Шанбе, Июл 26, 2014

Манотиқи нашаротӣ: / Меҳмони "Озодӣ"

Фарзона: "Аз маҳбас дар дил суруди озодӣ овардаам"

Мусоҳибаи хабарнигори Радиои Озодӣ бо Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик.

Фарзонаи ХуршедФарзонаи Хуршед
x
Фарзонаи Хуршед
Фарзонаи Хуршед

Мақолаҳои ҳамсон

Видео Шабнами Сурайё: "Ман зани хушбахтам"

Меҳмони навбатии "Ситораборон"-и Озодӣ ҳунарманди шинохтаи мусиқии попи тоҷик Шабнами Сурайёст, ки шӯҳраташ марзҳои Тоҷикистонро убур карда, дар Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон мухлиси зиёд дорад.
Фарзонаи Хуршед, овозхони хабарсоз, ки қазияи ҳабсу озодияш ба достон табдил шудааст, дар аввалин лаҳзаи сӯҳбат гуфт, ба ҳама мухлисону тарафдоронаш паёму сипос мефиристад ва афзуд, "озодӣ неъмати бебаҳост" ва ӯро саршори илҳом кардааст, то таронаҳои наву нотакрор ва самимиеро пешкаши дӯстдорони созу овоз гардонад. Вай иқрор кард, ки акнун кори эҷодияш ба сустӣ пеш меравад, аммо "як каме дер ҳам шуда бошад, иншооллоҳ, шер хоҳад шуд. Ифтихори онро дорам, ки бо шумо сӯҳбат мекунам. Шукронаи Аллоҳ, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нафаси озод мекашам."

Радиои Озодӣ: Яъне, ба зуҳури дубора рӯйи саҳна омодагии ҷиддӣ мебинӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Албатта, бе овозхонӣ ва бе саҳна чизе нестам. Мухлисонамро зиёд дӯст дорам ва ҳама талошҳои ман барои онҳост ва ман бо онҳо зинда ҳастам."

Радиои Озодӣ: Наздики ду сол дар зиндон будӣ ва дар чаҳорчӯби қоидаҳои ниҳоят маҳдуд ба сар бурдӣ. Мегӯянд, чунин шароит ба ҳар кас ҳар хел таъсир мекунад. Бахусус ба ҳунармандон. Шояд такон ва таҳрике дод барои эҷоди суруду оҳангҳои нав?

Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Фарзонаи ХуршедЛаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Фарзонаи Хуршед
x
Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Фарзонаи Хуршед
Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Фарзонаи Хуршед
Фарзонаи Хуршед: "Мегӯянд, Худованд ҳар коре, ки мекунад, барои беҳбуди инсон мекунад. Барои он ба чунин санҷишҳо рӯбарӯ мекунад, ки инсон он чизҳоеро, ки дар зиндагии маъмулӣ намефаҳмад, фаҳмида тавонад. Аз ҳама чизи мушкил барои инсон дар ин дунё зиндаҷудоӣ будааст. Зиндон ҳамин гуна ҷост. Ин (зиндон) барои ман дарде ва дарсе буд, ки фаромӯш намешавад. Чизҳои зиёд ёд гирифтам. Дар ин соли хурди худ чизҳои зиёдеро аз худ кардам, ки мумкин агар ман дар озодӣ мебудам, тайи понздаҳ-бист сол онҳоро аз худ карда наметавонистам. Ба ҳамин хотир, аз касе намебинам, аз тақдирам мебинам. Аз худ медонам ин ҳамаро ва бар ин назарам, ки ҳар чизе шуд, барои беҳбуди ман шуд. Дар воқеъ, дар онҷо суруду оҳангҳои зиёд эҷод кардам, ки агар садсолаҳо дар озодӣ талош намоӣ, шояд ба даст наояд. Ба саҳна ҳам маро зиндон бештар меҳрубон кард. Ба падару модарам, ба фарзанди падарам ҳам. Албатта, пеш ҳам меҳрубон будам, аммо он эҳсоси кӯдакию наврасӣ буд, ки зиёд нозу фахр мекардам, аммо ҳоло таври дигар аст, сахт содиқонаву самимист ва ман ин ҳамаро басо қимат мегирам. Пеш ин тавр набуд."



Радиои Озодӣ: Чаро маҳз онҳоеро, ки тамошобин зиёд мехоҳад бубинад, дар ТВ-ҳо нишон намедиҳанд. Барои мисол, пештар туро дар телевизион зиёд нишон медоданд, ҳозир аслан нишон намедиҳанд...
 
Фарзонаи Хуршед: "Дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Барои онки худам ҳам сабабашро намедонам, барои чӣ маро дар телевизион нишон намедиҳанд. Вале мухлисе, ташнае ҳаст, ки дар дили ӯ ҷой шудаем. Агар дар ТВ ҳам нишон надиҳанд, метавонад аз дигар василаҳо бо диску наворҳо  ва ё бо радио ҳамеша бо овози ту зиндагӣ кунад. Аз ин рӯ дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Албатта, мо интизор мешавем, ки рӯзе моро ҳам дар телевизион нишон хоҳанд дод. Хусусан аз телевизионҳои тоҷик. Мегӯянд, ки арӯси зебо, духтари зебо ҳамеша пушти чодар аст. Шояд ин зебоии бисёри мо бошад, ки дар телевизион нишон намедиҳанд (механдад)."

x
Радиои Озодӣ: Аммо дар байни мардум чунин овозаҳо ҳам ҳаст, ки гӯиё ба нафароне аз боло хуш наомадаӣ. Шояд аз ин хотир бошад, ки дар пардаи  телевизион зоҳир намешавӣ?
    
Фарзонаи Хуршед: "На, ман инро аз касе намебинам. Вақте одам ҳанӯз дар батни модар аст, тақдири ӯ дар пешониаш навишта мешавад. Инро ман аз тақдир мебинам."

Радиои Озодӣ: Он нафаре, ки ба хотири ӯ маҳбус шудӣ, ӯро мебинӣ?
   
Фарзонаи Хуршед:
"Ҳозир дар бораи ӯ на сухани хуб ва на бад гуфтан мехоҳам. Дар бораи ӯ зиёд гуфтанд ва худам ҳам гуфта будам. Ҳозир мо ягон робита надорем. Агар мабодо ҳамдигарро бинем, аҳволпурсӣ мекунем, чун салом қарзи худовандист. Он дӯстиву муҳаббате, ки мо доштем, шояд ба Худо хуш наомад."

Радиои Озодӣ: Нафаре пайдо шуд, ки ҷойи ӯро ишғол карда бошад?
   
Фарзонаи Хуршед: "Баъд аз ин ҳам дарду азобҳо дигар ба мард бовар кардан мушкил аст. Ҳозир як дӯсту рафиқе дорам, ки маро бисёр дастгирӣ мекунад, сӯҳбат мекунем, намегузорад, ки хафаву нороҳат шавам. Аммо ҳозир ҳама розу ниёзҳои худро танҳо ба Аллоҳ мегӯям."
 
Радиои Озодӣ: Дар зиндон бо чӣ одамҳое рӯбарӯ шудӣ ва мардумро дар онҷо чӣ гуна дарёфтӣ, дӯстон пайдо кардӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Яке ҳаст, ки мисли ман аз роҳи ошиқӣ он ҷо ғалтида аст, яке барои дуздӣ ва ҳамин тавр бо ҳар роҳҳо. Ба ҳамаи ҷавонон, мухлисони худ ва духтарон мегӯям, ки ҳеҷ вақт озодии худро ба ҳеҷ моли дунё надиҳед. Он ҷо, чи хел бигӯям, чун намехоҳам ба касе сахт расад, дӯст пайдо кардан  мушкил аст. Агар пайдо ҳам кардӣ, барои ҳамон ҷо ва то муддате, ки он ҷо ҳастӣ метавонӣ дӯстӣ бикунӣ. Аммо он ҷо ҷое нест, ки дарди дили худро бигӯӣ ва ё ки аз он ҷо он дӯстиро гирифта ба берун барориву  дар берун ҳам дӯстӣ бикунӣ. Чизе, ки ҳаст, дар ҳамон ҷо боқӣ мемонад. Озодӣ ин хеле чизи гарон аст. Аз озодӣ бояд истифода кард. Дар маҳбас одамони хуб зиёданд, одамони бад ҳам ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Имрӯз чӣ нақшаҳо дорӣ?

Рӯзе, ки Фарзонаи Хуршед аз зиндон озод шуд...Рӯзе, ки Фарзонаи Хуршед аз зиндон озод шуд...
x
Рӯзе, ки Фарзонаи Хуршед аз зиндон озод шуд...
Рӯзе, ки Фарзонаи Хуршед аз зиндон озод шуд...
Фарзонаи Хуршед: "Нақшаҳои зиёд дорам. Мехоҳам, бо модари меҳрубонам Сурайёи Қосим  ва хоҳари азизам Шабнамҷон (Шабнами Сурайё) ҳамроҳ як консерт баргузор кунем. Як консерти такрорнашаванда шавад, то каме ҳам бошад дили мухлисонро гарм кунад. Аз Худо умед дорам, ки ин консерт дар рӯзҳои наздик баргузор бишавад. Шояд 21-уми май дар рӯзи таваллуди ман ва ё шояд зудтар."

Радиои Озодӣ: Машқу тамринро барои ин консерти нотакрор дар куҷо баргузор мекунед? 
  
Фарзонаи Хуршед: "Як толори пӯшида дорем, ки он ҷо машқ мекунем ва омодагӣ мегирем. Ба ростӣ,  сахт мекӯшем, ки ин консерт хеле хуб баргузор шавад ва мо битавонем дили мухлисонро гарм кунем. Онҷо ҳамроҳи модарҷонаму Шабнамҷон якҷоя машқ мекунем."

Радиои Озодӣ: Ҳоло ки барои барои баргузории ин  консерт омодагӣ мебинӣ, бо кадом оҳангсозон ҳамкорӣ дорӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Мо худамон низ оҳанг эҷод мекунем. Бо як оҳангсоз ҳамкорӣ намекунем. Ба хотири он ки ҳамаи корамон якрақама, яъне якшакл наояд. Ба ҳамин хотир, бо оҳангсозони зиёд ҳамкорӣ дорем. Бо устод Сангалӣ Мирзоев, Ёқубҷон, Фарҳод Зикиров, Сироҷиддин Фозилов, Зикрулло Ҳакимов ва боз бо нафарони дигар. Зиёданд оҳангсозоне, ки беҳтарин навиштаҳои худро бароям тақдим мекунанд."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки ҳунармандон бидуни "криша" дар боло ташвиқу таблиғ намешаванд ва набудани чунин як баландмақом имкониятҳои онҳоро барои ҳама чиз, ҳатто толори хуби намоиш маҳдуд мекунад?
  
Фарзонаи Хуршед: "Майдон аз далер аст. “Криша”-и ман ин мухлиси ман, санъати ман ва меҳнати ман аст. Ин сухан ғалат аст, ки бояд ягон нафаре дошта бошӣ, ки туро таблиғ кунад. Ба ҳамаи сарояндагон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дасти дар пеши бар дар ҳама ҷо касро муваффақ мекунад ва “қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад” гуфтаанд."

Сурайёи Қосим, модари ФарзонаСурайёи Қосим, модари Фарзона
x
Сурайёи Қосим, модари Фарзона
Сурайёи Қосим, модари Фарзона
Радиои Озодӣ: Ҳунармандони машҳур бар замми доштани мухлисони зиёд “фанатҳо” ҳам доранд. Баъзе аз ин фанатҳо барои ҳунарманди писандидаи худ ба амалҳое даст мезананд, ки на ҳама кас бовар мекунад. Масалан мошини гаронқимат тақдим мекунанд ва ё манзил, монанд ба ин корҳо. Бо ту ҳам чунин ҳодиса рӯй дода аст?

Фарзонаи Хуршед: "Албатта, чунин ҳолатҳо буданд. Вақте ягон нафар тӯҳфа тақдим мекунад, дидан даркор аст, ки ӯ чӣ мехоҳад. Ӯ мухлиси санъати туст, мухлиси зебоии туст ва ё мухлиси номи ту аст? Ҳастанд нафароне, ки ба таъбири русӣ, барои рейтинги худ мехоҳанд бо ягон нафар сароянда шинос шаванд ва ягон чизе тақдим кунанд. Аз тӯҳфаи ғайрисамимӣ метарсам. Баъзан қабул ҳам накардаам. Чунки ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё ҳамаи амалҳои мо саволу ҷавоби худро дорад. Чизе, ки ба осонӣ ба дастат омад, ба осонӣ аз дастат меравад. Меҳнат шараф аст мегӯянд. Ман мехоҳам аввал меҳнат кунам ва сипас бо меҳнати худ чизеро аз ба даст оварам."

Радиои Озодӣ: Чӣ орзу дорӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Орзу мекунам, дар Ватани худ, дар Тоҷикистони худ содиқона хизмат намоям ва он “гуноҳе”, ки аз тарафи ман шояд, ки сар зада буд ва шояд, ки аслан чизе набуд, аз барам комилан тоза ва пок кунам."

Радиои Озодӣ: Гуноҳи кардаат ҷолиб буд, ки ба хотири ишқ ба маҳбас рафтӣ?
  
Фарзонаи Хуршед: "Фикр мекунам, ки озодӣ болотар аз ишқ аст. Агар шарт ин бошад, ки аз миёни озодӣ ва ишқ якеро бояд интихоб кунӣ, ман озодиро интихоб мекунам. Озодӣ бошад, ишқ мешавад, аммо бе озодӣ ишқ ба чӣ кор ояд. Барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ ва озодиро таманно мекунам, хусусан барои бонувон. Чунки ҳама чизро дар зиндагӣ ёфтан мумкин, аммо озодӣ, саломатӣ ва бахтро ба даст овардан душвортар аст. Як орзуи дигар ҳам дорам, аммо он ҳоло махфӣ монад хубтар аст. Вақте ки он амалӣ шавад, баъд мегӯям, ки ҳамон орзу ин буд."

Радиои Озодӣ: Хеле хуб ҳам сӯҳбат мекунӣ. Оё ба ғайр аз мактаби миёна боз дар ягон ҷое таҳсил кардаӣ?
  
Фарзонаи ХуршедФарзонаи Хуршед
x
Фарзонаи Хуршед
Фарзонаи Хуршед
Фарзонаи Хуршед: "Ба ғайр аз мактаби миёна як каме дар хона дарсҳо гирифтам. Ду соли пеш ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ  супоридам, дохил ҳам шудам, вале ин фалокат рух доду ман ба мактаби дигар (зиндон) рафтам. Аммо мактаби олии ман ин падару модари мананд. Агар имрӯз касеву чизе шудам, аз Парвардигор шукр мекунам ва аз падару модарам."

Радиои Озодӣ: Ёд дорӣ бори аввал кай рӯи саҳна баромадӣ?
 
Фарзонаи Хуршед: "Албатта, аввалин бор соли 2000-ум рӯи саҳна баромада будам. Аммо баъди зиндон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико. Ман он ҷо соҳиби ҷоизае ҳам шудам, ки зиёд онро орзу мекардам. Худоро шукр. Мегӯянд, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Худованд аввал бар сари ман сиёҳӣ овард ва имрӯз он орзуҳое, ки доштам ба онҳо комёб мешавам. 12 сол мешавад, ки дар рӯи саҳна ҳастаму бо санъат сарукор дорам."

Радиои Озодӣ: Бархе аз ҳунармандонро дар айёми ҷавонӣ, дар замони авҷи парвози ҳунарашон халал мерасонанд ва ба таъбири мардумӣ "мешикананд". На ҳамаи онҳо ба чунин фишорҳо тоб меоваранд?
  
Фарзонаи Хуршед: "Саволи хеле мушкил. Фикр мекунам, ҳамон одаме, ки барои ту халал мерасонад вақте талант (истеъдод)-и туро мебинад, ҳунари туро, талоши туро мебинад, оқибат чашм мепӯшад. Касе, ки меҳнат карда метавонад, касе, ки ҳунарманд аст, ба фикрам, пеши роҳи ӯро аждаҳо ҳам гирифта наметавонад (механдад)."
 
Радиои Озодӣ: Ба тӯйу маъракаҳои мардум ҳам меравӣ?
  
Фарзонаи Хуршед: "Кӯшиш мекунам, ки ҳамаи ҳунару қувваи худро аввал дар консерти дар пешистода сарф кунам ва нишон диҳам. Баъд аз консерт насиб карда бошад, албатта, ба тӯю маъракаҳои дӯстон меравам, иншоаллоҳ."

Радиои Озодӣ: Рӯзи худро чӣ тавр сипарӣ мекунӣ? Манзурам, соатҳои фориғ аз кору машқ ба чӣ машғул мешавӣ?
   
Фарзонаи Хуршед: "Китоб мехонам, бо Интернет сарукор мегирам ва варзишро дӯст медорам. Варзиши вазнинро чандон хуш надорам, волейболу футболро дӯст медорам. Имрӯзҳо асосан вақти холии худро дар зикри Худованд мегузаронам."

x
Радиои Озодӣ: Имрӯз дар хиёбонҳо вақте бо мухлисон рӯбарӯ мешавӣ,  чӣ гуна истиқбол мекунанд, чӣ мегӯянд?

Фарзонаи Хуршед: "Ростӣ, ҳозир хеле кам ба кӯча мебароям. Мехоҳам мардум маро бори аввал дар консерти худам бинанд. Ҳарчанд миёни мардум нестам, аммо мардумро зиёд дӯст медорам. Душману бадбин надорам. Касеро, ки дар кӯча мебинам бо табассум ва бо ханда, бо чеҳраи боз назар мекунад, бӯса мекунанд. (Аммо инаш дахл дорад танҳо ба занону мухлисон). Фикр мекунам, ки кулли мардум маро дӯст медоранд, ман аз ин мефахрам."

Радиои Озодӣ: Вақте аз маҳбас баромадӣ, кӣ туро аввалин шуда пешвоз гирифт, кадоме аз дӯстонат ба пешвозат рафт?
   
Фарзонаи Хуршед: "Он вақт модари ман маризи рӯи бистар буд. Шабнамҷон маро пешвоз гирифт. Дӯстон чӣ тавре, ки мегӯянд ҳам нонӣ мешаванд ва ҳам ҷонӣ. Шояд Парвардигор маро ба он хотир зиндонӣ кард, то ман дӯстро аз душман фарқ кунам. Ҳарчанд ҳоло ҷавон ҳастам, аммо фарқ карданро омӯхтам. Касеро болотар аз падару модари худ намедонам. Вақте дарро барои ман кушоданд аввалин одаме, ки дидам ин Шабнамҷони ман буд. Вақте ӯро дидам ҳарчанд бисёр хостам гиря накунам, хостам худро контрол кунам, қуввате наёфтам, нашуд, ки оби чашмамро бидорам, ашкҳои чашмам мерехтанд. Ҳавои беруну шамоли берун ба ин дараҷа қуввае доштааст, ки бандаи худоро меларзонад ва ба ин дараҷа аламашро зиёд мекардааст, ки ман инро дар он лаҳзаҳо аз сар гузаронидам. Мегӯянд, ки аз батни модар бо либос таваллуд мешавӣ. Ин таваллуди дуюми ман буд, бо либосу бо рӯймол таваллуд шудам. Вақте хона расидем, суроғи падару модарамро кардам, ҳама хонаҳоро мекофтам, ки куҷост, модарам? Гуфтанд, ки дар тахти беморӣ хобидааст. Вақте ӯро дидам, (мегиряд) танҳо ҳамин ибораро тавонистам бигӯям, ки модарҷон, ин қадар маро дӯст медоштаиву ба ман нагуфтӣ. Ҳоло агар дар зери кафи пойи модарам дасти худро бимонам ҳам кам аст..."
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 
Ном: Саид аз: Русия
17.04.2012 14:02
Мусохибаи хело хуб, ба ахли хонаводаи апи Сураё саломати ва мувафаккиятхои нави эчоди орзумандам. Бигузор хамеша дар зиндагию сахна пирузи ёратон бод гулгунчахои зебои санъати точик.
Дар посух

Ном: Ба Фарзона аз: Кулоб
17.04.2012 16:03
(((Ҳавои беруну шамоли берун ба ин дараҷа қуввае доштааст, ки бандаи худоро меларзонад ва ба ин дараҷа аламашро зиёд мекардааст, ки ман инро дар он лаҳзаҳо аз сар гузаронидам. ))) Вокеан рост гуфти Фарзонабону, худи ман шохиди хол будам, ончо будам ва дидам ки хатто ба акиб нигох накарди, (номаш дар гур зиндонро). Лекин бовар кун Фарзонабону ки дар дили ту як гуруру як мардонагие хаст ки бисёре аз мардон чунин номусу чунин гайратро надоранд, холи хозир аз як духтари эрка ба як духтари бофаросате табдил ёфтаи ки чунин духтарро чандин нафарон хавас мехуранд. Ба додаи Худованд каноат карди шукр гуфти Иншоаллох махбуби дилхо мешави.

Рости гап Фарзонабонуи ширин шукронаи зиндагии поку халолам мекунам, шукрона мекунам, ки ду духтарча дорам ва сад офарин ба падару модари ту ки чунин рузхои чудоиро аз сар гузаронидаанд, ин хеле кори нангин хаст, аслан инчо айби ту ё падару модарат нест ва инро хаммаи мо хуб медонем. Апаи Сурайё хеле инсони кавиирода хаст, бовари дорам ки рузхои хубу ширин Шуморо дар пеш аст.
Ахли оила Шуморо Фрзонабону хуб мешиносам ва хатто якбор дар хонаатон мехмон шудам, Шабнамро хеле ва хеле дуст медорам тура низ Фарзонабону зиёд дуст медорам ки аз оилаи санаткори асил мебошед ва хунари нотакрор доред.

Аслан Мачнун хам он вакт имонаш кави шуд, ки Маъбуд яъне офарандаи Лайлиро дуст дошт аз ин ру ин коре ки аз сар гузарониди бовар кун бе хикмат набуд ва худат хам хис карди ки дар ин рузхо сабаки чандинсола гирифти.

Минатдори хешро ба Радиои Озоди ва ба А.Кайюмзод мерасонам барои чунин як сухбату, саволу чавоби маслихатомез бо Фарзонабону.


Ном: Шахрванд аз: Душанбе
17.04.2012 14:15
Бисёр сухбати самими, ба Фарзона саломати ва дар эчодиёташ комёби орзумандам. Бовари дорам, то охир аз акидахои имрузааш даст намекашад.

Ном: дилшод аз: кулоб
17.04.2012 14:25
Фарзонаи Хуршед аз иштибохи чавони ба зиндон не ба мактаби зиндаги рафт ки худ инро дарк кардааст Вокеан чавон буд бояд уро мебахшиданд аммо аз такдир чои гурез нест Шояд ин барои Фарзона лозим буд ки дар чавони бидонад ки дусташ кисту дустон кихоянд Худаш мегуяд ки аз хеч кас намебинам лекин бидонад ки бадбинонат ин корро карданд онхоро санъати баландат чашмашонро кур кард рашку бахили талхакафашон кард Нахостанд ки ин булбули хушхон нагмасарои кунад ва дар санъати Точикистонро сарвар шавад. Мо барои хабаргириаш рафта будем хамрохи Саъдии Буризод аммо нишон надоданд гуфтанд ки аслан уро дида намешавад Сардорашон набуд харчанд кушиш кардем нашуд аз хамин чо бармеояд ки аз боло душман доштааст Фарзона бисаро холо бахор аст гулистон аз туст дигар ба ягон дустат бовар накун мо мардуми Кулоб зудбоварем ва нишон бидех ки ту нашикастаи саратро баланд бигир ту касеро накуштаи ва он чи сабаби кафасат шуд овози ширинат буд!!!!

Ном: Nom аз: Makon
17.04.2012 14:40
Salom ozodi!!!Ozodi man az shumo ehtiromona hoshish menamoyam ki Shabnam Apai Farzona hast na in ki Hoharash!!! Isloh Kuned!!! ​​Фарзонаи Хуршед: "Нақшаҳои зиёд дорам. Мехоҳам, бо модари меҳрубонам Сурайёи Қосим ва хоҳари азизам Шабнамҷон (Шабнами Сурайё) ҳамроҳ як консерт баргузор кунем
Дар посух

Ном: Фаридун
18.04.2012 08:41
Дар забони адаби "ХОХ,АР" хам апаву хам хохарро маънидод мекунад. "АПА" решаи турки дорад ва "хохар" макбултар аст. Максад муайян ку. Муаллиф метавонист "ХОХАРБУЗУРГ" нависад, лекин аз шакли эрони даст кашид. Шумо, комментатори азиз, ки медонед ШАбнам аз Фарзона калонтар, пас Муаллиф, ки дар хонаи онхо буд наход надонад?!

Ном: Киёмиддин аз: Москва
17.04.2012 14:41
Офарин Фарзоначон! Ин хамааш як дарс буд барои Шумо, хамааш гузаранда аст, худро хеч вакт дар назди мухлисон гунахкор нахисобед, мо мухлисон Шуморо ба хама каму костаги дуст медоштем, дуст медорем ва дуст хохем дошт...Шумо лахззаи холигии худро дар зикри Худованд гузаронед, иншоолох Худованди бузург гунохои кардаи Шуморо мебахшад. Худованд бахшандаву мехрубон хаст... Аз зиндаги хеч гох дил монда нашавед...Боки зиндаву човид бимонед...

Ном: Бахрулло аз: Екатеринбург
17.04.2012 14:47
Пас аз зиндон, алалхусус дар сухбат бо Радиои Озоди , Фарзона бисьёр вакт , суханони Оллох , иншаОллох , худо хохадро истифода бурдааст , агар дар оянда чунин шаваду , дар ёди худо бошад хело хуб мешавад .
Дар мавзуи ишку ошики гуфт, ки озодиро аз ишк болотар медонад , ман ба фикри у рози нестам , чунки ошик нобино мешаваду дар назараш хеч чиз наменамояд , албатта хеч кас ояндаи худро намедонад , ба сараш чи хушбахти ё бадбахти меояд , худо худаш хамаи моро дар панохаш аз рузхои бад , нигох дорад .
Аз суханони Фарзона пай бурдан мумкин аст, ки у дигар шудааст ! Агар чунин бошад хело хуб , бигзор ба орзуяш рассаду аз рузхои бад эмин бошад . Ман мухлиси у нестам , лекин хохони онам, ки орзухои поке, ки дар дил дорад , худо расонад !
Ман одатан сахтгирам , бигзор аз гуфтахои манн хафа нашавад , ман он чизе, ки ба назарам дуруст ё нодуруст буд изхор кардам ! Маъзарат аз Фарзонаву мухлисони у !

Ном: Диля аз: Душанбе
17.04.2012 14:51
Фарзоначон обод боши, гам махур хеч кас дар ин дунё бегунох нест, симои зебову садои ширинат доимо чунин бошад, хафа нашав каме магруру хавобаланд буди, акнун чунон. ки худат гуфти аз ин баъд мехрубон шудаам, ОФАРИН! Фарзоначон хоксори пеша кун ва доимо чунин зебову самими бимон.

Ном: Шамил аз: Душанбе
17.04.2012 15:01
Инак дидам, ки майл ба зикри Худои мехрубон дори, хохарат мехонам ва дуогуи он хастам, ки дар ояндаи наздик мисли Маликабонуи Сайидзод зиёрати Каъба намои ва амсоли Робиъаи Басри, ки дар аввали хол мутриб буданд ва сипас хидоят насибашон гардид аз покдомантарин занхои руи олам шави. Илохо дар ин рох муваффак боши.

Ном: Sadri аз: Moscow
17.04.2012 15:29
Офарин ба ту Фарзона, бо чунин хозир-чавоби бо РО. Рости баъд аз ин муколамаат, ту дар ман хисси кадр намудани озодиро бедор намуди. Худованд дар хама кор моро имтихон менамояд бояд ин ки бо сабр бошем!! Мувафакият ва бурдбори ба Шумою Шабнаму муаллимаи мухтарама Сураёи Косим! худованд ба Шумо хамагон Нусрату Карамро арзони дорад! омин.

Ном: Адолат
17.04.2012 15:57
Такие испытания немного умерили пыль Фарзоны, после заключения она стала немного другой более земной чем раньше. Раньше она была очень высокомерной.
Дар посух

Ном: Човид аз: Душанбе
18.04.2012 22:13
Фарзонабону!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!Сараввал ба Шумо саломатии бардавом ва бахту икболи сафедро орзумандам!!!!!!!!!!!Хаминро гуфта хастам, ки хеч вакт сари баланди ту хамиву,пастиро набинад.Бо сурудхои нав ба наву миллии точики номбардори санъати точику Точикистон дар арсаи чахон боши!!!! Боки ба ту муваффакият!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Дар посух

Ном: Рустам аз: Душанбе
20.04.2012 09:45
Фарзоначон аку диди ки зиндон чи будааст ...мегуянд ки хайр сад балоро мегардонад .агар ки ба туй даъват кадан кушиш кун ки сохибони туйро киссахароб накуни ..))))))саломат бошед
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 

Писандидаҳо