Панҷшанбе, Феврал 23, 2012 Соат ба вақти Душанбе 12:42

Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: "Ба ман хушомад назанед"

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат ба мақомоти давлатӣ дастур дод, ки дигар ба ӯ «хушомад» назананд.

Ҳаҷми матн - +
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки «дар яке аз ҷаласаҳо пештар низ дар ин бора гуфта будам ва ҳоло бори дигар таъкид мекунам, ки ба ман хушомад назанед. Ҳама чиз маълум аст.»

Зимнан он гуна, ки худи президенти Тоҷикистон эътироф кард, чунин дастур ва ё хоҳиш аз ҷониби ӯ на як бору ду бор дода шудааст. Аммо ҳамоно хушомад, тамаллуқ ва тавсифу ситоиши беандозаи ӯ ҳам дар ҷараёни сафарҳояш ба манотиқи кишвар ва ҳам махсусан аз тариқи барномаҳои телевизионӣ ба як мусобиқа табдил шудааст.

Яъне дастури раиси ҷумҳурӣ на танҳо ба инобат гирифта намешавад, балки амдан сарфи назар мешавад. Вале касе барои рияот накардани ин дастур то ба имрӯз муҷозот нашудааст. Ба ин далел, дар миёни ақшори мухталифи ҷомеа бар самимият ва ҷиддияти сӯҳбатҳои раиси ҷумҳурӣ бо шакку шубҳа менигаранд. Бархеҳо бар ин боваранд, ки 
Раҳматуллоҳ Зоиров
x
Раҳматуллоҳ Зоиров
​​ин ҳама дастуру ҳушдорҳои раиси ҷумҳурӣ барои ҷилавгирӣ аз хушомад ва тавсифу ситоиши ноҷо, рӯякӣ ва як амали зоҳирӣ аст.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ва мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2003 мегӯяд, замоне, ки вай дар маъмурияти раиси ҷумҳурӣ фаъолият мекард, ҳатто як супориши катбӣ низ дода шуда буд, ки аксҳои раиси ҷумҳуриро зиёд паҳн накунанд ва низ мадҳу хушомадгӯии шахсияти ӯро қатъ кунанд. Аммо ҷаноби Зоиров мегӯяд, баръакс аксҳои раиси ҷумҳурӣ бештар шуда дар ҳар куҷо, ҳатто дар хориҷ аз утоқи ниҳодҳои давлатӣ низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ ба эътиқоди ҷаноби Зоиров, фосилаи миёни гуфтор ва рафтори раиси ҷумҳурӣ, ки аз назари мардум пинҳон намемонад, хеле калон шудааст.

Ва аммо бархе дигар соҳибназаран бар ин боваранд, ки раиси ҷумҳурӣ аз зердастони худ самимона чунин тақозоро кардааст. Зафари Мирзоиён, донишманди тоҷик мегӯяд, раиси ҷумҳурӣ дар тӯли сафарҳояш дар хеле аз кишварҳои олам чунин тарзи истиқбол ва хушомаду тамаллуқи сохтаву сунъии махсусан мақомдорон аз сардори давлатро ба мушоҳида нагирифт.

Зафари Мирзоиён, донишманди тоҷик
x
Зафари Мирзоиён, донишманди тоҷик
​​Аз тарафи дигар ба эътиқоди ҷаноби Мирзоиён, гоҳо ин тавсифҳову ситоишҳо ба ҳадде аз воқеият дур аст, ки худи раиси ҷумҳурӣ низ аз шунидани онҳо нороҳат шуда ва маҷбур шудааст, бори дигар ин масъаларо дар миён бигзорад.

Ва аммо Муҳаммад Ғоиб, мудири барномаҳои шабакаи аввали телевизиони тоҷик мегӯяд, он чӣ, ки дар телевизиони тоҷик мардум аз раиси ҷумҳурӣ тамҷид ва ситоиш мекунанд, ин нишонаи эътимоду боварӣ ва самимияти мардум ба президенти кишвар аст. Оқои Ғоиб гуфт, ки вақте раиси ҷумҳурӣ ба ин ё он ҷо сафар карда ва аз пайу қадами ӯ онҷо ободӣ шудааст, мардум ситоиш мекунад.

Вале ҳамзамон мудири барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон таъкид кард, ки вобаста ба 
x
​​имконоти иқтисодӣ, онҳо тавонистаанд ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаро инъикос намоянд.

Ба ин тартиб ситоиши ғайривоқеӣ ва тамаллуқи зиёди масъулин, раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро дигарбора водор кардааст, ки ба ин масъалаи ба гуфтаи худи ӯ «шармовар» рӯ оварад.

Қаблан низ чунин дастурҳо аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ аз ҷумла ба ӯ ба унвони «Ҷаноби олӣ» хитоб накардан садо дода буд. Вале ин дастури президентро зердастони ӯ то ба имрӯз риоят накардаанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 8
    Баъдӣ 
Ном: Беном
21.01.2012 18:30
хози раиси чумхур ба хушомадира хизмат накадай
Дар посух

Ном: Беном
21.01.2012 22:21
mardum faromuch nakuned in jalasa hamaach spetakl ast.
Дар посух

Ном: Mansur аз: USA
22.01.2012 13:17
Foidat diga nadorat muhtaram!!! vaktatonam ba poyon rasid, dasturdihiro bas kunedu kursiro tark karda ba khona raved.
Дар посух

Ном: Хуршед аз: СПб
22.01.2012 05:39
Ман дар бораи ин сахнабозии Э.Р. чизе гуфтани нестам , аммо суоле дорам ба шумо дустон,: уро бо тарзи демократи барои сардори давлат шудан ё барои дароз намудани мухлати президенти то хафт сол ки овоз дод?
Барои чи у чаноби оли ?
Дар посух

Ном: Ватандор аз: Душанбе
22.01.2012 12:15
1. Ман овоз додам ...
2.. Барои он ки вай арзанда аст ...
Худо илохм 100 соли дари монад бар сари мардуми мо
Дар посух

Ном: ман аз: душанбе
22.01.2012 18:59
барои чи хамаи шумо дар ича факат танкид танкид танкид хамат мехохед ки внимания шумода шава хар чизе хаст хамона нависед... ба эхсосот дода нащавед .... илтимос да бародар... факат гапи роста нависед... чи даркор гапи ..... фикр кунед ичара ки мехона ва хами навиштагии шумора дигаро чихел мафахма ИЛТИМОССССС.... набояд ихели кунен...
Дар посух

Ном: Помир аз: Помир
23.01.2012 09:45
БА РАХМОН НАРАСЕД, ДИГАР ИН ХЕЛИ ПРЕЗИДЕНТРО АХ НАМЕЕБЕД. БА ПЕШ, ЧАНОБИ ОЛИ!
Дар посух

Ном: Ahmad аз: Duhanbe
24.01.2012 11:30
Rahmat bar padarat
In khel Prezidentro khudo medonad ki meyobem yo ne, Khudo dar poyash khor nazanad mo Tojikonro khelo va khelo dastgiri va bo jahoniyon shinosonid,
Barodaron biyoed dar haqash duo kunem na ghaibat, oyo shumo jangi barodarkushie ki Dar TJK bud faromush karded? in qadar gurezahoro ba vatan bargardonid, Tojikistonro orom gardonid bo madad va khosti khudo va mo boshem to hol vairo past mezanemu ghaibat mekunem,,, khob kist on shakhse ki beaib boshad ??? charo mo faqat aibi eshonro mebinemu khizmathoyashro faromuh mekunem ?

BARODARON KHUD ANDESHA KUNED
Дар посух

Ном: Баховиддин аз: ДУШАНБЕ
23.01.2012 12:54
БАРОДАРИ БЕНОМ ЧАНОБИ ОЛИ МАДА НА ХЕШАСТУ НА ЁРДАМАШ РАСИДАГИ ЛЕКИН МЕГУЯМ КИ ЧАНОБ АРЗАНДИТАРИН РОХБАРИ ДАВЛАТАСТ КУРНАМАК ШУДАН ЛОЗИМ НЕСТ БЕХТАРИН РОХБАР ДОРЕМ ВА МАН УРО ХАМЧУН ИДИАЛИ ХУД МЕШУМОРАМ БЕХТАРИ РОХБАР ДОРЕМ ФАХР КАРДАН ЛОЗИМ
Дар посух

Ном: Беном
24.01.2012 12:17
эй бародар БАХОВИДИН ту ба ман як чанд кори президентро гу ки ба фойдаи миллат бошад.бачуз сулх зеро сулх чандтарафа буд
Дар посух

Ном: OZOD аз: EU
27.01.2012 02:52
Худоё чи мегуяд ин мардуми гумрох, гуш кун бародар русхо як маколи хубе доранд - Свято мето пусто не бывает, аз он ки ту мегуи ли дар Точикистон дигар арзанда нест, ту тамоми миллати худро тахкир карди, арзандахо дар миллати бузурги ман хазорон хазоранд, ан ин хам архандатархо бояд бошанд ва аминам ки хастанд, ин мантикро харгиз факомуш накунед эй мардум,
Дар посух

Ном: Хайрандеш аз: Душанбе
02.02.2012 08:46
ту худат ягон чупон будагистед, чун ки взъияти имрузаи Точикистон шахсеро, ки камтар савод дорад ё хисси милливу номус дорад хеле ба ташвиш овардааст.
Дар посух

Ном: Точик аз: Душанбе
28.01.2012 11:24
Эй бародар ё ки хохари Беном! Шумо хдтон чи хизмат карден ба мардум, ки ин кадар норозиги дорен?

Ном: рахматулло
21.01.2012 18:40
раиси чумхур барои хамон хушомади мекунанки аз кор нагиришон хамаи гирду навоятон бесаводам бо хамин рох шуморо хушоматет мекунан
Дар посух

Ном: Мухочирбача
22.01.2012 09:51
не бародар хами сохти идории ЭШР аз зердастонаш талаб мекунад, ки ба у хушомад гуянд. Агар вичдону адолат мебуд, президент аз онхо натича талаб мекард, на ин ки..чизи дигар.
Ёд доред дар мачлисхои гузашта раисон накшаи худро ичро намекарданд вале "чаноби оли"ки мегуфтанд президент аз бачои чарима кардан лаззат мебурду онхоро ба дигар вазорат ё нохия мегузаронд.
Хамаи ин идомаи хамон мардумфиребист.

Ном: АнтиМаддох аз: VaHDaT
21.01.2012 18:54
Худи хамин Мухаммад Гоиб ба гурухи шуарои дарбори дохил мешавад, ки таърих собит намудааст хеч гох чунин шоирони маддох номашон зиндаву човид нахохад монд. "Оқои Ғоиб гуфт, ки вақте раиси ҷумҳурӣ ба ин ё он ҷо сафар карда ва аз пайу қадами ӯ онҷо ободӣ шудааст, мардум ситоиш мекунад." Охир магар ин окои Гоиб намедонад, ки президент ба он чое кадам мегузорад, ки худ алакай "макони обод" ва тайёр бори истифода аст....
Дар посух

Ном: benomi аз: 5kenti
21.01.2012 21:43
ha ha ha :))))) gapi koghazbechay ku
Дар посух

Ном: Якашикли аз: Туркия
24.01.2012 20:41
Ахсан ба ту АНТИМАДОХ
Ин лагандбардорон аз чаноби оли Хазрати Юсуф метарошанд.
Гуё бе ин шахс мо фардо зиндаги наметавонем кард. О худо ба мо чон дод ва он Карими бехамто аз мо чон хохад гирифт. Биёед бародарон бас кунем ситоиши одамиро, мо бояд аввалин дарача он Зоти покро ситоиш кунем на як махлуки офаридаи онро. Барододарон аз ин рох даст кашед холо хам Аллох ба шумо вакт додааст. Ба ин силсила филмхои Точики бовар накунед, зеро аз дидори чунин филмхо чашмонам сер шудааст.

Дар ишки ту ман киам, ки дар манзили ман,
Аз васли рухат гуле дамад бар дили ман.
Ин бас набувад зи ишки ту хосили ман,
К оростаи васли ту бошад дили ман.

Аллох нигахбони хамаи мо бош!!!

Ном: Салим аз: Душанбе
21.01.2012 19:08
Бо салом. Ман фикр мекунам ки агар чаноб ҳақиқатан ҳаминро нахоҳад мардум ҳам намекунанд. шояд ки инро дуст дошта бошад вале барои чалб назари сода анешон ин гапҳора гуяд.

Ном: твс
21.01.2012 19:11
Ин ба фикрам ба шабакахои телевизиони таалук дорад ё не Чаноб.
Дар посух

Ном: Атоаллох аз: мулки Ориён
22.01.2012 01:57
Бо ту хамфикрам бародар 100 фоиз кош мардуми азизи мо ин суханхоро дарк мекард,чунки ЧАНОБИ ОЛИ гуйи хои инхо ба дили ман хам зад ва дар рох гилем андохтан гул пошидан ин хама беаклист чунки сарвари давлат хам мисли мо як одами заминст ........ба фикрам кифоя....чунки руз 24 соат тамоми шабакахо танхо уро намоиш медиханд .....
Дар посух

Ном: Ватандор аз: Душанбе
22.01.2012 12:19
Бале Шумохон аз хада мегузаронед аз дили мардум задетон охир дирар барнома надоретон чи дадари ТВС...


Илтимос ба рохбаратон гуед... як маротиба ба мардум гуед ки чиро мехохад тамошо кардан е агр видео гирифтан шавед дар назди телевизиони Сафина камтар дуртарак раветон Илтимосссссссссссс

Ном: Хошим аз: точикистон
21.01.2012 19:44
Бехтарин дастур. Бовар кунед агар манъ намекард комруз ба пайгамбар президентро баробараш менамуданд.Аввало Мухаммад гоибро баъд Лутфуллох давлатро аз кор пеш намудан даркор.Бовар кунед вактхои охир тамошои телевизиони точикистон аз руи калимаи "МУХТАРАМ ЧАНОБИ ОЛЛИ" дар назарам бад шуда буд.Мо хама чанобро барои корнамоихояш барои ободихои кардааш дуст медорем аммо аз руи рафтори баъзе...............тамошои ТВ номумкин аст.

Ном: Алишер аз: Ёвон
21.01.2012 20:06
ба хар хол,хохони онам ки яне аз Худои худ металабам ки боз дахсолахои дигар чаноби оли сардори ватан бошад,агар на,дар ин дах солахои наздик касе дигар сардори карда,дар охир гуфтаниям ки хамватанони азизам дар кучоки набошан доимо обод бошан.....
Дар посух

Ном: Саймумин аз: Мыски
22.01.2012 06:44
САЛОМ МАРДУМИ ТОЧИК МАН ГУМОН МЕКУНАМ КИ ЧАНОБИ ОЛИ ХУДАШ ШАРМ МЕДОРАД АЗ ИН ТАЪРИФХОИ ХОЛИ МАГАР БАС БУДАГИС
НАХОД ДАР ВАРЗИШ ЧАНОБИ ОЛИ ДАР КОНСЕРТ ЧАНОБИ ОЛИ ДАР МУТФЫЛМ ЧАНОБИ ОЛИ МАГАР КУМЕТАИ ТЕЛВИЗИОН КОРИ ДИГАР НАДОРАД РУЗ ТО БЕГОХА ЧАНОБИ ОЛИ
Дар посух

Ном: Latif
22.01.2012 10:45
gunahgori asosi hami kumitai televizion ast barodar.
Дар посух

Ном: AntiМаддох аз: ВаХДаТ
22.01.2012 20:46
Бигзор, бо хамин раъйи додаи Шумо бигузор, 100 сол рохбар бошад, барои мо мардум факат як шабакаи телевзонии махсус ташкил шавад, ки мадху ситоиши "ЧАНОБИ ОЛИ" ва дигар "ЧАНОБОН" дар он дида нашавад, БАС!!!
Дар посух

Ном: Саймумин аз: мыски
22.01.2012 22:36
Бародари азиз антимадох ту хукуматдоронро норхат мекунида ин хукумати мо гайр аз таърифи сафсата гуфтан дигар коре надоран
ман аз хамаи ХУКУМАТДОРОН ХОХИШ МЕКУНАМ ТВ ХНИТ Ё ИН КИ РАДИОИ ХНИТРО ОЗОДОНА БИГЗОР ФАЪОЛ БОШАН

Ном: Пири Хисори аз: Хисори шодмон
21.01.2012 20:37
Агар ман кореро ё харферо самими нахохам,хечгох дигарбора шохиди он намешавам.Назари банда чунин аст,ки Раиси Чумхур агар самими хокзаниву чоплусиро нахохад,хеч кас тавони чуратро намекунад.Бубинед!Ман дустон, хамкурсон ва хешу таборони зиёде дар Самарканду Бухоро дорам,ки пайваста ва пайваста мегуянд,ки тибки мохвора ТВ-хои точикро тамошо мекунем аз чоплусию хушомадгуихои мардуматон бовар кунед,шармамон меояд.Наход то хамин дарачаро расида бошанд-а.Дар мо хам хаст,локин ба ин дарачаи дилбехузуркунанда нарасидааст.Шахсан ман окои Рахмонро барои ба сулху суббот расонидани Ч.Точикистон хурматаш мекунам,дар сохаи хочагии халк,пешрафт ва тараккиёт бошад НА!!! Бахои гайриканоатбахш...

Ном: Файзи доно аз: Маскав
21.01.2012 20:47
як вактхо раисони нохия дар хар нохия ба Ч.О суратхои худро зада буданд,айнан хамин суханхоро Ч о гуфта буд.Расмхои бо раисони нохия гирифтаро гирифтанд ва расмхои токаи ЧО овезон карданд. Яьне точикистон як хоким дорад маьнояш чунин буд

Ном: Шам
21.01.2012 20:47
Агар хущомадгуи ба ЭШ хуш намеомад, ба осони метавонист нукта гузорад ба ин хушомадгуён!
Назарҳо. Сафҳаи аз 8
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

... ... ...

Писандидаҳо