Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон – дар Непал


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки бегоҳи 4-уми март ба пойтахти Непал – Катманду омад, дар сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё)-2012 ширкат хоҳад кард.

Ба ҳайати даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Камол Алиспоҳич 31 нафар шомиланд, ки 23 нафарашон футболбозанд ва дар меҳмонхонаи "Эверест" ба сар мебаранд.

Мутаассифона, легионер Фарҳод Восиев дар ин сабқат дар дастаи Тоҷикистон бозӣ карда наметавонад, зеро ки ӯ дар ҳайати бошгоҳи худ - «Шинник»-и Ярославл дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия мебошад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»), Саидҷон Саидраҳмонов («Равшан»);

Ҳимоятгарон: Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов, Даврон Эргашев, Умед Ҳабибуллоев (ҳама – «Истиқлол»), Далер Тухтасунов, Алексей Неъматов, Фаррух Чориев (ҳарсе – «Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров («Энергетик»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Илҳом Ортиқов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (ҳама - «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров («Андиҷон», Узбакистан), Юсуф Рабиев («Истиқлол»).

Дар Ҷоми AFC-2012 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо тимҳои миллии Ҳиндустон (9-уми март), Кореяи Шимолӣ (11-уми март) ва Филиппин (13-уми март) бозӣ хоҳад кард.

Ғолиби ин сабқат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Футболбозони тоҷик порсол дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “С” бар тимҳои миллии Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ва Камбоҷа бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада, бозиро бо тими мизбон – Ҷазоири Молдив бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом дода буданд.

Тимҳои Ҷазоири Молдив ва Тоҷикистон 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Мизбонон аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (6-1) дар ҷои якум ва Тоҷикистон (4-0) дар ҷои дуввум қарор гирифтанд.

Ҳамин тариқ аз гурӯҳи “С” дастаҳои Тоҷикистону Ҷазоири Молдив ба сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 роҳ ёфтанд. Вале тимҳои Қирғизистону Камбоҷа аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.
XS
SM
MD
LG