Якшанбе, Август 31, 2014

Тоҷикистон

Баёнияи раиси ҲДТ дар Бадахшон алайҳи Масъуд Собиров

Масъули дафтари Ҳизби демократ дар Бадахшон Масъуд Собировро барои пахши "изҳороти беасос" муттаҳам донист.

x
Раҳбари бахши вилоятии  Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, Марод Мирҳасанов, бо интишори баёнияе раиси ҳизб -- Масъуд Собировро барои пахши "изҳороти беасос дар робита ба куштори Абдулло Назаров ва ҳаводиси Хоруғ" муттаҳам кардааст. 

Ҷаноби Мирҳасанов дар сӯҳбат бо мо гуфт, Масъуд Собиров бидуни ҳамоҳангӣ ва машварат бо аъзои раёсати ҳизб, аз ҷумла дар Бадахшон, дар бораи куштори Назаров ва ҳаводиси Хоруғ изҳороте пахш карда, ки "аз воқеият дуранд". Ӯ иддао дорад, дар тӯли ҳаводиси ахири Хоруғ раиси ҲДТ боре ҳам дар тамос нашуда, воқеиятро аз онҳо, ки дар ҷои ҳодиса буданд, напурсидааст.

Раиси бахши вилоятии ҲДТ дар мавриди ин ки оё кадом изҳори назари Масъуд Собировро ба унвони раиси ҲДТ беасос мешуморад, дар изҳороти худ дақиқан чизе нагуфтааст. Аммо аз ҳарфҳои ӯ чунин бармеояд, ки аъзои ҲДТ  дар минтақаро асосан суханони Масъуд Собиров дар бораи гузоштани муҷассама барои Абдулло Назаров, раиси пешини Идораи амнияти Бадахшон, ки қатли ӯ боиси амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ гардид, ба пахши чунин баёния водор кардааст. 

Дар зимн, Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, чунин иддаои як узви раёсати ҲДТ ва намояндаи он дар Бадахшонро бепоя медонад. Ӯ мегӯяд, онҳо талош карданд, то аз ҳоли аъзои ҲДТ ва вазъи воқеии Хоруғ аз Марод Мирҳасанов бипурсанд, аммо ба далели набудани иртибот ин кор барояшон муяссар нашуд. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, он ҳама изҳороте, ки аз номи ҳизб пахш кардааст, бо маслиҳати аъзои раёсати ҳизб пахш шуда, на худсаронаву беҳамоҳангӣ.

Бо ин ҳама, Морад Мирҳасанов дар охири изҳороти худ ба унвони раҳбари ҲДТ дар Бадахшон, хостааст, ки анҷумани ғайринавбатии ҲДТ даъват ва дар он фаъолияту нақши ҳизб баррасӣ шавад. Ин изҳороти намояндаи ҲДТ дар Бадахшон дар ҳоле пахш шуда, ки генерал Абдулло Назаров дар рӯзи 21-уми июли соли ҷорӣ кушта ва пас аз се рӯзи он ҳаводиси Хоруғ оғоз ёфта буд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Али аз: Вахон
22.09.2012 19:18
мегум ки ин ХДТ хеч байни худашон соз нагирифтан ба чанд чинох таксим шуданд ва факат байни худашон разборка мегузаронанд ва барои халк ва мардум ягон коре намекунанд ман аз Раиси бахши вилоятии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, Морад Мирҳасанов ва дигар аъзоёни хизби демократии Точикистон даъват мекунам ки хаммаатон якчоя ба ХНИТ дохил шавед ки дар ин рузхои сахт ХНИТ бо мардуми Бадахшон буд.

Ном: Мирали аз: Душанбе
23.09.2012 00:38
Дар ХДТ факат бадахшихо раскол накарда буданд, акнун хукумат тавассути бадахшихо бори навбати дар ин хизб чудои хохад андохт.

Ном: Боми чахон аз: Точикистон
24.09.2012 09:45

Мо сад фоиз тарафдор, ки барои генерал мучассама гузошта шавад, вале бо чунин навиштачот" Ин генерал курбонии хирс hirs ва тамаъи хеш гардид".

Ном: аналитик аз: таджикистан
24.09.2012 13:52

генерал был умным человеком, чувствуя приближение старости и пенсии и ненужности государству он стал соучастником криминальных групп в регионе.Ел их хлеб, пыл с ними и одновременно шантажировал их, так как знал, что наживаться больше негде.Но двойная игра играла с генералом злую шутку и он погиб при случайных обстоятельствах.Но теперь деньги генерала, говорят их в личном сейфе в здание кнб нашли много, достаются не бедному отцу и родственникам, а молодой жене. которая по всей ваероятности больше всех ненавидела генерала.Озоди печатай если ты и вправду свабода.

Ном: Кулоби аз: Хоруг
24.09.2012 14:19
Огои Маъсуд хизбро ба ягио бурдед бас набуд холо аз номи хизбе ки хазорон точикон барои он чони худро ба нисор бурданд, кахрамони миллатро муаян мекунед.Бигузор генерали шумо кахрамони миллат шавад, вале дар пахлуи у Толиб Аёмбеков чун кахрамонони кочокбар айкал дошта бошадю

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype