Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатмандбий турк буд ё тоҷик?


Ҷӯрахон, як набераи Давлатмандбий аз Ховалинг ба РО нома зада, навиштааст, ки алорағми иддаои муаррихон, бобои ӯ турк набуд, тоҷик буд.

Ҷӯрахон менависад: “Мо ҳама 35 нафар авлоди ӯ қаду қомати баланд, чашмони калони тоҷикӣ, бинӣ ва рухсораҳои ориёӣ дорем. Падарамон Ғозӣ то рӯзи вафот устои хонасоз буд. Дар замони шӯравӣ бо баҳонаи аблаҳона ӯро ду сол зиндонӣ кардаанд. Барои авлоди “босмачӣ” будан моро бо чашми бад менигаристанд. Падарам бой набуд.”

Қаблан дар як матлаби Озодӣ таҳти унвони “Степан Бандера ва босмачиҳои Осиёи Марказӣ” бархе муаррихони тоҷик миллати Давлматмандбийро турк гуфта буданд. Давлатмандбий дар солҳои бистуми асри гузашта фармондеҳии нирӯҳои муқовимати зидди артиши шӯравӣ дар ҳудуди минақаи Кӯлоби кунуниро бар дӯш дошт ва соли 1922 кушта шуд.

Набераи Давлатманд ба мо машварат дод, то дар бораи бобояш бо муҳаққиқи шинохта Зафар Мирзоён сӯҳбат кунем, ки падараш Мирзо Пирак Давлатмандбийро аз наздик дидааст ва шоҳиди охирин набард ва шаҳодати ӯ ҳам буд. Ва мо ҳам рафтем ба сӯҳбати Зафари Мирзоён ва аз ӯ пурсидем, ки Давлатманд кӣ буд: турк ё тоҷик?

XS
SM
MD
LG