Панҷшанбе, Август 28, 2014

Амалиёт дар Хоруғ

Шоҳ Искандаров аз манзили сокини Хоруғ берун рафт

Дар пайи муроҷиати сокини Хоруғ ба вазири дифои Тоҷикистон, фармондеҳ Шоҳ Искандаров манзили ӯро тарк кардааст.

Шакармо Худододова дар ҳафтаи гузашта бо ирсоли номае ба Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон, ки ҳамакнун дар Хоруғ ба сар мебарад, шикоят карда буд, ки Шоҳ Искандаров ҳамроҳ бо 30 тан аз сарбозонаш дар манзили истиқоматии вай воқеъ дар маҳаллаи Бизмичи ин шаҳр ҳастанд ва ин ҷоро то охири моҳи август тарк карданӣ нестанд.

Ҳамчунин Худододова аз он шикоят карда буд, ки зару зевар ва ҷавоҳироти ороишиаш низ ба яғмо бурда шудаанд.

Пас аз ду рӯзи ин муроҷиат, Шоҳ Искандаров, муовини раиси бахши корҳои дохилии минтқаи Ғарм ҳамроҳ бо 30 сарбозаш манзили Шакармо Худододоваро холӣ карда ва дар саргаҳи роҳи Хоруғ -Ишкошим, ки дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Бизмич қарор дорад, хайма зада ва назорати ин шоҳроҳро бар дӯш гирифтааст.

Ҳамчунин манбаи РО хабар медиҳад, ки Шоҳ Искандаров аз ҳисоби шахсии худаш ба Шакармо Худододова барои ҷуброни зарар ба манзилаш маблағи 5 ҳазор сомонӣ додааст. Аз сӯи дигар Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон низ омодагии худро барои кӯмак ба ин сокини шаҳри Хоруғ эълом кардааст.

Ҳамакнун Шакармо Худододова ҳамроҳ бо шавҳараш ба тармиму бозсозии манзилаш машғул мебошад.

Шоҳ Искандаров, ҳамроҳ бо 30 тан аз сарбозонаш аз оғози амалиёти вижаи сохторҳои қудратӣ алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳ дар манзили Шакармо Худододова қарор гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол вазъ дар Хоруғ ором буда ва ба ҷузъ фармондеҳ Шоҳ Искандаров, дар самти роҳи Хоруғ ба Ишкошим, ҳамчунин нерӯҳои давлатӣ дар се минтақаи дигари вурудии маркази Бадахшон, яъне роҳ ба Душанбе, Шуғнон ва Роштқалъа посгоҳҳои назоратиро ташкил кардаанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: izat аз: rasht
07.08.2012 14:35
Шоҳ Искандаров! Худо нигахбонат!
Дар посух

Ном: Ориёи аз: Кулоб
07.08.2012 16:10
Чи гуфти ............Худо нигахбонаш?

О сарбозони у хонаи ин занро горат кардаанду ту мегуи "Худо нигахбонат" Ту бигу ................Хар ки дар фикри нооромии Точикистон бошад Худованд махву нобудаш гардонад .ОМИН!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Дар посух

Ном: саид аз: душанбе
07.08.2012 17:36
у барои хамсангарони худаш хизмат накарду акнун барои миллату хукумат хизмат мекунад магар?
Дар посух

Ном: dovud аз: bolo
08.08.2012 09:37
hamsangaronash mumkin az in ''hukumat'' nabudand, vale yaqin ast ki az hamin millat budand, vale agar ne, pas u xoine besh nest ki bo begonagon paivasta bud...
Дар посух

Ном: сафар аз: душанбе
08.08.2012 13:01
Акаи Саид гапи бехтаринро зад....ташакур бародар
Дар посух

Ном: Беном
10.08.2012 18:58
Бародарон мо барои чи ва барои ки сангар мегирем аз сангар гирфтан чи дидем ва боз умед кунем мо харки бошем набошем бояд як сангар дошта бошем, ки ин хифзи ягонагии давлати азизамон Точикистон аст. Барои мо дигар хечкас гам намехурад биёед махал парастиро бас кунему милатпараст бошем. Дар хифзи марзу буми давлати азизамон бошем.
Дар посух

Ном: Рашти аз: Рашт
08.08.2012 00:15
Ин Шоху Мирзохучаат баъди катли Али Бедаки дар нохияи Рашт ягон кадру киммат надоранд аз боварии мардум баромаданд
Дар посух

Ном: Сиёсат аз: Душанбе
08.08.2012 08:13
Барои милат барои ватан хизмат кардан ягон чои шармандаги нест,бинед филми Водии Гургон хаминхел холатхо бисёр рух медихад ,аз о ки Шумо пурра мебинед дар назарато наметобад аслан Пулод ба хотири ватанаш зану фарзандашро бои медихад хаи мебахшед як Али Бедаки хоин будаст ,касе боватанаш мечангад дар назди худо кадр надорад .
Дар посух

Ном: Шамс аз: Душанбе
08.08.2012 10:05
Аввалан Худованд хамаи Точикистониёнро нигох дорад, на факат Шохро.
Дуюм он, ки Шох бо 30 нафар сарбозаш агар бе ичозати сохибмулки манзили истикомати, яъне бе ичозати апаи Шакармо ворид шуда бошад, пас дар назди конун бояд чавоб гуяд.
Дар посух

Ном: некбахт аз: евон
10.08.2012 20:02
салом бахамай точикистон

Ном: душанбе аз: точикистон
07.08.2012 16:03
Бо инаш ки аз кучо пайдо мешаванд.Дар таги хар санги Бадахшон як гурух будай да.
Дар посух

Ном: Самаки Айёр аз: Дузахтдара
07.08.2012 17:15
Шох Искандаров-оне ки нони мардуми Бадахшона вакти гурезагии соли1992 мехурд.Оне ки Алии Бедаки(бародар ,хамхун, хаммазхаб, хамдеха ,хамсарханг)-ро бовар кунонд ба гуфтушунид бо хукумат баройад ва ба бачахои(чалодони)Балчувон супорид.
Дар посух

Ном: Самаки простой аз: Точикистон
08.08.2012 11:23
Хамма сангу хок бо розигии Аллох аст!

Кандаша занад Шох бахри манфиати Халку ватан хусусан марзу бум аз манфиатхои худ тавонистааст даст кашад.
Э кош хама инчури мебуданд.
Кунчкобиро бас карда одам мешуданд"
Дар посух

Ном: Дакик аз: Душанбе
08.08.2012 15:57
Самаки айёр худро ном мондаи бародар наход чунон тангназар боши ки мегуи ба дасти бачахои Балчувон супорид?? Айби Балчувони чист?? дар военный операция як бор иштирок дошта боши ин гапа намезани !!! охир хама солдато хамярок хастан як ватан доранд. вакте фармони Командир шуд аз кучо ки набоши мехези!! нисбати Шох бошад ин кори сиёсат аст набошад у аз Алии Бедак , Мулло Абдулло ва дигар лашкаркашхо ягон бартари надорад. то холо таъсири манфии у ба корхонахои саноатии нохияи Рашт мерасад. Ба кавле "То омадани табар кунда меосояд ". Навбати ин хоин хам мерасад

Ном: Alli аз: UK
07.08.2012 17:17
Avalan khudovand negah dorat bosha va orome ro dar vatane mo orad va hokem hoe mo ro ba rohe haq hedoyat kunad.
En ro donid ke shoh bipull nist va nodor ham nist muhtoj ham nist vaqti ke guruhi ke paido shud va no orome omad va chand tan murd dar en jang majbur moda shoh ro ovardan az gharam to en guruh ro gum kunad boz on orome re ovard dar en manteqa zemne hamen khezmat hoe ke kard ba mardum va davlat boz ham tuhmat mikunan va noroze ge mikunan muhem amnu estqror bud ovard az change degaro ozod kard khudo vand negah dorat bosha harche khezmat kune menat dor nistan

Ном: ABDULLO аз: OLMON
08.08.2012 04:48
Ajoib man bo bovari komil gufta metonam ,ki sarbozoni Shoh ba in kor dast namezanan chunki Shoh nisbati sarbozoni hud behad jidi raftor mekunad va kadomeashon dast ba duzdi zanad jazoi saht mebinad va on gapu gapchahoe ki nisbati Ali bedaki mezanan ,ki guya Shoh uro ba davlatiho suporidaast , agar suporida boshad ham kori hatoeham nakardaast chun,ki Shoh bo davlat sulh kard va dar kavli hud istod sarbozi davlati shud va kadome barzidi davlat kor kunad agarchi barodari Shoh boshad va ivazifai hudashro dar nazdi vatanash mekunad hamchun yk sarbozi vatan

Ном: Саидбеки Косагардони аз: Тавилдара
08.08.2012 05:31
Бисмиллохир-Рахмонир-Рахим.
Шох Искандар ин ном номи подшохист Искандари Македони мегуфт, ки
Пирузгар дар чахон Эзад аст,
Чахондор гар зи у натарсад бад аст.

Агар Шох Искандар бо Алии Бедаки нону намак хурда бошад ва бегунох бошад Алии Бедаки ва Шох Искандар фиреб додабошадаш шох Искандар гунахкор аст.

Хар ки бад кардааст ба рузи бад расад,
Некиро неку бадиро бад расад.

Шох Искандар инро дониста гир.
Дар посух

Ном: Tojik
08.08.2012 13:52
Agar Shoh bo Alii bedaki chunin raftor karda boshad behtarin korro ba anjom rasinidaast. Chunki dushmani khalqi tojik az Ali bedakiho barin bar ziddi mardumi khud mukholif omoda karda mardumro ba jang mekashand. Rahmat ba Shoh. Mo ziddi jang hastem chi dar Rashtu chi dar Pomir ammo bo chunin odamon chinin raftor shoyad mumkin boshad.

Ном: фарход аз: Хоруг
08.08.2012 08:44
Шох одами хуб, дар он тарафе, ки бо сарбозонаш буд, шахр аз хама кам зарар дид, кадри одам ва хонаи месохтагишро медонад.Адолатро мефахмидаги одам будааст.

Ном: Беном
08.08.2012 10:50
Ҳамаи кyмандонҳои апазисиони пешинро ба сари якдигар шyронданд то бо дасти якдигар нест шаванд.Ҳоло навбати Шоҳ омадаст ва yро ба макони оварданк ки мардyми yнҷа зуриро қабyл надоранд.Ҳамин Генерал ҳам аз мухолифини пешин бyд.Ин корро дар байни кyмандонҳои Рашт бештар истифода бyрданд чyн онҳо бештар барои моли дунё ба ҷони якдигар дарафтоданд вале кyмандонҳои мyхолифин дар дигар манотиқ якдигарро киддат накарданд.

Ном: Кадам аз: Саратов
08.08.2012 13:27
Ба номи ХУДОВАНДИ бахшандаи мехрубон!
Бародарони АХЛИ ИСЛОМИ МУКАДДАС!Бегаразона як тахлили одди,ва пас худ хулоса бароред,ЧИ ГАПУ-КОР дар ВАТАН мегузарад,илтимос ба иззати нафси касе нарасад!
Чи сохторхое дорад ин ВАТАН?
Кадом нуксонхо Ватани моро ором намегузоранд?
.....?
....?....?.....?
Имрузхо дар Бадахшон чи макомоту-чи сохторхое дорад
Точикистон хамааш кариб,ки дар Бадахшон гуё кору-ороми баркарор мекунанд.Пас як савол ба хама хамин сохторхо, оё то ба имруз намедонистанд,ки окибати фавкулода ё бе санчишу-тафтиш ё бо дигар роху-воситахо интихоби касе ба вазифаи масъулияти ба кучохо оварда мерасонад!!!
Имруз бародар ШОХ ИСКАНДАРОВ дар БАДАХШОН.
Хулоса барои баркарор намудани сохти Конститутсионии Ватан У-ро ВАТАН ба Бадахшон фиристондааст.
Сохти Конститутсионии Бадахшонро собик кумандони гуруххои ба ном Опозисиони яъне Т.АЁМБЕКОВ вайрон кардааст,ба куштор даст задааст ва дигару-дигар......
Пас ба сари максад.Имруз аз н ГАРМ бародар Искандаров барои чори намудани конуну-тартибот ба Бадахшон аз тарафи сохторхои Давлати хамчун барпокунандаи сохти Конуни ДАВЛАТ равон карда шудааст.
Оё чунин шуданаш мумкин,ки ду-чавонмарди собик размандагони мукобили Хукумати кунуни имруз барои ким-чизе, мукобили якдигар тир холи кунанд?
ЁХукумат дигар кадрхо надорад?
Ё ягон сирри махфие хаст то шахрвандон огох нашаванд?
Хулоса Ё? Ё? Ё?-хои бисьёр!
Бародарон РОХБАРОНИ ДАВЛАТ биёед андак бо салохият,дурандешона ,бе зарар ба халку-ВАТАН аз тахти дилу-чон кор кунем то дустро душман нагардонем!
Пагох хамин як одди носанчида,бе фикрхои оянда бе масъулиятона амалхо фардо ба чи корхо оварда мерасонанд!Мо хама тарафдори СУЛХУ-ОБОДИИ кишвар лекин баъзе чизхоро ба мисоли навиштаи Хохар ШАКАРМО мехонию хоху-нохох дур андешахо мераванд!
Агар хамааш дуруст бошад,МАЪЗАРАТ!Дар амони АЛЛОХ!

Ном: Бадахши аз: Масква
08.08.2012 17:58
Акаи Шох рахмат!Дар як табак авкот хурдеду имруз силох бардошти ба сарат офарин мард бояд фаромуш накунад чихела хизматхо барои ту карданд. Бародарони худра фурухтиу рух ба бародарони мох гардонди бад аз инхо сари тура мехуран ранги Сидо Гафуру Мирзо Зиё!

Ном: Шахрия аз: душанбе
08.08.2012 19:15

бародари азиз
Шох шумо хамеша Шох будед ва
Шох мемонед. ман шуморо хамчун ватандусти асил мешиносам ва эхтиром мекунам аз ин майдачуйдахои зиндаги наранчед, зеро ватани мо бо чунин чавонмардонаш меболад.
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Писандидатаринҳо

Бойгонии назарсанҷӣ

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.