Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқлол ва муҳоҷирон


Мираҳмади Амиршоҳ, адиби тоҷик ва сардабири ҳафтаномаи замоне маъруфи “Одаму олам” мегӯяд, ки агар паёмадҳои мусбату манфии муҳоҷиратро рӯи тарозӯ гузорем, шояд вазни ҳарду палаи он баробар бимонад. Ӯ ягона нависандаи тоҷик аст, ки бори сангини муҳоҷиратро кашида ва онро амиқу мӯшикофона омӯхтааст.

Баъд аз қатъи нашри ҳафтаномаи “Одаму олам” Мираҳмад чанд муддат бекор монд ва тасмим гирифт, ки дар қатори ҳазорон нафари дигар барои муҳоҷирати корӣ ба Русия равад. Ӯ мегӯяд, ки “ман ин ҳамаро бо чашми худ дидам, ҳатто подабонӣ кардам, кӯча руфтам, ҳезум майда кардам, бом пӯшондам, девор кардам, хишт рехтам... Ин корҳоро худам иҷро кардам”.

“Меваи хому турши истиқлол”

Мираҳмади Амиршоҳ ва бархе аз коршиносон муҳоҷирати кориро “меваи хому турши истиқлол” мехонанд. Ҳиҷрати мардум ба хориҷи кишвар ба хотири пайдо кардани як пора нон баъд аз дарёфти истиқлолият шурӯъ шуд ва замони ҷанги шаҳрвандӣ ба таври бесобиқа густариш ёфт. Масъуди Собир, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, дар вазъе, ки корхонаҳои саноатӣ тақрибан аз кор монданд ва ё ба моли силоҳбадастон табдил шуданд, дар вазъе, ки ҳукумат риштаи идораи ҳама бахшҳои иқтисод ва ба вижа, кишоварзиро аз даст дода буд, дар вазъе, ки дар идораву муассисаҳои давлатӣ маош ночиз буд, мардум ба ҷуз талоши пайдо кардани кор дар берун аз Тоҷикистон илоҷе надоштанд. Ва бо назардошти пайвандҳои ҳанӯз комилан нагусастаи айёми шӯравӣ барои пайдо кардани кор роҳии Русияву Қазоқистон шуданд.

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, имрӯз на танҳо зиндагии мардум, балки иқтисоди Тоҷикистон пойбанди муҳоҷирати корӣ шудааст.
Коршиносон муҳоҷирати солҳои 90-умро дуввумин муҳоҷирати бузургу густардаи тоҷикон дар тақрибан сад соли ахир мехонанд – бори аввал ҳазорон нафар аз тарси инқилоби шӯравӣ кишварро тарк карда, дар Афғонистон муқимӣ шуда буданд. Муҳоҷират ба Русия ва Қазоқистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ бештар шуд, зеро бо вуҷуди ором шудани авзоъ дар Тоҷикистон маош дар кишвар ночиз боқӣ монд. Раванди муҳоҷират сол то сол густартар мешуд ва қишрҳои гуногуни ҷомеъа, аз ҷумла, занон ва толибилмони синҳои болоии мактабҳоро фаро мегирифт. Ҳатто баъд аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дар ду соли пеш, ки Русияро низ ба коми худ кашид, мардум аз муҳоҷирати корӣ даст набардоштанд.

Маъсуди Собир мегӯяд, ки имрӯз на фақат зиндагии мардум, балки вазъи иқтисод ва бозори Тоҷикистон ҳам пойбанди муҳоҷирати корӣ шудааст: “Бубинед, агар аз ҳафт миллион аҳолии Тоҷикистон севу ним – чаҳор миллион нерӯи корӣ ҳисоб шаванд, тақрибан ду миллион аз онҳо дар муҳоҷирати меҳнатиянд. Яъне, кор дар хориҷа аст ва аз ин рӯ иқтисоди Тоҷикистон аз заҳмати муҳоҷирони корӣ сарчашма мегирад. Таъсиси бозор ҳам аз ин ҳисоб аст, зеро магар бе пул бозор мешавад? Бозор дар баробари фурӯшанда бояд харидор ҳам дошта бошад... Фаъолияи бозорҳои Тоҷикистон асосан аз ҳисоби маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ мебошад”.

Мардикорони тоҷик
Баҳои тоқату таҳаммул?

Ба гуфтаи Масъуди Собир, солҳои ахир манзараи деҳоти Тоҷикистон хело тағйир ёфтааст ва дар аксари онҳо манзилҳои замонавию хушсохт қомат афрохтаанд. Ин биноҳо асосан аз маблағе бунёд мешаванд, ки муҳоҷирони корӣ мефиристанд. Маблағе, ки онро метавон баҳои таҳаммул номид - таҳаммули ришвату фасод дар милисаи Русия, таҳаммули нафрати қавмӣ нисбати бегонаҳо, таҳаммули қатлу лату кӯб ва маризиҳову хонавайрониҳо, таҳаммули ашки сӯзони волидайну пайвандоне, ки маҷбуранд ба ҷои фарзанд ё шавҳар ё бародар тобути сарди онҳоро ба канор бигиранд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, фақат дар шаш моҳи соли равон аз Русия 395 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон ворид шудааст. Як сол пеш аз Русия 15 тобут камтар оварда буданд. Аксари кушташудагон муҳоҷирони корӣ буданд, Гуфта мешавад, ки 51 нафари онҳо дар манотиқи мухталифи Русия аз сӯи нажодпарастони рус ваё аз дасти ҳамватанҳои тоҷики худ ҷон бохтаанд.

Аз мост, ки бар мост?

Мираҳмади Амиршо, адиб ва хабарнигори тоҷик мегӯяд, ки дар афзоиши хушунат, албатта, қабл аз ҳама, гурӯҳҳои ситезаҷӯи миллатгаро, корфармоёни пулпараст ва гурӯҳҳои ҷиноӣ айбдоранд. Ва аммо муҳоҷирони тоҷикро низ наметавон моҳи беайб номид, зеро бахши аъзами онҳо бидуни омодагӣ вориди Русия мешаванд: Аксари тоҷикҳои мо ба Русия мераванд ва аммо на забонро медонанд, на аз урфу одатҳои он кишвар огаҳанд, на аз қонуну қоидаҳо бохабаранд. Аз ҳама бадбахтӣ дар он аст, ки бисёриҳо он ҷо касеро надоранд ва хору зор мешаванд, розиянд, ки барои як луқма нон пасттарин корҳоро ба ҷой биёранд... Онҳо чораи дигар надоранд, зеро қиммати чиптаи ҳавопаймо баробари кори як сола дар Тоҷикистон аст. Баъзеҳо хонаҳоро дар гарав мегузоранд ё қарз мегиранд ва аз ин рӯ бояд илоҷе карда дар Русия ҷойи кор пайдо намоянд”.

Чаро тоҷикон даст ба гиребони ҳам мезананд?

Назари Мирзода, раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург, яке аз падидаҳои номатлуб дар байни муҳоҷиронро гурӯҳбозӣ ва ҷангу ҷидоли байниҳамидагирӣ меномад
Коршиносон мегӯянд, шояд зишттарин падидаи муҳоҷирати кории солҳои ахир - ҷангу ҷидол миёни худи муҳоҷирони тоҷик аст. Баъд аз бӯҳрони иқтисодӣ бархурдҳои миёни тоҷикҳо, баъзан, миёни сокинони як деҳа ё як ноҳия, қариб дар ҳама манотиқи Русия ба як амри воқеӣ табдил шуд. Ба гуфтаи Назар Мирзода, бештари онҳое, ки вориди ҷангу ҷидол мешаванд, “ҷавонҳои аз 17 то 25-солаанд – онҳо насиҳатгаре надоранд, зеро бародарону волидайнашон ин ҷо нестанд”. Гуфта мешавад, аз се яки нафари соли гузашта ба ҳалокат расида – қурбони ҳамла ваё дасиса аз сӯи ҳамватанҳояш шудаанд. Назар Мирзода, Консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва раиси Созмони тоҷикони ин шаҳр мегӯяд, ки пешгӯии ин бархурдҳои хунин муҳол аст, зеро онҳо яку якбора ва баъзан ғайриинтизор рӯх медиҳанд, яъне касе намедонад, ки киҳо, кай ва дар куҷо даст ба гиребони ҳамдигар мезананд.

Хонашерони майдонғариб?

Фаррух Мирзоев, раиси созмони тоҷикони шаҳри Екатеринбург, афзоиши ҷангу ҷидол миёни тоҷиконро, қабл аз ҳама, аз фарҳанги пасти ҳуқуқии муҳоҷирон медонад. Ба гуфтаи ӯ, “бештари муҳоҷирон қавонини Русия ва ҳуқуқҳои худро намедонад ва, аз ҷумла, маблағи кори худро бидуни санад ба дигар афрод, аз ҷумла, миёнаравҳо, медиҳанд”. Дар сурати рух додани қонуншиканӣ онҳо ҷуръати ба идораҳои маъмурӣ рафтан ва шикоят карданро ҳам надоранд, зеро бахши аъзами онҳо бидуни қарордод кор мекунанд ва ҳарос аз он доранд, ки кормандони ҳифзи тартибот на муҷримон, балки худи онҳоро боздошт ва аз кишвар берун хоҳанд кард. Ин ҳама, ба иловаи надонистани забон, ба умеди пайдо кардани маблағ ба ҳар кор даст задани муҳоҷирони кории тоҷик боиси писханду масхара дар ҷомеъаи Русия шудааст.

Муҳоҷират – сутуни истиқлол?

Дар ҳамин ҳол, иддае муҳоҷиратро як сутуни пойдории истиқлол мехонанд. Ба гуфтаи Масъуди Собир, агар садҳо ҳазор шаҳрвандони бекор дар кишвар боқӣ мемонданд, дар Тоҷикистон таркиши бузурги иҷтимоӣ рӯх медод. Зимнан, муҳоҷирони кории тоҷик ба як қартаи муҳими бозии Русия ва василаи таҳдид ба ҳукумати Тоҷикистон табдил шудаанд. Сиёсатмадорони рус гоҳ-гоҳе ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати аз хати кашидаи Маскав берун пой ниҳодани Душанбе онҳо муҳоҷиронро аз Русия берун хоҳанд кард. “Тасаввур кунед, ки агар яку якбора ду миллион одами бекор ба кишвар баргардад ва аз ҳукумат тақозои пайдо кардани ҷойи кор кунад, вазъ дар кишвар чӣ хоҳад шуд”, мегӯяд Масъуди Собир.

Муҳоҷирон вориди донишгоҳҳо мешаванд

Коршиносон ба як паёмади ногувори муҳоҷират - Тоҷикистонро тарк намудани мутахассисони беҳтарин аст. Фақат дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ба гуфтаи Назар Мирзода, даҳҳо доктору номзадҳои илми тиби тоҷик муқимӣ шудаанд.

Аз сӯи дигар, муҳоҷират ба коромӯзии тоҷикон мусоидат кардааст. Анвари Мирзоҳасан, як сокини ноҳияи Рашт мегӯяд:
“Як тарафи мусбати муҳоҷират ҳамин аст, ки муҳоҷирони тоҷик бисёр ҳунарманд шудаанд, забондон шудаанд... Аз ҳисоби ҳунарҳое, ки омӯхтаанд, онҳо имрӯз хонаҳои зебо месозанд ва як луқма нони худро пайдо мекунанд”.

Мираҳмади Амиршо низ бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст ва мегӯяд, ки муҳоҷират бархе аз мардумро одаму оламдида кард: “Аз рӯи мушоҳидаи ман, мегӯяд ӯ, мардуми мо метавон гуфт, ки чашмбаста буданд, имконе надоштанд, ки ба раҳи дур сафар кунанд. Ҳарчанд, ки муҳоҷират маҷбурӣ буд ва онҳо аз зарурат ин роҳро пеш гирифтанд, вале ба ҳар ҳол дунёро диданд, чизе омӯхтанд, ҳатто соҳиби касбу кор ва бархе соҳиби молу сарват шуданд”.

Назар Мирзода, раиси созмони тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ба дигар паёмади некӯи муҳоҷират – афзоиши донишҷӯёни тоҷик дар коллеҷу донишгоҳҳои Русия ишора мекунад. Гурӯҳи бузурги онҳо ё фарзандони ба камолрасидаи муҳоҷирон ваё муҳоҷиронеанд, ки тавассути кори сангин маблағи таҳсил дар макотиби олиро пайдо кардаанд. Назар Мирзода мегӯяд, “ҳама тоҷикҳое, ки ба ин ҷо меоянд, ба мактабҳои русӣ қабул мешаванд. Дар Донишкадаи байниминтақавӣ ё Межрегиональный институти Санкт-Петербург 25 нафар таҳсил мекунанд, ҳам онҳое, ки аз Тоҷикистон омаданд ва ҳам тоҷиконе, ки дар Санкт-Петербург мактаби миёнаро хатм кардаанд. Ҳамчунин дар Донишкадаи хидматрасонӣ ва иқтисод 12 нафар ҷавонони тоҷик дохил шудаанд, ки бархе аз онҳо дар ҳамин шҳр мактаб хондаанд”.

Дар ҳамин ҳол Мираҳмади Амиршо аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки кӯдакони тоҷики муқими Русия забон гум мекунанд ва шояд дар оянда фарҳангу суннатҳои миллиро низ аз ёд бароранд Хатари гум кардани забони модарӣ ба онҳое таҳдид мекунад, ки яке аз волидайнашон русанд ва дар мактабҳои русӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Gallup: Муҳоҷират ба Русия идома хоҳад кард

Коршиносон мегӯянд, ки солҳои оянда муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва дигар кишварҳо коҳиш нахоҳад ёфт, зеро шумораи мардуми қобили кор афзоиш меёбад ва аммо ҷойҳои нави кор хело кам таъсис мешавад. Ба иттилоъи Кумитаи омори Тоҷикистон, айни ҳол аз 7-у ним миллион аҳолии кишвар як миллиону 856 ҳазору 500 нафар ваё каме бештар аз 39 дар сад бо кор фаро гирифта шудаанд. Теъдоди афроди бекор каме бештар аз 241 ҳазор нафар ҳисоб шудааст. Тақрибан 520 ҳазор нафар дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд. Зимнан, бештари коршиносон бо ин арқом розӣ нестанд ва теъдоди муҳоҷирони кории тоҷикро аз як то якуним миллион нафар мегӯянд.

Бар пояи назархоҳии ахири созмони байнулмилалии Gallup низ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳишмандони муҳоҷират ба дигар кишварҳо хело зиёданд. Бар пояи ин назархоҳӣ, аз ҳар чаҳор нафар як нафари калонсол дар 12 кишвари Шӯравии собиқ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, гуфтаанд, ки мехоҳанд барои кори муваққатӣ ё таҳсил ба дигар кишвар раванд. Теъдоди умумии онҳое, хоҳиши бо ҳар роҳ ҳиҷрат карданро доранд, 70 миллион нафарро ташкил медиҳад ва 30 миллион нафарашон омодаанд, ки кишвари худро ба таври доимӣ тарк кунанд. Вале бояд гуфт, шумораи сокинони Осиёи Марказӣ, ки хостори ба таври доимӣ тарк намудани ватани худро кардаанд, ҳамагӣ 10 дар сад аст.

28 дар сади мусоҳибони созмони Gallup мехоҳанд, ки муваққатан барои ҷустуҷӯи кор ба дигар кишвар раванд. Барои қиёс, теъдоди ин гуна одамон дар Молдова 53 дар сад аст. Дар ин феҳраст қабл аз Тоҷикистон ҳамчунин Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Гурҷистон ҷой гирифтаанд.

Вале, бар пояи назарпурсии Gallup, аз ҳама бештар хонаводаҳои тоҷикон рӯзгори худро аз ҳисоби муҳоҷирати пайвандонашон пеш мебаранд. Дар ин бахш Тоҷикистон бо 24 дар сад дар садри феҳрист қарор дорад.
XS
SM
MD
LG