Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷарроҳи Алии Бедакӣ


Акси Аловаддин Давлатов аз навори видео
Акси Аловаддин Давлатов аз навори видео

Мақомот Абдулло Вазиров ва Муҳаммадхолиқ Содиқовро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ҷиноӣ боздошт кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқи қазияи ҳаводиси ахири Рашт ошкор шуд, ки ин ду нафар бо гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ҳамкорӣ доштаанд.

"Ҳанӯз барвақт аст"

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Ин манбаъ афзуд, алайҳи ин ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот аз тарафи додситонии низомии Тоҷикистон идома дорад.

Хайрулло Саидов, додситони низомии Тоҷикистон, дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо "Озодӣ" таъйид кард, ки корҳои тафтишотӣ дар иртибот ба ин ҳодиса ҷараён дорад. Вале додситони низомии Тоҷикистон дар бораи иттиҳомоти муқаддамотии ворида ва бар пояи кадом банду моддаҳои қонуни кайфарӣ гумонбар шудани ин афрод маълумот надод.

Ҷаноби Саидов гуфт, "ҳанӯз барвақт аст", ки дар ин бора иттилоъ дода шавад, зеро метавонад дар ҷараёни тафтишот халал расонад.

Бо ин ҳол Олим Одилов, яке аз афроди наздик ба Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар ноҳияи Рашт, гуфт, ин ду нафарро ба ҳайси табиб мешинохтанд. Вале намедонад, ки бо кадом ҷурм онҳо боздошт шудаанд.

Табобати захми ангуштони Бедакӣ

Бар асоси иттилои манобеи Вазорати умури дохилӣ ин табибон захми Аловуддин Давлатов ё Алии Бедакиро дар поёни моҳи сентябр ё аввалҳои моҳи октябр дар деҳаи Муллобароти ноҳияи Рашт муолиҷа кардаанд.

Зимнан, дар як навори видеоӣ, ки сомонаҳои интернетӣ онро пахш карданд, афсари мақомоти қудратии Тоҷикистон дар дохили автомобил аз Алии Бедакӣ пурсидааст, оё захми ангуштони ӯро, ки ба зарби тир иттифоқ афтодааст, пизишк Абдулло Вазиров дар деҳаи Муллобарот табобат кард.

Аммо гуфта мешавад ин табибон, ки ҳамакнун боздошт шудаанд, ба мақомоти интизомӣ хабари дидор бо Алии Бедакӣ ва маълумот дар бораи табобати ӯро ба мақомот нарасонидаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон нарасонидани чунин иттилоъ ба мақомотро ҷиноят меҳисобад.

Хабар надоданд, ҷинояткоранд?

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд новобаста ба мақому вазифа ва мансаб пӯшонидани маълумоте, ки барои кушодани ҷиноят кӯмак мекунад, шаҳрванд гунаҳкор дониста мешавад.

Амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар водии Рашт аз моҳи сентябр оғоз шуда, Аловуддин Давлатов дар ҳамлаи хунин ба корвони мошинҳои Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароб айбдор мешавад, ки бар асари он 28 сарбози ин ниҳод ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, Алии Бедакӣ ва 7 тан аз ҳамроҳонаш дар як даргирӣ дар деҳаи Рунов дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ кушта шуданд. Аммо дертар навори видеоие паҳн шуд, ки дар он Аловуддин Давлатов дар ҳоли боздошт ва бозпурсӣ аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ дида мешавад.

Мақомоти расмӣ воқеият ва мӯҳтавои ин наворро шарҳ надодаанд, аммо наздикони Давлатов ӯро дар навор шиносоӣ кардаанд

Матолиби дигар дар ин бора:

XS
SM
MD
LG