Якшанбе, Октябр 26, 2014

Тоҷикистон

Муҳоҷирати корӣ бо қонунҳои "ҷангал"

Муҳоҷирати корӣ ба Русия орзуи дастраси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст, аммо тартибу танзиме надорад.

Фурудгоҳи Душанбе. Наздикони муҳоҷирони фавтидаФурудгоҳи Душанбе. Наздикони муҳоҷирони фавтида
x
Фурудгоҳи Душанбе. Наздикони муҳоҷирони фавтида
Фурудгоҳи Душанбе. Наздикони муҳоҷирони фавтида
Ахиран хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд аз ҳукумати Русия ҳаққи бознишастагӣ талаб кунанд. Яъне, муҳоҷире, ки солҳои тӯлонӣ ба таври қонунӣ дар Русия кор кардааст ва ба ҳукумати он молиёт супурдааст, баробар бо шаҳрванди Русия ба имтиёзҳое мисли бознишастагӣ ҳақ пайдо мекунанд.

Аммо воқеият ин аст, ки ҳоло муҳоҷирони тоҷик дар марҳилаи аввал, буду боши қонунӣ дар қаламарави якдигар, дармондаанд. Қонунҳои ин буду бош содда нестанд ва муҳоҷирон дар Русия аз хадамоти тиббӣ ва суғуртаи саломативу корӣ маҳруманд.

Фаррух Сатторов, сарвари созмони ҷавонону донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мегӯяд, муҳоҷирон ҳақ ба табобат ва суғуртаро доранд, аммо дар Русия онҳоро ба назар намегиранд.

Фаррух СатторовФаррух Сатторов
x
Фаррух Сатторов
Фаррух Сатторов
​Ӯ гуфт, “Ҳар яки онҳо бояд таҳти назар бошанд. Барои ҳар яки онҳо ҳукумати Тоҷикистон талош кунад. Сафоратҳо дорем. Мо чандин бор гуфта будем, ки Худо нохоста, фалокате шавад, бояд донанд. Ҳар куҷо якто ҳам бошад, дуто ҳам, шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мешунавем, ки ҳукумат кӯшишҳо дорад. Аммо агар онҳо амалӣ гарданд ва ҳақиқӣ бошанд, хуб мешавад. Афсӯс, ки онҳо кор намекунанд. Муҳоҷир, ки билети хариду справкаву страховка гирифту омад, робита бо ӯ қатъ мешавад.”

Бино бар омори расмӣ, солона аз Тоҷикистон 830 000 ва тибқи иттилои ғайрирасмӣ, то 2 миллион нафар ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири танзими раванди муҳоҷират ба хориҷи кишвар соли равон хадамоти вижаеро таъсис дод.



Ахиран ин ниҳод эълом дошт, ки вазъи муҳоҷирон дар Русия беҳбуд ёфтааст. Тибқи маълумоти ин манбаъ, агар дар нӯҳ моҳи соли гузашта теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои нақзи қонунҳои Русия ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, 230 000 нафар буд, ин рақам дар нӯҳ моҳи соли равон 54 дарсад, яъне ба 106 000 поён омадааст. Дар ин ду марҳилаи ду сол теъдоди шаҳрвандони ихроҷшудаи Тоҷикистон аз Русия аз 3100 ба 2066 нафар кам шудааст. Ҳамчунин, агар дар нӯҳ моҳи соли 2010 ҳабдаҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия патент доштанд, имсол теъдодашон ба 125 000 нафар расидааст.

Сафиалло ДевонаевСафиалло Девонаев
x
Сафиалло Девонаев
Сафиалло Девонаев
Чанде қабл Сафиалло Девонаев, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки дар порлумони Тоҷикистон ҳисобот медод ва барои муаррифии тағйиру иловаҳо дар қонунгузориҳои марбут ба муҳоҷирати кишвар омада буд, гуфт, дар ҳоли ҳозир барои будубоши шоистаи муҳоҷирони кории тоҷик ҷорӣ кардани тадриси забони русӣ, баланд бардоштани ҳирфаияти онҳо ва ошноӣ бо қонунгузории Русия дар дохили Тоҷикистон хеле муҳим аст.

Дар ҳоли ҳозир, бештар мақомоти Тоҷикистон аз табиӣ будани раванди муҳоҷират сӯҳбат мекунанд, ки бояд назорат шавад. Сафиалло Девонаев мегӯяд, агар дар солҳои 60-уми асри гузашта, бино ба маълумоти Созмони Милал теъдоди муҳоҷирон дар ҷаҳон ба 65 миллион мерасид, дар соли 2010 ин рақам ба 214 миллион расида, бар пояи пешгӯиҳо, то соли 2050 ба 405 миллион нафар хоҳад расид.

Ба қавли ӯ, аз ин раванд бояд Тоҷикистон ба монанди Ҳинду Амрико ва Русияву Чину Туркия, ки шаҳрвандони муҳоҷирашон сармоягузори иқтисодашон шудаанд, истифода кунад. Аммо коршиносон мегӯянд, ин хушбиниҳои мақомот замоне қобили қабул хоҳад буд, ки ин раванд дар асл тариқи қонунҳо танзим шавад.

Музаффар ЗарифовМузаффар Зарифов
x
Музаффар Зарифов
Музаффар Зарифов
Музаффар Зарифов, аз маркази Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, қонуни муҳоҷирати Тоҷикистон, ки соли 2001 ба тасвиб расидааст, ҳоло кӯҳна шуда, дар ин муддат кишварҳои мавриди назар қонунгузориҳои худро тағйир додаанд. Вай мегӯяд, зарурати қонуни вижа дар бораи муҳоҷирати хориҷӣ ба миён омадааст: “Боз ҳуҷҷатҳои дигари ҳуқуқие ҳастанд, ки раванди муҳоҷират аз Тоҷикистонро ба роҳи дуруст дароранд. Бояд аз кишварҳои дигар, бахусус Русия талаб кард, ки қонунгузории худро бо қонунгузориҳои мо мутобиқ гардонанд ва мо ҳам ҳамин корро кунем. Ҳамин гуна як фаҳмиш ҳаст, «гармонизатсия» - и қонунгузориҳо. Ҳеҷ вақт як давлати дигар намехоҳад, ки пуштибони мардуми мо бошад. Халқи мо бояд босавод бошад, босавод равад ва гашта ояд.”

Коршиносон ба кундии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русия дар заминаи танзими ҳуқуқии муҳоҷирати корӣ ишора мекунанд, ки сабабҳои сиёсӣ ҳам дорад. Ба қавли онҳо, дар шароити имрӯз ҷониби Русия бо он вуҷуд ки ба будубоши муҳоҷирон аз Тоҷикистон назари нек дорад, он қадар хоҳони беҳбуд бахшидани вазъи онҳо нест.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Реса аз: Душанбе
25.12.2011 13:29
Назари ман чунин аст, ки Руссия як давлатест, бо конунхои нокифоя ва ё давлатест конунхояш зери таъсри гурухе ва ё шахсе карор дошта. Конунхо риоя намегарданд.
Мисол хозир сомонаи джоб нукта руро пахш кунед, аз он хулоса бароред, чи гуна хулоса?
Ана ин хулоса:
90 фоизи корхоро барои шахравндони худ ва Белорусу Укроин медиханд, назар кунед "гражданство РФ строго!" ин чи маъни дорад, корхо (корхои хуб-сабук даромаднок) асосан барои бегонахо дода намешаванд.
Агар паспорт дошта бошед - талаботи нав "порпискаи Маскав", яъне ба хар бахона ба кори лоик кабул намекунанд.
Агар пропискаи Маскавхам дошта бошед, Шумо "славян" нестед - чавоб!
Чаро тахлилгаре ин хама холатхоро тахлил намекунанд. Дар Аврупо ва Амрико чун визаи он мамлакатхорор гирифти ин маънии онро дорад, ки ту паспорти ун давлатхоро гирифтаи, яъне хукукхои ту баробари хукукхои он шахрвандонаст, ту метавони кариб ба хама корхо даст ёби. дар Руссия ин тавр нест! Худаш хукукхои мухочиронро поймол мекунад, хама хуччатхоро дошта боши низ ба корхои хуб намегиранд, моро сунъи ба кунчи биноххо рондаанд, "стройка, дворник...-ради Бога". Боз мегуянд, ки гастерхо - факат корхои сиёхро мекунанд, ё худ ба корхои сиёх розиянд.
Точикон фикр доред, ки чаро хамин точикон рафта ба корхои сиёх даст мезананд? Обруи миллатро паст мезананд?
Чавоб: - Ин бародари "гамхор", худаш чунин замина омода кардааст, ки мо корхои сиёху арзону вазнинро факат кунем. Бадном, бошем, касал шавем, мурем!!! Хушёр шавед.
Дар Точикистон чои кор бояд кушод. Ин хукуматдорони мо парвои мо надоранд! ана хамин хел парво надоранд! Ин хамаро ба холи худ гузоштем бист сол шуд, ки ахвол баттар аст. Сар бардоред, Сар бардоред. Дар таги дор муред на дар таги ор!
Руссия ба мо дуст нест!
Мегуянд дустони назарнавис, ки бояд аз СНГ баромад, бояд дустиро бо Руссия канду бо Эрону дигарон баст! Ин фикр хубаст, ВАЛЕ:
Ман фикр мекунам, ки ин кори рахои аз бухрон нест, бояд, Дар Точикистон реформаи иктисоди, ичтимои шавад. чойхои кори ташкил карда шаванд, 93%- куххо замини Точикистонро банд кардаанд, ичозат дода шавад ба мардум то ба истихрочи ин боигари даст зананд, Ба самти куххо баргардем. Коргоххои хурду бузурги ин сохахоро бунёд кунем. Иктисодан новобаста шудан даркор, баъд Русия, Амрико, Ирон ва д. ба мо дигар хел кор мегиранд.
Холо мо дигар вариант надорем, мо бояд барои хаёт мубориза барем, Эмомали Рахмон функсияаашба фиркам тамом шуд, наздиконаш уро шарманда мекунанд. Дигар у ба бозихои геополитикони бузург гута хурд, намедонад чи кор кунад.
Як рохи халли хама корхост, бояд КГБ - и Точикистон сохтори мустакил элон шавад, дар болои президент ва то поён посбонон назора барад, он гох хама аз тарс дуруст кор мекунанд, масъали мухочират тез хал мешавад.
КГБ - имруз ёфтааст, ду грам фурухт капид дах сол турма, ширкати Орима гушти вайрон фурухтааст, капиданд турма, Чашмат дар кучост, намебини, ки имруз мо ба хонахои худ рафта наметавонем рохи пулаки! чаро рохи моро пулаки кардед, сохиби ин система, ки окибат мумкин сари ин миллатро хурад кист? Чаро президент ба ин корхо имзо монд, магар у низ шарик аст?
Ё мардумро ахмак хаёл кардаанд!?
Дар посух

Ном: Фаррух аз: Душанбе
25.12.2011 17:07
Рост гуфти дустам бояд коре кард, то Мо Точ,икон обруи худро баркарор кунем. Дар гами пешрави бояд шуд.

Ном: Чамшеди ватандуст аз: аз Россия, област Кемеров
25.12.2011 15:13
Салом. Радиои озоди. Гапи Шумо дуруст аст бародар ман хам тарафтори шумоям. 20 сол мешавад ки мо мустакил хастем ва имсол парчамаи давлати азизамон дар китоби Рекорд Гинес чои худро ёфт. Аммо ин барои худнамои ва шармандаги аст. Наход давлати 20 сола мустакил то имруз куваи баркро лимит дошта бошад ва 1 тон ангишт 800 сомони гардад. Ба мо шарм аст ки номи точикхои дар китоби рекорд гинест аст чунки муалифи китоби рекорд гинес намедонад, ки ахволи халки бечора чи хел аст. Боз худамонро мусалмон мегуем хол онки чашми равшани модари точик дар торикистон аст. Путин мусалмон нест аммо дар 10 сол Россияро 180 градус тагир дод. Боз рахмаш меояду ба мои мухочирон дар ватанаш ичозати кор медихад. Кош Рахмонов ба монанди Чаноби Путин мешуд ... Афсус чархи фалак як тараф тоб мехурад. Чаро Рахмонов инро фикр намекунад акалан шароти мухочирон дар Росия хуб кунад то мо азоб накашем. Охир пуле ки мо кор мекунем ба ватан рои мекунем ва шароити зиндаги халк хуб мешавад ва бонкхои Точикистон фоида ба даст меоранд. Чаро халкро кумак намекуни Чаноби Олли. Иллохи омин. Худовандо дарди моро ба назар гир ва ба Чанобии Олиро куват дех ки шароити мухочиронро дар Россия мухаё кунад то модари мо гами мои гариб нахурад ва заминро бо ашки чашм сероб накунад. Мухтарам кормандони Радио Озоди суханхои маро сабт кунед. илтимос. Худованд Шуморо хам нигахбон бошад

Ном: Файзинисо аз: Хучанд
25.12.2011 17:35
Ба Реса посух доданиам, ки магар Руссия Точикистон аст, ки бояд мардум чои гарми худро ба мухочирони точик холи карда дихад? Аз акидахоятон бармеояд, ки Русиия хамон вакт бо мо дуст мешавад, ки точиконро ба чои корхои хуб ба кор бигиранд. Шумо як фикр кунед, ки оё шахсан Шумо барои дуст чои корие ки як умр Шумо ва оилаатонро мехуронаду мепушонад, холи карда медихед? Ин гуфтахои шумо мантик надорад. Агар точик шахрванди Руссия шуда бошад ва 2-тоги шиноснома дошта бошад хам, барои ин мардум "гастер" боки мемонад, бале, барои он ки имруз мардуми мо сохиби шиносномаи руссия шуда, аммо забони муоширати онхоро балад нестанд. Бо шиносномаи руси даст ба амалхои номатлуб мезананд, бовар кунед, вакте ки точик чиноят содир кард, гарчанде у шахрванди ФР аст, аммо бо амали зишти худ хамчун точик муаррифи мешавад. Амрикоро мисол овардед. Дар ИМА барои сохиб шудан ба шахрвандии ин диёр бояд пурра забони давлатиро дони, имтихон месупори ва ба тарики хатти бояд аз забони инглиси ё испони балад боши, дар дигар холат дар сад сол хам шахрванди ИМА намешави. Ман худам шохид будам, ки хангоми фуруд омадани хатсайри Хучанд-Маскав ва назорати сархади давлатию гумруки аз мардуми мо максади сафарро мепурсиданд ва бисёре аз онхо талаб мекарданд, ки тачумоне бошад, ки саволхои додаро тарчума кунад, дар чунин хол чи тавр точик метавонад дар ин давлат умр ба сар мебарад? Ин айби точики бечора нест, точик барои як бурда нон бо чашми пушида баромада меравад. Ин айби хадамоти мухочират ва сиёсати давлат дар ин самт аст. Хадамоти мухочират ягон кор дар ин самт намекунад. Бояд кабл аз хама шартномахои мехнати ва чалби мухочиронро бо ташкилоту корхонахои Руссия бо зикри хамаи хукук ва ухдадорихои тарафайн баста шавад, забони русиро дар курсхои кутохмуддат биомузонанд. Дар хадамот бояд кадрхои сифаи кор кунанд. Девонаев собик корманди милиса аст. Бояд аз хукуки граждани ва муносибатхои хукуки мехнат, дигар санадхои меъёри хукукии танзимкунандаи фаъолияти мухочирати балад бошад. ВКД макомти кудрати буда, Девонаев дар ш.Исфара ба хайси сардори ШКД бо чанд адад парвандахои куштор, ки ном бароварда буд, намедонам чи тавр дар ин самт метавонад хукуки мардуми моро хифз намояд, дар холе ки ба хайати як кадри касбии фаври чинояти кушторро кушода натавониста даст ба боздошти шахсони бегунох ва сохтакории далелхо зада, бо хамин аз макомот канор шуда буд. Дар хадамоти мухочират масъулин бояд конунхои милли ва байналмиллалиро хуб донист. Шояд дар ин муддати кутох дар ин самт сохиби тачриба шуда бошад, аммо бо чунин хол мо дар ин дахсолахо наметавонем аз хукуки мардуми хеш хифз карда тавонем.
Дар посух

Ном: Реса аз: Душанбе
26.12.2011 09:59
Ба апаи Файзинисо!
Аппачон Шумо Чаро хамчун конундон ба конунхо такя карда гап назадед?
- Агар конунхои Русия дар ин самт танзим мешуданд, русхо ин тавр шарти кори намегузоштанд: КОР ТАНХО БАРОИ ШАХРВАНДХОИ ФР! Шумо забонро медонед ва ё ман медонам, кани як бор ба сомонахое дароед, ки эълони кор доранд ва занг зада гап занед, шунавед ба Шумо чи мегуянд!
- Маро мисол овардаед! Ман ку мукобили созишномахои Точикистону Хитой гапе намезанам: харчанд онхо дар хаёташон забони моро намедонанд, бозору коргоххои моро пахшкарда гирифтаанд, чои кории набударо сохиб шудаанд, Мумкин Шумо ба ин савол чунин чавоб гуед, ки "онхо аз ухдаи кори худ мебароянд"! Точикони гастер - чи? Умуми забон надонистану чинояткор мегуед? Ду миллион точик безабону чинояткор нест! Ва шоистаи лоики чунин муомилахои системахои бюрократи наянд! Точик чиноят содир мекунад - вай точик, аммо чун дар спорт ё илм сар бардошт вай Россиян!
Хайр Россия моро кабул накунад! Ё кабул, ки кард одамвор муомила кунад. Хар сол беш аз панчсад мурда меояд, бо ин муомилоти онхо Россияро дуст гуфтан мешавад? Чи гуна гуфтахои ман бемантиканд, гап дар хусуси талабот меравад, ки мо бояд забон донем - ба гуфти Шумо. Мардуми зиёде медонанд забони русиро, вале муомила хамон аст, ки хамон. Шумо дар Хучанд калон шудаед, забони русиро хуб медонед, мардуми русто чи кор кунад, ба онхо низ шароит мухаё карда шавад то забон донанд, - дуруст кайд кардед, конкрети ин корро мувофики конун бояд кй кунад. Амрикову Аврупоро низ Шумо хеле хуб шарх додаед, дар мисоли Россия бошад, чунин нест! Худ конунхои онхо дуруст кор намекунанд! Шахрвандии Руссияро такдим мекунад, ин кадар даводав дорад, чаро хамончо аз забони Русси "тоэфел" барин тестхои руси талаб намекунанд. Ин хамааш бозии калон аст, барои онхо аз як тарафи дигар хеле надонистани забон ва хукухо хеле ахамияти калон дорад, зеро онхо ба Амрикову дигархо шумораи ахолии худро нишон доданианд, на сатхи хаёти онхоро!
Сартарошидахо низ дар умумият вафакат точику узбак куштаанд, на сиёхпусту дигарону дигаронро, ба ин амал чи мегуед?
Дар умумият ба ман чавоб навиштед, аммо дар алохидаги, ки ихтисоси Шумост, дар хусуси системаи кгб, ки ман "пешниход"-и соддае кардам чи мегуед? Дар хусуси назораи кори президент ва дигарон чи мегуед?
Дар посух

Ном: Точикистони азиз
26.12.2011 10:37
" магар Руссия Точикистон аст, ки бояд мардум чои гарми худро ба мухочирони точик холи карда дихад? Аз акидахоятон бармеояд, ки Русиия хамон вакт бо мо дуст мешавад, ки точиконро ба чои корхои хуб ба кор бигиранд. Шумо як фикр кунед, ки оё шахсан Шумо барои дуст чои корие ки як умр Шумо ва оилаатонро мехуронаду мепушонад, холи карда медихед? "

Ин гапхои шумо ба хама маълум. Мантики гапхои Ресаро нафахмидед. Яъне, факт хамин ки дар аксари маврид, чойхои гарм ба точик ва гастрабайтер насиб нест, ва аз паи фикрхои дигар шудан даркор....

Рахмат Ресе, тахлили хуб.
Дар посух

Ном: Ахмад аз: Конибодом
26.12.2011 11:18
Ба Файзиниссо гуфтаниам, ки суханони Шумо бемантиканд, зеро Реса аз нигохи кор афтодаги масъаларо матрах кардааст ва ман низ шохиди медихам, ки хол чунин аст. Шумо бошед аз нигохи хукуки ва конуни нигох накарда ин амали русхоро дуруст мешуморед ва онро ба Точикистон шабохат медихед. То Девонаев ва дигронро тахкир кардан, худ он кадар дониш дошта бошед, кани масъаларо азз нигохи хукуки матрах карда, бо як маколаи алохида баромад кунед. Шарх дихед, ки вазъи мухочирин ва ба он дахлдор конунхо дар Россия ва Точикистон чигунааст ва дар асл чигуна амали карда мешаванд.
Дар посух

Ном: Беном
27.12.2011 19:35
Апаи Файзиниссо хакикатро мегуяд. Мо бояд гуломиро бас карда, дар ватани худ кор ва зиндагонии осуда кунем.

Ном: Мушохидакор аз: Маскав
25.12.2011 19:28
Рохбарони моро мебояд аз хукуки мухочиронашон дар тамоми давлатхои дигар аз чумла Русия химоят кунанд, то хамчун як давлати мавчуд буданамон ба чахониен маълум бошад.
Дар посух

Ном: faridun аз: sweden
27.12.2011 06:44
Javob ba Faiziniso . Man guftaniyam,ki Resa haq ast shumo boshad Faizinissoijun kitob bikhoned va bosavod shaved!

Ном: Файзинисо аз: Хучанд
26.12.2011 20:54
Ба Ахмад! Ман Девонаевро тахкир накардаам, аз тачрибаи кории у дар ВКД мисол овардам, ки ин холат бо санади эътибори конуни пайдонамудаи суди эътироф шудааст. Шумо ки ба хайси химоячии Девонаев баромад намудед, хуб мешуд каблан аз худи у пурсед, ки ниёз ба химоя дорад ё не. У як чинояти кушторро кушода натавониста мардуми бечораи бегунохро айбдор карда бо гунохи у онхо каиб се сол дар хабс буданд ва ахиран хамаи онхо сафед шуданд, биноан аз ноухдабароии охирон ман сухан кардам. Дар хусуси матрах намудани масоили мухочират ва халли ин мушкилот, ки шумо таклиф намудед ман талил карда дихам, бояд посух дихам ки ман дар Хадамоти мухочират кору фаъолият намебарам ва масъулине ки маош мегиранду он хам аз хисоби ману шумо аст, курсиро банд кардаанд, бигузор халлу фасли мушкили пеш омадаро ба зимаи худ бигиранд. Ман ухдадор нестам ки ба чои онхо захирахои зехнии худро масраф намояму онхо дар курсихои гарму нарм нишаста маоши бедарди миён гиранд. Барои ислох кардни як хатогии Девонаев, ки 4 нафар шахрванди бегунохро хабс карда буданд ман се соли умр ва вакти худро сарф намудам, дигар кор надорам ки дар хадамоти мухочират низ ба чои масъулин вакти худро масраф намоям. Вазифаро, ки гирифтанд ва курсиро банд карданд, бигузор барои мардуми хеш ва сиёсати пешгирифтаи хукумати кишвар дар самти мухочират фаъолият баранд.
Дар посух

Ном: Ахмад аз: Конибодом
28.12.2011 06:39
Ин дафъа Шумо бетараф! Ин дафъа ин вазифаи Шумо не, агар як фарзандатон дар мухочират мебуд, медидам чи хел се сол нею си соли умри азизатонро ба навиштан ва ба такон додани курсии ин хоббурдахо мегузарондед, маколахоятон дар хамачо калиди мешуданд.
Дар хакикат Шумо метавонед, Шумо метавонед чизе навиштан ва гуфтан, пас бетараф набошед.
Факат хамчу духтур, ки ба касами худ содикаст, у намегуяд, ин вазифаи сардухтуру, ренгену шикастабанду дигару дигар аст, табобат мекунад, Шумо низ як "табибие" кунед.
Муваффакият. Асабони нашавед. Аз сухбатхои мо, хакикатро пайдо мекунем. Лекин дар кадом сатх дониш доштан ва надоштанро хар кас аз худ пурсад, чавоб меёбад.
Дар посух

Ном: Болтухон аз: Хучанд
28.12.2011 06:49
Шумо аз сарф кардани моликияти зехнии худ чаро дар харосед?
Он чи ки Шумо менависед ба Шумо таалук дорад. нависед тахлил кунед, ин як навъ кори илми мешавад.
Вакте, ки номгуи корхои худро чоп кардани мешавед, ончо гурдапур аз садхои корхои худ номнависи мекунед, ин магар хуб нест?
Камоли Хучанди дар гариби ин хама меросашро навишт, вай нагуфт, ки ин вазифаи ин асту он.

Ман ин расми рафокатро аз дида омухтам:
Хар узв чун ба дард ояд, чашм мегиряд!

Ном: Асад аз: ДУШАНБЕ
28.12.2011 00:26
Рост мегуяд Файзинисо барои чи Девонаев сохиби курсии гармшуда бояд ба чои у дигарон кор кунанду пешниходи диханд. солхои ахир бештар диккат чалб намудани курсинишинон ба мухочирон танхо як сабаб дорад, онхо нав маззаи пули бедардукмиёнро чашиданд аз мухочирони мехнати бисёртар хукумат фоида мебинад на мурдуми бечора. Сардори хадамот шуда Девонаев дар ин самт чи кор кардаст ки уро таъриф кунем. Барои ду летчикхо чи кадар мардума депорт карданд ба ягон макомоти россия гапи Девонаев гузашт, не нагузашт боз чи чои гап.
Дар посух

Ном: Комил аз: Хучанд
28.12.2011 15:39
Ин чо ба фикрам касе Девонавро химоя кардани нест! Баръакс хама медонанд, ки инхо чигуна кор мекунанд, бале у марди тасодуфи дар ин самту дар ин мансабу курси хаст.
Хукумат бояд масъалаи мухочиронро хал кунад. Чои кори ёбад, ва дар дигар холатхо хукухои шахрвандони худро дар кучое набошанд таъмин намояд.

Ном: Ба Реса аз Файзинисо аз: Хучанд
28.12.2011 23:12
Бародари азиз Реса! Чун шумо маро ба бахс даъват намудед, мехохам акидаамро иброз намоям.Ман бо гуфтахои шумо танхо дар хусуси чои гарм надодани русхо ба точикон ва дустии ин ду кишвар вокуниш нишон додам, аммо дар дигар кисм пурра ман хамфикрам. Бале, Руссия хеч вакт бо Точикистон дусту шарики стратеги набуд ва намешавад. Проблемаи мухочират айни замон тамоми чахонро фаро гирифтааст. Пешниходи ман дар хусуси донистани забон бо максад аст, ки ба фикри ман агар точик хуб аз забони руси балад бошад, метавонад акаллан сухани худро озод бигуяд, барои хукукхояш мубориза барад чун шахрвандони моро берун аз кишвар хеч ягон макомот хифз намекунад. Аз хама бехтарин рохи рахои ин ташкили чойхои кори дар дохили кишвар аст. Точикистон хама вакт бозичаи дасти руси кабир буд ва бо казияи ду халабони рус мо бори дигар исбот намудем ки дар назди Руссия бо ду зону мешинем. Баъд аз ин бояд ба назар гирифт, ки дар Руссия ва дигар кишвархои хорич худи точион байни худ иттифок нестанд, точик аз тарафи точик кушта мешавад, фиреб медиханд, хамчун кувваи арзони кори точик точикро мефурушад ва бо ин амалхо мо худро шарманда мекунем. Дар хусуси сиёсати хукумати кишвар дар ин самт ман пурра бо Шумо хамфикрам. Пешниходи Шуморо оид ба КГБ (КДАМТ) кабул дорам, вокеан дар давраи шурави пурра давлат дар хамаи самтхои сиёсаташ зери назорати ин макомот буд. Дар Точикистон баъди ба эълони истиклолият ва тачдиди макомотхо ба таври кулли ваколату салохиятхои макомоти амният тагйир ёфт, хол он ки амният ягона макомоте мебошад, ки танзими сиёсати иктисодиёти соягиро чилавгири намояд, ба хама махфи нест ки тамоми вазирону сарватмандон ва фарзандони онхо, ки хукумат аз онхо пуштибони мекунанд, зери иктисодиёти сояги карор гирифта дастраси ба тамоми арзу бойигарию сарват доранд ва кулли иктисодиёти кишвар аз хисоби элитаи сояги контрол мешавад. Макомоти амният назар ба дигар макомотхои кудратию низоми обрую эътибори хоса дошта, то имруз мардуми хеш бештар ба ин макомот арч мегузорад, СССР-ро КГБ хамчун давлат 70 сол эмин нигох дошта буд. Бинобар хамин дар хусуси ин пешниходи Шумо ман пурра хамакидаи шумо хастам.
Дар посух

Ном: Реса аз: Душанбе
29.12.2011 02:33
Аппачон рахмати калон ба Шумо, ки ба ман як маълумоти хукукй додед, ки дар хакикат КГБ метавонад аз болои Хукумат кор кунад чуноне, ки дар ахди Шуравй буд. Мавзуъ ба фикрам пурра шарх дода шуд. Дигар факат Сипос ба Шумо.

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype