Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози даъвати баҳорӣ ё "облава"?


Мавсими баҳории даъват ба сафи артиш ва рухсати ҷавонони мӯҳлати хидматашон ба итмомрасида, моҳҳои апрел ва майро дар бар мегирад.

Бар пояи ин фармон, «шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд."

Мавсими даъват барои хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду навбат - тирамоҳ ва баҳор доир мешавад. Мӯҳлати хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон ҳатмӣ ва барои ду сол аст. Барои саркашӣ хидмати сарбозӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Аксари ҷавонон бо баҳонаҳои гуногун талош мекунанд, ки на дар феҳристи даъватшудаҳо, балки шомили рӯйхати имтиёздорон бошанд. Мисле, ки зан гирифта, соҳиби ду фарзанд шаванд ё ба Донишгоҳ дохил гарданд ва ё ҳадди ақал санади маъюбӣ дастрас намоянд.

Мақомоти давлатӣ ҷамъи афроди синни даъватӣ дар кишварро соли гузашта беш аз 600 ҳазор нафар бароварда карда гуфта буданд, ки тақрибан 150 ҳазор нафар аз ин шумор аз хидмат дар артиш имтиёз дошта, беш аз 100 ҳазори дигараш маъмулан дар Русия дар мардикорӣ қарор доранд.

Ҳодисаҳои ҳалокати сарбозон дар рӯёрӯиҳо бо гурӯҳҳои хилофкор ва ба гуфтаи сарбозон шароити номувофиқ дар Артиш онҳоро маҷбур мекунад, ки аз хизмат сарпечӣ кунанд. Бархе волидон низ дар ин кор ба фарзандони худ кӯмак мекунанд. Бархеи ҷавонони дигар розианд, ки ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд, вале аз он нигаронанд, ки оё дар ду соли набудани онҳо падару модар ва хоҳару додари онҳо ки мехӯронад ва кӣ мепӯшонад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе ҷавонони муҳоҷирон мегӯянд, хуб мешуд агар пули ба артиш нарафтани худро ба ҳукумат супоранд, то бо ин маблағ камбуди аскароне, ки хоҳиши хидмат доранд, ҳал карда шавад.

Ба ин мазмун, соли гузашта чанд созмони ҷамъиятӣ тарҳи қонуни алтернативии даъват ба хидмати ҳарбиро пешниҳод карда буданд, ки бар асоси он ҷавононе, ки хоҳиши ба артиш рафтан надоранд, бояд андоз супоранд.

Муаллифони ин пешниҳод мӯътақиданд, ки аз ин ҳисоб имкон дорад, ҷавонони бештарро ба хидмат ҷалб намуда, инчунин бо маош таъмин намоянд.
XS
SM
MD
LG