Чоршанбе, Апрел 16, 2014

Сиёсат

"Нигаронии Душанберо дар мавриди "Роғун" ба Конгресс мерасонем"

Сӯҳбати ихтисосии "Озодӣ" бо Дени Ли Бэртон, узви Палатаи Намояндагони Конгресси Амрико.

Радиои Озодӣ: Бардошти шумо аз мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон ва самтҳои ҳамкории ИМА бо Тоҷикистон кадомҳо метавонанд бошад?

Дени Ли Бэртон: Ҳадафи сафари мо шиносоӣ бо Тоҷикистон, огаҳӣ аз муносибат ё бархӯрди раҳбарияти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа ба масоили марбут ба хуруҷи нируҳои НАТО дар соли 2014 аз Афғонистон аст. Мо хеле ҷиддӣ омодагӣ дорем, ки ба дунболи хуруҷи нируҳо Толибон ва Ал-Қойида дигарбора сар боло накунанд ва ба минтақаи Осиёи Марказӣ хатар эҷод накунанд. Мо хеле хуш шудем, ки бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот доштем ва мавқеи ӯро дар робита ба терроризм фаҳмидем, ки дар ин мавзӯъ хеле мавқеи ҷиддӣ ва қотеъона дорад. 

Радиои Озодӣ: Сафари шумо ба Тоҷикистон дар ҳоле, иттифоқ меафтад, ки мақомоти Тоҷикистон ва Русия сари тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистон баҳс доранд. Генералҳо ва сиёсатмадорони Русия мақомоти Тоҷикистонро айбдор мекунанд, ки гӯё Душанбе дар ҷустуҷӯи ҳампаймонӣ бо ИМА ва НАТО аст ва ба ҳамин сабаб масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 -и Русия дар Тоҷикистон бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Оё ин тахмину иддаои давлатмардони Русия асос дорад?

Дени Ли Бэртон: Муносибати миёни Тоҷикистону Русия бояд миёни раисиҷуҳурони ин ду кишвар матраҳ шавад. Мо муносибат ва сиёсати ин ду кишварро ташреҳ карда наметавонем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дӯст ва шарики ҳамкори Тоҷикистон аст, вале инчунин муносибатҳои ду кишвари Тоҷикистон ИМА ба касе, аз ҷумла Русия таҳдид намекунад. Ман фикр мекунам, ки муносибати Тоҷикистону Русия дар ҳоли рушд аст ва ҳар гуна сӯитафоҳумҳо дар муносиботи ин ду кишвар ҳалли худро пайдо мекунад.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон ба таъсиси шабакаи икмолотии шимолӣ барои нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон кӯмак кард, вале ҳоло дар тарҳи интиқоли амволу таҷҳизоти НАТО аз Афғонистон дар канор ё ҳошия гузошта шуд. Оё ин аломати беаҳамиятии Тоҷикистон барои Вошингтон дар ҷанги зидди террор аст?

Дени Ли Бэртон: Ман фикр мекунам, ки қарори хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон аз сӯи фармондеҳони нерӯҳои НАТО, ИМА ва кишварҳои дигари узв гирифта мешавад ва бо кӯмаки департаменти давлатии ИМА баррасӣ мешавад. Мавқеи Тоҷикистон низ мисли кишварҳои дигари ҳаммарз бо Афғонистон баробар ба назар гирифта мешавад.

Сӯҳбати "Озодӣ" бо конгрессмени амрикоӣ Ден Бэртонi
|| 0:00:00
...
 
🔇
X
06.07.2012 12:44
Сӯҳбати ихтисосии Радиои "Озодӣ" бо Ден Бэртон, раҳбари ҳайати гурӯҳи даҳнафарии конгресcменҳои амрикоӣ ва аъзои Палатаи Намояндагони Конгресси Амрикоро инҷо бубинед.

Радиои Озодӣ: Дар аввалҳои моҳи марти соли 2011 Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистонро як тарҳи саривақтӣ ва муҳим номид ва гуфт, иҷрои он ба ҳалли бисёре аз мушкилоти иқтисодии Осиёи Марказӣ кӯмак хоҳад кард ва содироти барқ ба Афғонистону Покистонро таъмин хоҳад намуд. Оё ин пуштибонӣ танҳо декларативӣ буд ё ба сиёсати ҳукумати Обама таъсире ҳам дошт? Аслан мавқеъгирии ИМА дар ин масъала ва мухолифати Узбакистор ба тарҳи Роғун чист?

Дени Ли Бэртон: Ба ин суоли шумо чизе гуфта наметавонам, посухи мушаххас надорам. Дирӯз бо президент Раҳмон сари ин мавзӯъ сӯҳбат доштем. Медонем, ки феълан Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ асоснокии фанниву иқтисодии худ дар мавриди нерӯгоҳи Роғунро идома медиҳад. Мо албатта нигаронии президент Раҳмон дар мавриди бунёди нерӯгоҳи Роғунро ба Конгресс ва департаменти Давлатии ИМА мерасонем.

Радиои Озодӣ: Ташакур барои сӯҳбат.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: хадиятулло
06.07.2012 22:48
овора нашен раиси жумхури мо хамара худаш медона
Дар посух

Ном: баракатулло
07.07.2012 14:13
Медонаду онкадар хам не....! дар назди касе забонкутох аст...
Дар посух

Ном: Бобо аз: кухистони Масчох
07.07.2012 22:36
Точикон инчури менависан урток!
: , " Овора нашавед ,раиси чумхури мо хамашро худашон медонанд" .

Ном: Tajik_boy аз: ENgland
07.07.2012 11:49
Наход то ин дарача мо халки сода бошем ва ба маслихати бегонахо эхтиёч дошта бошем ! Бегона хеч гох хонаи туро омада оббод намекунад. Ин хамааш як гамдихи ва кашола кардани кор хаст барои хамин мо ба хеч гуна маслихатхои хоричи такия накунем ! Чунки мо хукуки дар 100% дорем то рогунро бисозем ! Рекламаи зиёд даркор нест ! Мо хонаи худамонро бехтар аз он хоричихо медонем !

Ном: Беном
07.07.2012 17:18
Бонки чахони, ки экспертизаи Рогунро кашол медихад 100 фоиз дар зери назорати Амрикост. Гуё аз хеч чи хабар надоранд, нодонакхо....

Ном: Бангидевона
07.07.2012 17:46
Ачаб саволхову ачаб чавобхое.Тамоми чавобхоро хукумати мо кайхо додааст.Хубтар мебуд ин саволхоро аз давлатмардони мо суол мекарданд.Се нафар зур зада савол тарошиданд.Як нафар азоб кашида чавоб дод.

Ном: НМШ
07.07.2012 20:21
Ман рости хеле сарфароз гаштам аз ин икдомхои раиси чумхур , мо албата бо як гурури милли бо як хиси ватандусти Рогунро месозем ва метвонем дар самти энергетика мавкеи хубам дошта бошем. Бояд хамаи мо даст ба даст Рогунро бисозем.

Ном: Said аз: Kulob
09.07.2012 16:15
Ана инро сиёсатшинос мегуянд, бе тахдиду оромона гап мезанад, касеро хафа намекунад, руссхо бинеду ёд гиред муомиларо.

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype