Ҷумъа, Апрел 18, 2014

Тоҷикистон

Рашт дар тасвири хабарнигори Озодӣ

Хабарнигори Озодӣ аз водии Рашт, маҳалли даргириҳои ахир дар шарқи Тоҷикистон баргашт. Ӯ зимни ин сафар аз шаҳракҳои Ғарму Навобод ва дараи Камароб дидан карда ва гузориши тасвириеро барои шунавандагону хонандагони Озодӣ таҳия намуд.

x
Ҳаҷми матн - +
Аз Ваҳдат то Ғарм ҳудуди 15 посгоҳи мақомоти амниятии Тоҷикистон амал мекунанд. Дар аксари посгоҳҳо мошину асноди сарнишинонаш тафтиш ва дар ҳолати пайдо шудани шакку гумон бозпурсӣ мешаванд.
 


Ғарми сокит ва камодам
 

Ғарм барои нафаре, ки бори аввал омадааст, як шаҳраки орому сокит ва камодам менамояд. Ҳаракати мошинҳо ангуштшумор буд.

Теъдоди мардуми мулкӣ кам ба назар мерасид. Танҳо низомиён, ки зиёд ба чашм мехӯрданд, бо телефонҳои мобилӣ сӯҳбат мекарданд. Бозори марказии Ғарм камодам буд. Дӯконҳои бозро ҷо-ҷо дидан мумкин буд.

Як тоҷир, ки худро Шералӣ муаррифӣ кард, гуфт, баъд аз пайдо шудани низомиён ва чархболҳо дар фазои шаҳрак мардум кам ба бозор меоянд:



«Руст карда рафтанд. Мумкин барои ин бошад, ки чархболҳо бисёр омада, мераванд. Ҳар касе, ки савдо кардан мехоҳад, меояд, касе, ки намехоҳад, не. Одам, ки кам аст, кам савдо мекунем»

Аҳмад, яке дигар аз тоҷирон гуфт:

 

«Рӯзҳои истироҳат — шанбе, якшанбе, ки ҳаст, одам кам меояд»

Даҳсолаҳо рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон рӯзҳои бозорӣ низ будаанд. Аммо дар водии Рашт, ки як ҳафта ба ин сӯ маркази ҳаводиси доғи Тоҷикистону минтақа ба шумор меояд, мардум зиёд ба сӯҳбат моил нестанд.

Сокинони маҳал мегӯянд, дар ҳудудҳои дараи Камароб то Ҳоиту Тоҷикобод аз соати 8 — и бегоҳ то 6 — и субҳ қуюди шабгардӣ эълон шудааст. Ҳалим, як сокини шаҳраки Навобод гуфт:



«Баъд аз соати 8 -и бегаҳ дар кӯчаи Навобод ба ҷуз сагҳо ягон кас нест. Мардуми эҳтиёҷманд намедонанд чӣ кор кунанд. Масалан, ҳоло яке аз онҳоеро, ки дар ҳолат буд, гӯр кардем. Боз чор касе дигар аст, ки дар ҳолат (маризи миранда) аст. Бовар кунӣ, агар як мулло барои хондан даркор шавад ё доруву дармон, то субҳ бояд интизор шавӣ»

Кулоҳи сарбоз - нишоне бозмонда аз даргирии19 сентябр
Тадобири шадиди амниятӣ дар ноҳияи Ғарм пас аз 19 сентябр, рӯзи ҳамлаи мусаллаҳона ба мошини ҳомили афсарону сарбозони вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Камароб, ки 28 нафар кушта ба ҷой гузошт ва низ даргирии мусаллаҳонаи миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи мухолифин дар деҳаи Нишириён, 3- километрии шарқи шаҳраки Ғарм рӯзи 22 сентябр гирифта шудаанд.

Фармондеҳон куҷо шуданд?

Мақомот нооромиҳои ахир дар Раштро кори дасти гурӯҳҳои Мулло Абдулло, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Аловуддин Давлатов унвон карданд. Саидаҳмад, як сокини Ғарм мегӯяд, дар ҳоли охир ин фармондеҳон манзилҳои зисти худро тарк кардаанд:
 


«Алӣ ва се — чор ҳамроҳаш аз тарси ҷон фирор карданд. Нерӯҳои амниятӣ ба манзили онҳо ҳуҷум карданд. Баъд аз ин ба манзили Мирзохӯҷа Аҳмадов ҳамла карданд. Ҳоло маълум нест, ки он ҷо чанд нафар мурдаву чанд хона сӯхтааст. Ягон кас ахбор дода наметавонад. Ҳама ҷоро сарбозон посбонӣ мекунанд»

Сокинони маҳалӣ мегӯянд, баъд аз ин ҳаводис мардуми ин қаламрав мекӯшанд аз хонаҳои худ берун нашаванд. Ҳалим мегӯяд, ин вазъ халои иттилоотиро низ ба вуҷуд оварда, боиси пайдо шудани овозаҳо шудааст:

«Як овоза мешаваду ҳамон рӯз овозаи дигар мешавад, ки аввалиро инкор мекунад. Воҳимаву гапу хабар рафта истодааст. Ягон кас на дар радио ва на дар телевизион намегӯянд, ки асли гап чист. Дар телевизион ва радио ҳам аниқ намегӯянд, ки кадом муҷоҳидро боздошт кардаанд. Ҳама тахмин мезананд»

Ба гуфтаи сокинони Рашт, ҳаракат ба сӯи деҳоти Бедаку Нишириён ва Белги танҳо ба онҳое имкон дорад, ки бошандаи ин деҳаҳоянд.

Мулло Абдуллоро кӣ дидааст?

Афзоиши нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар водии Рашт дар пайи шурӯъи амалиёти боздошти фирориёни боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва иттилоъ дар бораи пайдо шудани гурӯҳи Мулло Абдулло ва зархаридони хориҷӣ дар дараи Камароби Рашт сурат гирифтааст.

Ҳузури ахириҳоро аксари сокинони водии Рашт зери шубҳа қарор медиҳанд. Дар дараи Камароб як даҳмарда, ки худро Абдураҳим муаррифӣ кард гуфт:



«Ҳамон дарае, ки ман будам, бовар кунӣ, мегузашт аввал аз ҳамон ҷо мегузашт. Хаймаи ман дар ҷоест, ки ҳатто пашшаро мебинӣ. Ман ягон касро надидам. Як халтаи нони қоқ доштам, ягон кас ҳатто даст нарасондааст.»

Аммо як даҳмардаи дигар, ки бидуни микрофон сӯҳбат кард, гуфт, як гурӯҳи 80 — нафари муҷоҳидинро дар болооби дарёи Сурхоб дидааст.

Нигарониҳои мардум

Даҳмардаҳое, ки имрӯзҳо аз айлоқҳои мавзеҳои баланд поён мешаванд, мегӯянд, як моҳи дигар фурсат доштанд, аммо ҳоло ба далели нооромиҳо маҷбуранд Раштро тарк кунанд. Ба қавли онҳо, ин давраи вазнгирии чорво будааст.

Сокинони маҳал мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ҳазорҳо сарбози ҳукуматӣ дар кӯҳҳо мавқеъ гирифтаанд. Ба қавли онҳо, азбаски дар даҳаи навади асри гузашта ҳангоми ҷанги дохилӣ даҳшати даргириҳоро дидаанд, аз ҳузури сарбозон дар ташвиш ҳастанд, ки шояд он ноамниҳо боз такрор шаванд.

Аммо Ҳалим, ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: «Ягон сарбоз ба касе кор надорад. Ман аз Навобод то Ғарм рафтам. Дар роҳ як сарбозро ҳам надидам. Фақат вақти ҷанг, ки ҳолати фавқулодда буд, илтимос карда, мошинҳоямонро гирифтанд, ки захмиҳоро барем. Дигар ягон гап нест.»

Аксари ҳамсӯҳбатҳои мо дар Рашт изҳори умедворӣ мекунанд, ки амалиёт бомуваффақият анҷом меёбад ва нерӯҳои ҳукуматӣ водиро тарк мекунанд. Онҳо мегӯянд, вазъе, ки ҳоло ҳукмрон аст, онҳоро ба оянда нигарон кардааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Tojik
26.09.2010 21:20
In maqola chand ruz pesh ast? Telefonhoi mobili qarib yak hafta meshavad ki kushtagiand, sarbozo chi hel ba telefon gap mezanan?
Дар посух

Ном: Ozodi аз: Prague
26.09.2010 21:22
Меҳмони арҷманд,

Хабарнигрони Озодӣ мушоҳида карданд, ки афсарон бо телефонҳои мобили маъмулӣ суҳбат меакраданд. Эҳтимол дорад, ки хатҳои телефонӣ барои онҳо фаъол боқӣ мондаанд.
Дар посух

Ном: Беном
26.09.2010 21:50
In chi khel shabakai mobili budaast, ki tanho uak guruhi kuchak metavonistaast istifoda kunad?
Дар посух

Ном: Беном
26.09.2010 22:34
Nameshudagi gapho. Yak ba mantiki gap nigoh karda gap zaned, shumo zhurnalits, oinai millat hasted, in chi khel meshavad, ki mobil ba yak guruh fa'ol shuda metavonistaast? O in mavji mobil yak ast baroi hama, agar ratsiya megufted mantikash bud ...
Дар посух

Ном: Tojik
27.09.2010 07:06
Saldato hamijani taga bozi kardan ki mobiloshona nakshtan :)
Дар посух

Ном: Мухочир
27.09.2010 08:43
Бародарон. Мумкин барои афсарон ягон алокаи шабакаи мобили мухае карда бошанд, ки факат онро афсарони Кумитаи Амният истифода мекунад, бинобар ин агар хабарнигор дида бошад, шакке нест. Наход хабарнигор Рацияро аз телефони мобили фарк накунад, е ин ки дуруг навистан барои хабарнигор чи даркор аст. Илова бар ин Кумитаи Амнияти мо бояд ягон намуди алока ба гайр аз рация ва шабакахое, ки мардум онро истифода мекунанд, дошта бошад, ки дар вазъиятхои бенихоят зарур истифода баранд. Вазифаи онхо таъмини амният ба мардуми кишвар аст. Катъ кардани шабакахои мобили бехуда нест. Худатон нагз медонед, ки мардуми мо чи кадар вохимачи аст. Хабархои росту дуругро пахн мекунанд ва хамаро дар ташвиш мегузоранд, бинобар ин алока набудан дар Рашт бехтар аст, аз оне ки алока бошаду хамаро дар тахлука афтонад. Бовари дорам дар рузхои наздик хабархои хуш мешунавем аз Водии рашт, ки душманон нобуд карда шудаанд ва тинчиву осудаги дар Води барпо аст. Худованд нигахбон.
Дар посух

Ном: Беном аз: против Беном
27.09.2010 09:13
......... а мардаки хуб мактаби миёнара гоибона хондай ки, аз пешрафти техналогияи муосир дарак надори?
Дар мухите ки зиндаги дори, хазору якхел мавч аст. хамашда доступ надори ки хамаша истифода бари.
Ягон вакти бекори кам кам физикара хон дар бораи мавчхо баъд ячи нимчи мефахми.
Дар посух

Ном: Наход?
27.09.2010 13:53
Бубахш Родиои Озоди. Ту хам мухолифи давлати. Дар ягон давлати дуне ту тарафдори давлати конуни нести, на ин, ки танхо дар Точикистон. Дар Гарм ягон телефони мобили кор намекунад. Бародари ман корманди калони харби дар Рашт мебошад. Як хафта шуд аз у хату хабар нест. Илтимос хамин хел хабархои игвоангезро камтар (чунки шумо бе ин наметавонед вучуд дошта бошед) ба руи чоп бароред.
PS: ман бовари дорам, ки инро чоп намекунед. чунки чандид назари маро чоп накардаед. Аммо бовар дорам, ки инро мехонед. Ин хел бошад чавобашро бо сурогаи jonona_0909@mail.ru равон кунед.
Дар посух

Ном: Кактус
27.09.2010 18:21
Хуб баҳси бемаънӣ!!!
Аз хондани постингҳо гумон кардам, ҳозир мавзӯи рефлексияву дефлексияи мавҷҳоро баррасӣ хоҳед кард.
Муҳим он, ки рӯзноманигор он ҷо будааст ва ҳама мушоҳидаҳои худро навиштааст, ба ҳамин ҳам ташаккур!!
Дар посух

Ном: ba Protivi Benom
27.09.2010 19:21
.... dodam man agar fizikaya namedonistam, inja bojur'at gap namezadam. Gapat durust, ki hazoru yak khel mavj ast, lekin dar Tojikiston, aniqtarash dar Garm az in mavjhoi tu gufta istodaro faqat Babilonu Tcell va yak-du digar dorad, ki bo standarti GSM firistoda meshavad, ki holo kontrol kardani yak kismi khurdi on az hamon Babilonu Tcell vobasta ast. Unho vaqt paydo karda soldathoba in imkoniyat dodagishba khandai odam meoyad, chunki in aloqaho ba'di konflikt az tarafi idorahoi amniyati kat' karda shudaast.
Az posukhtar dushvor ast dark kardan, ki khudat khonda boshi yo ne ... :-D
Дар посух

Ном: Андеша
27.09.2010 09:37
Беномхои мантикдони аз илму фарханг дур! Як фикр карда баро ки аз як антеннаро метавонад як чанд компанияхо истифода барад. Агар мисол як компания барои омма хизматашро катъ карда бошад дар ин ё он макон, ин мазмуни онро надорад ки антенна кор накарда истодааст! Дар асл антенна кор карда истодааст факат барои хизмати амнияти!

Агар мулло Ахмадов аз телефончаи мобилиаш сухбат кунад монанди Масхадов ё як террористи чечени бо кумаки сигнал маконашро аник кардан мумкин аст! Ва дар холати муаян кардани координатахо хамла кардан мумкин! Хозира телефонхои мобилиро бе пайвастшави ба компанияхо хам чойгиршавиашонро аник кардан мумкин! Ба ёд оред котили як рузноманигори русро ки телефонашро дуздида ба Точикистон омада буд.
Дар посух

Ном: Наход?
27.09.2010 13:57
Худут бародар физики бокувват будай. Намеои дар АФ академик кор куниФ?
Дар посух

Ном: Беном
27.09.2010 19:27
Turo mantiqdor guyem, tu ham mantiki kofa nadoshtai. Nabiyo ba Akademiyai fanho nagzash.

Mullo Abdullo rangi tu, yo rangi ruznomanigori rus ne, u mantik dorad, telefoni mobili ne vay ratsiya dorad, ki bo mavjhoi kutoh bayni dustonash aloqa mekunad.
Дар посух

Ном: Андеша
27.09.2010 20:14
Беноми ратсиядону мавчи кутох! Агар дони мавчи кутохро дар солхои чанги дуюми чахон истифода мебурданд алифбои морз! Сад дар сад бовари дорам ки Мулло Абдулло алифбои морз намедонад. Мавчхои кутохат асри 20 буд. Хозир асри 21! Радио Озоди хам илова бар пахши барномахояш дар мавчхои кутохи кутох акнун аз Интернету Мохвора истифода мебарад. Ба мохвора Абдулло дастраси надорад!
Дар посух

Ном: Ba Andesha
28.09.2010 12:10
... Mabodo khudat sukhangui Mullo Abdullo naboshi? Ba har hol dono boshi ham ba Akademiyai Ulumi Tojikiston mabodo nabiyo ... :-D
Дар посух

Ном: Точик аз: Точикистон
27.09.2010 13:10
Аввалин бор чунин гузориши сарсарию хомро мебинам. Чаро кушиш накарди аз ахволи нафароне ки лату куб шуданд бегунох дар кишлокхои Ниширёну Кочон, Тир хурдани зани бегунох дар Навди, тир хурдани мардикори киргиз дар кишлоки Каланак, кушта шудани мардикорони киргиз дар хонахои мухолифин, бе пурсиш истифода бурдани мошихои шахрвандон, кушта шудани хузумкашхо дар дараи Камароб ягон хабаре биёри?????????

Ном: Беном
26.09.2010 21:39
дил дарин дунё мабанд дунёи фони бигзарад навбати пири чу ояд навчавони бигзара д хамаи мо мирандаем давлати дунё ба касе нахохад монд вале афсус хукуматдорон ёди мурдан намекунанд фарзанди камбагал пеши онхо ба мисли бозичааст онхо ба ивази умри фарзандони камбагал умри курсиву мансабхои худашонро дароз мекунанд хол онки мирзохуча пояш балаби гур расида буд аздасташ хеч кор намеомад барои нест кардани у 30 чавони навхатро нест карданд
Дар посух

Ном: Fedya аз: Dushanbe
27.09.2010 10:42
Дуруг аст ки шабакахои мобили ба як гурух одамон кушода бошанду ба дигрон махкам! Сафсата!

Ном: Rahguzar аз: Roh
26.09.2010 22:14
Poyanda boshed R.Ozodi

Shake nest,ki shirkatho telefoni tanho baroi onho rohxat doda boshand. Ammo,poimoli kardani huquqi hazorho shahrvandoni kishwaro shirkathoi telefoni chi xel ravo donistaand ? Agar nihodhoi hukumati aloqaro baroi peshgiri az hamohangi muxolifonashon rohandozi karda boshand,boyad xotir rason kard,ki dar solhoi peshin in shirkatho chandon faol nabudand,ammo aloqa faol bud.

Bo har hol in xele peshravi ast,ki tavonisted andake ham boshad malumote ba mardum rasonided. Ammo charo nafari aval Mahmudi Shodi dar aloqa nestand ?
Mutmainam,on shaxs dar tamos hastand,ki pay ham malumoti toza va sari vaqtiro ba shahrvandoni pareshonu sarsoni mo dar zudtarin fursat merasonand.

Ном: odam аз: $$$$
26.09.2010 22:33
darodar tojik itelefonoy mobili baroyi mardumi kambagalay usaldato rohi xudro meyobad magar naxondi imruz radioi ozodi guftki telefononi sar bozon kormekaran

Ном: Салим аз: Душанбе
26.09.2010 22:56
...........Худатон акли солимро кор фармуда як казовати чавонмардона кунед. "Мирзохуча Ахмадов фирор кардааст"
Бо кадом кумандон ё ин,ки собик (опозиция) мардона муносибат кардед.
Гуноху бегунох бо тухмато нест кардед ба болои ин хама у мудатхои зиёде бо ин хукумат кор кард дид чи хел адолату хакикат аст. Вай,собик (опозиция) буд албат тарс хурда фирор кардагист.
Муло Абдулое,касе бо чашмаш касе надидааст хамаи даргирихоро ба у бор карда будед бе ягон далел, баъдтар ба ХИУ .
Агар ин ба кап мехурд бо сари ин бор мекардед . Хамаи ин беадолатихоро у ба чашмони худ дида буд, касеро хоханд тухмат карда зиндони якумра мекунанд барои хамин мумкин фирор карда бошад.
Пеш аз ин даргирихо воситаи расонахо фахмида будем,ки барои ким чихел як амалиётхо артишхои хукумати ба Рашт рафта буданд.
Аз нофахми шуда ягон хатоги накарда бошанд?
Агар не ки буд, чи буд то хол ягон хел аник нест.
Дар Точикистони мо аз руи нофахмиву бесаводи ба бисёр хатогихо рох дода истодаанд ин барои ягон кас пушида нест.
Худо хофиз.

Ном: Афсари мутаъфий аз: Душанбе
26.09.2010 23:07
САЛОМ!!!
Иншооллох АРТИШИ МИЛЛИ ТОЧИК болои ин зархаридхои ватаниву хоричи ГОЛИБ мегарданд, зеро АРТИШИ МИЛЛИИ ФЕЪЛИ мисли солхои 1992-1997 нест зеро МИЛЛАТИ ШАРИФИ ТОЧИК феълан бо хам гирди як давранд ва барои хифзу дифоъи кишвар чони худашонро мисли 25 кахрамони чавон хоханд буд!!!
Иншооллох Худованд он афроде, ки аз номи Исломи ноб истифода мекунанду алаёхи Хукумати милли низоъ доранд, Худованд сазояшонро хам дар дунёву ухро медихад!
Худо лаънаткунандаи инсонхои зархарид аст!!!
Дар посух

Ном: Беном
27.09.2010 11:49
МЕбинем, ки аз дасташон чи кор меояд!
Дар посух

Ном: Беном
27.09.2010 14:49
Акаи афсар рост мега Як замон ихо зархарид будан оли инош Хар ки аз зархаридо истифода бурда тавонист сохиби давлат мешавад

Ном: Амнияти аз: Душанбе
26.09.2010 23:48
Ба хамаи ин норохатихои Миллати точик гунахгори асоси Собик Раиси КДАМ ЧТ Абдурахимов Хайриддин Саидович ва муовини аввали у Гаффоров Косим Абдусаломович хастаннд. Чунки дар амният маълумот оиди пайдо шудани чунин гурухо дар водии Рашт такрибан 2 сол пеш буд, аммо инхо бе масъулият нишон дода ба хотири дар вазифа монданашон ба Чаноби Оли инро нарасониданд. Хозир бошанд маблагхои дуздидагиашонро гирифта бо нафакаи калон дар хонаашон рохат доранд. Барои хамин ман аз Чаноби Оли хохиш дорам ки ин ду шахсро гирифта аввал ба ба нохияи Рашт бурда дар амалиёт иштирок намоянд ва баъдам зиндони кунанд. Ба хуни ин чавонони точик хаминхо гунахгоранд.Хамаи ин навиштахо дакик ва ростанд.
Дар посух

Ном: ммм аз: Душанбе
27.09.2010 09:57
Ман хаминро гуфтани хастам, ки магар ВКД кудрате надорад, ки бо чунин як гурухе мубориза барад. Ба хама маълум аст, ки дар ВКД гуруххои зудамале хаст, ки барои ин корхоро махсус гардонида шудааст ва маош мегиранд аз хисби давлат.Чаро онхо нею кушунхои Вазорати Мудофиа, ки чикадар сарфи зиёди маблаги буджа мешавад. Магар ба Рашт ягон артиши калони хоричи хучум када буд? Ба фикри ман барои 50- 60 каси мусаллах лашкар кашидан ва аз хама чузъу томхо истифода бурдан шарт ва зарур набуд. Аввалан разведка кучо буд , ки маълумотро пурра ва дакик пешниход мекард ва баъд гуруххои зудамали ВКД корро анчом медод ва мадуми одди ин мушкилихо пеш намеомад.
Дар посух

Ном: Вайс аз: Душанбе
27.09.2010 14:45
Мухтарам ммм, ба маълумоти Шумо бирасонам, ки тамоми кормандани КДАМ, ВКД ва дигар чузъу томхои кудрати аз хисоби давлат не, АЗ ХИСОБИ МО ВА ШУМО АНДОЗСУПОРАНДАГОН маош мегиранд, ХАККИ НАМАКРО БОЯД ПОС ДОШТ!!!

Ном: Рашти аз: Рашт
27.09.2010 00:20
Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,
Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.
Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чӣ ниру сафи аъдо шиканам?
Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,
Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам.
Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?
Дар посух

Ном: ohangar аз: Tojikiston
27.09.2010 09:03
Хак ба чониби устод Лоик - Рудакии замон... ин мисрахо барои мардуми мо бояд дарс бошанд.
Дар посух

Ном: Бачаи Гарми аз: Гамгин
27.09.2010 15:20
Ташакури зиёд барои шеър.
Ман мехостам инро кайд намоям,ки дигар зуровари аз зиёд мешавад? то хол наметавонем бо наздикон худ дар тамос шавем худ ба худ сухта ба коми оташ рафтаем. Худо душмани мардуми мусалмонро чазояшро худат дех ва шахсоне ки аз номи ту сухан мегуянд нигахбон бош.ОМИН ВА РАБУЛ ОЛАМИН..

Ном: ДУШАНБН аз: АЛИ
27.09.2010 06:53
БАРОДАРОН ДАР ТОЧИКИСТОНИ МО .ДАР ПЕШИ МАНСАБДОРОНИ МО
ОДАМ БАРОИ ХОТИРИ ВАЗИФААШОН КАДИ ЯК МУРГ КАДР НАДОРАТ.ИН ЧИ БЕРАХМИСТ
ИНШААЛОХ ОКИБАТИ ШАБИ ЗУЛМОНИ РУЗ АСТ
ХУДОВАНД НИГАХБОНИ ФАРЗАНДОНИ МУСАЛМОН БОШАД.....

Ном: Беном
27.09.2010 10:39
Мардум мегуянд ки ин хама чанг барои за худкардани кони ангишт аст. "Серый кардинал" кони ангишташ набудаст... Наход хамин гапу овозахо рост бошанд ? О мардуми мансабдор аз Худо наметарсед магар.
Дар посух

Ном: umed аз: moscow
27.09.2010 12:07

Сегодня, 00:28Эту новость прочитали 882 человек
Что есть такого в Раште? Экономическая подоплека битвы за регион

Когда происходит какой-то инцидент или преступление, у французов по этому поводу есть такая поговорка: «Шерше ля фам», что означает «ищите женщину». То есть в любом бытовом конфликте мужчин всегда замешана какая-нибудь особа.
Для военных конфликтов есть свое правило: ищите экономическую причину, в числе которых нефть, газ и иные бизнес-интересы. Мы все в курсе, что сейчас в мире идет мощная борьба за энергоресурсы, и там где их много, там и есть конфликты. Ближний Восток – один из таких примеров.
Но что есть такого в Раште? Из-за чего могли бы столкнуться здесь интересы крупных сил, включая мировых держав? Горы, ослики, прозрачные речки, красивые места! Можно было бы развивать туризм, ну, а нефти же и газа здесь нет! И все-таки «шерше ля бизнес», есть здесь, оказывается, то, ради чего определенные силы хотели бы взять регион под свой контроль и как ни странно – вновь энергоресурсы.
Гидэроэнергогигант
В зоне влияния боевиков гармской зоны традиционно находился Рогун – место местной «стройки века». Сегодня эта гидростанция – не только предмет гордости таджиков, как будущая самая большая станция региона и «золотой ключ» к процветанию республики. Это еще боль и трагедия таджикского народа. Как в начале 90-х годов прошлого столетия эта станция стала одной из причин беспорядков и свержения власти, таки и сейчас 20 лет спустя она стала предметом противостояния Таджикистана с Россией и Узбекистаном, и вызвала большое недовольство у общественности из-за насильственного акционирования ГЭС в народе.
Развернувшаяся активность Эмомали Рахмона вокруг этой ГЭС, попытки доказать всему миру, что он способен в одиночку построить этот гигант привели лишь к ухудшению отношений с Узбекистаном и началу экономической блокады. Россия также отвернулась от Рахмона, так как рассчитывала на 75% акций ГЭС, а не на консорциум инвесторов, формирование которого объявило таджикское правительство.
Дефицитный антрацит
Рядом с Гармом расположено крупное месторождение каменного угля – антрацита «Назар-айлок». Антрацит – это уголь высокого качества, и гармский антрацит один из лучших на континенте. Уровень содержания смол в нем всего 4-5% - это в несколько раз ниже угля других разрезов. Этот антрацит высочайшего мирового качества, он превосходит российские и украинские аналоги, что доказано пятью российскими НИИ и исследовательскими центрами Финляндии и Германии.
Таджикский антрацит можно использовать как сырье для таджикского алюминиевого производства, а также для изготовления искусственных алмазов, электродов, адсорбентов, фильтров и коксующего угля и другой продукции. Разведанные запасы этого месторождения составляют порядка 50 млн. тонн, а прогноз – 400 млн. тонн, притом, что сейчас тонна антрацита в Европе стоит порядка 400 Евро.
В одной из интервью руководство ТАЛКО заявляло, что намерено развернуть добычу на этом месторождении и даже восстановить советский проект передачи сырья из Назар-айлока до Душанбе (для нужд ТАЛКО) и Явана (для нужд Яванской ТЭЦ) по специальному трубопроводу-транспортеру. Этот проект оценивается в несколько десятков миллионов долларов.
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype