Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзонаи Хуршед: "Ба қадри озодӣ хоҳам расид"

Фарзонаи Хуршед пас аз раҳоӣ аз зиндон
Фарзонаи Хуршед пас аз раҳоӣ аз зиндон

Бино бар Қонуни афви Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта имзо шуд, Фарзона дар сафи аввалинҳо аз маҳбас озод шуд.

Ҳамроҳи ӯ 111 зани дигар, ки 14 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, низ аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак берун омаданд. Аз ин ҳисоб чаҳор зан бо тифлони худ раҳо шуданд.

Аксари ин бонувон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва дуздӣ ҳукми зиндон гирифта буданд.

САДОИ ФАРЗОНАРО БИШНАВЕД:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00
Линки мустақим


Ҳоло чаҳор зани узбакистонӣ, ки ба озодӣ баромадаанд, нияти бозгашт ба кишвари худро надоранд, балки мехоҳанд дар Тоҷикистон иқомат бикунанд.

Фарзонаи Хуршед пас аз раҳоияш бо хабарнигорон сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дода ва аз озод шуданаш изҳори хушҳолӣ кардаву гуфтааст, ки "аз ин ба баъд ба қадри озодӣ хоҳад расид". Вай гуфтааст, ҳарчӣ зуд бояд ба назди модараш - Сурайёи Қосим биравад.

Овозхони ҷавон тоҷик, Фарзонаи Хуршед, рӯзи 23-юми феврали соли гузашта бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд.

Раҳоии Фарзона аз зиндон

Шабнами Сурайё ба истиқболи хоҳараш - Фарзонаи Хуршед омада буд...
1/9 Шабнами Сурайё ба истиқболи хоҳараш - Фарзонаи Хуршед омада буд...
Фарзонаи Хуршед пас аз раҳоӣ аз зиндон
2/9 Фарзонаи Хуршед пас аз раҳоӣ аз зиндон
Фарзонаи Хуршед аз зиндон берун мешавад...
3/9 Фарзонаи Хуршед аз зиндон берун мешавад...
Тифлон ҳам аз пушти милаҳои зиндон берун омаданд, ба озодӣ...
4/9 Тифлон ҳам аз пушти милаҳои зиндон берун омаданд, ба озодӣ...
Маҳбаси занонаи шаҳри Норак
5/9 Маҳбаси занонаи шаҳри Норак
Рӯзи сешанбе, 23-юми август 112 зан аз зиндон озод шуданд
6/9 Рӯзи сешанбе, 23-юми август 112 зан аз зиндон озод шуданд
Чаҳор зан бо тифли худ озод шуданд
7/9 Чаҳор зан бо тифли худ озод шуданд
Бисёриҳо ашки шодӣ мерехетанд
8/9 Бисёриҳо ашки шодӣ мерехетанд
Шабнами Сурайё (аз тарафи чап дуввум) мунтазири берун омадани Фарзонаи Хуршед аст
9/9 Шабнами Сурайё (аз тарафи чап дуввум) мунтазири берун омадани Фарзонаи Хуршед аст
пешина
баъдӣ


Додгоҳ ӯро тибқи моддаи 36-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне шарикӣ дар ҷиноят айбдор донист. Масъулони додгоҳ мегӯянд, Фарзонаи Хуршед мехост ба фирори Фаррух Рӯзиев, ки дӯстписараш муаррифӣ мешавад, аз толори додгоҳ кӯмак кунад.

Фарзонаи Хуршед духтари ҳунарманди маъруфи тоҷик, Сурайёи Қосим ва хоҳари хурдии Шабнами Сурайё, яке дигар аз чеҳраҳои шинохта дар олами мусиқии поп мебошад, ки ҳанӯз дар хурдсолӣ вориди саҳнаи эстрадии Тоҷикистон шуд ва бо таронаҳои "Модар", "Ҷӯраҷон, хона биё" ва "Эй, ошиқони бедил" дар миёни ҷавонон шӯҳрат пайдо кард.

Навори видео: 18 моҳ пеш. Вақте Фарзонаро ба зиндон ҳукм карданд...

Додгоҳи Фарзона
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00
Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG