Душанбе, Октябр 20, 2014

Манотиқи нашаротӣ: / Садои ҳамватан

Бешавҳарӣ -- мушкили духтарони муҳоҷири тоҷик

Иддае аз духтарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба мушкили барпо кардани хонавода рӯбарӯ шудаанд.

x

Мақолаҳои ҳамсон

Ҳоло муҳоҷират ба Русия синни издивоҷи духтаронро боло бурдааст ва хатари дур мондан аз издивоҷ тақрибан ба ҳар яке аз онҳо таҳдид мекунад. Нилуфар, духтари 22-солаи тоҷик солҳост дар Волгоград ба сар мебарад. Ӯ аз ҷумлаи духтаронест, ки дар хонаводаи суннатии тоҷик ба дунё омада, ба камол расидааст ва мехоҳад бо ҷавони тоҷик оила барпо кунад, вале дар муҳоҷират то ҳол, ба истилоҳ “бахт ба рӯяш нахандидааст”. 

Нилуфар мегӯяд, “мехоҳам ба ҷавоне аз миллати худ оила барпо кунам, чунки  забон як аст, анъанаҳои миллирро нигоҳ медорем, байни зану шавҳар нофаҳмӣ намешавад.”  

Ба ҷуз аз монеаҳои равонии ба шавҳар набаромадани духтарони тоҷик бо намояндагони миллатҳои ғайр, духтарони тоҷик дар интихоби ҳамсари ояндаи худ бештар тибқи анъана ба маслиҳат ва розигии волидони худ нигоҳ мекунанд. Фараҳноз дар Санкт Петербург дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсилашро имсол ба поён мерасонад ва ҳамзамон дар яке аз бемористонҳо кор мекунад. Вай аз гуфтани 
x
ақидаи худ ба Радиои Озодӣ худдорӣ накард: “Ман ба ин масъала чун духтар нигоҳ мекунам. Дар Русия оила барпо кардан мушкил аст. Ҷавонон кам ҳастанд. Ҷавононе, ки ин ҷо меоянд, бисёрашон ба кор меоянд. Ҷавоне, ки ба хости дили духтар бошад, ёфтан мушкил. Масалан, ман аз хурдӣ, рости гап, дар тарбияи падару модар ҳастам. Аввалан ҳурмати падар. Агар ягон касро ҳам дар назар гирам, озод нестам. Аввал розигии падару модар... Агар онҳо розӣ нашаванд, оилаи хуб барпо карда намешавад.”

Шумораи духтароне, ки дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтаанд, нисбат ба духтарони донишҷӯ ба маротиб бештар аст. Бештари духтарони муҳоҷир дар ҷойҳое кор мекунанд, ки машғулияти ҳаррӯза онҳоро гирифтор нигоҳ медорад. Чунин гирифториҳо аз як сӯ ба онҳо имкон намедиҳад, ки барои ошноӣ бо ҷавонони тоҷик вақти муносиб интихоб кунанд. Аз сӯи дигар, зиндагӣ дар танҳоӣ ва мусофират онҳоро аз дигарон дур нигоҳ медорад ва шароити ошноии онҳо бо ҷавонони тоҷикро маҳдуд мекунад.

Ҷавононписароне, ки ба Русия омадааанд, онҳо низ мисли духтарон барои кӯмак ба хонаводаҳояшон омадаанд ва мушкилоти молӣ доранд. Онҳо низ мисли духтарони муҳоҷир дар иҷора ё дар ҷойҳое иқомат мекунанд, ки дар сурати издивоҷ барои зиндагии хонаводаӣ муносиб нест. Чун духтарони тоҷик бештар пойбанди суннатҳои тоҷикӣ мондаанд, кӯшиш мекунанд, бо ҷавони тоҷик сарнавишти ояндаи худро як ҷо бубинанд. Аксар вақт мушкилоти молӣ ва набуди ҷои муносиби зист духтаронро аз арӯсӣ бозмедорад.

Фаррух СатторовФаррух Сатторов
x
Фаррух Сатторов
Фаррух Сатторов
Солеҳа Исоева, раиси ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Калининград, мегӯяд, ҳадафи аслии духтарони муҳоҷир дар Русия чун мардон кӯмак ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон аст: “Ҳоло бисёрии духтарон барои пул кор кардан ба Русия меоянд ва фикри шавҳар карданро надоранд. Зиндагии онҳо тамоман дигар хел шудааст. Ин проблемаи ояндаи фарзандони тоҷик аст.”

Дар вуҷуди духтарон аз хурдӣ тарси ноаёне аз “бадномӣ” ва дар хиҷолат нагузоштани падару модар ё хешовандон низ ҷой дорад. Аксари онҳо бим доранд, ки агар бо ҷавоне дар муҳоҷират ошно шаванд, “сарусадоҳо” ба Ватан меравад ва боиси нороҳатии волидайн мешавад.

Фаррух Сатторов, раҳбари созмони ҷавонони тоҷики муқими Санкт-Петербург мегӯяд, “вақте онҳо аз Тоҷикистон берун мебароянд, дар давлати дигар намехоҳанд урфу одатҳои тоҷикиро гум кунанд. Онҳо ору номус доранд ва метарсанд, ки агар бо касе гап зананд ё вохӯранд, баъд ба Тоҷикистон баргарданд дар Тоҷикистон чӣ мегӯянд. Дар Тоҷикистон мумкин аст миёни ҳамсояҳо ё хешовандонаш ин гап “мебарояд” ва дар оянда чунин одатҳо оиладориро таҳти хатар мебарад.” 

Боғшоҳи Лашкарбек, ҷомеашиноси тоҷик муқими Маскав.Боғшоҳи Лашкарбек, ҷомеашиноси тоҷик муқими Маскав.
x
Боғшоҳи Лашкарбек, ҷомеашиноси тоҷик муқими Маскав.
Боғшоҳи Лашкарбек, ҷомеашиноси тоҷик муқими Маскав.
Бо вуҷуди ин ки солҳои ахир дар саросари ҷаҳон ҷавонон барои ошноӣ аз имконоти интернетӣ низ истифода мекунанд, вале дар миёни муҳоҷирони тоҷик ошноӣ аз роҳҳои интернет ривоҷ пайдо накардааст ва аксари ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба интернет дастрасӣ надоранд. Аз сӯи дигар, баъд аз муҳоҷират ба Русия ҷавонон аз тарзи маъмулии хостгории падару модар ё институти класикии барпо кардани оила маҳрум мешаванд.

Боғшоҳи Лашкарбек, ҷомеашиноси тоҷик дар Маскав, ин масъаларо таҳқиқ кардааст ва бо ишора ба вазъи Маскав мегӯяд, чунин омилҳо сабаби муҷаррад мондани ҷавонони муҳоҷири муқими Русия шудааст: “Тоҷиконе, ки меоянд, дар як кунҷи шаҳр дар иҳотаи кӯчак зиндагӣ мекунанд, бо ҳам робитаи густарда надоранд, ки якдигарро ё хешу табор ва ҳамшаҳриҳоро бубинанд. Корашон ҳам аз субҳ оғоз мешавад то шом. Чунин вазъ проблемаи издивоҷро дар Маскав пеш овардааст. Мардҳо ва заноне, ки мехоҳанд бо якдигар оиладор шаванд, наметавонанд якдигарро пайдо кунанд. Мушкили дигар ин аст, ки дар ин ҷо иститути хонадоршавии классикӣ, яъне падару модар, ки мерафтанд дархости хешӣ мекарданд, он ҳам аз байн меравад. Бинобар ин мардум солҳои тӯлонӣ муҷаррад мондаанд.”

Ҳоло ҷомеашиносони тоҷик дар Маскав ин мушкили ҷавононро таҳқиқ ва бо ширкати ҷавонон маҳфилҳо барпо мекунанд, то заминаи ошноӣ ва ба ҳам омадани ҷавонон густардатар шавад. Боғшоҳи Лашкарбек мегӯяд, вақтҳои охир дар Маскав ва шаҳрҳои дигар ҷавонон арӯсиҳо барпо мекунанд. Вале он қатрае аз баҳр аст ва бо ин чанд намуна мушкили дур мондани духтарони муҳоҷир ва ҳатто писарони муҳоҷир аз издивоҷ ҳамчунон боқӣ мемонад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 
Ном: Бандаи Худо аз: Душанбе
17.05.2012 10:40
Хай дидед, ки мухочират ба мардум чи мушкили меорад бао раиси чумхур фахр мекунад аз мухочирон. Худо хеч касро гариб накунад. Духтарони точик дар руссия буда баъзеашон ба корхои ношоям даст мезанан сабаб дар паст будани сатхи зиндаги пул кор кунанду ба точикистон ба падару модар фиристанд. Дар Тоикистон ба акидаи ман холо 80% мардум камбизоат аст ман медонам раиси чумхур мегуяд 48% бо чашами сар назар кунед бародархо озоди ба ту рахмат ки мо метавонем рози диламонро холи кунем. Худо Точикистонро обод кунад мардум дигар сарсону саргардон набошанд.

Ном: Нарзулло аз: Точикистон
17.05.2012 11:04
Ин масъала бояд кайхо мавриди мухокма карор мегирифту... ба хар хол сари ин масъала бояд андеша кард, Онхое,ки дар Россия мукимианду ..шояд бо акидаи ман рози нашаванд, Бубинед духтар аз Ватан барои пулёби бо харрох падару модарашро рози карда шохидхо,шиносхояшро кафил оварда меравад.Мераваду ба чои ба маънои аслиаш кор кардан тамоман ба дигар корхо даст мезанад ва маблаг ба даст меорад.(албатта ман хамаро дар назар надорам хастанд духтароне,ки тахти назорати падар,модар,бародаранду бо мехнати пок маблаг ба даст меоранд) ана ба инхо дили кас месузад,ки бо чабри замона ва...ба чои шавхар карда фарзанд тавлид карда тарбия кардан ...Аммо тоифаи дигари точикдухтарон дар як катор шахрхои Россия аз чумла дар Москов ба пасттарин корхо даст мезананд ва нархи худро доранд.Ин хак асту рост ва аксарият инро медонанд!Кучост падар,бародапр ва хешу табори бо ору номус,ки инхоро чи будани иффати духтари,намояндаи миллат буданашонро фаромуш кардаанд ба Ватан баргардонад? Чамъияти точикон бо номи Диаспор.. намедонанд?медонанд,медонанду худро ба кури мезананд.Медонанду метарсанд чунки ин тоифа ба хар кори паст хатто дар мусофири кодиранд.Ман барои ин суханонам далел дорам .Чавони Озари чунон наклхое нисбати духтарон ва занхои бешавхари Т О Ч И К кард,ки аз шуниданаш ...вой бар холи онхое,ки барои пул худро, номус.хасти,миллат.халк авлод ва падару модари худро фаромуш мекунанд.Онхо харгиз фаромуш накунанд,ки рафтори онхо дар мулки дурдасти Рус пинхон мемонад. На!!!Дер ё зуд фош м е ш а в а д,! Зане бехабар аз он,ки ман точикам ба хамрохонаш накл мекард.".... Сайрам моро бурд, он чо хоричихо буданду аввал Озода,Бунафша ва Хосията бурданд,ман бинам ба ман ахамият намедиханд.Гуфтам,ки мне сколко ждать ? Дар чавоб вай харом гуфт,ки на тебя надо пахат а не..."Ина бинен, далла аз худи точикзанхо, фохишахо хам аз худихо.Инаш кам буд,ки дигараш гуфт "Ман Сухроба хамин хелуш кардум,ки кати телефон чавоби занчонаша дод,мара мегирад." Эй бародарон падарони бо номуси точики сарсахти ман сари ин масъала як нафару дах нафар ягон кор карда наметавонад.агар сохибдухтар беимон бошад.Як рох хаст онхоро муаян карда ба тари конуни Депорт кунонидан!Боз бо хар рох ба волидайнашон хабар додан,то донанд,ки аз кадом маблаг зиндаги доранд! Ба хамматон инсофу сарбаланди ва ору еномуси хакики аз даргохи Худованд хохонам.Эй онхое,ки аз хисоби мухочирдухтархо хонадор шуданиед,Эй онхое.КИ БА ХОТИРИ орзухои ботил занхои халолу поки дар хона будаатонро ба тарики телефон талок додаеду доданиед шумо лукмаи покро ба лукмаи ифлос иваз кардеду мекнед,Духтари точик шавхар кардани бошад ба хонааш баргвардаду шавхар кунад то падару модараш ба орзуяшон расанд.

Ном: далер аз: санкт-петербург
17.05.2012 11:14
Салому-алейк Аввал проблемаи хонадоршави ин набудани маблаг мебошад барои хамин чавонони Точик сафар мекунанд ки то пуле ба даст оранду туйи худро барпо кунанд. Ва чавон духтароне ки дар шахрхои россия ва гайра мераванд савдои онхо суст мешавад. ва хамма медонад ки дар Точикистон расму оин бисёр аст барои туй барпо каран чи даву гече дорад ана хамин сабаб мешавад ки хамма писархо ва духтарон дар хонаи падару модарашон мешинанд . радиои озоди агар илочаш бошад номери телфонии Фарахнозро бо ичозати у бифиристед ман хам чавони мучарад мебошам эмайли ман salman19-88@mail.ru

Ном: Сарвар аз: Душанбе
17.05.2012 11:34
Духтари "Ботаквои" "Худотарс" хеч гох дар куча намемонад!!!
Дар посух

Ном: Хусрав аз: Санкт-Петербург
18.05.2012 00:44
Ин гуфтахоятонр кутох бошад хам,чавоби кулл ва хамачониба аст. Ягон харфро канда ё хамрох карда намешавад.
Сад фоииз суханони хак
Дар посух

Ном: Кадам аз: Саратов
23.05.2012 08:28
Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон!
Иншааллох,ОМИН! Иллохо сафашон бисьёр шавад!ОМИН!
Дар амони АЛЛОХ!
Дар посух

Ном: Илхом аз: аз Норак
24.05.2012 06:51
Дар джомеаи сармоядори критерияи зиндаги пул-сармоя, доллар аст, холо дар бораи нангу номус, хурмату эхтироме ки дар замони совети буд, дигар фикр накунед. Россия нараведу дар худи Душанбе вазияти духтархоро бинед, афгонхо духтару писархоро аз Шурободу Муминобод ба ивази гира дуздида дар Пишовару дигар шахрхои Покистон ба 200-300 доллари мефурушанд. Дар 80 соли давраи совети ягон бор русе ба номуси точикдухтаре тачовуз накарда буд, аз сахифахои матбуот, ва ё аз кавли ягон нафаре дар ин бора чизе нашунидем холо бошад, арабу афгонхо духтархои точикро бо хар рох фиреб дода ба бозорхои Дубайю Аморат мисли бузгола мефурушанд, ана ....

Ном: оиша аз: 112
17.05.2012 12:27
зиндаги чи вазнин шудааст ки духтаронхам ба мухочири мераванд афсус сад афсус дигар занро аз мард фарк карда намешавад хама аз кафои зиндагии худаш хато бахташонро хам фаромуш кардаанд чаро точикистон чорае намеандешад барои ин гуна духтарон охир чойхои кории холи гуфта хархафта ярмарка мешавад аммо натичааш нест нест худовандо худат хидоят кун

Ном: Беном
17.05.2012 12:47
Нисфаш миллатхои дигари гайримусулмонро шавхар кардааст. Россия ки рафти урус шав, точикии ту ба ки даркор аст.

Ном: Шарифчон аз: Душанбе
17.05.2012 16:03
Духтаре ки барои кор, танхо, ба як кишвари дуру бегона ки дар он чо зино як одати маъмулист биравад харчанд ки аз ноилочи бошад дигар аз он духтар чи умед худ як андеша кунед

Ном: Беном
17.05.2012 16:06
Агар ин масоил халли худро наёбад пас мо ба китоби сурх дохил мешавем.

Ном: Беном
17.05.2012 16:10
Акнун ки замона дигар шуд духтарон низ даррав шавхар накарда дар зиндаги аввал чои худро ёбанд.Бачахо низ акалан маош дарёфт карда пас оила барпо кунанд.Айни хол бачахо ки худ дар нафакаи падар хастанд оила барпо мекунанд,ин анъана бояд дигар шавад.Чахонро бубинед,маъош дастрас бикунед пас ба фикри оила шавед чавонон.

Ном: Muhsin аз: Некнот-Панчакент
17.05.2012 16:14
Бехтарин мавзу барои баррасии чомеаи интернети!!!!!!!!
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 

Писандидатаринҳо

Бойгонии назарсанҷӣ

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.