Шанбе, Апрел 19, 2014

Минтақаҳо

Бозори "Фаровон" ба коми оташ рафт

Бозори "Фаровон", бузургтарин бозор дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа, шаби гузашта ба коми оташ рафтааст.

x
Ҳаҷми матн - +
Дар пайи ин оташсӯзӣ беш аз 80 дӯкону ғурфа сӯхтаву  нобуд шудааст. То ҳол иллатҳои ин сӯхтор рӯшан нест ва хисоротеро ҳам, ки ба тоҷирони бозори "Фаровон" ворид шудааст, ҳисоб накардаанд. 
 
Аммо Абдураҳмон, як тоҷири ин бозор, ки атриёт мефурӯхт, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, танҳо худи ӯ ҳудуди 45 ҳазор долларро дар ин оташсӯзӣ аз даст дод.

Маъмурияти бозори "Фаровон" мегӯяд, пас аз дақиқ шудани иллатҳои сӯхтор ва ҳаҷми хисорот дар мавриди тақдири соҳибкрон тасмим хоҳанд
гирифт. Як намояндаи ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, имкон дорад, дар оянда барои соҳибкорони зарардида дар бозори тозабунёди "Ҳоҷӣ Шариф" дӯконҳо ҷудо карда шавад. 

Ҳабибулло Назаров, намояндаи Хадамоти отшанишонии Хатлон ба "Озодӣ" гуфт, барои хомӯш кардани ин сӯхтор, ки соати 1-и шаб рух додааст, ҳайати оташнишонӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Сарбанд, Румӣ, Бохтар ва Вахш ба Қӯрғонтеппа омадаанд. Вай гуфт, "агар сохтмони бозор мувофиқ ва роҳаш тангу дараш баста намебуд, имкон дошт, мошинҳо зудтар оташро хомӯш карда, ҳаҷми хисоротро поинтар бубаранд. Аммо оташнишонҳо асосан дастӣ ба оташнишонӣ машғул шуданд." Ба қавли Назаров, ҳоло як кумиссиюн аз ҳисоби кормандони Хадамоти оташнишонӣ ташкил шуда, ин ҳодисро таҳқиқ доранд. 

Бо ин ҳол, иддае сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Қӯрғонтеппаро "ба ҳам расидани ноқилҳои барқ" медонанд. Ба бовари онҳо, рӯзона дар маркази вилояти Хатлон барқ нест ва шояд баъзе аз тоҷирон васоили гармидиҳии худро хомӯш накарда рафтаанд.  

Бозори "Фаровон" дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа воқеъ буда, дар маҷмӯъ ҳудуди ҳазор нафар дар он ҷо кор мекард. Чунин оташсӯзӣ дар чандин бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе, аз ҷумла "Саховат" ва "Корвон" ҳам ба вуқӯъ пайваста, ба тоҷирон ҳазорҳо доллар зиён расонидааст.







Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 
Ном: Шараф аз: Кургонтеппа
13.03.2012 09:52
Магар масъулони бозори Хочи шариф дар ин кор даст надошта бошанд а?.
Дар посух

Ном: Хизр аз: Кургонтеппа
13.03.2012 14:04
ин хамаш кори сохтмони бозори Хочи Шариф аст
Дар посух

Ном: бехочи аз: душанбе
13.03.2012 14:40
салом бародарни зарардида худованд шуморо сабри чамил дихад мо хам дар бозори корвон тичорат мекунем безор шудем аз тичорат хам имруз андозситонони шахри бозоро лагат карда буданд аз як бар бар пули харом канда ба хар бахона рафтанд намепурсанд ой бародар савдоатро кушоди е не як фишор як бахона меебанд ба бозори султони кабир кор надоранд ин харомхурон озоди озод бош

Ном: ламанос аз: ламанос
13.03.2012 10:06
ма худам сокина щахри кургонтепа хастамм магазини манхам сухт барбод рафф мембрен печкоотона бкшенн аблахх одамм бдайй да

Ном: Muso аз: Dushanbe
13.03.2012 10:09
Калтаки Худо садо надорад, Задани Худо даво надорад.
Амали баъзе точирхои нопоку беинсоф боис мешавад, ки дар баробари у дигар точирони боинсоф низ зарар бинанд. Чунин ходиса хушдор месозад, ки арзиши молу махсулотро боло набаред ва адолатро риоя созед!!!
Дар посух

Ном: АЛИ аз: БОХТАР
14.03.2012 21:19
БАРОДАР МАХОРАТИ СУХАНВАРИ НАДОРИ БЕХТАРАШ ХОМУШ БОШ.ДАР ИН МАКРИ ОДАМОНИ БЕИНСОФИ БОЗОРДОРОН ХАЛКИ БЕЧОРАИ САВДОГАР ЧИ ГУНОХ ДОРАД ПЕШ АЗ ИН СУХАНХОИ БЕМАВРИДУ БЕАНДЕШАИ ХУД БОРЕ ФИКР НАКАРДЕД КИ ДАР ТАМОМИ ДУНЁ БО РОХИ САВДО ПЕШРАВИ МЕШАВАД ШУМО БОШАД АЗ ЗАБОНАТОН СУХАНЕ БАРОИ ДИЛБАРДОРИИ ХАЛК НАМЕБАРОЯД КАБЕХ СУХАН НАРОНЕД (КОММУНИСТ )
Дар посух

Ном: Sharofat Xodjaena аз: Dushanbe
16.03.2012 08:28
E sadkai KOMMUNISTHO shavi tu, u vakto, ki Kommunisto budand na duzdi budu na besveti, na ablahi budu na besawodi...Hozir tu barin nimchademokratu nimchamulloho hamai jora rasvo karden......nomi KOMMUNISTHOro ba zabon ham nabiyor..Ozodi notarsida chop kun agar hakikatan ozod boshi!!!!

Ном: Abdulloh
13.03.2012 10:31
Asalomu alaykum . Hamaash kori hukumat ast hej gapi digar nest marduma gulom kardani ast hejvaq odami boy ghulom namesha ba hamin xotir marduma mejuqa

Ном: беном
13.03.2012 10:46
ин сухтор барой бозори хочи шариф нарафтан барой хамин оташ задан

Ном: Орзу аз: ш. Душанбе
13.03.2012 11:04
Салом Озоди! Оё ба точирони чабрдида кумаки пули аз тарафи давлат расонида мешавад ё не?
Дар посух

Ном: Ман аз: Пойтахт
13.03.2012 13:42
Аз кучо!!!!!!!!!!!!!! Намояндахои ДАВЛАТ худашон дар ин кор даст доранд, боз зарари расондаашонро мепардозанд.

Ном: said аз: душанбе
13.03.2012 11:04
БА РАДИОИ ОЗОДИ
субхи имруз такрибан дар тамоми нохияхои Чумхури кувваи барк хомуш буд, шояд Шумо дар як тахкики чурналистии худ муаян кунед, ки ин амал ба ходисаи мазкур робитае доштааст. Агар не чаро ба мардум субхи имруз кувваи барк дода нашуд. Ин амали Ширкати барки точик агар доими бошад, мо мардум ба ин омода шуда, рохи дигари зиндагиро бинем. Мо мехохем чавоби ин матлаби мо дар хамин сахитфа аз чониби сезори озоди чоп шавад.

Ном: Зикрилобой аз: Вахш
13.03.2012 11:14
Не исключено,что это может быть умышленный поджог,диверсия и вредительство на почве конкуренции и зависти,а может быть выбивания "доли".Такие извращения,к сожалению имеют место среди наших "бизнесменов".

Ном: Муким аз: Яман
13.03.2012 11:40
Салом алейкум, бозори Фаровона дидаю дониста баркасдона оташ задагинян, чунки кариб 6 мох мешава бозори бобои Шариф кор кардесай аммо чи таврек, ки русхо меган Раскрутит нашидестай, барои хамин и бозора оташ задан, мардум бо хохиши худ мерава бозори Бобои Шариф, точка снимат мекуна кор мекуна. Арифметикаи одди!!!!
Дар посух

Ном: Беном
13.03.2012 14:09
Рост гуфти бародар барои ина фахмидан акли калон даркор нест
Дар посух

Ном: Салом
14.03.2012 11:50
Як чизи ачоиб аст, дар кучое бозори нав шуд, бозори кухна дар мегира. Чида итари меша????????????
Савдогаро пешаки дига ай тачрибахо ибрат гиред!!!!!!
Ё бозори нав равед, ё онро бойкот кунед.
Шояд агар дигар мардум савдоро дар ин хел бозорхо бас кунанд ин кадар мардум зарар набинанд.
Вале боз хам ин зарири мардум нест, беташвиш бошед дар ин дунё касе натавонист хаки шуморо бигирад дар он дунё Албатта Худованд сад дар сад гирифта ба шумо медихад. Вале барои зараррасон хеле-хеле вазнин мефта. Агар мусалмон боша бояд аз хозир расчёша бигира вале агар ба Худо бовар надошта бошад сюрприза аз Худованд ждат куна. Инно лиллох ва илло илайхи рочиъун. МО ХАМА АЗ ХУДОЕМ ВА БА ТАРАФИ У БАРМЕГАРДЕМ. дигар рах нест, хамаш тупик мешавад.
Худо мададгори мазлумон!

Ном: Беном
13.03.2012 11:49
Сохиби бозори "Хочи Шариф" кист?
Дар посух

Ном: Сохибов Зоир аз: Кургантепа
13.03.2012 15:28
Сохибов Зоир аст. Домоди Эмомали Рахмон. Бозора ба номи аташ гузоштагияй. Бо чи савол дори беном?
Дар посух

Ном: Хуршед
14.03.2012 09:45
Ако а ин бозораш ани ки буд?
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype