Ҷумъа, Ноябр 28, 2014

Оини мадоро

Чок кардани мурдаҳо. Табибон - тарафдор, сокинон - мухолиф

Мухолифати аксари сокинони Тоҷикистон барои ташреҳ ва чок кардани ҷасадҳо ба хотири ташхиси бемории онҳо, нигаронии мақомоти беҳдоштиро ба бор овардааст.

Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, чунин бархӯрди пайвандони афроди фавтида боиси коҳиши таҷрибаи пизишкон дар амри ташхиси омилҳои беморӣ ва фавт мегардад.

Ҷаноби Раҳмонов афзуд: «Шумо тасаввур кунед, як нафар шаҳрванди мо дар бемористон даргузарад ва табибон хоҳанд, ки ба хотири муайян кардани дурустии ташхис ташреҳ бигзаронанд, мардум инро нодуруст қабул намекунанд. Мо ҳоло ба кулли муассисаҳо супориш додем, ки майитхона, яъне ҷое, ки ташреҳ гузаронида мешавад, омода бошад. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ақаллан дар шаҳрҳо ҳамин амал пиёда шавад. Чун барои табиб ҳам ин як мактаби бузург мешавад. Яъне вай мебинад,ки дар давоми чанд рӯзе ки табобат намудааст, воқеият чӣ 
Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.
x
Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.
Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.
будааст. Ва инро танҳо баъд аз ташреҳ гузаронидани майит мешавад муайян намуд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, вазорати тандурустии Тоҷикистон аз чанд сол ба ин тараф талош мекунад нигоҳи мардуми кишварро ба ин масъала тағйир бидиҳад ва ҳатто Кумитаи динро ба маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ ҷалб кардааст. Аммо бо ин вуҷуд то ҳанӯз дар Тоҷикистон мардум ин амалро ҳамчун таҳқир ба ҷисми бе он ҳам азиятдидаи майит қабул мекунанд ва дар камтарин ҳолатҳо барои чок кардани пайвандони фавтидаашон ризоият медиҳанд.
 
Мукаррам, як сокини пойтахт, ки низ мухолифи чок кардани ҷасадҳост, мегӯяд, «Дар ислом озор додани майит роиҷ нест ва майит ҳамон тавре ба хок равад, ки ба дунё омадааст. Мегӯянд, ки дар сардхонаҳо ба ҳангоми чоки ҷасадҳо узвҳои дарунии онҳоро барои таҷрибаомузӣ мегиранд ва бо чӯбпора ҷисмашро пур мекунанд. Албатта ҳеҷ кас намехоҳад, ки ҷасади нопурраи нафари наздикашро ба хок биспорад.» 

Дар ҳоле, ки Мукаррам ва аксари дигари мардуми тоҷик, ташреҳи ҷасадро аз лиҳози ахлоқӣ ва ҳам шаръи қобили қабул намедонанд, дар кишварҳои исломӣ ин  амал бе мушкил анҷом мешавад. Ҳамидризо, як ҷарроҳи эронӣ, ки чаҳор сол инҷониб дар Тоҷикистон кор мекунад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тибқи таҷрибаи ӯ пайвандони ашхоси фавтида, бидуни он ки иҷозаи чоки ҷасадро бидиҳанд,  пизишкро дар муолиҷаи нодуруст айбдор месозанд.

Ӯ афзуд: «Ман бисёр нафаронеро дидаам, ки шахси бемор ҳанӯз нафавтида, ӯро  дарҳол ба хона мебаранд. Ва дар натиҷа ӯ ё дар роҳ ва ё чанд рӯз баъд дармегузарад. Дар ин ҳолатҳои пайвандонашон инро ба тақдир ҳавола мекунанд. Аммо ҳолатҳое низ ҳаст, ки беморро хеле дер барои ҷарроҳӣ меоранд ва имконияти хеле ками зиндf мондани ӯ вуҷуд дорад. Мо ин ҳамаро аз пеш ба наздиконашон мефаҳмонем, аммо баъдан боз ҳам борони ҳарфҳои қабеҳ ба сари мо мерезад. Гарчанде инҷо ҳеҷ айби мо нест, балки иллат дар худи онҳост, ки сари вақт ба пизишк муроҷиат накардаанд.»

Оғои Мирҳусайнӣ афзуд, чок кардани ҷасад дар Эрон, ки кишвари исломист, як 
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, рӯҳонии тоҷик.Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, рӯҳонии тоҷик.
x
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, рӯҳонии тоҷик.
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, рӯҳонии тоҷик.
амри маъмулӣ шудааст ва руҳониён ба он мухолифате надоранд. Уламои тоҷик низ мегӯянд, шариати исломӣ барои гузаронидани ташреҳи майит ҳеҷ маҳдудияте надорад, балки баръакс ба омӯхтани беморӣ ва тақвияти донишу малака ташвиқ менамояд.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, яке аз рӯҳониёни тоҷик ин амалро на гуноҳ, балки як кори савоб номид: «Аксаран нафароне, ки дидгоҳи танг доранд ва аз Ислом хуб огаҳ нестанд, ин амалро хилофи кори падарону бобоҳо медонанд. Ва мо онҳоеро, ки барои пешрафти илм, ташреҳу таҳқиқ кардан монеа эҷод мекунанд, маҳкум менамоем. Ман инро як фаризаи табибон медонам, ки бояд талош намоянд роҳеро пайдо намоянд, ки ин корро анҷом бидиҳанд ва таҷрибаи худро бештар намоянд.»

Бо ин ҳама, ба гуфтаи мусоҳибони мо, агар дар Тоҷикистон ҳам имконияти гузаронидани ташреҳи ҷасад бештар бошад, ба эҳтимоли зиёд иштибоҳҳои марговари табибон ҳам камтар хоҳад шуд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: мухочир аз: руссия
14.09.2012 20:08
агар аз худову расул оёту далел бошадки мурда пура ба хок супурда шавад мо тарафдори ислом агар не барои мо хубаш пешрави дар сохахои тиби боз гумрох нашавем ба мисли гузаштахоямон
Дар посух

Ном: Беном
15.09.2012 10:23
ба ин духтур кассобон танхо як бахонае лозим аст ки ба савдои чигару гурда огоз намоянд.
холо дасту пояшон баста аст.агар ин корро конунан кунанд пас беморе ки шояд бо муолича сахат шавад уро чок карда
узвхои дарунаашро мефурушанду баъд дар когаз ё варакаи ташхис аст ё заключении менависанд ки ин бемор ба иллати фалону фалон муолича нашуду хамин тарик аз дунё гузашт
ин кор дар бисер мамолики саввум рух медихад ки мардуми камбагал барои одамони доранда донори мачбури карор мегиранд
Эй духтуррхо аз худо тарсед ба ин кор даст назанед.нагзтараш саводатонро хубтар кунеду ба муоличаи босифатона пардозед то мардум ба шумо бовар кунанду
касалихояшонро бо дили пур ба беморхонахо баранд
албатта хамаи духтуронро дар нахзар надорам ва узрхохи мекунам ки каме сахттар навиштам
холо хам сафи табибони точик кам нестанд аз нафарони дилсузу худотарс
озоди чоп кунетон.
Дар посух

Ном: donishju аз: dushanbe
15.09.2012 16:11
bo guzashtahoro pas mezani h ? . . .az hamin duxturoni poraxur bo tu tashxis intizori . . . . .Tamomi badani insonro Xudo ba u hamchun amonat medihad . . . .Pas dar javob naboyad xiyonat kard . . . .

Ном: Беном
14.09.2012 20:16
Ба хаелам таббибони мо гушна мондаанд ва ба бахонаи ташхис ба фурухтани гурдаву чигару дигар узвхои бадан омодаги дида истодаанд.Ин корро ба хохиши хешони гузашта шуда агар онхо рози бошанд кардан мумкин набошанд касе хукуки ташхисро надорад.Намешавад.ки хамин одамоне,ки ин корро пешниход кардаанд наздикони худашонро баъди гузаштан аз дуне ба ташхис диханд.Барои таббиб бо савод бошад ришваву порахуриро камкарда ва бачахои болаекатро ба донишгохи тибби кабул кард на оне,ки бо пул мехонад.
Дар посух

Ном: Умар аз: Файзобод
14.09.2012 20:34
бародар хамон магзи саратро намефуруши?бе унам кор намекадрдастку
Дар посух

Ном: доктор аз: душанбе
14.09.2012 20:46
Ба Беноми бесавод-вакте ки одам мемурад хамаи узвхои вай низ мемурад гирифта фурухтани ин узвхо чи хеле ки ту гуфти маъно надорад.Узвхои дохиларо дар вакти зинда будани беморон ва гузаронидани як катор тахлилхо (совместимость)гирифтан мумкин.Чизе ки намедони сафсатаю афсона нагуй сари мардумро гаранг накун.
Дар посух

Ном: Беном
14.09.2012 22:48
Хато мекуни. Баъди додани ичозат барои гузаронидани чунин ташхис, чуноне ки дар Россия мекунанд, одама мекушанду узвхои баданаша мефурушанд. Дар Точикистон маркази транспланталогия бехуда накушодиян ку. Бояд бизнес пеш равад.
Дар посух

Ном: bekha аз: polsha
17.09.2012 18:38
hamin dukhtur xudash besavodiashro malum kard neki......tu vapshe ay tarakiyoti tibbi nav bekhabar buday.....

Ном: Парвиз аз: Кулоб
14.09.2012 20:44
намешад ки хаму мурдара наркос занан ба чокш кунан.
Дар посух

Ном: bekha аз: polsha
15.09.2012 18:25
savodat ba gap nabuday barodar

Ном: Некруз аз: Душанбе
14.09.2012 20:57
БЕМОРРО БА БЕМОРХОНА МЕБАРИ АГАР БИНАН САРВАТМАНД НЕСТИ АХАМИЯТ НАМЕТИЯН ЧАНДИН ХОЛАТ ШУДААСТ КИ БЕМОРОН ФАВТ КАРДААНД БАД БАХОНАИ ДЕР ОВАРДИРО ПЕШ МЕГИРАН АВВАЛ ХАРРОМХУРИРО БАС КУНЕД ХАЛК БА ШУМО БОВАР КУНАД БЕМОРХОРО ХУДАТОН МЕКУШЕД
Дар посух

Ном: Салим аз: Душанбе
15.09.2012 00:36
Аввал хондану фахмидана ед гиранд.Чизи хондагишона намефахманду боз чаррохи мекунанд.Холо чанд китоби тибби аз руси ба точики тарчума шудааст?Хамон хатмкунандахо китобхои тиббии ба забони руси бударо хонда фахмида метавонанд,холо он ки дар мактаби миена онхо русиро нахондаанд?Е шумо мисли устохои деворзан дар амал нишон доданиед ки дар ин касали инчоро бур дар инаш вай чойро?Дирафшу табенаро гирифта халтаи орд барин касалро медузонед.Хамаи касалхо дар дастатон .Синои бузург дар хамон давру замона тавонист одам ефта чарохи кунаду шумо дар асри 21наметавонед?Дил намесузад дил?Бахонахои бисер.

Ном: Амин аз: Медгородок
14.09.2012 21:57
Ин чаррохе, ки мегуед, дар асл як парастор аст. Озоди саъй кунед мардум нафиребед. Ин хуккабозхо дар медгородок ба чашми мардум хок мепошанд, ин медбратро чаррохи эрони муаррафи мекунанд, ва баъдан амалро чаррохони бетачрибаи дигар анчом медиханд, ки аксаран бо марг меанчомад.
Дар посух

Ном: bekha аз: polsha
17.09.2012 18:36
hamin medbrate ki jarrohi eroniro muarifi mekunad woyad ba u mikdori pule doda boshad to mazmuni gapashro pura namoyad.....
E mardum bedor shaved to ba kai barodaru khohari manu turo in tavr jarohhoni besavod chok karda dar okhir tashkhisi besavodona mebarorand.........balki kismati ziyodi badani uro(gurda,jigar.dil) girifta ba mikdori ziyod mefurushanddd......

Ном: Беном
14.09.2012 22:47
Ташхиса агар бо максади муайян кардани гунахгори марги у гузаронанду он табиби бехунару одамкуша ба чазо кашанд хубтар аст. Одамон "подопытный кролик" нестанд ку.

Ном: саид аз: Душанбе
15.09.2012 01:18
Вакте ки донишгохи тиббиро пулаки карданд табобати бемор пулаки шуд табиби дуруст дигар намебарояд. Бигзор тачрибаомузи хам пулаки шавад. акалан хамон маблаге ки бемордор харочот кардаасту бемор шифо наёфтааст баргардонда ба сохиби фавтшуда диханд бигзор фавтидаро чок кунанд ва бинанд духтурон ки чигар касал будаасту мо шушро табобат кардем ана барои хамин ин шахс фавтид.

Ном: Хамдам аз: Фаронса
15.09.2012 01:36
Мухаммад пайгомбар гуфта буд аз гахвора то гур дониш биёмуз. бале дар хакикат сабаби марги як беморро фахмидан лозим то ки ба дигаре мисли он бемор бошад касалиашро пешгири куни. бе муоинаи патологоанатоми сабаби марги бемор дуруст муайян карда намешавад. табиб бояд хулосае барорад. Ибни Сино хам мурдахоро истифода мебурд.

Ном: Беном
15.09.2012 12:31
Hele ikdomi hub baroi peshrafti tib va boloravii tajribai tabibon . Favtida u alakaj favtida ast, hub nest ,ki akalan jismi bejoni u dar in dunjho kori hajre kunad .

Ном: Беном
15.09.2012 12:49
агар ба хотири тачриба бошад чоиз вале дар инчо акидаи дигарам вудуд дорад ки ин тичорат аст
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype