Ҷумъа, Октябр 24, 2014

Тоҷикистон

Сафари марҳиласози Шоҳзода Оғохон ба Тоҷикистон

Додугирифти охир байни ду тараф метавонад, оғози ҷанбаҳои тозае дар ҳамкориҳои зиёда аз 20-сола бошад.

Шоҳзода Карим Оғохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар сафари Бадахшон, 31 октябри соли 2006.Шоҳзода Карим Оғохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар сафари Бадахшон, 31 октябри соли 2006.
x
Шоҳзода Карим Оғохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар сафари Бадахшон, 31 октябри соли 2006.
Шоҳзода Карим Оғохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар сафари Бадахшон, 31 октябри соли 2006.
Сафари пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Шоҳзода Карим Оғохони 4 ба Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта (4-уми апрел) ҳарчанд як андоза печхӯрда буд, ба беҳтарин натиҷаҳои мумкин расид. Оғохон аз сабти номи расмии Маркази исмоилиҳо дар Душанбе изҳори сипос кард ва дархостҳои тарафи Тоҷикистонро пазируфт. Баъд аз дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имоми исмоилиёни ҷаҳон гуфт, эътирофи ҳуқуқии марказ имкон хоҳад дод, ки "ҷомеаи исмоилиёни Тоҷикистон худро ҳамон гуна ки дар кишварҳои дигар аст, созмондиҳӣ кунад ва ниҳодҳои бунёдии ин ҷомеа фаъол гарданд."

Аммо Тоҷикистон аз ин мулоқот чӣ хоҳад гирифт? Мақомоти расмии Душанбе дар ин бора норӯшан ҳарф задаанд, аммо боз ҳам худи раҳбари исмоилиён масъалаҳоеро, ки дар мулоқот баррасӣ шудаанд, номбар намуд: “Он чӣ ба мулоқот бо ҷаноби раисҷумҳур рабт дорад, мо вазъи минтақаро таҳлил кардем ва қисмате аз сӯҳбатамонро ба масъалаҳои зербинои миллии иқтисоди Тоҷикистон бахшидем. Зеро ҳар кишвар ҷузъе аз равандҳои ҳамгироии минтақавист ва ин ки ин кишвар бояд фаъол бошад, хеле муҳим аст.»

“Вазъи минтақа”  ва “зербинои миллии Тоҷикистон” дар ин сӯҳбатҳои имом Оғохон вожаҳои калидӣ буда метавонанд. Таври маълум рӯёрӯӣ бо Узбакистон, муносибатҳои начандон рӯшану ҳамвор бо Русия, вазъи Афғонистон дар ростои хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 метавонанд ба ибораи аввал ва шиддат гирифтани роҳбандон ё бунбасти коммуникатсионии Тоҷикистон, ниёз ба энержӣ ва зарурати сармоягузориҳои хориҷӣ ба дувум рабт гиранд.

Мамадшо ИлоловМамадшо Илолов
x
Мамадшо Илолов
Мамадшо Илолов
Вале оё дар робита ба “вазъи минтақа” пешвои исмоилиёни ҷаҳон ба ҳалли мушкилҳои Тоҷикистон ёрӣ карда метавонад?  Раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, Мамадшо Илолов мегӯяд, “фикр мекунам, ки метавонад, зеро дар таърихи 20-солаи мо чунин ҳолатҳо буданд ва чанд мисол ҳаст, ки ҳазрати Оғохон бевосита ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон сари кор гирифтанд ва натиҷаи хуб ҳам оварданд ва дар оянда ҳам чунин мешавад, чунки нигоҳи ин шахсияти барҷастаи байнулмилалӣ ба Тоҷикистон хеле нек аст. Тоҷикистонро дӯст медорад. Ва дар байни Оғохон ва президенти кишвар ҳамдигарфаҳмӣ хеле хуб аст. Ман боварӣ дорам, Оғохон тарафи Тоҷикистонро мегираду ба мо кӯмак мекунад.”

Ба ақидаи бисёре аз таҳлилгарон, ёриҳои Оғохон ба Тоҷикистон дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ва бозсозии баъдиҷангии Тоҷикистон шиддати иҷтимоиро коҳиш дода, мавзеъгирии сиёсии ӯ ба нармиши мухолифони ҳукумати Раҳмон ва пешрафти гуфтушуниди сулҳ мусоадат кард. Сармоягузориҳои Шабакаи Рушди Оғохон дар риштаҳои энержӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба намунаҳое табдил ёфтанд, ки сармояҳои бештари хориҷиро ба кишвар ҷалб намуданд.
Шабакаҳои Оғохон дар наздик ба 40 давлати ҷаҳон фаъолият доранд ва гардиши солонаи онҳо зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бо нашри хабар дар бораи бунёди чаҳорумин пул рӯйи рӯдхонаи Панҷ ва байни Тоҷикистону Афғонистон як маҷаллаи ғарбӣ худи Оғохонро ба пуле монанд кардааст, ки ҷомеаҳо ва қораҳо, дин ва бизнес, даромад ва накӯкорӣ, Ғарб ва Шарқ, сарватмандон ва камбағалон, ҳукуматҳо ва мухолифонро ба ҳам мепайвандад. Моҳи октябри соли 2006 ҳангоми ифтитоҳи пули нав дар Ишкошим пешвои исмоилиён гуфта буд: “Вақте ки ҳамсозӣ мешиканад ва низоъ сар мезанад, пеш аз ҳама пулҳоро тахриб мекунанд, аммо вақти оштӣ ва ва бунёдкорӣ пулҳое месозанд, ки бояд ба рушду рифоҳ хидмат кунанд.”

Артем УлунянАртем Улунян
x
Артем Улунян
Артем Улунян
Ба ақидаи Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, Тоҷикистон аз Оғохон пеш аз ҳама кӯмакҳои молиявӣ мехоҳад ва Оғохон бо назардошти манфиатҳои худ, яъне суботу амният дар Тоҷикистон, некӯҳолии мардуми он ва аз ҷумла ҷомеаи исмоилиҳо ва рушди “Исломи фарҳангӣ” тайи солҳои дароз чунин имдодро расондааст. Вай меафзояд, аз эҳтимол дур нест, ки ҳоло мақомоти Душанбе аз Оғохон як навъ миёнаравӣ бо Ғарбро низ хоста бошанд: “Тоҷикистон ҷӯёи пуштибонии муайян дар хориҷ аз минтақа аст ва пеш аз ҳама дар байни онҳое, ки дар умури минтақа дахиланд, аммо ҳамзамон ба Тоҷикистон бегона нестанд. Дар ин самт он аз ягонагии миллатҳои форсизабон низ истифода мекунад, яъне Тоҷикистон, Эрон ва шимол ё тамоми Афғонистон. Гузашта аз ин Оғохон ба доираҳои ҷамъиятӣ ва метавон низ гуфт, сиёсии Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида таъсири муайяне дорад. Биноан, барои Душанбе як канали муайяни муколама бо Ғарб, як канали мустақил, хеле муҳим шудааст.” 

Аммо корманди Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Комёб Ҷалилов сафари Оғохонро як сафари корӣ барои баррасии тарҳҳои нави иқтисодӣ мешуморад ва мегӯяд, вазъи минтақа ё робитаҳо бо Узбакистону Русия дар ин ҷо нақше надоранд. Ҳамзамон ӯ низ равобити наздики Оғохон бо Ғарбро тасдиқ мекунад, аммо меафзояд, ки “дар ҳамаи ҳаракатҳо манфиат муҳим ва ҳалкунанда аст ва пас манфиате дар байни ду ҷониб мавҷуд аст, ки онҳоро ба ҳам меорад.”

Комёб ҶалиловКомёб Ҷалилов
x
Комёб Ҷалилов
Комёб Ҷалилов
Яке аз аввалин тарҳҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон бозсозӣ ва такмили нерӯгоҳи “Помир 1” буд, ки мафҳуми “лимити барқ”-ро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз байн бурд. Баъдан тарҳҳои дигари энержӣ иҷро шуданд ва дар ин сафараш Оғохон ҳамчунин қарордодеро ба имзо расонд, ки интиқоли барқ ба Афғонистонро дар назар дорад. Дар солҳои баъд шӯъбаҳои Бонки сармоягузории хурди Оғохон дар ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оғохон дар Тоҷикистону Қирғизистон боз шуд&

Дар соли 2002, ҳангоми мулоқот бо раисиҷумҳури вақти Русия, Владимир Путин, Оғохон иқрор кард, ки “хайру саховат ба маънии фақат ба одамон тақсим кардани пул нест.” Вай гуфта буд, ҳадафаш сармоягузориест, ки одамон худ соҳиби пул шаванд ва ба дигарон ёрӣ кунанд. Ба қавли Мамадшо Илолов, ҳоло дар намояндагиҳои ин ду ниҳод дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 шаҳрванди кишвар машғули коранд ва ниҳодҳои бонкии Оғохон ба даҳҳо ҳазор нафар қарзҳои боимтиёз дода, бо ин роҳ дар рушди соҳибкорӣ саҳм мегиранд.

Созмондиҳӣ шудани ҷомеаи исмоилиёни Тоҷикистон аз як сӯ ба густариши фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Бунёди Оғохон ва ҳам Шабакаи Рушди Оғохон роҳ боз мекунад, аммо аз сӯи дигар мумкин аст, хатти байни суннӣ ва шиъаро дар ин кишвар намоёнтар кунад. Сабаб дар он аст, ки сохтори ниҳодҳои иқтисодии Оғохон дар ҳамаи кишварҳо шаклбандии ҷамоатҳои исмоилиро такрор мекунад. Муаллифони ғарбӣ чунин шабоҳатро дар мисоли “кумитаҳои тиббӣ” ва ҷамоатҳо таҳқиқ кардаанд. Пас аз мулоқоти рӯзи 4-уми апрел бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Шоҳзода Оғохон “ниҳоди оштӣ ва доварӣ”-ро намуна овард, ки хоҳад тавонист, мисли додгоҳҳои ҳакамӣ баҳси байни одамонро дар ҷомеаи исмоилиён ҳал кунад ва онҳоро оштӣ диҳад. Шарҳ дода нашуд, ки баррасӣ бар пояи қонунҳои шариат сурат хоҳад гирифт ё кодексҳои мавҷуда.

Коршинос Улунян мегӯяд, таваҷҷӯҳ ва ҳамкории наздики Тоҷикистон бо Оғохон як руҷӯъ ба Исломи мӯътадил ё ба таъбири ӯ, “фарҳангӣ” низ аст ва он ҳам дар ҳоле ки “ҳукумати Тоҷикистон ахиран нигаронии бештаре аз исломгароӣ, равияҳои шабеҳи салафӣ ё куллан  сиёсатзадагии ислом нишон медиҳад.”

Ҳикматуллоҳ СайфуллоҳзодаҲикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
x
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
Таҳлилгари маркази “Диалог” ва узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода мегӯяд, бархӯрди мақомоти кишвар бо Ислом солҳои охир  “як навъ духелагӣ ё думеъёрӣ пайдо кардааст. То ҷое ки низоми феълии Тоҷикистон худро ҳомии мазҳаби ҳанафия мешуморад ва онро мазҳаби расмӣ эълон кардааст, аммо дар ин байн Исломи сиёсиро зери фишор қарор медиҳад." Ба ақидаи Комёб Ҷалилов, дар ин раванд баҳси байни мақомоти расмии динӣ ва хонадони Тӯраҷонзодаҳо, ки ба шиъагарӣ муттаҳам шудаанд, "як иштибоҳи тарафайн" мебошад. Ҳарду ҳамсӯҳбатони мо бар инанд, ки Тоҷикистон аз баҳсҳои байнимазҳабӣ, ки дар дигар кишварҳо фоҷиа ба бор меоранд, орист ва бояд чунин бимонад.

Назарияи худи Шоҳзода Карим Оғохони 4 дар масъалаи Ислом ба гунаест, ки ӯро ба пули байни ду мазҳаб монанд мекунанд. Вай хостори ин аст, ки дин ниёзҳои маънавии инсонро бароварда созад ва дар ҷомеа на ба тундравӣ, балки созгорӣ ва ҳамкорию ҳамоҳангӣ, озодии андеша ва таҳкими сулҳ мусоадат намояд. Аз сӯи дигар талошҳои ӯ ба он равона шудаанд, ки пайравонаш таҳсилдида, пешсаф ва мардумсолор бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва ҳам Русия то солҳои 2000-ум зимни тамаркузи Оғохон ба аҳолии Бадахшон ба ин фаъолиятҳо бо чашми шубҳа менигаристанд. Он давра буд, ки баъзе матолиби манфӣ ва танқидӣ дар Душанбе ва Маскав мунташир шуд. Дар яке аз онҳо Помири Тоҷикистон барои Оғохон ба Тибет барои Далай-лама ташбеҳ шудааст. Ҳарду раҳбар ҳамзамон динӣ ва мулкиянд, аммо қаламрави алоҳидае барои давлатдорӣ надоранд. Вале таърихи 20 соли охир нишон дод, ки ҳарду ҷониб аз ҳамдигар розӣ боқӣ монда, Тоҷикистон Оғохонро дӯсти худ мешуморад ва дар лаҳзаҳои мушкил ба ӯ рӯйи ниёз меорад.

Таблиғи филми мустанаде аз ҳаёту корнома ва андешаву ақидаҳои пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони 4:

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 
Ном: Точикбача аз: Точикистони азиз
06.04.2012 15:32
Точикистон дар масъалаи чалби сармоя набояд ба Шабакаи Рушди Огохон умед бандад, чунки имкониятхои молиявии ин шабака махдуданд.Дуруст аст ки 3000 нафар дар чумхурии мо дар бахшхои гуногуни ин шабака кор мекунанд, вале махалчигие ки дар сохторхои ин шабака аст дар ягон идораи давлати дида намешавад.Дар он чо аслан бародарони бадахшониро ба кор мегиранд.Ва "бегонагонро" дидан намехоханд.
Дар мавриди сабти хукукии Маркази исмоилия бошад гуфтаниям, ки давлати мо дар масъалахои дини рахгум задааст.Аз як тараф факат ханафи мегуяд ва аз тарафи дигар исмоилихоро дастгири мекунад.Ман шахсан хеч мушкилоте бо исмоилихо надорам.Дар дин мачбури нест.Вале хукумат бояд дар кайди масчидхо ва тарбия кудакон дар рухияи исломи ва ханафи кушишхо нмояд.
Ман хамчун точики баор бисёр норохат мешавам, вакте ки баъзе аз бародарони бадахши мегуянд ки мо точик нестем.Хол он ки ман сад дар сад бовари дорам ки аз хама ТОЧИКТАРИН ТОЧИКХО махз дар Бадахшон зиндаги мекунанд.Онхо на бо туркхо,на бо арабхо ва на бо мугулон омехта нашудаанд.Ва точикони асил хастанд.Бо муйхои зард ва чашмони кабуд.

Худованд точикони хамаи минтакахо ва чахонро муттахид созад ва хидоят намояд!!! ОМИН
Дар посух

Ном: Некруз аз: Замин
06.04.2012 17:19
Бародари чони агар мо Бадахшонихоро Точики тоза дони пас чаро моро аввал мусулмон нахонда кофир хондед?.Дуюм кадом падари Точик духтари худро бар Помири ба зани додааст,чунки метарсед,ки 7-пуштат харом мешавад. Агар гапе нохак гуфта бошам ва ё касеро ранчида бошам сад бахшиш!!!
Дар посух

Ном: Парвиз аз: Душанбе
09.04.2012 13:54
Хама аз номи Ислом гап мезанед, ку бигуед дар кадом китоб ё хадис ин сухан чой дорад? Мардуми Бадахшон аз шумо вори арабомехтахои арабпараст хазорон бор ватандусттаранд. Игворо мисли ту касоне меандозанд, ки чудои ва душмании байни точиконро мехоханд ва ту хам барои он ки нодон асти, аз ин кори онхо химоят мекуни ва барои хамин ахволат боз сад соли дигар хамин хел мемонад - камбагал ва гулом!
Дар посух

Ном: Safo аз: Badakhshon
06.04.2012 17:19
Islom dini sulh vahdat sakhovat va furutani hast(Mawlono Hozir Imom) Charo ki ismoliliya ham yak shokhai islom dar barobari digar firqaho(73 firqai islom)meboshad..Дар мавриди сабти хукукии Маркази исмоилия бошад гуфтаниям, ки давлати мо дар масъалахои дини рахгум задааст.Аз як тараф факат ханафи мегуяд ва аз тарафи дигар исмоилихоро дастгири мекунадBarodari aziz charo boyad onhoro dastgiri nakunand????????????????.
Дар посух

Ном: Rostkavl
06.04.2012 17:27
Ajoib gap mezaned. Oghoxon peshvoi Ismoiliyoni jahon ast, pas chi joi taajub ki ba muridonash yodram mekunad??
Dar masalai mahalchigi ba shumo boyad malum boshad ki mahalchigi dar idorahoi digar (hukumat, UN, World Bank va digarho) dar kadom sath ast...
Дар посух

Ном: Рустам аз: Душанбе
07.04.2012 21:04
Ба Rostkavl

Бародари азизи ман! Махалгарои дар сатхи давлати Точикистон бисер сахт рафтагияй, локин агар мо худро аз ин бемори дур шуморем ва гуем, ки масъалаи дину ойин хам дар миен аст, бояд комилан поку тоза бошем. Зеро ки манфиати мо -- одамони пок ба фарк аз хукумати Рахмон миллат ва мардуми мо бошад, на чизи дигар. Агар шиъор ин бошад, ки онхо ин корро карданд, чаро мо ун корро накунем, дуне вайрон хохад шуд, азизам. Шумо ва хамаи одамони хайрхох набояд аз намунахои бад ибрат гирем, балки аз намунахои нек ва худмон низ намунаи нек шавем. Худованд мададгорат!
Дар посух

Ном: мозандарон аз: ванч
06.04.2012 21:30
Точикбача дар хакикат мо мардуми бадахшон бехтарин ва точиктарини точикон астем лекин дар точикистон бадтарин рузхо мо бадахшонихо дорем ва агар мо бадахшонихоро хукумати точикистон точик буданамонро кабул надорад ва агар кабул медошт барои мо чои кори ва шароитхои мехнати мухаё мекард барои хамин мо барои хамин хукумати имруза точик нестем ва аз бадахшони буданамон фахр дорем ва иншоллох меояд рузе ки мо бахтарин ва баномустарин точик будани худамонро нишон медихем
Дар посух

Ном: Ардашер аз: Душанбе
09.04.2012 13:33
Ки мегуд, ки шумо точики тоза хастен Бадахшонихо!? Агар точики тоза мебуден акалан як калиматон ба калимаи точики мутобикат мекард! Ин хама дуруг хаст! Ман таърихи шумора медонам аз кадом оила пайдо шудагиен. Вате, ки Искандари Македони аз хамин каторкуххои Помир мегузашт, дид ки маюбону захмхурдаву пиронсолони бе мадор бисёр дорад, хост хаминора дар хаминча партояд ва хамин хелам кард, то ки барои пирузии дигар чангхо даст ба гиребон нашаванд. Аммо у намедонист, ки инхо дар ин каторкуххои Помир зинда мемонанд ё баръакс. Дар вокеъ зинда монданд ба амри Худованд. Аз хамин сабаб инхо ба мардуми Гарби бисёр монанданд, хусусан ба немисхо.
Дар посух

Ном: Ismaili аз: Pamir
07.04.2012 08:40
Yo Ali Madad. Бародар Точикбача: Якум ин ки дуоят бо максади аслият баробар нест. Дуюм умед бояд на танхо ба Шабакахои Рушди Огохон, балки ба худи Хозиримом бастан зарур аст, зеро дар чомеаи чахон бо саховатмандиву адолатхохи, сулхчу будану дониши мукаммал доштан маълуму машхур ва авторитети беназир доранд. Чун аз Ахли- Байт хастанд. Сеюм дар масъалаи махалчиги ба фикрам барои хамаи точикон маълум аст, ки дар Точикистон чи хол аст. Чорум хатогии Уммавиёнро такрор макун, ки онхо нисбати Исмоилиён гараз доштанд ва ба хамин васила Абуханифа Нуъмони Бузургро ба зиндон андохтанд, зеро Абуханифа доимо аз Ахли-Байт дифоъ намуд, чун шогирди Имом Чаъфари Содик буданд ва ба Хонаводаи Али (а) эхтиром гузоштанд. Панчум дар масъалаи точик будан ё набудан гуфтаниям, ки Хозиримомро дар чомеаи чахон хамчун шахрванди чахон - Гражданин Мира муаррифи менамоянд ва хамаи Исмоилиён низ бар он кушишанд, ки барои кулли инсоният-башар новобаста аз дину мазхабу нажоду махал хидмат намоянд.
Дар амони Худо бошед.
Дар посух

Ном: Сафо. аз: Дунё.
07.04.2012 21:09
Эй исмоили фарк байни ману ту ин аст ,ки ту ё Али ё Мавлоатро фарёд мезани ,Ман факат ва танхо факат Рабамро АЛЛОХ-ро мехонам ,ва аз У мадад мехохам.
Дар посух

Ном: Абубакр
08.04.2012 01:02
Ё Аллох! мадад.
Якум ин ки суханат бо калимаи ширкомез огоз шуд.
Дуюм ин ки ризк аз чониби Аллох аст ва умед бастан ба махлук ширки махз аст. Сеюм ин ки холате ки дар Точикистони мо хаст, аксарияти давлатхои дунё ба ин маризи грифторан. Чахорум ин ки тамоми мусалмонони ахли суннат нисбати ахли байт эхтиром коиланд ва хатто дар намоз ба ахли байт салавоту дуруд мефиристанд. Мутаассифона баъзе мазохиби ба номи "Ахли байт" ки гайр аз фахшу нафрин ва лаънат хондани ёрони бовафои Паёмбари гиромии Ислом дигар мавъизае хайре надоранд. Дар бораи Имоми Аъзам гуфти, хубтараш таърихро хубтар мутолиъа кун. Панчум ин ки назди Парвардигор рангу нажод ва сиёху сафед хама яксонанд, меъёри санчиш дар Ислом амал аст на шиносномаи "Гражданин Мира" . Худованд мову шуморо аз чумлаи мувахидон бигардонад.
Дар посух

Ном: Mu'min аз: Zamini Aloh
07.04.2012 11:33
Assalomu aleykum barodaroni ahli Islom. Man yak shahsi betarafe, ki na ba inu na ba on kordoram. Fakat javob ba barodaram Tojikbacha menavisam: вале махалчигие ки дар сохторхои ин шабака аст дар ягон идораи давлати дида намешавад.Дар он чо аслан бародарони бадахшониро ба кор мегиранд.Ва "бегонагонро" дидан намехоханд. Javobi posuhi hudro az hayati Hukumati kununii kishvari mahbubamon yofta metavoni. On "kahramonihoe", ki dar dohil jo dorand hojati ifsho nestand. Hudovand nigahbonat boshad. Omin yo Rabbilolamin!!!
Дар посух

Ном: рачаб аз: точикистОн
09.04.2012 12:53
Аслашро гуфти.Ахсан ба ту.
Дар посух

Ном: Гумном аз: Фаронса
09.04.2012 15:54
Хофиз аз даст мадех давлати ин киштии Нух,
Варна туфони хаводис бибарад бунёдат.
(Хоча Хофиз)

Ёри мардони Худо бош , ки дар киштии Нух,
Хаст хоке , ки ба обе нахарад туфонро.
(Хоча Хофиз)
Дар посух

Ном: Фаридун аз: Рушон
09.04.2012 16:25
Эй , ки иншои Уторуд сифати шавкати туст,
Акли кул чокари тугрокаши девони ту бод!
(Хоча Хофиз)
Дар посух

Ном: Салохиддин аз: Душанбе
10.04.2012 00:27
Чаноб и Шохзода Огохон Карим шонси бузург дорад, ки мазохиби шиьа ва сунниро дар мисоли Точикистон бо хам шафик ва вохид гардонад. Махз ин шахси бузург ва Имоми Замон метавонад пеши рохи тундравию тундгароии мусулмонони кишвари моро бигрирад. Хам дар сухан ва хам дар амал.

Ном: Беном
06.04.2012 15:51
Дар вакти мушкилихо ба фарк аз арабхо ба точикон дасти кумак дароз карду гаразе хам талаб накард. Ташаккур аз у.
Дар посух

Ном: Каландар аз: Душанбе
09.04.2012 11:32
Бале ман тарафдори ин гуфтахои Илолов дар таърихи 20-солаи мо чунин ҳолатҳо буданд ва чанд мисол ҳаст, ки ҳазрати Оғохон бевосита ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон сари кор гирифтанд ва натиҷаи хуб ҳам оварданд ва дар оянда ҳам чунин мешавад, чунки нигоҳи ин шахсияти барҷастаи байнулмилалӣ ба Тоҷикистон хеле нек аст. Тоҷикистонро дӯст медорад. Ва дар байни Оғохон ва президенти кишвар ҳамдигарфаҳмӣ хеле хуб аст. Ман боварӣ дорам, Оғохон тарафи Тоҷикистонро мегираду ба мо кӯмак мекунад.”
Дар посух

Ном: карим
23.04.2012 14:01
ТОЧИКИСТОНРО не балки факат Бадахшони онро дуст медорад
вагарна чаро факат кумакхояш ва барномахои ташкилоташ ба бадахшонихо асту бас
чи мардуми дигар манотики Точикистон инсон (ё гражданин мира ) нестанд магар?
Дар бораи махалчигие ки дар созмонхои огохон мавчудааст бародарон сад дар сад суханашон рост аст
Ва инчунин дар Россиия бадахшонихо худро точик намегуянду " памирец" мегуянд.Магар точики асил чунин рафтор мекунад
Сафари навбатии огохон хеч хел мархилласоз нест чунки тамоми коре ки созмонхои у дар ватанамон мекунад факат барои Бадахшон аст.Хаматон медонед ки Точикистон як бадахшон нест

Ном: KUMAK аз: KUMAK
06.04.2012 15:57
yak chiz baroyam xele ajoib ast, Tojikiston tarixi 10000 sola doradu cathi zindagiash bad ast. Cozmonhoi gayri davlati dar Tojikiston (ba gayri Badaxshon) shumoraashon ziyod lekin mardum to hanuz kashook va sargadon. Oxir Tojikiston Cohibi 2 - viloyat ast hukumati tojikiston nametavonad in 2 viloyatro tamin cozat.
Ҳарду раҳбар ҳамзамон динӣ ва мулкиянд, аммо қаламрави алоҳидае барои давлатдорӣ надоранд.-- Qramrav baroi davlatdori ba har du roxbar darkor nest agar darkor boshad mekunand.

Ном: Gharib аз: Dar Gharibi
06.04.2012 16:39
Ofarin ba janobi Oghoxon Xudo umri daroz nasibash kunad.
Az Ismoiliyoni peshina xelo farq mekunand. Sulhxoh, obodgor, insondust va kumakrason shudand. Umed doram hamai insonho haminxel shavand.
Дар посух

Ном: Ismaili аз: Pamir
07.04.2012 00:41
Yo Ali Madad. Исмоилиён дар хама давру замон сулххох, ободкор, инсондуст ва кумакрасон буданд. Исботи он Давлати Исмоилии Фотимиён аст. Барои тавзехоти бештар китоби муаллифи рус Плеханов "Раскрытая ладонь. Ага-хан и его мюриди"ро мутолиа намоед.
Дар амони Худо бошед.
Дар посух

Ном: Ismaili аз: Pamir
07.04.2012 13:46
Yo Alloh, Yo Muhammad, Yo Ali. Аллоху Мухаммаду Али аз як Нуранд. Рух-Нур абадист.
Худо нигахбонатон бошад.
Дар посух

Ном: Тахлилгар . аз: Казон.
07.04.2012 21:15
Ин монанди хамон христианхои мушрик шуд святой троица.Во имя отца сына и святого духа .Э рохгумзада як тафаккур намо ,ки чи гуфта истодаи?
Дар посух

Ном: карим
23.04.2012 14:13
"Исмоилиён дар хама давру замон сулххох, ободкор, инсондуст ва кумакрасон буданд."-бародари азиз як нафар ки номаш " хасани саббох" аст медони? агар надони китобхои таърихро кушода хон ки чи кадар сулххох буду ободгар
Дар посух

Ном: карим
23.04.2012 14:14
хасани саббох касе буд ки хамачоро месухту ва хамаро мекушт
сарвазири салчукихо НИЗОМУЛ МУЛУКРО одамонаш ба катл расониданд

Ном: Хамватан
06.04.2012 18:17
Хамватанхои тангназари бесавод, илтимос сухбатро ба мазхабу махалу кулобиву гармиву помири набаред. Инчо гап зари як масъала аст, Огохон дар хамин мархилаи барои миллати мо мушкил чи коре карда метавонеад! Аз модератори Радиои Озоди як хохиш, коментхои пурмазмунро чоп кунед, ки мо донем ки ин кори мо бо Узбакистон ба кучо мекашад?

Ном: Умедвор аз: Tojikiston
06.04.2012 19:31
Ташаккур Аюбзод, барои самимият ва нияти хайр!
Дар посух

Ном: Зиракбой аз: Душанбе
07.04.2012 21:07
Ин кас нийяти хайр надорад, зеро максадаи суханаш ин аст, ки як Огохон аз тамоми хукумати Точикистона бехтар кор кард ва хамин хел рафтан гирад, одамони Огохон хукуматро зери даст мегиранд, зеро ки пули калон доранд ва чи хел "кор" фармудани ин пулро хуб медонанд.
Дар посух

Ном: Доно аз: Ба Зиркабой
08.04.2012 20:56
Макола ягони нияти бад надорад, балки вокеиъиятро гуфтааст, аммо нияти худат хайр нест Зиракбой ва мехохи оби тозаро хам лой куни. Дуне аз дасти ту баринхо ба дод омадасст.

Ном: Tojik аз: Tojikiston
07.04.2012 03:01
Barodaron, vakht nishon medihad ki baroi mo Tojikistonamon barodar astu ki nest. Dar solhoi okhir Okohon fakat bo korhoi neki khud taloshi ziyod karid ki in makon dar sulhu obodi ravona boshad.

Dar panohi Khudo boshed

Ном: Беном
07.04.2012 12:13
Хазорон рахмат ба Огохон,ки дар давоми 20-сол ба мардуми Точикистон кумак ва дастиери мекунад. Ин нишонаи шахсияти бузург будани онро нишон медихад.Агар касе,ки точик бошад но вобаста аз махалу чои зисташ аз чунин бузургон гироми кунад ва бифахрад.Ин шахсият хамеша бо мову шумост. Барои хамин касе,ки дар озоди гап менависад аввал нагз фикр кунад ва баъд бинависад.Ва хушер бошед,ки дар атрофи Точикистони азиз ачнабиен чи корхо карда истодаанд то,ки точиконро боз ба хушунат гирифтор кунанд.Як хел одамоне,ки гап аз номи точик менависанд худ точик нестанд ва максади онхо дигар чиз аст.

Худо Огохонро дар панохаш нигох дорад. Хуб мешуд,ки сарватмандони точик,рухониени точик-домулохои сарватманд акалан дар чои зисти худ як пул е як мактаб ва е як хона ба ягон ятим месохтанд то,ки дар Шахринав бачахо дар кахдон намехонданд.

Ном: гариби аз: Москва
07.04.2012 14:05
тамоми мусалмонони чахон бояд аз Мавлоно Шохкарим ал-Хусайни ибрат гиранд,дини ислом дини сулхи ва созанда аст,мо бояд ба дигар динхо маданият ва саводнокии худро нишон дихем,Дидор муборак хамватанони азиз!!!!!!
Дар посух

Ном: Али аз: Бадахшон
07.04.2012 18:54
Вокеан Ого хон корхои зиёдеро анчом додааст барои тахким бахшидани зиндагии ва некуахволии мардум. Аммо ман дар симои у як шахси нихоят хайрхохро мебинам, на чехраи мазхаби...
Дар посух

Ном: Рустам
07.04.2012 21:27
Яъне чехрахои мазхаби набояд хайрхох бошанд?
Дар посух

Ном: Malimjoni teologiya аз: donishgohi nomdor
08.04.2012 00:25
Peshvoi mazhabist ku. Yo ki nafahmida mondi? Ai ai ai, kak tebe ne stydno :(
Дар посух

Ном: протест
12.04.2012 15:23
ин дуруг аст ки кори бисёре кардааст
хамаи он маблагхоро аз Созмони Аврупо ва дигар ташкилотхои байналхалки чалб намудаасту хакки худро албата гирифтааст

Ном: Алекс аз: Душанбе
07.04.2012 18:28
Хасани Сабохро мешиносед? Не? Пас ман мефахмонам. Аз пайравони исмоилия буд. Аз аввалин террористоне буд, ки ба катлу горату куштор машгул буд. Баъд ин ки, ягон кумак бегараз нашудааст. Кумакхои Огохон низ бегараз набудаанду нестанд. Охиста-охиста маълум мегардад, агарчи точикистонихо ин кумакхоро набояд фаромуш кунанд. Зеро дар лахазоти хассос махсусан ба мардуми Бадахшон кумаки ин Фонд расидааст.
Ба Ismaili аз: Pamir. Бародар, аз хазрати Али нею аз Худованди бузург мадад пурсидан даркор. Махз барои хамин хатто дигар фиркахои шиа, масалан, иронихо, ба исмоилихо душмани доранд.
Худованд хамаи мо точикистонихо, чи мусулмону чи насронию чи дигархоро дар панохаш нигох дорад.
Дар посух

Ном: Юстас аз: ба Алекс
07.04.2012 21:09
Алекс, сирро фош карди ку! Хасани Саббох хоинони дину миллат ва арабпарастонро аз байн мебурд, вайро террорист гуфтан намешавад. Бовар накуни аз Штирлицат, яъне офисери рахбарат як пурс.
Дар посух

Ном: Odil аз: Ishkashim
11.04.2012 15:43
BA NOMI KHUDOVANDI POK AGAR BARODARONU KHOHARONI SUNNIMAZHABI MO KIRDORU RAFTORASHON HAMIN TAVR BOSHAD MAN AZ ISLOME KI UNO DORAND 1000 BOR KHUDMA DUR MEKNM....MAN BOVARI DORAM KI HALI DONISHMANDINI MAZHABI HANAFI INGUNA FIKRU KHAYOLI KHOM BA SAR NADORAN CHUN IN GUNA KALAVARAMON....NAKHOD AZ HADISHOPI HAZRTATI MUHAMMAD (S) BE KHABARED...NAKHOD IMOMI BUZURGI SHUMO IN GUNA BADBINIORA BA SHUMO MEROS MONDAST....YO KI AMU IMOMHOI KALAVARAMI SHUMO DAR MASJIDHO BA SHUMO IN GUNA SUKHANHORO MEOMUZONAND....MUSLUMON KHUDRO MESHUMORI BO GAPHOYATON AZ HAZOR KOFIRAM BADTARED.....KHUDO SHUMO VA MORO DAR DONISH BIAFZOYAD...
Дар посух

Ном: Malimjoni tarix аз: Maktabi daruni kahdon
07.04.2012 22:17
Bahoi Aleks 3-i nimjon, ba dars xudro xub tayor nakarda omadaast.
Дар посух

Ном: Директор аз: синфи 3-ж
08.04.2012 00:17
Алексбуст ту тафрикаандози - буро аз синф!
Дар посух

Ном: Ismaili аз: Pamir
08.04.2012 00:43
Yo Ali Madad. Ачоиб номи мусалмони Алекс. Хато карди, фарк дар байни ахли шиаи Исмоилия ва дигар тарикахои шиа дар Yo Ali Madad нест. Хатои дигар ин терарист хондани Хасани Саббохро. Аввалан ин, ки агар Хасани Саббох намебуд, имрузхо бо ин забон (форси-дари-точики) гап намезади, харф наменавишти. Ин шахси Бузург буд, ки фарханг, забон, миллат, идхо (аз чумла Иди Навруз), урфу одати мардуми Эронинажод боки монд. Дуввум террорист гуфтани ин шахс ба он шабохат медихад, ки имрузхо дар олами Гарб кулли Мусулмононро бархатто террорист хонда истодаанд. Албатта бо сабаби он, ки нуфузи Мусалмонон дар чахони имруза зиёд шудааст. Дар он давра хам Исмоилиён нуфузи зиёд доштанд. Чун дар тамоми сохахо олимони барчаста доштанд. Ин олимон бошанд, аз хамон Донишгохи Ал-Азхари Давлати Фотимиён, ки онро Исмоилиён бо Yo Ali Madad барпо намуданд, баромаданд. Агар аз таърих огох бошед медонед, ки барои паст кардани нуфузи ягон давлат ё шахсият аввалан бояд номи онро паст кард. Бо ин васила салибиён (крестоносцы), саёхатчиёни аврупои ба монанди Марко Поло бо ёрии баъзе аз душманони Исмоилиён ба хар бахона бо фиребу найранг кушиш намуданд, ки аввалан номи Исмоилиёнро паст зада ва баъдан хамаи онхоро несту нобуд созанд. Хамин сабаб шуд, ки давлати бузурги Исмоилиён – Давлати Фотимиён аз байн рафт. Китобхонахои номии он нобуд гаштанд. Олимони барчастаи он таъкиб шуданд, баъзеашон фирор шуданд. Кисми зиёдашон никоби суфиро гирифтанд. Шукронаи Худо ба хамаи ин душворихо нигох накарда, фарханги бой ва мазхаби поки Исмоилиён то кунун боки монда, имрузхо охиста – охиста нуфузи он зиёд гашта истодааст. Иншоаллох дар оянда боз олимони барчастаи Исмоили дар хидмати кулли инсоният-башарият ба воя мерасанд.
Худо нигахбон.
Дар посух

Ном: Зохиршо аз: Ванчи Боло
08.04.2012 02:22
Алекс ягон хато накардааст. Таърихро бори дигар нагз хонед. Хасани Сабох террористе буд, ки ахли суннатро асосан мавриди куштор карор медод. Бинобар истеъмоли моддахои нашъаовар пайравони уро "хашишиюн" мегуфтанд.
Оиди бадбинии дигар ахли шиа нисбати исмоилихо таърихи Иронро аз назар гузаронед, ки чигуна бо исмоилихо мубориза бурдаанд. Як бор дар назди ягон ирони худро исмоили гуеду назари онхоро оиди исмоилихо пурсед.
Оиди ин масъала ба Интернет мурочиат кунед.
Мусулмон аз Худованд мадад мепурсад, на аз хазрати Али ё аз Огохонхо.
Гумон мекунам Юстасу Ismaili аз: Pamir ва дигар посухнависони Алекс як нафар хастанд.
Дар посух

Ном: Adolat аз: Dunyo
09.04.2012 10:10
Ба: Зохиршо, аз Ванчи Боло: Бародари Зохиршо хайфи ту ки чунин суханхои бедарак мегуи. Ту ки аз Ванчи Боло боши, бояд сараввал бифахми ки забони шумо сараввал помири буд ва баъд тахти таъсири ё кулобихо ё дарвозихо точики гашт. Аз калонсолони сохибмаълумот (аз мутаассибон не) пурсед, посухро меёбед.

Дар мавриди Хасани Саббох хам худат ва хам Алекс, ки аллакай "гумшуда дар фарханги бегона бо номи бегона" аст, галати махз кардаед, чун китоб варак намезанед. Бовар дорам ки шумо танхо суханони пучи нимчамуллохои каллаварамро болотар аз Куръон кабул мекунед. Магзи шумо холо ба кор надаромада, бинобар ин танкиди бехуда накунед. Аввал таърихро хуб хонед баъд бо нарми ба бахс бипардозед, АГАР мусалмон бошед. Холо шумо "мусалмонед", яъне хануз не.
Хасани Саббох аз абармардони торихи Ислом буд, ки хам олим ва хам мухофизи забону фархангу торихи умуман Иронзамин буд. Тасаввур кунед, ки дар торих тахти сарварии Хасан мугулон то 200 сол натавонистанд калъахои макарри урову соири мардумро гиранд. Зарбае ки уву муборизонаш ба мугулон зада буданд, на дар торих фаромуш хохад шуду на ягон раги мугул.
Ончи Алекс бо нимчазабони аз Хасан "терурист" ном бурд, дар киёмат чавоб хохад дод, наъузубиллох. Вожаи "хашишиён", ки дар урупо бо "ассасин" уро рабт додаанд, дуруги махз аст ва инро олиме исбот кард. Ассасинхо дар асл хамон "асосиён"анд, яъне пайравони нубувват ва имоматанд, ки ба коимии асос ё имом то киёмат муътакиданд. Мувофики фалсафаи исмоъили, Асос хамеша бо паёмбарон буд: Асоси Хазрати Одам Шис буд, аз Хазрати Иброхим Исмоъил, аз Хазрати Мусо Хорун, аз Хазрати Исо ... аз Хазрати Мухаммад (с) АЛИ буд. Мувофики фармудаи Хазрати Паёмбар (с) идомадихандаи кори у Али хохад буд ва авлоди у аз насли Хазрати Али ва духтари Паёмбар - Фотимаи Захро алайхоссалом хоханд буд, ки Имомони бархаку хозиру нозир то киёмат хоханд буд.
Вассалом.
Дар посух

Ном: Зохиршо аз: Ванчи Боло
09.04.2012 18:22

Ба Adolat аз: Dunyo
1. Ту як одам хасти, ки ин чо бо номхои гуногун: Ismaili аз: Pamir ва г. "комментнависи" мекуни.
2. Ахиран парда аз максаду ниятхои мугризонаат бардошти ва симои аслии худро нишон доди: ту точикбадбини. Ин чо сухан аз забон намеравад. Ту ки худро ин кадар доно метароши, оё намедони ки натанхо ванчихо, балки тамоми точикон дар кадим бо забонхои гуногун, вале ирониасос сухан мекарданд.
3. На ман, балки ту дар фарханги бегона хам ба миллати точику хам ба дини ислом гум шудаи. Мо ба эътикоди дигарон эхтиром дорем, вале ту акоидеро, ки 80-85 фоизи мусалмонони дунё пайрави мекунанд,"сухани пуч" мегуи ва хато мебарори. Мутаассиб ки будааст? "Нимчамуллои к@@@в@р@м" (суханони худи ту! - аз ман не) ки будааст?
4. Хасани Сабох бо мугулон чангидааст, барои хифзи калъахою хукумати худ чангидааст. Он касоне ки бо мугулони бодиянишин мубориза бурдаанд, хазорон-хазор буданд, ки на хукумат доштанду на сарвату кушк. Балки ТОЧИКЕ буданд, ки миллатпарасту ватанпарвару калби пур аз имони мухаммади доштанд.
5.Он чи ки сиёх аст бо гуфтанихо сафед намешавад ва ё баракс. Он чи ки оиди Хасани Сабох маълум аст, чи неку чи бад, таърих ба он шохид аст. Аз он чумла таърих шохид аст, ки у як маконеро бо духтарони парипайкару зебо ба он тарик тартиб дода буд, ки ба кавле "бихиштосо" гашта буд. Пеш аз ба куштор (амали террористи) фиристодани ягон нафар уро ба он чо меоварданд, бо хашишу маю ва дигар маводи нашъаовар маст менамуданд ва бо он духтарони зебо он шахс ба ишрат машгул мешуд. Ба у талкин мекарданд, ки хар касе амрхои Хасани Сабох, яъне куштани ягон мухолифи Хасани Сабохро, фаркаш набуд, ки мухолифи мазхабиаш аст ё сиёсиаш, анчом дихад, дар он дунё хамин хел айшу ишрат хохад намуд.
6. Он чи ки гурухи Хасани Сабох бо хашиш рабте надорад ва онро гуё "як олим" исбот намудааст, сухани кудаконае беш нест. Кадом олим? Он олим ном дорад? Фикри "як олим" кобили кабул аст ё сухани бештарини олимони дунё, ки "хашишиюн" будани он гурухро исбот намудаанд. Таърихро ба манфиати худ шарх надех. Таърихро нагз варак зан. Китоб хондан нахохи, Интернетро бубин оиди ин масъалахо. Ба хамин наздики дар канали телевизионии Би-Би-Си оиди чойхои таърихии Ирон намоише буд ва калъаи Аламути Хасани Сабохро низ нишон доданд ва аз истифодаи хашиш дар муборизахои Хасани Сабох сухан низ гуфта шуд. Оё метавони он намоишро тарики Интернет бубини ва огах шави ки суханони "як олим" пазириши оламиён аст ё акидаи исботшудаи аксарияти олимон?
7. Дигаронро айбдор мекуни, ки хар сухани бехударо болотар аз Куръон медонанд. Валлох, ки аз ин сухани ту хандаи буз меояд. Аз кадом Куръон ва фармудаи Хазрати Паёмбар (с) сухан мекуни, ки гуё тибки онхо идомадихандаи кори хазрати Мухаммад (с) Али (а) будааст? Хамон Куръоне, ки дар Хиндустон ту барин "мусулмонон" тартибаш доданд ва иловааш карданд, ки хазрати Мухаммад (с) ва Али (а) ду нур хастанд ва Али (а)-ро баробар ба хазрати паёмбар донистанд? Ё ин ки сухан аз акоиди он мазхабе мекуни, ки, наъузанбиллох, тибки он гуё хазрати Чабраил бояд вайхро ба Али (а) меовардааст, вале, наъузанбиллох, хато карда, онро ба хазрати Мухаммад (с) расонидааст? Агар аз пайравони хамин акидахои ботил набоши, аккалан хамин чизро чи хел фахмем, ки номи хазрати Алиро пурра бо харфхои калон ва номи пайгамбарон, хато номи хазрати Мухаммад (с)-ро танхо бо як сархарфи калон навиштаи?
8. Огохони 4 пайравони худро огох сохтааст, ки хеч гох хазрати Али (а)-ро аз хазрати Мухаммад (с) боло нагузоранд ва ё бо чаноби паёмбар баробар надонанд. Вале сад афсус, ки ту ва ТОЧИК аз: ЗАМИНИХУДО барин мутаассибону дур аз ислом хатто аз гуфтахои мавлои худатон риоя намекунед, чи расад ба фармудахои Куръони карим ва Хазрати Мухаммад (с), ки онхоро ё ба манфиати худ шарх медихед ва ё иловахои дуруг (наъузанбиллох) менамоед.




Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype