Панҷшанбе, Июл 10, 2014

Ҷавонон

Донишҷӯёни норозӣ барои таҳсил ба Қазоқистон рафтанд

Беш аз 90 довталаби тоҷике, ки натавонистанд ба ихтисосҳои хостаашон, шомили донишгоҳҳои Қазоқистон шаванд ва бо ин далел ҳафтаи гузашта дар назди бинои Вазорати маориф ва дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон тазоҳурот баргузор карданд, ба Қазоқистон рафтанд.

x
Зеро тибқи иттилои масъулони вазорати маориф то рӯзи чаҳоршанбе 79 тан аз онҳо вориди Қазоқистон шуда ва дар донишгоҳҳои он кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Интизор меравад, 10-12 нафари боқимонда аз ин довталабон, ки дар як соле пеш шомили курсҳои омодагӣ дар донишгоҳҳои Қазодистон шуда буданд, ба зудӣ  ба ин кишвар сафар кунанд.  

Аммо норозигии ин гурӯҳ аз довталабони тоҷик ба он хотир будааст, ки тақрибан 20 нафар фарзандони афроди мансабдору доро аз Тоҷикистон ба ихтисосҳои мехостаи онҳо шомили донишгоҳҳои Қазоқистон шудаанд, вале онҳоро бидуни ихтиёрашон ба дигар ихтисосҳо гузаронидаанд.

Дар ҷавоб ба ин эътирози довталабон, Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, ки онҳо бинобар нарасидани «хол»-ҳои имтиҳонот натавонистанд ба ихтисосҳои дилхоҳашон шомил гарданд. Дар робита ба ин Абдусаттор Одинаев, сардори Раёсати равобити байналмилалии вазорати маорифи Тоҷикистон афзуд:
    
«Дар Қазоқистон шакли қабул ҳамин хел сурат мегирад, ки ба ҳар як донишҷӯ се ихтисос пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла дар Русия ҳам ҳамчунин аст. Агар довталаб балли баланд гирад, ихтисоси 1-ум, бали паст гирад ихтисоси 2-юм ва агар аз ин ҳам бали пасттар гирад, ихтисоси сеюм. Довталабони шӯъбаи омодасозии Қазоқистон ҳамаашон қариб, ки балҳояшон ба ихтисосҳои сеюм рост омадааст. Аксарият 50 ва 60 бал доштанд».

Ба ин тартиб тибқи пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, 5 нафар довталаб дар факултаи захираҳои обӣ, 15 нафар дар факултаи забонҳои 
x
хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки ҳамзамон ду забони хориҷии дигарро низ фаро хоҳанд гирифт. Ҳамчунин бақияи довталабон таҳсилро дар факултаҳои тиббӣ, кишоварзӣ, ҳавонавардӣ, фарҳангшиносӣ, фалсафа ва ғайра идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, тазоҳуроти довталабони тоҷик, ки гуфта мешавад дар кишвар рӯйдоди бесобиқа аст, дар байни ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Файзалӣ Холов, як нафар омӯзгори тоҷик аз ин амали ҷавонон ситоиш карда, гуфт, ки ҷавонони тоҷик ба ин васила собит карданд, ки метавонанд аз ҳаққу ҳуққуҳои худ дифоъ кунанд, «як мақоли халқи тоҷик ҳаст, ки луқмаи хешро аз даҳони шер мебояд гирифт. Ва ба ҳамин маъно ба ҳамин мазмун худро дифоъ кардан камолоти одамиро нишон медиҳад, ки ӯ худро шинохтааст. Ин нишонаи ҷавонони муосир, ҷавонони имрӯза аст. Барои ҳаққу ҳуқуқҳои худро ҳимоя кардан, дониш даркор. Ин пешрафти ҷавонони моро нишон медиҳад».

Қазияи довталабони тоҷики донишгоҳҳои Қазоқистон дар ҳоле сар зад, ки аксарият дар кишвар аз дониши довталабоне, ки ҳамасола ба макотиби олии давлатҳои хориҷа шомил мешаванд, шубҳа пайдо кардаанд.  

Музаффар Мадалиев, сокини шаҳри Турсунзода мегӯяд, писари ӯ Искандар 2 сол пеш бо мақсади дохил шудан ба коллеҷи ҳавонавардии шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар Тоҷикистон имтиҳон супорид. Аммо дар вақти комиссияи мандатӣ ба ӯ гуфтанд, ки имтиҳоноташро супорида натавониста, «нол» ё сифр бал гирифтааст. Вале дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Музаффар намояндаи коллеҷи мазкур, ки онҷо ҳузур дошт, ӯро ба наздаш хонда, гуфтааст, ки писари шумо савод ва қобилияти хуб дорад, вале афсус дар ҷумҳурии шумо қоидаҳои дигаранд ва ман коре карда наметавонам. Аммо шумо метавонед, бо пардохти маблағи таҳсил писаратонро ба коллеҷи мо гузоред. Ҳамин тавр ба гуфтаи Музаффар бо маблағҳои падар Искандар донишҷӯи ин коллеҷ шуд.

x
Ӯ гуфт: «Ҳамаи имтиҳонҳояшро бо баҳои панҷ супорид. Хонданаш хеле хуб буд. Лекин бачаҳое, ки аз Тоҷикистон онҷо барои таҳсил рафтанд, ҳамаашон набошанд ҳам, 80 дар садашон ман кафолат медиҳам, ҳатто далел ҳам дорам, ки ду мегирифтанд. Якум талаботе, ки буд, бояд донишҷӯ забони русиро донад, чунки истилоҳоти авиатсия ҳамааш ба забони русӣ аст, тем более дар давлати дигар».

Аммо Искандар тавонист ҳамагӣ як сол дар коллеҷи ҳавонавардии шаҳри Бишкек таҳсил кунад. Зеро дигар маблағҳои падари коргараш барои пардохти таҳсил ва буду боши ӯ дар ин кишвар нарасид ва ӯ маҷбур шуд, ки ин коллеҷро ба як макотиби арзонтаре иваз намуда, бо ҳамин ба таври ҳамешагӣ бо орзуи деринааш, ки ҳавонавард шудан буд, падруд гӯяд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, соли равон аз ҷумҳурӣ ба донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ бештар аз 1200 довталаб шомил шудаанд, ки ин рақам нисбат ба соли гузашта ҳудуди 25 адад зиёд аст. Ҳудуди 100 нафари онҳо довталабоне буданд, ки дар донишгоҳҳои Қазоқистон як сол давраи омодагиро пушти сар карданд ва ҳамакнун бо вуҷуди бӯҳрони пешомада дар рӯ ба рӯи онҳо, таҳсилашонро идома хоҳанд дод.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: zulol аз: panjakent
05.09.2012 16:44
Чавонони точик ахсан ба шумо, ки дар хорич тахсил мекунем. дар дохил тахсил кардан кайфият надорад!!!

Ном: Беном
05.09.2012 19:47
Baroi hal kardani har yak masala boyad dar nazdi kasri janob xaima zad, digar xel mumkin nest...

Ном: Нилуфар
06.09.2012 20:53
ягон довталаб дар Донишгохи Тибии Казокистон тахсил намекунад!Дар шартнома 50 балл буд лекин мо бисерихо ай 50 балл зиёд гирифтем,ягонтаи мо ба чои мехостагиамон дохил нашудем!!!

Ном: Беном
07.09.2012 14:08
вазорати маориф агар сарта таи хок куни касам хури ин гапхоятон дуруг аст, чунки фарзанди мансабдор хеч гох нахонда буд ва намехонад , балхои пасти онхоро ба шахсони донишдор гузаронидеду ай унора ба мансабдорон зато да кисатон я тангаи харом чам меша хуб нест магар?
Дар посух

Ном: Rustam аз: ALA
07.09.2012 22:26
Gushkuneton Donishjueni giromikadr. MAN BACHAI MANSABDOR ki megad ki bachaxoi Mansabdor namexonand?Man ba shaxsi nomash BENOM guftaniyam ki avalo tu tarzi navistanro ed gir bad dar sait komentariya moned.Boz man ba Bonui NILUFAR guftaniyam Shumo xudaton namexoned digarhoro tankit mekuned. Az 100$ Duxtare ba digar Davlat xondani merand 90% beraha meshavand va Namexonand. Man xudam 1 sol pesh tamom kadaam Donishgohi Kazokhistonro bo xubu alo. Kasone ki baroi taer namudani Donishjui (Patkurs) raftaan az 100% Donishju 7 e 10 % foizashon mexonand digarxoyashon fakad jangu muhoriba mekunand. In kasone ki ba Vazorati Maorif raftaan fikr kadaand ki Vazorati Maorifi TJ dastgiri mekunand va meguzaronand.Xudaton gunahgoren xondan dar kor bud.Tokaya Bachaxoi Kalonshavanda megued. Dar Kazokhiston namegand ki tu bachai Kalonshavandai tu guzashti dar Kazokhiston inguna korho vujut nadoran Barodaron va Xoxaron.Kamtar Kaifu safo kuned fakad xoned.In tavri digar nagued ki fakad bachaxoi Kalon shavanda. Muvafakiyat ba Shumo xonet xonet boz Xonet.
Дар посух

Ном: Расул аз: Русия
09.09.2012 08:11
Вазорати Маориф хамин хел черезбози кардан гиред ояндаи Чумхуи "нагз" мешавад.

Писандидаҳо