Ҷумъа, Май 24, 2013 Соат ба вақти Душанбе 23:03

Тоҷикистон

Довталабони тоҷик: "Пулдорон ҷои моро гирифтанд..."

Маъмурони пулис беш аз 90 довталаби тоҷик, ки дар назди вазорати маориф гирди ҳам омада буданд, пароканда кардаанд.

Теъдоде аз довталабони тоҷик дар назди бинои вазорати маорифи Тоҷикистон. 30-юми августи 2012Теъдоде аз довталабони тоҷик дар назди бинои вазорати маорифи Тоҷикистон. 30-юми августи 2012
x
Теъдоде аз довталабони тоҷик дар назди бинои вазорати маорифи Тоҷикистон. 30-юми августи 2012
Теъдоде аз довталабони тоҷик дар назди бинои вазорати маорифи Тоҷикистон. 30-юми августи 2012
Ҳаҷми матн - +
Маъмурони пулис дар сӯҳбат ба хабарнигори "Озодӣ" гуфтанд, ки ин корро барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна "амалҳои номатлуб" анҷом доданд. Дар ҳоле ки ба қавли онҳо, ин теъдод ҷавонон мехостанд вориди бинои вазорати маориф шаванд. 

Рӯзи 30-юми август беш аз 90 довталаби тоҷик, ки дар муддати як соли охир дар донишгоҳҳои Қазоқистон давраҳои омодагиро пушти сар карда, вале ба бахшҳои мехостаашон қабул нашудаанд, дар назди бинои вазорати маориф таҷаммӯъ карданд.

Ин гурӯҳи ҷавонони тоҷик аз вазорати маорифи Тоҷикистон, ки онҳоро барои таҳсил ба Қазоқистон фиристода будааст, талаб доранд, ин ниҳод ҷиҳати  идомаи таҳсилашон бо ихтисоси интихобкардаашон дар донишгоҳҳои Қазоқистон мусоидат намояд. 

Суман Наботова, як довталаби тоҷик, ки як сол давраи омодагиро дар назди донишгоҳҳои Қазоқистон паси сар карда, пас аз супурдани имтиҳон бештар аз 50 бал (нафароне, ки беш аз 50 бал гирифтаанд, ҳаққи донишҷӯ шуданро доранд) гирифтааст, гуфт, ӯ ихтисоси гумрукро интихоб карда буд, вале ӯро ба факултаи фаҳангшиносӣ равона кардаанд. “Мо як сол қабл бо вазорати маорифи Тоҷикистон шартнома баста будем. Дар он навишта шуда буд, ки агар аз имтиҳон беш аз 50 бал гирем, бо ихтисоси худамон интихоб карда донишҷӯ мешавем. Мо ҳамагӣ аз 50 бал зиёд баҳо гирифтем, аммо ихтисосҳои мо куллан иваз шудааст. Мо ҳоло дар қабули вазири маориф гуфтем, ки бо ин ниҳод шартнома дорем, шартномаи мо чӣ мешавад, ӯ гуфт "шартноматон дар гӯр!"  
 
Як зан, ки худро модари Улуғбек Самандаров, яке аз довталабон муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо мо гуфт, мехост, писараш духтур шавад. Ба ин мақсад як сол қабл писараш имтиҳон супурда дар Қазоқистон як сол давраи тайёриро паси сар кардааст. “Аммо писари маро ба ихтисоси “тайёр намудани хӯроки ҳайвонот” пешниҳод кардаанд. Гуфтаанд, дар Тоҷикистон сагу пишак зиёд шудааст, рав, ба ҳамин ихтисос таҳсил кун. Аммо ман писарамро духтур шавад гуфта он ҷо фиристодам. Як сол қабл вазири маорифи собиқ гуфта буд, ки Тоҷикистон бо Қазоқистон ҳамин гуна шартнома дорад, бигузор фарзандонатон нағз хонанд, духтур шуда меоянд”,-афзуд ҳамсӯҳбати мо.   

Ҳини сӯҳбат бо эътирозгарон кормандони пулис ба мо муроҷиат карда, бо лаҳни таҳдидомез гуфтанд, ки саҳни ҳавлии вазоратро тарк кунем. Замоне ҳуҷҷати журналистиро ба корманди пулис нишон медодем, аз дохили бинои вазорат як корманди он берун шуда ба эътирозгарон бо лаҳни тунд гуфт, аз саҳни ҳавлии вазорат берун шаванд. Вале ин таҳдиди вай мавҷи эътирозҳоро ба бор овард. Бо баланд шудани садои эътирозу ғавғо кормандони пулис ҳамаро зӯран аз саҳни ҳавлии вазорат берун карданд.       

Маҳмудхон Шоев, сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ дар ин маврид гуфт: “Ин довталабон як сол давраи омодагиро паси сар карда аз мандат нагузаштанд. Бинобар ин, ба онҳо дигар ихтисосҳоро пешниҳод карданд. Ҳоло акнун аз вазорат талаб доранд, ки онҳоро ба ихтисоси мехостаашон дохил кунад. Охир, онҳо ба талаботи кишвари дигар ҷавоб нагуфтанд ва вазорат ҳеҷ кор карда наметавонад.”

Аммо довталабони тоҷик мегӯянд, онҳо аз мандат гузаштаанд, чунки беш аз 50 бал гирифтаанд ва сабаби ба ихтисосашон равон нашудани онҳо дар Қазоқистон он аст, ки ба ҷои онҳо тақрибан 20 нафар писарони афроди мансабдору доро имсол аз Тоҷикистон рафта ба  ихтисосҳои мехостаи онҳо шомили донишгоҳҳои Қазоқистон шудаанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Донишҷу аз: Славиянски
30.08.2012 17:42
Аз ин хабар шунидан бисёр хурсанд шидем ки ҷавонони мо дигар нотарсида аз ҳақи худ дифоъ мекунанд. Бачаҳо хело икдоми хуб

Ном: бе ном аз: шахритус
30.08.2012 19:03
ин бисёр кори хуб шудааст ин мансабдорора химин хел кардан дар корай то ки аз яхел коро мегузаронанд чопш кунедддддд

Ном: Jumakhon аз: Dushanbe
30.08.2012 19:04
Хар чи ки аён аст, хочат ба баён нест!!!

Ном: асер аз: душанбе
30.08.2012 20:33
хато мекунед барои чунин суханатон. чоноби донишчуй

Ном: spike аз: dushanbe
30.08.2012 23:31
Дар мединститут проходной бал аз 86 то 111 чиян гирифт 126 бал неки номаш нест дар мандат.
Дар посух

Ном: Ba spike аз: Avast
31.08.2012 09:56
Nisbati digar Donishgohho yagon chiz gufta nametavonam, leki dar borai Donishgohi Tibbi!! Du sol boz meshavad, ki az dehai durdasti mo har-sol 2-3 nafar dovtalabon be yagon poravu pul bo savodi xudashon doxil shudaand!! Boz meguyam, ki BE PUL va BE Cherez!! Padaroni in tovtalabon dar bozorhoi Dushanbe arobakashu havli-ru hastand!! Haminro medonam, tovtalabon tayorii xub doshtaand va dar deha haruz darsi ilovagii Ximiyavu Biologiya meraftand!! Bovar kuned, savod doshta boshed, ba donishgohi dilxohaaton metavoned doxil shaved!!! Xoned, Xoned boz Xoned!! Agar nafahmided, Boz Xoned!! (In gapi Lenin nest, in aslan dar Kuroni Karim navishta shudaast!!)
Дар посух

Ном: дилшод аз: душанбе
31.08.2012 10:42
бояд хама барои корои кардааш чавоб дихад касеки набошад хама хап мекунад гунохро оварда да сари Ч оли мезанан масалан Ч ОЛИ барои хали чунин корхо вазир таъин кардааст яъне намоянда бояд дар самти кории худ ягон проблема нашавад
Дар посух

Ном: Додочон аз: Душанбе
31.08.2012 10:58
Ин донишчуен хама бали калон гирифтанд, дар Алмаато онхоро ба муносибати донишчу шудан табрик гуфтанд, вале Точикистон чи нагма дорад, факат Худо медонад.

Ном: Студенти Чабрдида.. аз: РОссИЯ и Точикистон
31.08.2012 10:37
Пеш хама дар баробари хамин долталабон ман худам донишчуйи шахри Ивановаи Ф,Р, мебошам хар сол 400 нафари меёрану то хохири сола 40 кас мемонад ё неатто донишчуёни хастанд,ки табличаи зарбро намедонад мегуядд ки 2500$ додум омадум ..вай хо аз худо наметарсанд фиреб медихан ,шумо бародаро,ховархову падарони мехрубон як бор фикр кунед ки писари ман саводаш чи кадар хаст илтимос чоп кунед

Ном: Каноат аз: Ванч
31.08.2012 11:22
Бародар дар Донишгохи Тибби балли гузариш 145 буд, 2-чияни ман бе ягон восита гузаштанд. Ман фикр мекунам, ки нисбати дигар донишгохо дар донишгохи Тибби хакикат бештар будааст.

Spike бародар!

Ном: Firuz аз: душанбе
31.08.2012 15:37
Имруз барои донишчу шудан талабот зиед шуда истода аст бисерихо мехоханд ки маълумоти оллй гиранд ин хуб аст. Хусусан аз чавонони дехот хохиш мекунам ки хучатхои худро ба сохахои аграри супоранд ва дар оянда барои пешрафти ходчаги кишлок сахмгузор бошанд ин манфият хам ба давлат аст ва хам халк.
Дар посух

Ном: Беном
01.09.2012 14:19
бародари шахри дар Точикистон замини дуруст нест,ин кадар мутахассиси сохаи аграри ба ки лозим?

Ном: Беном аз: Душанбе
31.08.2012 20:20
Ин донишчу нвиштааст ки хар сол 400 донишчу -2500доларида ба ИВАНОВО мебаранд. 2500х400$=1 000 000 $...ин кадар пулро ки мегирфта бошад??Ин факат як шахри РОССИЯ.Аз хама аламовараш ин аст ки кариб хамаш гашта меомадааст.

Ном: Бехруз
31.08.2012 21:29
Вазир ваъдаи додаашро ичро накард! Донишчуён дар муддати 1 мох саргардонанд. Вакте ки ба назди вазир одамо меоянд хуши гап зани надорад ва ба полисон мегуяд ки "даф кунед инхоро аз инчо" ва намедихад ки одамон фикри худашонро баён кунанд.
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

The poll is loading, please wait ...
Poll archive

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Писандидаҳо