ришора то нофу челакои покистони пушидана равен лифтёру монтеру сохтмончиву дигар касбхои замонавира биоёмузен то биён барои халку миллати худатон кор кунен... Кор факат игвогариву ...... хизматкуни ба арабу покистониву хочахои беруна....

Ном: точик аз: душанбе
01.11.2012 09:10
худсафедкунии бемаъни. о аз ин арчахо чи фоида аст кур курона пайрави мекунед ба аврупо он чо хаво дигар аст як бор аз урумчи дидан кунед (бишкеку алмаато низ ва г.) ак арча дида ки хамон хам дар боги ботаники буд. як ба кучахои шахр пиеда бароед. махсусан саховат корвон гипрозем. аз чангу хоку дуди мошин 100 кадам дуртарро намебини инро хамон чанорхо тоза мекарданд.
Дар посух

Ном: Худуш аз: уча
02.11.2012 09:47
Дарахти зайтун шинонанд ва е АР АР

Ном: Sabz аз: Dushanbe
01.11.2012 09:30
Корочи, номери Кабири нагузашт!!!!!!!!!!
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype