Ҷумъа, Октябр 31, 2014

Иқтисодиёт

Ҷаҳиши "навбатӣ"-и нархи орд дар Душанбе

Аз 160 то 180 сомонӣ боло рафтани қимати як халтаи орд дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши орд, сокинонро сахт нороҳат кардааст.

x
Малика, сокини 57-солаи пойтахт, мегӯяд, ӯ 8 фарзанд дорад ва ҳамагӣ 290 сомонӣ маош мегирад. Ба қавли хонум Малика, афзоиши нархи орд ба буҷаи бе ин ҳам тиҳӣ ё холии хонаводааш зарба хоҳад зад: "Зимистон меояд, бояд тайёрӣ бинем. Ҳама чиз гарон шудааст. Намедонам, инҳо ба куҷо нигоҳ мекунанд. Бе орд намешавад. Ҳоло пиёз қимат, картошка қимат, ин чӣ гап аст?"

Асомиддин Ризоев, раиси бозори "Шоҳмансур", гуфт, иллати болоравии баҳои орд дар бозорҳои Тоҷикистон аз таъсири бозори Қазоқистон вобаста аст. Ба қавли ӯ, як тонна орд дар Қазоқистон ба 63 ҳазор танга, муодили 430 доллар, баробар шудааст, ки то ворид шудан ба пойтахт бо назардошти боҷи гумрукӣ ва роҳкиро қиммати як халтаи 50-килоии он ба 148 сомонӣ мерасад. Ин дар ҳолест, ки як моҳи пеш як халта орд дар Душанбе 135 сомонӣ қимат дошт. Ҷаноби Ризоев гуфт, "болоравии орд ба Тоҷикистон вобаста нест. Дар тамоми ҷо нархи орду гандум гарон шуд. Дар Русия хушксолӣ шудааст ва умуман ҳаҷми истеҳсоли гандум хеле кам аст."

Асомуддин РизоевАсомуддин Ризоев
x
Асомуддин Ризоев
Асомуддин Ризоев
Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ҳукумати Тоҷикистон назорат мекунад, ки бақияи ордро тоҷирон бо нархи гарон ба фурӯш нагузоранд. Дар баробари ин ба гуфтаи ӯ ҳукумат ва ниҳодҳои масъул ба таври кофӣ захираи орду гандум доранд ва метавонанд вазъро то андозае зери контрол нигоҳ доранд. Феълан ба қавли раҳбари бозори "Шоҳмансур", ширкати маҳалии "Ҷасур" як халта ордро бо баҳои то 137 сомони мефурӯшад.

Тоҳир, як тоҷири дӯкони орд, гуфт, орди навъи аълои  истеҳсоли Қазоқистонро чун дар замони Шӯравӣ фақат ба одамони "худӣ" мефурӯшанд. Ӯ мегӯяд, баҳои орди истеҳсоли Хуҷанд, низ ки аз  гандуми Қазоқистон таҳия мешавад, боло рафта як халтаи 50-килоиаш дар анбор  алакай 156 сомонӣ шудааст.

Тоҳир афзуд, ниҳодҳои давлатӣ барои танзими нарх ба бозорҳо меоянд ва аксарият ба хотири раҳоӣ аз ҷарима ё фишор нархро арзонтар мегӯянд. Дар ҳамин ҳол, вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон сабаби ин ҳолро шарҳ дода мегӯяд, "орд ва анвои ғалладона аз берун кам ворид мешавад. Кишварҳои аслии содиркунандаи орд низ бинобар хушксолӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд."

x
Парвози нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон оғоз ёфта буд. Тоҷикистон солона ба тақрибан 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад, ки танҳо зери 1 миллионаш аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Душанбе боқии эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад, ки тақрибан 95 дарсадаш аз Қазоқистон аст.

Соли гузашта, барои мисол, ба Тоҷикистон аз Қазоқистон 438 000 тонна фақат гандум ворид шудааст. Бино ба оморҳо, ҳар моҳ ба ин кишвар аз Қазоқистон 28 000 тонна орду 37 000 тонна гандум ворид мешавад. Бо ин ҳол, пешбинии коршиносон нисбат ба дурнамои нархҳо чандон хушбинкунанда нест.

Қазоқистон соли гузашта зери 25 миллион тонна гандум ҷамъ оварда буд, ки ҳосили бесобиқа буд. Аммо вазорати кишоварзии Қазоқистон ба иллати хушксолӣ ҷамъи ҳосили имсолаи гандумро зери 13 миллион тонна тахмин мезанад. Ҳамчунин Қазоқистон боҷи содиротиро барои  орду гандум 15 дарсад боло бурдааст, ки он низ ба қимати орду гандум таъсир кардааст. Бино ба иттилои кумитаи омор дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 470 ҳазор тонна гандум ва 232 ҳазор тонна орд ворид шудааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Бенаво аз: Истгох
20.09.2012 11:35
Вой бар холи мо точико. Дар хонаи мо дар як мох ду халта орд масраф мешавад. 600 сомони маош мегирам. Акнун маро дард фаро гирифт. Ин ноинсофхо чи кор карда истодаанд. Маош 20 сомони зиёд мешавад орд 200 сомони гарон. "Шукронаи истиклол" ва баъзе масъулони хамин соха. Мардумро азоб медихед худо чазоятонро бидихад!
Дар посух

Ном: Акл аз: Мантик
21.09.2012 09:29
Умуман ва мантикан дар Точикистон ниходе хаст ки вобаста ба холатхои болоравиву пастравии нархи гандум дар биржахои байналмилали воридоти орду гандумро танзим намояд?

Баъдан Антимонополия дар точикистон ба чи кор машгул аст?

Хохиш мекардам ба суолхоям посух медодед.
Дар посух

Ном: точик аз: душанбе
21.09.2012 23:11
дар точикистон болорави ва пастшавии нарху наворо антимонополи танзим мекунанд.
антимонополияи точикистон гайр аз нафсу тани худ дигар чиро фикр намекунад.
антимонополия дар точикистон ба корупсия машгул асту халос.
Дар посух

Ном: Insof аз: Kurgan
21.09.2012 09:35
Shumo ham mehurdayen, da 2 kopcha ord, chand nafaren ki...... chi digaro kor namekunan.......... ba fikram har moh maraka medihed!!1

Ном: Парвиз аз: Кулоб
20.09.2012 13:55
ман намедонм рохаша ёбед.
Дар посух

Ном: Бахтиёр аз: Душанбе
20.09.2012 20:53
Ман фикр мекунам, ки ягона роҳи арзон кардани нархи орд, ин ҳангоми ворид намудани орд аз соҳибкорон боҷи гумруки талаб накардан аст. Аз Ҳукумат хоҳиш менамоям, ки боҷи гумрукиро нисбати орд барҳам диҳад, ана баъд нархи орд арзон мешавад.
Дар посух

Ном: халк аз: Точикистон
21.09.2012 08:17
Э бародар , холям шумо шаф шаф карда гаштен, мо халк ранги сагем, а сохибомон ХУКУМАТДОРОН, кайке як лукма партоян хамуна хурда мешинем,

Ном: богов аз: ным
20.09.2012 14:24
воййййй аз дасти хукумат воййййй ай дасти чаноб. Наход инкадар бе рахм шен? Озоди 2руя нашаву чоп кн

Ном: Алагана
20.09.2012 15:00
Ба ин 400 сомоние,ки давлат маош медихад намедонам як линча орд харам ё ин,ки рохкиро кунам? мачбур мешавам кор партои кунам фарзандам даъвои гуруснаги кунад мачбур мешавам даст ба корхои ношоям занам
Дар посух

Ном: шумбача аз: аз корвон
21.09.2012 09:49
Ин хама натичаи боло бурдани музди маош!!! так что озурда мабош! "Зирракии сиёсиро аз даст надихед"-ин проблема кори дасти сеюм. Агар худо накарда имсол хаво хунук шавад пешаки мегуям, ки кори дасти "сеюм" боз ташвиш кашида хар чи нанависед.Худо занад хамон дасти "Сеюм"-ро мегуи арвох бошад як бор худашро нишон намедихад.
Дар посух

Ном: мутахассиси чавон аз: душанбе
21.09.2012 23:19
дар шабакаи НТВ и Руссия наворе пахш карданд ки дилам аз дидани он навор норохат шуд. мегуянд маоши кормандони точикро 2,5 маротиба баланд карданд яъне пештар онхо 80 сомони мегирифтанд айни замон бошад 200 сомони мегиранд. акнун шояд точикхо ба мухочирати мехнати камтар меоянд. о ба ду сад сомони як кило гушт ва як линча орд мегириву хало чи тавр зиндаги мекуни?

Ном: Беном аз: бе ном
20.09.2012 15:09
маошамон суми як халта орд мешаду 5 кило равган картошкаву пиёз аз кучо ёбем

Ном: Бум аз: Вайрона
20.09.2012 15:40
Хабари шум даррав бум барин сиёхи пахш мекунад, Эй Озоди ягон хабари хуб бигу!!!
Дар посух

Ном: 0000 аз: 8888
21.09.2012 15:12
БУМ ин яке аз мавзуъхои пастшавии сатхи зиндагии мардуми моро мефахмонад... Ин хабар сабаб мешаваду Худо хохад арзони мешавад...

Ном: беном аз: Точикистон
20.09.2012 18:00
Иншоолох ин пул насибашон намешавад, онхо имон надоранд ва бозори КОРВОН ьа онхо ибрат нашуд!

Ном: Сухтам аз: Точикистоннннннннн
20.09.2012 19:05
охххххх озодичун ягон хабари хуш наметида охир хаётум дар бозори корвон сухт карзидори калонум охир болои сухтаги намак пошиди охир чикор кунум хаяотум дар Тойикистон сухттттттттт охххххххххххххх марг тезтар биё :(((

Ном: Нодор
20.09.2012 19:58
Эй барордари марказ хамин канд сафед буд сиёх рангашро фаромуш кардам кумак кунед рангаш чи буд?
Дар посух

Ном: Гуруснаи аз: бехтарин чизхо
21.09.2012 08:41
дар солхои 92 то 95 амак бачаи ман гуфт як чиз буд ширин чор куенча ба монанди шакар номашро фыаромуш кардам баъди чанд дакика фахмидем ки КАНД ро мегуфтааст Худо нигахдорад он рузхои гузаштаро лекин хамин дуруг гуияшро Хукумат дар тамоми сохааш давом додани бошад Худованд аз он рузхо дида рузхои вазнинаша нишон медихад.
Дар посух

Ном: Davlat аз: bemakon
21.09.2012 10:23
Аминхел рафтан гирад чура ранги худатам фаромуш мекуни "канд ба хайр аст" Ба хамаш сабр кардан даркор ин як санчиши Аллох аст барои мусулмонон хамаш мегузарад

Ном: Parviz аз: Istaravshan
20.09.2012 20:23
биёед бародарон яктои дигар рох монд бояд истифода нашудаги аз бахри зиндагию хаёт бароему.............................................................
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype