Шанбе, Август 30, 2014

Тоҷикистон

Гул Шералӣ хабари қатъи кор дар "Роғун"-ро рад кард

Аз иштирок дар сохтмони "Роғун" барканор шудани чанд ширкати ватаниву хориҷӣ, овозаҳоеро ба бор овард, ки кор дар ин нерӯгоҳ қатъ шудааст.

Аммо Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбе аз маҳалли бунёди нерӯгоҳ дидан кард, мегӯяд, дар иншооте, ки ӯ бозрасӣ намуд, кор идома дорад. Вале суханони ӯ дар ҳоле садо медиҳанд, ки намояндагони чандин ширкат мегӯяд, раёсати сохтмон онҳоро ба муддати як сол ба таътил фиристодааст.

Фарид Фидоӣ, намояндаи ширкати  эронии «Ориёно», ки 2 сол инҷониб дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун фаъолият дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд ширкати маҳаллӣ ва хориҷӣ аз кор дар "Роғун" таътил шуданд: «На, моро ҷавоб надодаанд, балкӣ таътил эълон карда шуд.»

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон.Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон.
x
Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон.
Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон.
Ба қавли ҷаноби Фидоӣ, ширкатҳои эронии «Собир» ва «Ором Ором» низ кори худро дар Роғун қатъ карданд, вале ба онҳо шарҳ дода нашуд, ки ин таътил ба чӣ далел иттифоқ афтодааст.

Сабаби таътилро ёвари мудири кулли сохтмони нерӯгоҳи Роғун Фирдавс Наботов ин гуна шарҳ дод: «Баъзе фирмаҳое, ки аз ӯҳдаи кор набаромадаанд аз кор озод карда шудаанд ва коргароне ҳам, ки натавонистаанд кори дуруст пеш баранд озод карда шудаанд».

Аммо як манбаъ, ки ба сурати доимӣ дар аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба сар мебарад, бо дархости ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дигаргуниҳои охир дар Роғун зимни гуфтушуниди ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ иттифоқ афтодаанд.

Бино ба қавли ин манбаъ, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод кардаанд, ки ба хотири пайдо ва татбиқ намудани фанноварии муосир дар сохтмони Роғун, кори ширкату ниҳодҳои он муваққатан қатъ шавад. Зеро як чунин нерӯгоҳи азим наметавонад бо технологияи кӯҳнашудаи замони шӯравӣ сохта шавад.

Аз соли 1987 ду агрегати сохти шӯравӣ дар маҳали сохтмон боқӣ мондаанд, ки Тоҷикистон мехоҳад, бо таъмиру тармим ва иваз намудани баъзе аз қисматҳо бунёди онҳоро ба поён расонад.

Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар миён будани пешниҳодҳои Бонки ҷаҳониро тасдиқ кард, аммо хабарҳои таътили ширкат ва коргаронро рад намуд. Вай гуфт: «Бале ҳамин хел пешниҳод аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ шудааст. Онҳо 20 июл ба Тоҷикистон меоянд ва агар ҷониби Тоҷикистон дар ин баррасӣ собит кунанд, ки идомаи фаъолияти ширкатҳо ва сохтмони зарур аст, ин ширкатҳои мазкур ба сохтмони идома медиҳанд.»

Бозгашти бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон, ки вазир хабар медиҳад, дар ҳоле ба амал меояд, ки ин гурӯҳ дар моҳи майи соли равон зимни баҳсе марбут ба “раванд ва методологияи гузаронидани таҳқиқот”-и тарҳи Роғун кишварро тарк карда буд. Бонк гуфта буд, ки 30-юми июн маблағгузории кори ин гурӯҳ қатъ 
x
мешавад ва гурӯҳ замоне сари кор хоҳад бозгашт, ки талабҳои Бонки Ҷаҳонӣ иҷро шаванд.

Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин хоста буд, ки то поёни кори гурӯҳи бозрасон, Тоҷикистон даст ба сохтмони асосии нерӯгоҳ назанад ва маҷрои рӯдхонаро барои пур кардани обанбор набандад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки маҷро дар зимистони гузашта баста мешавад.

Ташхиси тарҳи Роғун аз тарафи гурӯҳи бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2010    зимни мухолифатҳои шадиди Узбакистони ҳамсоя ба ин тарҳ шурӯъ шуда, мӯҳлати поёни кори он ба моҳи сентябри соли 2013 пешбинӣ шудааст.

Ба ақидаи бархе аз коршиносон, таҳаввулоти ахир дар Роғун ба талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои бозгардондани гурӯҳи бозрасон ва тезондани раванди ташхис марбут буда метавонад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: бе барк аз: торики
17.07.2012 21:21
боз фанду фиреб сар шуд.........................................

Ном: SHIRIN аз: Maskav
18.07.2012 05:04
Мурочитнома ба хамаи шахрвандони ЧТ!!!Ба тамоми пасту баландихои рузгор нигох накарда,бояд НОБ РОГУН сохта шавад.Душманони Точикистон бо хар бахонахои беасос мехоханд,ки ГЭС-и Рогун сохта ба истифода дода нашавад.Тамоми рохбарони макомоту идорахо,вазоратхо!! нангу номуси миллиро бояд истифода бурд,зеро вакти он расидааст,ки кушиши хаматарафа кардан даркор.Сохтани ин неругох ин як боигарии азими ЧТ аст.Хох аз мансаб меравед,хох мемонед,ин бояд барои сохтани ин НОБ халалдор набошад,чунки фаромуш набояд сохт,ки ояндаи неки авлоду ачдодро агар хохед ба неки гузарад,бояд кушиши зиёд кард.Ба кадом рохе набошад бояд сохтмони ин неругох тезонида шавад.Бояд дар ЧТ камтар маблагхои бючави ба корхои бефоида сарф шаванд.Мухим он аст,ки тамоми буду шудро барои сохтани ин неругохи азим равона сохт.Ба маслихати хирсонаи хар кас бовар набояд кард,зеро душманони ЧТ бо хар бахонахои гуногун мехоханд,ки ин неругох сохта нашавад.Бояд аз синни 18 боло хама дар фикри сохтани ин неругох бошанд.Ба умеди касе шудан даркор нест.Дасти худро буса кун минати касро макаш мегуянд!Биёед хамватанони азиз бепарво набошем.Окибат пушаймон мешавем,рузу мох тез гузашта истодаанд.Кори имрузро ба фардо магузор мегуянд.Ки медонад ки фардо чи гап аст.

Ном: Сохтмончи аз: Рогун
18.07.2012 09:23
Ин хама бозихои сиёси аст

Ном: Салим зав.склад Рогун аз: Рогун
18.07.2012 11:42
Фирдавс Наботов ин гуна шарҳ дод: «Баъзе фирмаҳое, ки аз ӯҳдаи кор набаромадаанд аз кор озод карда шудаанд ва коргароне ҳам, ки натавонистаанд кори дуруст пеш баранд озод карда шудаанд». Яъне чи аз уҳдаи кор набаромадаанд аз кор озод карда шудаанд,дар Рогун фирмаҳое буданд,ки техникахои замонави ва коргархои херфеи доштан локин аз дасти инхо коркарда натавонистан, барои чи? вакте .ки фирма абёми кориашро анчом медихад бояд пулашро охири мох аз Ориён Бонк гирад локин барои,ки пули халолои худатро гирифтан бояд доляро дихи , баъд дар инчо фирмахо дилмонда мешаван 2)Хар як фирма барои чои кори гирифтан бояд доляро диханд. Аз раис то муовини сар вазир фирмахоро доля мебастан барои ман дача соз фалон бисмадон.
Бонк гуфта буд, ки 30-юми июн маблағгузории кори ин гурӯҳ қатъ мешавад ва гурӯҳ замоне сари кор хоҳад бозгашт, ки талабҳои Бонки Ҷаҳонӣ иҷро шаванд.1) Бонки Ҷаҳонӣ гуфт,ки хамаро чавоб дихед факат 1000 нафар кор гар монад тамом , боз гуфт,ки ягон чизи зиёдати насозед факат проекти ки дар союз буд хамонро баркарор кунед дар Рогун такрибан 8500 нафар кор мекунад агар хато накунам......... Озоди Илтимос чоп кунед
Дар посух

Ном: Сафол аз: Вахдат
18.07.2012 23:08
Ба Салими завсклад. Наход вазъият то хамин дарача фасод бошад? Агар вокеан чунин холат бошад, ин НОБ-ро мо дар шаби хоб мебинем. Вале чаро сохторхои кудрати ба ин фактхо беахамияти зохир мекунанд. Иштихои "Ориёнбанк" оё худуд ва андоза надорад. Охир, ин пули халк аст, айб, убол аст "доля"-гири дар чунин сохтмони такдирсозе, ки номусу обруи давлат бо он алокаманд аст.

Ном: Донишчу Инжинер аз: Россия
18.07.2012 16:08
Салом ба хамватанони азизам БЧ моро то охир даст гири намекунад зеро барои Рогун маблаги зиёде дар кор барои хамин мо харакат кунем Россия дастгири кунад Газпром ё Лукойл ё Русгидро

Ном: мусалмон аз: точикистон
18.07.2012 19:27
БАРОДАРИ ИНЖИНЕР ТУ АЗ КУЧО МЕДОНИ ИН РОССИЯИ ТУ АЗ СОЛИ 2000 ВАЪДАХОИ БИСЁР ДОДААСТ ТО ХОЛ ХАЛИ ЯГОНТААШРО ВАФО НАКАРДААСТ ,МО БОЯД АЗ ИН РОССИЯ ТУ ТЕЗТАРАК ЧУДО ШАВЕМ ДАР ТАГИ ДАСТИ ИНХО ТОКАЙ ГУЛОМ МЕШЕМ ИН ХАМАШ КОРХОИ ХАМИН АСТ УЗБАКИСТОН БАХОНА .

Ном: CCУ аз: РОгун
19.07.2012 10:59
Хамин фаъолияти Ориёнбонкро мардуми кардан даркор, банкест махфи аммо сарусадохо дар атрофаш бехад зиёд.Рогун бахудо чойи шухи нест.Сохтмони он ва насохтани он ду натича меорад.
1.Сохтанаш-рушани, абади, тавоноии давлат ва миллати точик
2.Насохтанаш-зулмот, бадбахти, яъс ва билохира зуволи давлати кунунию нестии миллати точик ва хайхот захматхо барои сулху вахдату якпорчагию, ягонагии ТОЧИКИСТОН!
боки шумо донед!
Дар посух

Ном: ssy аз: tjk
20.07.2012 18:31
Ориенбанк?

Ном: егыти Кулоби аз: Кулобчон
19.07.2012 20:07
ЭЭЭ ВОЙЙЙЙЙЙЙ РОГУНЧОООООООНЭЭЭЭЭЭ БО БЕСВЕТИИИИИИИИИИИИИИ

Ном: Oрзу аз: Душанӣе
20.07.2012 09:49
Ору номус бояд кард! Агар ба қимати ҷон ҳам бошад бояд Роғунро бисозем! Ба рағми ҳасудон! Ба рағми бахилон! Ба рағми бадбинонамон, ки намехоҳанд табассум, ваҳдат, сериву пурии моро бубинанд.
Дар посух

Ном: Вундиркин
21.07.2012 07:38
Хар боре, ки хамин хел суханонро мешунавам дилам мемонад! Маблагхои ки барои сохтани дачаву долия меравад хатман барои масолехи сохтумонии НОБ чудо шудааст ! Фикр кунед ва хулоса бароред вакте аз талабот кам масолех истифода мешавад пас он Платина ё худ САД то чи андоза дилпур мебошад. Оиди бонк рости маълумоте надорам ва то бо чашми худ набинам бовариам нест ва мегуян, ки дуздро бо дастат капиди баъд дузд бигу! Умуман бе розигии БЧ Рогун сохта намешавад ин фикри ман аст. Баъдан ба умеди Россия нашавед холо хам вакт хаст.

Ном: Мардбача аз: КУЛОБ
21.07.2012 11:40
То вакте.ки режими диктатори дар Точикистон вучуд дорад ва Хукумат пурра ба ришваситони машгул хаст, ягон иншооти аз чихати стратеги мухим ба анчом намерасад.
Проблемаи асоси барои Точикистон ин коррупсия ва боз хам коррупсия мебошад.
Дар посух

Ном: Беном
23.07.2012 08:17
гапи хуб гуфти
лекин хамин номи Гул Шерали (маълум нест ки номаш Гул аст е Шерали) тамоми одамона аллергия кардаст... наход то ин дарача расво бошад дуне ки факат ба хотири он ки писарат домоди ЧО курсии вазирия приватизация куни!! инсофам чизи хубай

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype