Панҷшанбе, Июл 24, 2014

Ҷавонон

"Ов"-у "ич" ҷойгузини "зода" ва "пур" мешаванд

Муҳаммадраҷаби Мир тағйири ном кард ва Муҳаммадраҷаб Раҳмонов шуд.

x
Барои ин пул дод ва ҳам вақти зиёд сарф кард, то номи миллиеро, ки падару бобояш 16 сол пеш ҳангоми ба дунё омаданаш ба ӯ дода буданд, иваз кунад:

«Ба ман гуфтанд, ки бо ин насабе, ки ту дорӣ шиноснома гирифта наметавонӣ. Барои гирифтани пасванди «ов» ба ман боз мушкилоти зиёде пеш омад. Барои ин рафта аз ҷои таваллуд шаҳодатномаи нав гиритфан даркору хулоса даводави зиёд даркор барои ин. Қариб 1 моҳ идома мекунад. Ростӣ намехостам, ки иваз кунам ин насаберо, ки 16 сол пеш падару бобоям бароям гузоштаанд. Сабабро пурсидем, гуфтанд ин фармон аст ва бояд чунин шавад.»

x
Бо шурӯи мавсими дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, масъалаи табдили додани ному насабҳои тоҷикии дорои пасвандҳои “зода”, “пур”, “духт” ба шакли русии “ов”, “ев" ва «ич» доғу муҳимтар шудааст. Мисли Муҳаммадраҷаб имрӯз кам нестанд ҷавонони 16-17солае, ки ному насаби тоҷикӣ доранд ва барои гирифтани шиноснома дари шӯъбаҳои сабти ҳоли шаҳрвандиро мекӯбанд то насабҳои худро дар санадҳо тағйир диҳанд.

Аксари онҳо мегӯянд, бо дархости масъулон маҷбур шудаанд аз пасояндҳои тоҷикии -ён, -зода, -пур, -дӯхт даст кашидаву ба шакли русии –ов, -ев, -вич рӯй оранд.

Муқаддаси Наҷмиддин ҳам имсол баробари хатми мактаб ба худ насаби Раҳмоноваро гирифт. Ба ӯ низ фаҳмонидаанд, ки ба хотири дар оянда ба мушкил дучор нашудан беҳтар аст аз ҳоло барчаспи “ов” гирад: «Мушоҳида кардам ҳоли дигар ҳамсабақонамро ва ба ман ҳам шиносҳо ва волидонам гуфтанд, ки бо ному насаби тоҷикӣ дар оянда метавонад ба мушкилоти зиёде дучор оям. Ва барои ҳамин дар санадҳо ҳоло ман чун Муқаддас Раҳмонова муаррифӣ мешавам».

Аммо кормандони Хадамоти ҷумҳуриявии шиносномадиҳӣ мегӯянд, масъалаи гирифтан ва ё тағйир додани ному насаб бо хоҳиши ҳар як шаҳрванд сурат мегиранд ва онҳо касеро водор ба табдили ному насаб намекунанд.

Истад Шоҳмирзоева, як масъули ин хадамоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, шиноснома дар асоси маълумоти зоднома ё шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз аксари шаҳрвандон бо хоҳиши худ мехоҳанд, навишти номи худро ба русӣ гардонанд: «Худашон омада мегӯянд, ки мо оянда бо ин ном дар берун аз кишвар мушкил мекашем. Дар хадамоти шиносномадиҳӣ касеро маҷбур намекунанд».

Аммо, агар ба гуфтаи масъулон ин кор маҷбурӣ нест, пас чаро ин амр дар саросари кишвар ҷараён дорад? Шоҳмуҳаммад Ҳайдарӣ, номзади илми филология ва номшиноси тоҷик мегӯяд, омили аслии бозгашти шаҳрвандон ба ному насабҳои қаблӣ ин аст, ки насабсозӣ ё номгузории тоҷикиро дар Русия қабул надоранд ва ин барои аксарият ҳанӯз аз дохили кишвар сар карда мушкил эҷод мекунад. 

Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷикХилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик
x
Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик
Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик
Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд афроди зиёдеро мешиносад, ки бо ному насаби хонаводагӣ ва тоҷикӣ дар дохил ва хориҷи  кишвар ба мувафаққиятҳои зиёд ноил шудаанд. Ӯ дар ин маврид, ки иҷборан насабҳои тоҷикӣ ба русӣ иваз карда мешаванд, худи шаҳрвандону ҷавононро айбдор медонад. Оқои Маҳмуд мегӯяд, агар кас мавқеи шаҳрвандии худро дуруст дарк мекунаду аз ҳаққу ҳуқуқи худ огоҳ аст, метавонад бо ҳамон ному насаби тоҷикӣ ва хонаводагии худ шиноснома бигираду бидуни мушкил фаъолияташро идома бидиҳад:

«Агар ҳам дар ин маврид ба як нафар мушкил пеш омад, онҳо бояд ба додгоҳҳо шикоят бибаранд, зеро дар Тоҷикистон гирифтани ному насаб барои ҳар як шахс озод аст. Дар хурдӣ падару модар муайян мекунад, ки фарзандаш бо кадом ному насаб муаррифӣ шавад. Мушкили ҷомеаи мо мушкили худи шаҳрвандон аст, ки аз ҳуқуқи худ ба пуррагӣ огоҳ нестанд.»

Вале бо ин ҳама ҷавононе, ки иҷборан барои гирифтани шиноснома ба тағйири ному насаб водор карда шудаанд, мегӯянд, ин мушкил зиндагии онҳоро дар ин мавсими сарнавиштсози дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, мушкилтар кард: «Масалан он ҷавононе, ки мехоҳанд дар хориҷ аз кишвар таҳсил кунанд, фақат барои надоштани пасванди “ов”-у “ич” дар ному насабашон вақти зиёди талаф карданд, онҳо дар баробари шиноснома бояд шиносномаи хориҷӣ ҳам бигиранд ва ин ҳама албатта кори чунин ҷавононро хеле сангин кард.»

Тағйири ному насаб дар давраҳои пеш ба хонаводаҳои зиёиён рабт дошт. Вале маъракаи бозгашт ба номгузории тоҷикӣ ба даврони баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ рост меояд ва то ин замон аксари зодагони даврон истиқлолият дар ҳуҷҷатҳои шахсиашон номҳои тоҷикӣ доранд.

Дар рӯзи Наврӯзи соли 2007 раисҷумҳури Тоҷикистон ва бо пайравӣ аз ӯ, як идда вазирону мақомдорони Тоҷикистон низ аз пасвандҳои русии «ов»-у «ев» даст кашиданд. Аз ҷумла вазирон Гул Шералӣ, Шариф Раҳимзода, Ғулом Бобозода низ дар ин давра ному насаби худро тағйир дода буданд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 
Ном: asluddin аз: russia
02.07.2012 20:29
salom ba hamwatanam
man hamchu shakhsi farhang dusti tojik fikr doram ki har yak milat az khud shaklu surati nomu nasabi farhangi wa milli dorad az jumla mo tojikon wa in yake az alomathoi milii most tojikon chun zoda pur .
agar shakhsone meguyand mushkilote dorand dar berun marzi bo nomu nasabi tojiki in tojoe durust nest man shakhsan farzandamro bo nomu nasabi tojiki owardam wa dar harjoe isror kardam ki mo tojikem bo farhangi khud zist mekunem baad az furuposhi sssr wa in hukuki most yagon kase az idora nishinoni russ sukhane nameguft
wa man tawsiya mekunam ki in yake az alomathoi mustakili shakhsiyati tojikist hifzash boyad kard
charo armani sarkisyan boshad gruzin sakaashwili boshad khakhol shtigailo boshad russ iwanow bashadu tojik isozoda naboshad ne in ghalat ast mo boyad bo farhangu zabonu shaklu surati khud zist kunem tibki konuni taswib shudai hifzi zaboni tajiki .
Дар посух

Ном: Fattoh аз: Dushanbe
03.07.2012 08:02
Иваз кардани пасванд дар ному насаби шахрвандони точик имсол авч гирифтааст. Зеро макомоти Точикистон чунин талаб доранд. Ман хам насаби точикии фарзандонамро бо амри шуъбаи шиносномадихи иваз кардам. Пурсидам, ки сабаб чист? Гуфтанд амр аз болост. Баъзехо ин холатро ба мухочират рабт медиханд. Аз ду сар чавонон аксар ба мардикори мераванд. Ба хамин хотир шиносномаашонро якбора иваз кунанд бехтар аст, мегуянд чунин афрод. Дар хар сурат, имруз дар Точикистон накзи Конуни забон ба таври расми сурат мегирад ва барои чунин конуншикани макомоти давлати гунахкоранд.

Ном: Беном
02.07.2012 20:34
идиотизм - хамин баям халки бечорара гаранг мекунан - ба гайри пул дигар фикре нест дар ягон идора
Дар посух

Ном: Махмуд аз: Душанбе
03.07.2012 10:25
Магзи гапа гуфти!

Ном: зода аз: ович
02.07.2012 20:46
Холо факат барои иваз кардани ному насаб яъне аз -зода ,пур ва духт ба ов аз 250 то 300 сомони талаб мекунанд ба гайр аз як дарза хучатхо--- барои чи????????

Ном: ОЯНДА аз: ТОЧИК
02.07.2012 20:48
Салом мардуми Точик
Як руз ман хам як руз ба хамин ходиса дучор гардидам,ки барои кудаки навзод шаходатнома бигирам.

Ва хостам ки бе ОВ ва ВИЧ шавад ному насаб.
ба ман гуфтанд ки намешавад инхели ва пагох барои РУСИЯ рафтанаш проблема мешавад.
Чавоб додам ки ЧАНОБИ ОЛИ ному насабро точики намуд ё ки дахо асрхо боз барои РУСИЯ ГАСТРОБАЙТЕР таёр мекунед.

Охир дар хамон РУсия НАРИШКИН,ПУТИН,ЯВЛИНСКИЙ бе ОВ ному насаб доранд ку?
ИН чо гунохи САЙМУДДИН Додихудоев хам мебошад парво надора неки.
Дар посух

Ном: умар аз: роосия
02.07.2012 22:59
бародар гап нест офарин...................................................................................

Ном: Pareshon аз: Tarsuiston
02.07.2012 21:33
Pagoh agar ovoza shavad, ki agar mardho to ba gushhoyaton gushvor nakuned, fardo dar khorija (rusiyah) dushvor meshad, hammaaton rafta halqabargush meshaved-mi? Ba in qawm chi shuda boshad, ki in khel beiroda ast. Khayr man mefahmam, ki az rishu tarzi libospushi himoyat karda nametavoni, nakhod az himoyai nomu nasab ham ojiz boshi? Pagoh in khoku sarzaminatro chi khel hifz mekuni??

Ном: Рохгузар аз: Кулобшахр
02.07.2012 22:38
Дар хакикат ин холат мушохида мешавад..Сабабашро ягон нафар аз равшанфикрон иброз намекунад.Факат бахона яккаст дар Россия ба мо мушкили меорад.Ин хам як намуд шиканча боз ба сари точики бечора ва табар ба решаи фархангу ниёгони мо мебошад.Барои чи дар даврони шурави мардуми кавказ хату фарханги худро пос дошта тавонистанду мардуми мо не? аз хамон даврон насаби арманихо ян ва аз гурчихо дзе шуда рафта истодааст.Шахсони мутассади бояд нагузоранд,ки ин хиёнати ба сари миллат омада дубора чомаи амал пушад.Хатто хангоми ба мактаби миёна овардани фарзандат хаминро як бахона карда мемонанд.
Дар посух

Ном: tojik аз: kulob
03.07.2012 02:49
korgaroni joi pasport medodagiro nemedlena uvolit kuned..kadomesh ki mega ov..ich..moned..inho tojik nestand..
Дар посух

Ном: гастер аз: душанбе
03.07.2012 07:49
Хар кас ки мехохад гуломи урус шавад -ов ва -ич кардан гирад, айбу шарма надонистан руирост рафта -ов -ич мекунед ееее каме номус доштан даркор еее шармандаги аз ин зиёд намешавад охир аз урус дигар чой нест магар орзуи урупоро амрикоро, мамолики арабу эронро чопонро кунед то вакте ки урус мегуем мо пеш намеравем намеравем намеравем, урус манбаи асосии бадбахтии миллати точик аст, медонам ки пас аз ин навиштахо боз як мухочир пайдо мешаваду маро махкум мекунад, ба ман посух мегуяд, мархамат аммо аз шарманда кардани худ аввал андеша намояду баъд нависад.
Дар посух

Ном: Махмуд аз: Душанбе
03.07.2012 10:29
Ин нишонаи он аст, ки аксарияти мардуми Точикистон (шояд 98%) факат умед (хамчунин орзу) ба мардикори дар Россияро доранду халос. Ин албатта дахшат аст!

Ном: Rustam аз: Amriko
02.07.2012 23:56
Асасалму алайкм хамватанони азиз шоирони бо ору номус ва навысандагони точик ва инчунин хаммаи зиеиени точк азхобии сиесии кишвар ое айб нест ки номхои точикиро ба руси мегардрнанд шумоен об ба дахон гирифтаед ин кори душманони миллати точик ачнабиен аст ва корупсионерхои шуьбаи паспортдихии Чумхури Точикистон. Мо точикон соли 1990ум барои макоми давлати додани забони точики -форсии 25шахид додем ки забони точики -форси макоми давлати гирифт аз Худо тарсед зиеиен еди он шахидхои Бахманмохи хунинро ба ед оред онхо фарзандони миллат ва мову шумо буданд.Едашон ба хайр тарикаи рахмат ва шоистаи чаннат шаванд амин.Ман шахсан дар давраи совети соли 1990ум ному насаби худамро ва фарзандонамро зода карда будам ва то хол дар Амрико зиндаги дорем ба руссия ба туркия бв Олмон ба Покситон ба Украина Латвия Литвия Эстоня ва кулли дунье бо фарзандон мегардем ва кору тичорат мекунем проблемае вучуд надорад дар дохили Руссие хам проблемае нест ин дуруги махз аст ва мо точикон бояд мисли бахманмох бархезем ва душманони миллатро намонем ки хукуки авлоду ачдоди моро поймол кунанд.Дар тамоми дунье ва Точикистон конун вучуд дороад ва амал мекунад хар кас ки чихел фамиляеки хохад мегирад номашро иваз мекнад ин хукуки хар як шахрванди дунье ва Точикистон аст инро хеч кас дигар карда наметавонанд Ин кори шухи нест решаи торихи миллати точикро табар зада нест кардан миллат мехезад бовар кунед ва мо точикон бояд забони хуруфоти киррилиро нест кунем ва ба хуруфоти форсии модарии ториихи худамон харчи зудтар гузарем.

Ном: Patriot аз: Rui Zamin
03.07.2012 02:00
Хок бар сари он касоне ки барои барчаспи ов ва ич додани ному насаби мардум ташвик мекунанд фардо ин афрод худохохад дар назди мардум чавоб хоханд гуфт!

Ном: Зоолшо аз: Хоруг
03.07.2012 03:46
Шитоб кунед, "ов" ва "ович" тоза кунед, шояд ин шуморо аз мухочират ба Казокистону Русия начот дихад....

То кадом дарача Шумо халкро гаранг карда истодаед.... шамр хам надоред.....аз бекори кадукори.....




Ном: камол аз: новосибирск
03.07.2012 04:19
хамаш аз ноухдабароии курсинишинон аст. барои чи гурчихову озариву арманхо аз кадим бо 1 хел ному насаб омада истодаанду мо наметавонем хама ,, русизация,, шудааст.
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 

Писандидаҳо