Чоршанбе, Ноябр 26, 2014

Тоҷикистон

Радиои Тоҷикистон: Мусиқӣ ҷои иттилоъро мегирад

Радио ба расонаи муҳими Тоҷикистон табдил меёбад. Мардум дар мошину хона ва ҷойи кор бештар радио мешунаванд.

Акс аз бойгонӣАкс аз бойгонӣ
x
Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Қиёмиддин Нуров, як ронанда мегӯяд, радиоҳои Тоҷикистон барои ӯ диску наворҳои мусиқиро иваз кардаанд. "Радио мисли диски бепул аст. Ҳозир кадом шабакаро, ки намонӣ, мусиқӣ дорад",-гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон чаҳор радиои ҳукуматӣ - "Тоҷикистон", "Садои Душанбе", "Фарҳанг", "Ховар" ва 7 радиои мустақил, аз ҷумла "Имрӯз", "Ватан", "Азия-Плюс" ва 2 радиои маҳаллӣ - "Тироз"-у "Авис" фаъолият доранд. 

Эраҷ Холов, коршиноси тоҷик мегӯяд, маҳбубияти радиоҳо пеш аз ҳама ба ин хотир аст, ки ба онҳо мушкилоти иҷтимоӣ, аз қабили бебарқӣ таъсир намерасонанд. Ба қавли ӯ, ҳоло мешавад бо "батарейка"-ҳои чинӣ то чанд рӯз радио гӯш кард. Ӯ гуфт, "воқеан, мардуми Тоҷикистон радиоро бештар гӯш мекунад. Аммо бештар ба он хотир, ки радио ҳаматарафа ва дастрас аст. Аммо ба назар мерасад, аслан ба он хотир гӯш мекунанд, ки радио ба ҷуз хабар мусиқӣ бештар дорад. Худи радиоҳо ҳам мекӯшанд, ки бештар таронаҳои ҷолибро гузоранд, ки мардум онҳоро гӯш кунад, на хабарҳои доғро."

Абдуқодири АбдуқаҳҳорАбдуқодири Абдуқаҳҳор
x
Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Мӯҳтавои барномаҳои радиои Тоҷикистон мавзӯест, ки чанд сол ба ин сӯ баҳс мешавад. Иддае аз онҳо бар инанд, ки радио бояд як василаи тафреҳу тиҷорат ва расонидани хабар бошад. Гурӯҳе  ҳам онро дастгоҳи пурқудрати таблиғ меноманд, ки ҷомеаро ба ҷараёни таҳаввулот ворид кунад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори радиои "Тоҷикистон", ки сад дар сади кишварро пӯшиш медиҳад, мегӯяд, радио дар шароити кунунӣ қабл аз ҳама иттилоъ, сипас тафреҳ ва ахиран маънавиёт аст: "Дуруст аст, ки дар Аврупо радио манбаи тафреҳ аст, зеро дар ҳар кӯчаву паскӯча мардум ба интернет - манбаи иттилои сареъ дастрасӣ доранд. Дар Тоҷикистон, ки қариб 7 моҳ барқ нест ва ҳатто дар Душанбе ҳама ба интернет дастрасӣ надоранд. Рӯзномаҳо бо теъдоди аз ҳазор то 5 ҳазор нусха нашр мешаванд. Аммо аҳолии кишвар 7,5 миллион нафар аст. Мардум иттилоъро аз куҷо гирад?"

Радио дар ҳаёти Шумо чӣ нақш дорад?i
X
13.02.2012 08:37
Радио ба расонаи муҳими Тоҷикистон табдил меёбад. Мардум дар мошину хона ва ҷойи кор бештар радио мешунаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон чаҳор радиои ҳукуматӣ - "Тоҷикистон", "Садои Душанбе", "Фарҳанг", "Ховар" ва 7 радиои мустақил, аз ҷумла "Имрӯз", "Ватан", "Азия-Плюс" ва 2 радиои маҳаллӣ - "Тироз"-у "Авис" фаъолият доранд.


Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон бар заъфи ҷанбаи иттилоотӣ ва ғановати мавзӯъҳои сиёсӣ ишора мекунанд. Ба қавли онҳо, радиоҳои, ҳатто мустақил як барномаи сиёсиеро надоранд, ки дар он вазъи имрӯзаи кишвар аз забони мухолифони сиёсии ҳукумат, коршиносон ва худи мардум мавриди таҳлил қарор гирад.

Субҳони ҶалилСубҳони Ҷалил
x
Субҳони Ҷалил
Субҳони Ҷалил
Субҳони Ҷалил, директори барномаҳои радиои "Ватан" мегӯяд, барномаҳои радиоҳои мустақил софу содда пахш мешаванд, аммо дар асл онҳо мувоҷеҳи мушкилоти дохилии хешанд ва барои онҳо пур кардани эфир бо мусиқӣ осонтар аз таҳияи барномаҳои таҳлилӣ аст. Вай афзуд, аксар радиоҳои хусусӣ ба ҷуз Душанбе ва ё ягон шаҳри дигари кишвар то дигар манотиқ ҳанӯз нуфуз накардаанд. 

Субҳони Ҷалил мегӯяд, реклама роҳи ягонаи нигоҳ доштани радио аст ва ба даст овардани он ҳам мушкилоти худро дорад. Ин дар ҳоелст, ки ба гуфтаи коршиносон, мушкилоти молӣ радиоҳои Тоҷикистонро маҷбур мекунад, ки аз матраҳ кардани масоили муҳими ҷомеа, аз ҷумла сиёсӣ ва иқтисодӣ нигоҳ дорад, зеро дар ҳоли даст задан ба чунин мавзӯъҳои доғ метавонанд "ғазаб"-и ҳукуматро ба бор оранд.

Дар гузашта радиои "Имрӯз", радиои дигари мустақил ҳам ба мавзӯъҳои доғ даст зад ва "ба далоили техникӣ" дар фаъолияти худ "таваққуф" карда буд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: гамхур аз: аз гамхора
13.02.2012 19:42
родиё дар макоми имруза хело кам аз навигари ва хабархову тахлилхои мавзуъхои мухим даст доран. аз хама мухимаш он аст ки бо забони махаллии худ бо онхо сухбатхои мустаким омода доранд. чи мешуд хамаи онхо чун родиёи точикистон омузанд ки чи гуна суханон гуфта мешавад. хусусан родиеи тирози хучанд.....
Дар посух

Ном: Курбонхон аз: Тугарак
14.02.2012 14:48
Аз Озод бо изхори миннатдори хохиш дорам, ки назари маро чоп намоед. Шояд оиди масъалаи гузоштаам маколаи тахлил чоп менамудед.
Максад ин аст ки аз 6 уми феврали соли 2012 хар чор канали точикистон : якум, сафина, чахоннамо ва бахористон ба кавли мутахасисон ба системаи раками гузаштаанд. Дар ин раванд бо РЕСИВЕРХО-базахои параболии : старсат ва е опенбокс ва е дигар базахо пахши ин барномахо номумкин шудааст. Барои дастрасии ин барномахо тавассути мавхора бояд базаи нав харид кард.
О е ин бизнеси нав аст?

О е муттасадиен фикр намекунанд, ки бе ин хам фазои иттилооти Точикистон алалхусус дар навои ва дехахо аз чониби дигар давлатхову каналхо монополия шудаги.

Барои чор канал шуда халки одди базаи нав харанд?

Сиесати телефизион ва радио хаст ми дар ин мамлакат?

халк пас аз ин кор хамма ба каналхои афгониву узбаки ру овардаанд ое инро медонед рафик стратегони иттилооти?

Озоди хохиш мекунам чоп кунед.

Курбонхон
нохияи Восеъ, Тугарак

Ном: журналист аз: Душанбе
13.02.2012 20:55
Субхон дуруст мегуяд...

Ном: Беном
13.02.2012 22:19
радио бачои диск шудаст зеро раис чумхури азизатон саньатдуст аст ва бачуз саньат ба хеч чиз ахамият намедихад.кораш шудаст ба хонандахо хона додану мошин додан.на як пешрави на як аз худ гузаштаги

Ном: оиша аз: 112
14.02.2012 00:28
ман радиоро хеле дуст медорам зеро дар он халк иштирок намуда метавонад аз мушкилихои худ киса намуда метавонад махсусан радиои точикистон ва имруз амо дар телевизор бошад баракс хамеша хушоматзани хамеша дуругуи ва худ таърифкуни хуб мешуд сафи радиохои мардуми зиёд шавад

Ном: Беном
14.02.2012 09:12
Ман умуман мусики гуш намекунам, хусусан "мусикии" муосири точикро.
Дар посух

Ном: Беном
14.02.2012 13:06
мо зик мешем шумо гуш накунед агар..
Дар посух

Ном: Беном
15.02.2012 14:44
шумо ки хастед?

Ном: zver аз: Tver
14.02.2012 09:43
Радиёи Чумхурии мо назар ба ТВ-хоямон милион маротиба хубу бех аст, аз ин лаганбардорони тв-хо шармам меояд дар хонаи халк на светаю на газу на зиндаги на арзони ин телевизони лаганбардор корашон факат таърифу тахнияи беемаъни рахмат ба радиёхои ЧТ чунки инхоянд гапи рост доранд дар тв факат мардумфиреби.

Ном: Мавлон
14.02.2012 11:37
Ташаккур бародари гироми Барот, наворро хеле хуб омода кардед. Ба фикри ман хамаи мо барои озоду равон гап задан кушиш намудаистодаем, ва умед аст ки баъди якчанд сол натичаи хубашро мебинем. Дар ин самт, нақши родиеҳо зиед аст. Хубтар мебуд ки ахбори таъчили ва ба мардум наздиктарро зиедтар омода мекарданд.

Ном: мавлуда аз: ш.Душанбе
14.02.2012 14:54
ин кадар радиохое, ки дар мамлакат вучуд дорад бештар радиои Точикистонро гушмекунанд мардум чунки ин радиои миллй аст милат ин радиора дуст медорад. лек аз шумо хохишдорам ки радиои Точикистон 81- сол ин чониб фаъолият дорад хечгох радиои ховарро ба ин баробар накунед хатои муаллиф як радиои дигари давлатиро номбар накардааст радои брунмарзии "Овози точик" ки ба 8 забон пахш мешвад. ба фикри ман радиои ховар хочат ба кушода шуданшам набдуд вай танхо суруди холи дорад ягон хабар ва гузориш ё барномаи чиддй надорад. мо шунавандахо безор шудем аз овози диктораш чун ки аз сахар то бегахра худаш мехонад дигар ягон нафари дигар набошад хабар хонад. садояш тамоман радиои нест.
Дар посух

Ном: Салим аз: Душанбе
15.02.2012 10:55
Хохари азиз Мавлуда!!! Чун имруз асри 21 аст, мо бояд лахза ба суи пеш гом занем. Шумо гуфтед, ки "хочат набуд ба кушодашавии радиои Ховар", чаро? Имруз радиои Ховар бо услуби кутохбаёнии худ байни хамагон махбубият пайдо намудааст. Агар далел хохед, далел худи Шумо буда метавонед. Агар Шумо радиои Ховарро гуш намекардед, аз кучо медонистед, ки аз сахар то бегох як натток мехонад ва гайра... Далели дигар радиои Ховарро дар радифи радиои Точикистони 81-сола гузошта харф задани шумо аст. Агар дар бораи иттилоъ бахс кардани хастед, бояд бигуям, ки радиои Ховар хар ним соат ба шунаванда иттилоъ медихад, аммо радиои Точикистон хар як соат.. боз сухани ровиёнро фахмида намешавад... Радиои Ховарро метавонанд хамаи хамзабонони мо дар тамоми гушаву канори чахон тарики интернет бишнаванд. Аммо радиои Точикистони 81-сола хануз ин имкониятро фарохам наовардааст. Шумо як чизро фаромуш накунед, ки радиои Ховар хамаги якчанд мох кабл ифтитох ёфт, аммо радиои Точикистон.... Шахсан ман, хамчун шунаванда аз радиои Ховар умеди калон дорам. Ба пеш, Ховар!!!
Дар посух

Ном: Мавчуда аз: Душанбе
15.02.2012 11:17
Мавлуда хохари азиз рашк накунед. Хохед нахохед Радиои Ховар дар чумхури чойи якум меистад. Хама радиои Ховарро гуш мекунанд. Мардум намедонанд, ки радиои овози точик хаст ё нест. мархамат бовар накунед РЕЙТИНГ гузаронед. Радиои Ховар як не 8 диктор дорад, мо мухлис хастем ва доим гуш мекунем. Шумо мухлис не мумкин нафаре бошед , ки нисбати хамон нафар гараз доред, ё рашк доред. Комилчон Холов, Мунира Хакимова, Муаттара Чураева, Мунаввара Мирхолова, Аловиддин Буриев, Садриддини Шамсиддин, Абдуманнонов ва гайрахо нафароне мебошанд, ки хам овози радиои дорану хам чехраи телвизони. Дикторои овози точика ягон нафар намешиносанд ва хатто гуш хам намекунан. Ним соат пас радиои Ховар ахбор медихад, гузоришхои чолиб медиханд, мусикихои форам медихад. Гуед нагуед инро хама исбот карданд. Сармухаррири радиои Ховар чавон хам бошад, тавонист дар як муддати кутох ба дили мардум рох ёбад. Инро хам донед, ки Хабарои сайти Ховар набошад овози точик аз кучо хабар ёфта мехонад, охи. Шумо мегуед, ки хочат набуд барои кушодани радиои Ховар. Охир хозир аввалин шуда, хабархои АМИТ "Ховар"-ро мардум аз радиои Ховар гуш мекунанд ва дуздии Шуморо мефахманд мумкин аламатон дар ин бошад....
Дар посух

Ном: Гулру аз: шахри Душанбе
15.02.2012 12:48
ХАХАХАХА Мавлуда агар макул набошад чида радиои Ховара гуш мекуни. Хайр радиои Точикистону Овози точика гуш кун охи. То ки аз овози диктираш безор нашави. Дар Точикистон 8 -забони ту ба ки даркор. Ин чо Точикистон . Ба мо забони точики даркор. Шумо бояд барнома ё ахборе ба шунавандагон расонед, ки вай ахмияти чамъияти дошта бошад, факат ба табакаи болои нею ба мардуми одди хам дахл дошта бошад. Бозорхо, наклиётхои чамъияти, хатто тарабхонахо раведу бинед хама радиои Ховар гуш мекунан. Гапои бехудаи шумо ба ки даркор . Ахбор бошаду, барномахои фарогати. Шукронаи худо мардуми точик зиндагии хушу осуда доранд. Ба хама хурсанди мефорад, на сафсаттахои бехудаю на сурудхои гамангез...

Ном: Нек аз: Точикистон
15.02.2012 09:54
Мехостам арзи эхтироми худро ба Абдукодири Абдукаххор - сарвари радиои Точикистон расонам. Дар хакикат барномахои радиои Точикистон ва Фарханг тахти рохбарии у хело чолибу шунидани мебошанд. Корш хизмати хамин гуна шахсон бештар кадр карда мешуд.
Дар посух

Ном: Беном
15.02.2012 14:45
ЧО тамаллукориро манъ кард. ту боши боз хамон мадхзани.
Дар посух

Ном: Беном
15.02.2012 15:43
Радиои ХОВАР бехтарин иттилоотдиханда аст!!!!!!

Ном: Барот аз: ш. Душанбе
15.02.2012 17:30
ман тарафдори хохари азиз Мавлуда шояд хонашин бошад ба шунидани радиохои Точикистон машгул бошад вактхои бекориаш бисёр фикрхои дуруст баён намудааст. шумо дустон дуруст гуфтед, ки мо дар асри 21 карор дорем хар лахза шунаванда ба хабар эхтиёч дорад вале ба Гулру Салим Мавчуда гуфтаниям , ки 81 сол инчониб радиои Точикистон фаъолият дорад тамоми шароитхора фарохам овардааст як кисмати Афгонистон Эрон Узбакистон Расия мавчаш кави аст. ба гулру гуфтаниям ки радиои овози точик ба рои шумо барин бе фарханг нест шумо гшуфтед , ки овози точик барои мо чи дар кор шумо хукук на доред чунин гапро гуфтан. албата метавон гуфт, ки 4 шабаки радиои давлатие ки дар назди кумитаи телевизиён ва радиои назди хукумати чумхурии Точикистон фаъолият мекунад макоми худша дорад якон радое, ки минбаъд кушода шида истодааст бо ин шабакахо баробар шуда наметонад.
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype