Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” аз 5 бозӣ дар майдони худ маҳрум ва 3000 сомонӣ ҷарима шуд


Рӯзи 14-уми июн чаҳор бозии даври 16-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба охир расид.

Дар се бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

Бозии марказии даври 16-ум дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаи мизбон - “Равшан” ва тими «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шуд. Голи ягонаро бозигари "Истиқлол" Александр Кудряшов, легионери русиягӣ, дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

Вале дар поёни ин бозӣ гурӯҳе аз мухлисон доварону кормандони милиса ва мошинҳои меҳмононро сангборон карданд. Ба иттилои Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин ҳодисаи нохуш 15-уми июн дар ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи Федератсия мавриди муҳокима қарор гирифт ва гунаҳкорон бар асоси дастури баргузории бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон муҷозот шуданд.

Ҷаноби Давлатов афзуд: “Майдони футболи дастаи “Равшан” - варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб аз баргузории панҷ бозии чемпионат маҳрум гашт ва клуби футболи “Равшан” ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд. Панҷ бозии хонагии “Равшан” дар варзишгоҳе, ки аз шаҳри Кӯлоб дар масофаи на камтар аз 100 километр ҷойгир аст, баргузор хоҳад шуд”.


Рӯзи 15-уми июн ба сомонаи интернетии радиои Озодӣ номаи раҳбарони бошгоҳҳои футболи ҳарду даста расидааст, ки комилан ба хонандагон пешкаш мешавад:

Акрам Ҳусейнов, ноиби президенти клуби футболи “Равшан”:

-Афсӯс, ки иди футболро мухлисони мо барбод доданд. Дар бораи эътирози мухлисон ба голи «Истиқлол», мо чунин меҳисобем, ки тӯб ба дарвозаи дастаи мо аз рӯи қоида зада шуд. Мо ба бозӣ ягон эътироз надорем. Муғлубиятро бояд бошарафона пазируфт, вале, афсӯс, ки инро мухлисони мо намефаҳманд ва баъди анҷоми бозӣ меҳмононро сангборон карданд. Барои чунин рафтори мухлисонамон узр мепурсам. Онҳо дар ин рӯз идоранашаванда буданд.

Шоҳрух Саидов, президенти клуби футболи “Истиқлол”:

-Мухлисони дастаи “Равшан” эътироз мекунанд, ки голи задаи мо аз офсайд буд. Ин назари ғайримунсифона аст. Ҷониби мағлубшуда ҳамеша дар нокомии худ доваронро айбдор мекунад. Раҳбарияти “Равшан” пас аз анҷоми бозӣ ҳеҷ гуна эътироз баён накардааст. Дар бораи доварии ин бозӣ ҳаминро гуфтаниам, ки ба назари ман сардовар ба мизбонон таваҷҷӯҳ дошт, вале хатоҳое, ки ба натиҷаи бозӣ таъсир расонда бошад, накардааст. Баъди гол гурӯҳи мухлисони хашмгини “Равшан” ба сӯи футболбозони мо сангу буталҳои пластикӣ ҳаво доданд. Зимнан, дар ҷараёни бозӣ сангҳо ба тарафи бозигарони мо партофта мешуд. Рафтори мухлисони “Равшан” ба онҳо шараф намеорад. Хушбахтона бозӣ бе талафоти ҷонӣ поён ёфт.
Ба назари ман мухлисонро ба чунин амали ношоиста якчанд бозигари “Равшан” барқасдона таҳрик мекунанд. Футболбозони Кӯлоб каратистони ҳақиқӣ ҳастанд, хеле дағалона ва разилона бозӣ мекунанд, бозигарони ҳарифро дар майдон мешикананд. Баъди бозӣ бо “Равшан” се бозигари мо осеб дид. Мутаассифона, мақомоти асосии футболи кишвар – Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рафтори густохонаи бозигарони “Равшан” чашм мепӯшанд. Ба авбошон дар футбол ҷой нест! Мехоҳам хабарнигоронро даъват намоям, ки аз худ набофанд, аз пашша фил насозанд, ҳангома накунанд ва воқеиятро дар атрофи ин бозӣ мунсифона инъикос намоянд.


Дастаи «Хуҷанд» дар майдони худ, варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд, аз тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Ду голи меҳмононро Шодибек Ғаффоров ва як голи мизбононро Зокир Бердиқулов заданд.

Дастаи «Гвардия»-и Душанбе аз тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Голҳоро Обидҷон Исмоилов (дақиқаи 4-ум), Давронҷон Тухтасунов (72) ва Илҳомҷон Ортиқов (82) ба самар расонданд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Нахуст бозигари “Вахш” Реди Тройд, легионери амрикоӣ, дар замони изофӣ (90+2) ҳисобро боз намуд. Баъди ду дақиқа (90+4) голи ҷавобиро Фирдавс Қурбонов вориди дарвозаи мизбонон кард.

Бозии охирини даври 16-ум, ки 15-уми июн миёни дастаи мизбон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор шуд, бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Голҳоро Нӯъмонҷон Ҳакимов (дақиқаи 34-ум) ва Хайрулло Ғайбуллоев (76) заданд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол» бо 34 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаи «Равшан» бо 29 имтиёз дар ҷои дуввум ва тими «Регар-ТадАЗ» бо 26 имтиёз дар ҷои саввум қарор доранд.


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 10 гол дар ҷойи аввал аст. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) ҳаштголӣ,
Габриэл Донто ва Шодибек Ғаффоров ( ҳарду “Энергетик”) ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 7-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Истиқлол"

12

11

1

0

28-6

34

2.

"Равшан"

14

9

2

3

24-9

29

3.

"Регар-ТадАЗ"

13

8

2

3

26-13

26

4.

"Хайр"

13

7

2

4

20-13

23

5.

"Энергетик"

15

7

1

7

21-22

22

6.

ССКА “Помир”

15

6

1

8

22-21

19

7.

"Хуҷанд"

14

5

3

6

12-19

18

8.

"Вахш"

14

5

1

8

14-16

16

9.

Шодмон”

14

4

2

8

18-23

14

10.

арвоз"

14

4

1

9

15-33

12

11.

вардия"

14

1

2

11

10-32

5


Даври 17-ум
18 июн (шанбе)
«Парвоз» - «Энергетик»
«Вахш» - «Истиқлол»
«Равшан» - «Шодмон»
«Гвардия» - «Хайр»
19 июн (якшанбе)
«Хуҷанд» - «Регар-ТадАЗ»
XS
SM
MD
LG