Шанбе, Апрел 19, 2014

Сиёсат

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, "даври дуғу пӯписа гузаштааст"

Шаҳрдории Душанбе аз раҳбари ҲНИТ хост, барои изҳори назараш дар бораи буридани дарахтон дар пойтахт узр пурсад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)
x
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)
Ҳаҷми матн - +
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз ҷавоби шаҳрдории Душанбе ба матлаби "10 сол пас Душанбе "урён" мешавад", ки дар торнамои Бунгоҳи хабарии "Тоҷнюз" нашр шудааст, изҳори тааҷҷуб кардаву гуфт, "мояи ҳайронии ман аст, ки вақтҳои охир ҳама сӯҳбатҳо, сафарҳо ва мулоқоту мусоҳибаҳои мо бо асабоният қабул мешавад."

Қаблан ҷаноби Кабирӣ дар бораи буридани дарахтон дар пойтахти кишвар изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ мегӯяд, "бо он ки далели асабонияти мақомотро намефаҳмам, аммо вакил ва ҳатто як сокини одӣ ҳақ дорад, ки нисбат ба будидани дарахтони шаҳри худ нигаронӣ кунад."

Шаҳрдории Душанбе дар ҷавоби худ ба матлаби Кабирӣ гуфтаҳои овардаашро дурӯғу беасос дониста ва ҳатто онро тӯҳмату бӯҳтон хондааст. Ин аст, ки шаҳрдорӣ аз раҳбари ҲНИТ хостааст, то тариқи расонаҳо узр пурсад, вагарна ӯро барои ин тӯҳмату бӯҳтон ба додгоҳ хоҳанд кашонд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ бо он ки зиёд бовар надорад, ин қазия то ба додгоҳ кашида шавад, бар ин аст, ки "даври дуғу пӯписа ва воҳимаҳо кайҳо гузаштааст ва ҳатто ин гуна шеваи раҳбарӣ низ дигар ба кор намеравад. Беҳтар аст, бо тафоҳум ва орому бидуни асабоният сӯҳбат кард ва ба шаҳрвандон низ имкон бояд дод, то танқид кунанд ва эрод бигиранд."

Посухи шаҳрдории Душанбе ба Муҳиддин Кабирӣ

Раҳбари ҲНИТ сабаби чунин амалкарди мақомот ва ҳукуматдоронро дар "эрка кардани онҳо тавассути ҳизбу ҳаракатҳо ва шаҳрвандон" мебинад ва мегӯяд, "шояд айби мост, ки онҳоро муддати 10-15 сол фақат таърифу тавсиф кардем ва ҳамакнун камтарин интиқодро таҳаммул карда наметавонанд."

Бинои шаҳрдории ДушанбеБинои шаҳрдории Душанбе
x
Бинои шаҳрдории Душанбе
Бинои шаҳрдории Душанбе
Муҳиддин Кабирӣ дар баробари иддаои шаҳрдорӣ, ки раҳбари ҲНИТ барои тӯҳмату бӯҳтонаш узр пурсад ва дар акси ҳол ба додгоҳ кашида хоҳад шуд, гуфт, "ҳеҷ гуна тӯҳмату буҳтонро дар матлабаш намебинад ва вазифаи вакил гуфтану матраҳ кардани масъала аст, дигарон вазифаи худро бояд анҷом диҳанд. Аммо агар лозим медонанд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд, пас, марҳамат ба додгоҳ муроҷиат кунанд."

Ҳушдори шаҳрдории Душанбе барои ба додгоҳ кашондани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили парлумони Тоҷикистон, дар ҳолест, ки чанд соле пеш низ шаҳрдории пойтахт марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди мухолифони давлат ва раҳбари собиқи ҲНИТ-ро барои он ки ба таври умумӣ гуфта буд, дар бахши обрасонии пойтахт баъзе ҳолатҳои коррупсионӣ вуҷуд дорад, ба додгоҳ кашонда буданд. 

Дар чанд моҳи пеш низ шаҳрдории Душанбе шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро барои нашри матлабе интиқодӣ ба додгоҳ кашонид ва додгоҳ низ ин қазияро ба нафъи шаҳрдорӣ ҳал кард ва ҳатто шабакаи телевизион муваззаф шуд, ки аз шаҳрдорӣ узр пурсад. Аммо шабакаи аввал на танҳо узр напурсид, балки барномаи муфассале дар бораи матлабаш ва иддаои шаҳрдорӣ нашр кард.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои FacebookTwitter ва  Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 
Ном: Абдулло аз: Лондон
30.10.2012 18:43
у ие хирсхои 20 сари сол дар мансаб хоб бударо бояд ки бедор кард. Шахрдори набояд фаромуш кард ки мо ва Кабири андозсупорандаи нигохдошти вазъи экологи хастем ва хукук дорем ки назари худро гуем. Дар Точикистон хатто чангалхо нест шуда истоданд.Ба наздики дар Душанбе семинар дар мавзуи экологи шуд хатто кормандони илмии оид ба табиат аз дарахтбури ва аз байн рафтани гулгаштхои шахру навохи нигарони карданд.Дар боги Рудаки ва Дусти чи теъдод гулхо аст? хама анбухи алаф ва чойи хоби бомжу занхову мардхои дайду шудааст.Хатто нишастчойи муносиб нест.Озоди мархамат карда аз хамон паркхои Прог аксу навор гузоред то инхо бинанд ки табиат ва бог чи аст.
Дар посух

Ном: Мухаммад аз: Арабистон
31.10.2012 12:59
акаи Абдуллло ба фикри ма Убайдуллоев М-ро изхороти Кабири дар мавриди дарахтхои Душанбе ба кахр наовардааст.... Ба фикри манки хисоботдихии Кабири дар назди рохбарони ташкилотхои динии араби, ки нав дар ончо хукумати Точикистона гунахкор карда буд, Раиси шахра ба газаб овардаст..... агане ба худо агар Раиси шахр барои и гапи Кабири ки ука асоси мустахкам надорад, ика газабнок чавоб намета ба фикрм чува ки нестоит ба фикри ма... ами точна аму тез тез пеши арабхои ишкампарасту унаву америкаву гарб рафта хукумата хар гап мега барои ами ба газаб омадааст.... Ика дарахте ки дар шахр сохтаан шахр хичвакт урён намешавад....Хай бо аму Кабири медона...
Дар посух

Ном: Мухочир
31.10.2012 13:29
Зинда боши шери замон чаноби Кабири!

Ман бо ин мардонагию чурататон шуморо кахрамон мехисобам, агарчи кор ба суд кашида хам шавад ва ба нафъи шахрдори анчомад, мисли пешинахояш.

Саломат боши мо бо далеронем.
Дар посух

Ном: Хичрати аз: Дубай
31.10.2012 16:08
Шояд ин дафъа ин шерро аз чанги Наршер мисли кабли (мисли пешинааш бо кавли мухочир) Рахмон рахояш накунаду туъмаи адолат шавад.

Наршери Убайдуллоев Худову Адолат бо шумост ба пеш. То ба кай дигарон бачаи угайу ХНИТ бачаи эрка мемонад. Бахри манфиатхои умумимилли ва ояндаи тенчу ороми Точикистон ин казияро то охир бояд бурд.
Дар посух

Ном: Muso
31.10.2012 19:29
Кабири дар хакикат КАБИРИ! Браво!
Дар посух

Ном: Саид аз: Душанбе
03.11.2012 10:57
шахр бо се чиз фарк мекунад:
1. наклиёт ва коммуникатсия
2. хадамоти коммунали (об, тозаги, барк)
3. бинохои маскуни ва меъмори
як бор руи худоро нигариста ки гуфта метавонад ки аз хамин се масъала дар 20 соли ахир кадомеро шахрдори тавонистааст хубу дуруст хал карда бошад.
Хеч яке онро хал накардаед чанобон, ахволи наклиётро нигаред бист сол аст ки мардум сар-сари рох аз субх то шом наклиёт мечуянд, агар хамон мошинхои се сомона набошад намедонадм чи тавр кор омада равем, эээ бовар кунед шармандаги аз ин зиёд намешавад, нопокии шахрро нигаред, хадамоти коммунали занхои гардангафси мазангро аз кучо ёфта овардаед, ки хар хафта хона ба хона гадо барин гашта пул чамъ кардана медонанду бас.
Кай тартиб мешавад, кай, безор шудемеее.

Ном: шахри
30.10.2012 18:50
Дар мавриди буридани дарахтон чои нигарони аст, ва ин дар саросари чахон чунин аст на танхо Душанбеву дигар рустохо. Аз ин ру ин гап кирои судбозиро надорад. Шояд касе мехохад фикрхоро аз шахси шумо ба суи дигар чалб кунад.

Ном: Масрур аз: Зарафшон
30.10.2012 19:12
Ачоиб бахси пурпеч. Чуръат аблахист мегуянд бобохо. Шояд Кабири чуръати гуфти бобохо карда бошад?
Баъдан ва агар ин даъво ба суд кашида шавад Кабири ба чи сон исбот мекарда бошад, ки пас аз 10 сол Душанбе урен мешавад?
Ин дафъа сухани Андрей Петрович ба ед меояд 7 раз мер 1 раз ответь. ..........

Гуфти бобои Фирдавси
"Хар беша гумон мабар ки холист шояд дар ончо Шери наре хуфта бошад"?

Дар охир чоиз аст бигуем, ки хубу хуш аст, ки Убайдуллоев баъзан лачоми чунин тухматхоро мекашаду шумораи сангхои партофта ба "огороди" хукумат камтар мешавад. Дар акси хол мисли дигар вазиру рохбархо хапиву сукутро пеш гирад гуфти бобои Пирмахмад "сукут аломати ризоист" мешаваду боз хам Хукумат гунахгор!

Шояд ин гуфти Салим сапожники киномехайники солхои 86 "журнали" бахсхо бошад?



Озоди хохиш мекунам.

Дар посух

Ном: Марям аз: Душанбе
30.10.2012 21:15
"Ҳар беша гумон мабар ки холист. Шояд ки паланге хуфта бошад" , ин байт ба гуфтаҳои ҷаноби Кабири дуруст намеояд, зеро Кабири аз ин беша огоҳ аст ва хуб медонад, ки бо ин палангон чи кор кунад!!! Сукут ин аломати ноҷавонмардист! чаро мо хомуш бинишинем магар мо сокини ин кишвар нестем? Агар халқ набошад, пас ҳукумат ба ки лозим аст?!
Дар посух

Ном: Лоик аз: Душанбе
31.10.2012 16:25
Э хохари азиз туро касе нагуфтааст, ки хомуш нишин. Сухан бигу арз бикун вале хошияи сухани сафсатаву асоснокшударо фарк бикун. Ин устоди бузургат гуфтааст, ки 10 сол пас Душанбе урен мешавад. Ва агар 10 сол пас Душанбе урен нашавад бад чи?

Мисли маяхои америкаи чанубй(соли 2012 дуне ба озир мерасад) пешгуи кардааст да.

Садкаи ин муллохо шавам аклу хушашон дар почаву эъзори хонумону урении онхост.

Пайравони ин устодат талкин мекунанд, зан дар хона нишинаду факат бизояд. Суол инчо ин аст ки чаро Марьям ту дар хона намешиниву факат намезои ва ин гап чи асос дорад?

Боки саломат бошед хонум
Дар посух

Ном: Мубориз аз: Руссия
30.10.2012 22:57
Салом ба хамагон. Бародар Масрур монанди худат дар замони Фиръавн хамеша таърифу мадх карданд охиста охиста он худашро гуфт ки ман Худоям. О бародар Мухиддин рост мегуяд ва хакки хар як шахвандист ки назари худро бигуяд ва ман хам мутмаин хастам баъд 10 с на дар душанбе балки дар куххо дарахт намемонад. Зеро ончи аён аст чи хочат ба баён аст. Дар ин муддати тулони ки светро фурухтан мардум дар сарди чи кор мекунад магар хезум ёбаду сузонад ё фурушад. Бас будагист дарбори будан хакикатро бигу то обод шавад мамлакат. Илмтимос озоди ин ро бо дили нохохам навиштаам зеро то ба хол чанд кометхои маро ки зидди хукумат аст наменависад.
Дар посух

Ном: Шамсиддин аз: Душанбе
30.10.2012 23:28
Иншоаллох хаму "ШЕРИ НАР" Гуфтаги хами КАБИРИ аст!
Дар посух

Ном: Duq
31.10.2012 03:00
Ba fikram xobolud comment navishtai ki hej mano dar on yoft nashud. Behtarash in comentro namenavishti Masrurboi :(
Дар посух

Ном: точик аз: точикистон
31.10.2012 08:21
дар урумчи хамаги як арча дидам ва онро хам дар боги ботаники
Дар посух

Ном: Tolib аз: Avast
31.10.2012 08:58
"даври дуғу пӯписа ва воҳимаҳо кайҳо гузаштааст....>.... Tentakro "Hai Bale" kushtaast, guftaand dar urfiyat. Kabiri hollo hamon Tentak baxotir meorad. Yak ruz ne, yak ruz, "Hai Bale"-i safironi davlathoi Garb sari uro ba yagon ofat mezanand!!
Дар посух

Ном: Беном
31.10.2012 13:35
Ay barodar iltimos in maqolahoi bodoiyatro rafta ba hamon bobohoyat gu.!


Ном: сокини пойтахт аз: Душанбе
30.10.2012 19:46
Ин чои нигаронии шахрдор ва шахрдорй нашавад. харфхои Кабирй сад дар сад дуруст аст. Ман низ аз буридани хар дарахт асабонй мишавам. Хатто бо бахонае дар хиёбони асосй мибинй кране истода оромона чинорхоро арра микунад.Дар назди хонахо дарахтони хушкшударо намибуранд, дарахтони сабзро мибуранд.Бо хамин дарахтхои арчахояшон аз сарвари давлат сар карда хама то макомоти поёнй таблиг микунанду дар роххо хушк шудаанду об надорад пойтахт, ки об диханд. тасаввур кунед, барои шинондани ин дарахтхои ба табиати мо номувоффик чй кадар маблаг сарф миравад?Ин як суол. Дигар, дар гармии тобистони Точикистон магзи сарат аз гармии офтоби кишвар мисузад ва ин сабаби биморихои пуст ва хатто лусти саратон мишавад.Дарахти чинор гуё хассосият ё аллергия дошта бошад, ки факат як фоизи хурд гирифтор мишаванд, пекин баргхои чинор пашмак аст, гардучангро нигох мидорад ва ё гармии тобистонро хатто.Мутахассисини растанишиноси мо дар дахон об гирифта хомушанд. Каблан, патрули САБЗ амал микард, холо ба касе харф зада намешавад.
Дар посух

Ном: Malimjoni zabon аз: plenumi ZK KPSS
31.10.2012 03:04
In chi guftani gapho: мишавам, мибинй, микунад, намибуранд, мибуранд, миравад, мисузад, микард... O yak zarra sharm dored, bo Zaboni Modari chunin munosibat nashoyad!
Дар посух

Ном: Беном аз: Беномистон
31.10.2012 18:10
Мухтарам муаллими забон магар "бизгар","бдуро","хада-хада" калимахои точикианд?
Дар посух

Ном: дустори шахр аз: Душанбе
31.10.2012 13:06
Акаи Кабири агар хамин Раиси шахр набошад, худат хар руз дар шахр митингои солхои 90-92 ра ташкил мени... Худат дар Точикистон шояд дах дарахт нашинондаи боз гап мезаниву гамхори нисбат дарахтони шахр мени ... Хами монмон тенч бошем дарахтои шинондагиам калон меававу бо фурсатам мешава ки дарахтои нав бишинонем.... Корат факат танкиду еродгири аст барои чи ин хел мавкеъ дори.... намефахмам.... Як кор кун аввал хамун Турачонзодаи сиёсатмадора мутмаин соз ки ХНИТ бар пояи гуфтахои Худованд созмон дода шудааст ва дини ислому худо ба хизби исломи ниёз дорад, баъд ки хамакаса вахдат пайдо карден баъд бо хар бахона давлату хукумата интикод кунен мешад...
Дар посух

Ном: Устуденти хушру аз: Донишгох
31.10.2012 16:48
Акам нав ба капи Убайдуллойуф задааст. Оли яке мехеза ки ховай дар шахри лип лич.
Дар посух

Ном: Хак аз: Душанбе
02.11.2012 14:13
Хазор бор рост меги неким бародар и ай хами раиси шахр камтар хазар мекунан набошад солхои 90 борин митингбозира сар мекунанд.... Лекин танхо хукумати шахр не бояд тамоми дастгохи хукумат бояд баъд аз ин тарз чавоб додани кабири ба андеша раванд ки .... у дар хакикат чавобаш тахдидомезам хаст.....

Ном: MirOb аз: TJK
30.10.2012 20:01
...Вактхои охир шахрдории Душанбе корхои манфиатбахше барои сокинони пойтахт ичро кардаанд, ки ин пеш аз хама кушодашавии сомонаи интернетии mometavonem.tj мебошад. Дар ин сомона зертугмачаи нихолбури низ вучудият дорад. Вале агар барои танкид шахрдори хамаро ба додгох кашад, пас ки чуръат мекунад, ки дар он чизе нависад? Камбудихои Душанбешахр аз муи сар хам зиёд аст вале как кам ободи низ ба чашм мерасад. Масалан рохи хозиразамони сохили дарёи Душанбе, ки аз махалаи Гулбута сар мешавад хушруй омадааст, вале факад аз чониби сохил... Аз чониби хонахои истикомати бошад намуди онро сохтмонхои шанхайстрой безеб менамояд. Вале камбудихои бисёртар дар микрорайонхо вучуд доранд ва ин камбудихоро касе исло кардани хам нест. Хоктудахои ин микрорайонхо ба хама маълуманд, ва бовар кунед микрорайонхои Бохтар ва ё Сарбанд бехтаранд. Мо бояд тавонем хар як кунчаки хурди Душанберо ба манзараи зебо мубадал созем ва он гох мо метавонем. Холо бошад мо натавонистаистодаем ва мо набояд хашмгин бошем.

Ном: Мухаммад аз: Душанбе
30.10.2012 20:01
И Чанобон хардуяшон бояд куваозмои кунанд барои интихобот :)

Ном: Саидшо аз: Якутия
30.10.2012 20:05
Як нафар чанд вазифаро аз худ бобоги карда мешинаду агар ягон сухан гуи ки хамон сухан рост аст боз ба додгох мекашад.мухтарам собикадорони вазифахои давлати камтар шарм кунед ба хама маълум аст ки дар давоми солхои тулони шумо чи кори хайро ба миллати дар ба дари точик кардаед.камбагали.бебарки.хешутаборбози.мухочирати тамоми чавонони точик.иктисодиёт -0.ва дигару дигар.

Ном: Марям аз: Душанбе
30.10.2012 20:54
Ҷаноби Кабири ҳақиқати ҳолро баён карданд ин туҳмат нест! Мо ҳақ дорем, ки райи худро озодона ба ҳукумат арза дорем, ва бояд ҳам посухи беҳтар бубинем на ин ки ба ҷояш ба туҳмат ва таҳқир кашида шавем! Як ҷои хатогии мо ҳам аст, ки ҳукуматро 20 соли охир тавсиф мекардем, ва ба тавсиф кардан моро ҳам маҷбур мекарданд аммо ҳозир ки хатогиҳояшонро мегуем таҳамули шунавидан надоранд! Агар таҳамул надоранд, пас курсиҳояшонро холи намоянд то кадрхои бомаърифат ва ботаҳамул соҳиби курсиҳояшон шаванд!!! Субҳаналлаҳ пир шудаанду аммо намехоҳанд курсиро холӣ намоянд!
Дар посух

Ном: Аник аз: Душанбе
31.10.2012 08:13
Чи асабони мешавад шахрдори? Пеш аз он ки як дарахтро буранд дар Россияи сердарахт аввал дар бари хамон дарахт нихол мешинонанд.Пас асабони нашавад шахрдори,як бор гирду атрофи хонахои истикоматии микрорайонхои 33 32 кучахои Мироненко Прфсоюз,ва умуман дарунтари хонахои исткоматиро бинанд чи хол аст? Баъзеаш хонаи бисерошенаро тамаркаи бобояш гуфта гирду атрофашро панчара гирифтаанд,баъзеаш обчакори карда кадуву лубиеяш ба ошенаи 7 расидаги ,ахлотхои гирду атрофи махалхо тоза нестанд.Худо накунад ягон сухтор шавад мошинхои сухторхомушкуни чи тавр наздики сухтор мераванд?Чои асбони шудани шахрдори нест мо шахрвандон бояд асабони шавем.Чи дар Точикистон об нест магар ки тобистони дароз дар чуйборхои шахр об намегардад дарахтону алафхо холо дар байни тобистон зард шуда буданд? Канали калон ба мобайни Шахр мегузарад ки хохиш пайдо шавад бо каме маблаг аз гардиши рохи Лучоб то баромади шахр Эстокада е Шаршара карда хусни шахрро дучанд зебо мекунад.(Дар мамлакатхои араб хамин хел чизхо ба таври сунъи карда шудаанд.Дар мо бошад хамаи чиз табиатан хаст кардан лозим.Боз як таклифи дигар ин ки як купруки хавои дар баландии танка сохтан лозим ин хам ба хусни шахр симои нав мебахшад ва хам одамон ба таги мошинхо намедароянд.Хулоса хеч кас бояд барои ободии шахр асабони нашавад якчоя обод карданамон лозим ин Пойтахти мост руи мост.
Дар посух

Ном: Шучоъ аз: Душанбе
31.10.2012 09:21
Бонуи Марьям ин устодонат яъне аз Нуриву Хикматзодаву Турачонзодаат то Худо саришта накард аз вазифа нарафтанд чаро инро нодида мегириву боз болои тухмати устодат боз хам як шахси олимартабаро тухмат мекуни.

Ба Убайдуллоев ман эътикод дорам ва бовари дорам ки мисли ман "коренной" душанбегихо чунин фикр доранд.

Ин хукумат бист сол аст, ки як сола вайронкардахои ХНИТ-и шуморо баркарор карда истодааст. Дар бист сол як дарахт зуру ба зур ба мева медарояд . Ин давлат аст ва бо муллобозиву куфу суфу гуфтахои "молокосос"-хо ба пой намехезад.

Демократия чунин аст хохари азиз дар чахорчубаи конун бояд хар як фарди чомеа ба гуфтаву кардахояш чавоб дихад. Чи чои таачубу "шаттоги". ? Агар Кабири дар гуфтахояш эмин бошад чи чои гила.

Марьямбону шояд мисли гуфтахои Кабири мекарди "зан барои зоидан аст"?

Боки саломат бошед.
Дар посух

Ном: Абдулло аз: Кулоб
01.11.2012 09:15
Ба Лоиқ ва Шуҷоъ.
"зан барои зоидан аст"? Оини ҷавонмардиро дар вақти суҳбат нигоҳ доред. Бо хоҳару модари худ дар хона бо ҳамин шева шояд сухан мегуед барои ҳамин одат кардаед.
Чи ҷои айб ё эрод аст агар як хоҳари тоҷик фикри худашро
баён карда бошад. Ва умуман ба ҳама коммент нависҳо муроҷиат дар назди компютерҳо ҳазорон нафар нишаста
мехонанд ва ба баъзеҳо, ки одоби муоширатро нигоҳ медоранд "бар падарат раҳмат" мегӯянду ба баъзеҳо.....
Таҳҳаммулпазириро ёд гиред ва эҳтироми фикрҳои муқобиларо ҷавобҳои босавоб гуед. Шояд нафаре аз ин фикрҳои баён гашта хулоса барори намуда дар кораш дигаргунӣ ворид месозад.
Бо эҳтиром як бародари Шумо.
Дар посух

Ном: Марям аз: Тоҷикистон
01.11.2012 10:26
Бародар Шуҷоъ! Шумо дар ин масала Нуриро ҳамроҳ накунед, (Худо раҳматаш кунад), он кас миёни тоҷикон сулҳ баст. Ин ҳукуматдоронро низ то Худо саришташон накунад курсиро холӣ намекунанд. ҲНИТ чи вайронкори кардан магар шаҳр қаблан обод буд?!! Афсус ки мафкураатон дар бораи занҳо хеле заиф аст!
Вассалом
Дар посух

Ном: абдул аз: калуга рф
01.11.2012 15:36
ба коренной шучо гуфтаниям ки дехконони дарахтхо хаминхо бошанд 20 солахои дигар ба умеди хосили ин дарахтхо набояд шуд
Дар посух

Ном: Шучоъ аз: Душанбе
02.11.2012 09:10
Ана дар охир ба гуфтахоям рози мешавед. Чаро мешудааст ки рози нашавед.? Рост рост аст. Оиди мавкеи зан . Ин мавкеи ман нест Бародари Кулоби ин мавкеи ХНИТ ва ХНИТ-иен аст ки як солу 6 мох пеш фаъолона дар хамин сахифахои Озоди талкину мисли устодашон "попцляризатсия" мекарданд, ки зан барои зоидан аст. Вакти кофи дошта бошед бойгонии Озодиро хонед мефахмкд.. Агар ба навишатахоям каме диккат медодед дар ончо гуфта гузаштаам ки -мисли ХНИТ-.

Хонуми Марьям чаро мешудааст ки Нуриро ба ХНИТ ва ин хардуро ба вайронкорихои солхои 90 ум мансуб ва сабабгор надонем? Хохари чон аз хоби гарон хез ва е сину солатон холо 21 нашуда бошад баъзан адабиету хабархои зидди акидави хонед то ки аз фикрхои яктарафаву фанатизм бурун оеду дар чахонбинии шумо фикри солим пайдо шавад. Аслан маълумоти яктарафа одамро фанатик мекунад.

Хукуматро танкид мекунем, ки хамаи мансабдорон аз як минтака. Вале аз сохти рохбарикунии ХНИТ фаромуш ва е нодида мегирем. Чаро Нури, Хикматзода, Кабири, Сайфулло хама аз як минтака хастанд? Бечора як мовинро аз Кулоб мондаеду ради показуха бо кавли русхо хамчун торпедо ва е символ истифода мебаред. Хулласи гап махалгарои, "жерондализм"-е ки дар ХНИТ аст дар хеч хизбу хокимият нест. Хамту боре худатон тахлил намуда омузед ин гуфтахо хакикати вокеи доранд.

Дар хотима бояд гуфт ки корхои ободонии шахрдориро хар як сокин ва мехмони Душанбе нодида намегирад ва медонад.
Шояд ин атвори Кабири бошад ки дониставу надониста бояд дар хар як мухокимаи Конунхо "чизе" гуяд.
Амо чун мебинем ин дафъа "Вакил" ба дасти нуктасанч-Убайдуллоев афтид, ки МЕРСИ-и у факат дар чахорчубаи конунхо сурат мегирад.
Дар посух

Ном: душанбеги аз: душанбе
31.10.2012 12:14
ман бошам шахрдорро ахсант мегум! бас будагист ба хама лаббайка гуфта, тавокро наздашон ва кафшашонро пеши почашон гузоштан! хама бояд бо доштани асосе харфе бигуяд, на он ки мисли Кабири бе асноде ба афкорсози шугл варзад. Бародарон чои хафагие нест, танхо Офаридгор хатокор нест. Дигар ин ки Кабири хам фаришта нест-ку?! Шахрдорро рахмат, ки фарханги конунсолориро ба хама омухта, аз хама талаби якхела мекунад! Агар пишаки кадомеро ночо "пишт" гуфта бошад, ин проблемаи уст! Браво! респект!МЭРУ!
Дар посух

Ном: Марям аз: Душанбе
01.11.2012 10:36
Душанбеги! Шумо ба шаҳрдори аҳсант мегуед, ба кадом хотир?! Ба он хотире ки роҳҳои вайрону валангор доранд ё ин ки барои бебарқи ва беобии шаҳр ё барои ҷуйборҳои ифлос хулоса камбудиҳо дар шаҳр зиёд аст. Пас шаҳрдори ба ислоҳи камбудиҳо бипардозад на ин ки касеро ба додгоҳ бикашад!!!
Дар посух

Ном: Исо аз: Душанбе
31.10.2012 12:52
Хохари азиз! Охир ранги хамон устоди Кабириат аввал андеша кун баъд изхори назар..... Санчида сухан гуед... Раиси шахр рост мегуяд ба кадом хотир ба он хотир ки Чаноби Кабири хар чи омад ба дахонаш мегуяд бидуни онки дар баробараш тахлимл кунад... Охи инами якташ мо студенто аз дарахтшинонира дар ами шахр баъзан вакто ба дод омадаем.... Хай рохро ки месозанд, дарахт халал биёранд баъд вая набуранд... Аслан як дарахтзори таги Касри миллату дар богхои нав шинонда шуда хеч вакт имкон намедихад, ки шахр урён шавад.... Шояд Кабири урёншавии либоси духтарона дар назар дошта бошад, ки пардапушона мегуяд ва онхам нодуруст аст.... То дар бораи дарахтхои шахр изхори акида кардана намешавад ки оиди воридшавии аъзоёни ХНИТ ба ИДУ (харакати исломии Узбекистон), тахриру чамоати ансоруллох, ки на кабириву на хизби нахзатро кабул доранд... фикр куниву чораандеши намешавад, Акаи Кабири!?
Хамин кора чидди машгул шави ба фикрам ба манфиати ислом мешавад.. Худат на мутахассиси дарахти на экологи на .... факат бояд гап гап гап зани О ин хелам намешад чура!!!!
Агар хамин ихтилофоти мазхабиву гурухии исломира дар кишвар хал куни ба фикрам рисолати инсониву хизбиро анчом додаи, набошад вай корои хозир анчом додаистодаи хизмат ба хочагони хоричи хасту тамом!!!!!!!!!
Аслан отчетдихи мерен назди рохбарои арабу ерону покистони хамунчахода пешниход кунед ин масъалахора нагз мешад....
Дар посух

Ном: Марям аз: Душанбе
01.11.2012 10:50
Исо! Ман магар ягон сухани хатое гуфтам?! Кабири бидуни таҳлил сухан намегуяд! Он чи ки аён аст ҳоҷат ба баён нест! Шумо худатон дарахт шинондаед, магар дилатон ба меҳнататон намесузад?! Ҳукумат ҳатман аз ин манфиат молӣ мебинад. Дар ин ҷо дигар масаларо лутфан ворид накунед!! Сухани беасос назанед! Дарахт манфиати зиёд дорад масалан гази карбонро мегираду оксигенро хориҷ мекунад, ки ба инсонҳо манфиатовар аст! Магар шумо бидуни оксиген зиндаги карда метавонед?!!
Дар посух

Ном: Shaha аз: Piter
02.11.2012 09:20
Марям "Кабири бидуни таҳлил сухан намегуяд"?
Аз кучост чунин маълумоти дакик нисбати кабири. Е тавба шояд шумо лични сеекретари Кабир бошеду бо суоришу У дар ин чо нишаста пиарит карда истодаед. ?
Хохари чон Рохи вайрон мегуеду боз хам мегуед ки дарахтонро набуред. Рости тахлили шумо чунин аст ? Ое зимни тахлил ба мушкили ру ба ру нашудед ки чи тавр бояд рохро таъмир намуд ки дарахти 30 сола ними рохро вайрона карда бошад. Оё дар ин маврид шумо рохро аз хисоби манзилхо ва е аз хисоби дарахтон васеъ мекунед?
Хохари азиз хохиш мекунам саф сатаи "склонно к фанатизматонро" бас мекаредеду фотосинтезро меомухтед сони назар менавистед хуб мешуд.

Ном: асад аз: душанбе
30.10.2012 21:22
Салом бар хамаи инсонхо. Устод Кабири сад дар сад хак доранд вале бо нохакихо хаки Уро поймол кардан мехоханд касоне ки харгиз буи аз адолат бар машомашон нарасида ва нахохад расид магар дар охират.

Ном: халоват аз: душанбе
30.10.2012 22:40
е бахудо ай хами шахрдории хами мансабдорон сояи як дарахт фойдаш бисётар мераса ба мардум
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype