Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 19:00

Тоҷикистон

Суолҳои бепосухи инфиҷори Хуҷанд

Ҳамлаи интиҳории рӯзи ҷумъа ба раёсати минтақавии корҳои дохилии Тоҷикистон дар Хуҷанд суолҳои зиёдеро ба бор овардааст, ки аксари онҳо то ҳол посух надоранд. Таҳлилгарон бештар сари мавзӯи ҳуввияти ҳамлаварон сӯҳбат мекунанд ва фарзияҳои мухталифро пеш меоранд.

x
Ҳаҷми матн - +
Суолҳои дигаре, ки коршиносон матраҳ мекунанд, ин аст, ки оё ин ҳодиса ба фирори 25 нафар аз маҳбаси Кумитаи амнияти миллӣ рабт дорад ё хайр? Оё ин танҳо як ҳодиса аст ё боз давом хоҳад кард?

Нигарониҳои мардуми Тоҷикистон

Бояд гуфт, барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон таркиши интиҳорӣ сурат гирифтааст. Ин ҳодиса ҷомеаро, ки хабарҳои марбут ба маргталабҳоро аз Афғонистону Ироқ мешунид ва ҳайратзада мешуд, шадидан нигарон кардааст. Шаҳрвандон аз он нигаронанд, ки агар ин шеваи мубориза дар Тоҷикистон реша давонад, сарнавишти миллат чӣ хоҳад шуд.

Ҳуҷуми интиҳории рӯзи ҷумъа бо чаҳор қурбонӣ ва як идда мардуми маҷруҳ Хуҷандро такон дод ва шаҳрвандонро дар дохилу хориҷ ноороҳат кард. Ин ҳодиса дар сояи фирори 25 нафар аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ ва шурӯи амалиёти бозошти онҳо дар ноҳияи Ваҳдат рух дод. Ва акнун мардум ҳадс мезананд, ки оё ин ҳодиса кори дасти кадом шахс ё гурӯҳе бошад? Ин амали якдафъаина ҳаст ё боз ҳам идома хоҳад ёфт?

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ, мегӯяд, таркиш кори дасти душманони миллат аст
ҲНИТ таркишро маҳкум кард


Рӯзи ҷумъа Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зимни баргузории як нишасти оҷил ҳуҷуми интиҳори дар Хуҷандро ба шиддат маҳкум кард. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумон гуфт, ки ин амал кори дасти афродест, ки оромиву суботро намехоҳанд ва эҳтимолан сокини Тоҷикистон нестанд.

“Бахусус, ки мо дар марҳилаи таҷлили истиқлолияти кишвар ҳастем, метавон гуфт, ки иҷрои чунин аъмол аз ҷониби фарзандони миллат баъид аст. Шояд кори касоне бошад, ки онҳо дар сангар, дар муқобили ин миллат истода ҳастанд, шояд дасти онҳо бошад”.


Коршинос: Ин таркиш нишонаи ташаннуҷи вазъ аст


Лилит Геворгян, таҳлилгари масоили сиёсии кишварҳои шӯравии собиқ аз пажӯҳишгоҳи Ҷейн Дефенси Лондонро дар ҳоле пайдо кардам, ки хабари таркиши Хуҷандро мутолеа мекард. Ӯ мегӯяд, ин ҳодиса ба гумони ғолиб метавонад кори дасти гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинояткор ва ё ифротгароҳои мазҳабӣ бошад. Дар ҳоле, ки ӯ эҳтимоли иртиботи ҳодисаи фирори маҳбусон аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ бо ҳуҷуми интиҳорӣ дар Хуҷандро рад кард, вале гуфт, ки ин ҳама мусалламан нишонаи муташанниҷ шудани вазъ дар Тоҷикистон аст.

“Нишонаи шиддатгирии вазъ дар Тоҷикистон аз интихоботи ахири парлумонии ин кишвар бармеомад. Ин далел ки ҳизби исломии Тоҷикистон амалан тавонист раъйи зиёди тарафдоронашро ба даст оварад, маънои онро дорад, ки ин гурӯҳи сиёсӣ алорағми фишору маҳдудият тавонист нишон диҳанд, ки фаъол аст. Вале ба андешаи ман, ҳоло дар шароити кунунӣ ҳизбҳои аслии сиёсии Тоҷикистон омода нестанд дар кишвар тавассути кудато ё таркише даст ба тағйири қудрат бардоранд”.

Аркадий Дубнов, коршиноси рус, бар ин назар аст, ки инфиҷор дар Хуҷанд бо фирори маҳбусон иртиботи қавӣ дорад
А.Дубнов: Таркиш бо фирори зиндониён рабт дорад


Аз нигоҳи таҳлилгари мустақили рус Аркадий Дубнов, ҳодисаҳои фирори зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии кишвар, ки 23 август иттифоқ уфтод, бо таркиши Хуҷанд иртиботи қавӣ дорад.

“Ман бо нигарониҳои таҳлилгароне розӣ ҳастам, ки мегӯянд, саҳнаи сиёсии Тоҷикистон як дараҷа гарм шуда, нирӯҳои мухолифи режими Раҳмон дубора фаъол шудаанд. Мурофиаҳои пӯшидаву ношаффофи додгоҳӣ ва ҳукмҳои тӯлоние, ки барои содир кардани ҷиноятҳои номуайян дода мешавад, наметавонад боиси ба миён омадани муқовимат нашавад”.

Таркиш чӣ пайомад хоҳад дошт?

Аксар коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки баъди ин ҳодиса ҳукумат фишорро болои гурӯҳҳои норозӣ бештар хоҳад кард, ки боз ҳам пайомадҳои хуб нахоҳад дошт. Лилит Геворгян аз Ҷейн Дефенс мегӯяд, таркиши интиҳории ахир баёнгари он аст, ки фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро боз ҳам пуршиддат мешавад ва аз ҳоло бояд пайомадҳои онро андеша кард.

“Айнан ҳамин чизро мешавад дар робита бо Қафқози Шимолӣ - ҷумҳуриҳои Чеченистон, Ингушистон, Кабардино-Балкар гуфт, ки чанд сол пеш барои онҳо низ ингуна ҳамлаҳо бегона буд. Вале ҳоло ин гурӯҳҳо фаъолияти худро сареъ ҳамоҳанг мекунанд, онҳо тағйири сохторӣ дидаанд. Ҳамчунин новобаста ба бераҳбар мондани Ҳаракати исломии Ӯзбакистон фаъолияти он кам нашудааст. Ҳоло гурӯҳҳои Қафқози Шимолӣ фаъолияти худро ба ҳайси ҷумбиши мазҳабӣ тағйир дода, ба ҷумбиши сиёсӣ табдил шудаанд. Айнан ҳамин ҳолат дар Осиёи Марказӣ ҳам мушоҳида мешавад”.

Хонум Геворгян мегӯяд, танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз шиддатёбии бештари вазъ ин аст, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаҳои гурӯҳҳои мухолифин, аз ҷумла намояндаҳои гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ сари мизи гуфтугӯ нишинад ва ихтилофҳои мавҷударо бо роҳи музокирот аз байн бубарад. Аксар соҳибназарон мегӯянд, ки мизони баланди нодориву бекорӣ, маҳдудияти фаъолиятҳои сиёсӣ, инҳисори қудрат ва оядаи норӯшан бисёре аз шаҳрвандони кишварро ба суботу оромӣ дар ин давлат ноумед кардааст. Таҳлилагрони умури терроризм мегӯянд омилҳои номбурда барои истихдоми баъзе ҷавонҳо ба гуруҳои даҳшатафкан замина фароҳам мекунад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Хуршед аз: Душанбе
03.09.2010 21:02
Нуқтахои назари чоблиб. Вале ман фикр намекунам, ки ин ду ходиса ба хам иртибот дошта бошанд. Террорист ба истилох смертникро дар як рузу ду руз омода намекунанд, ки баъди гурехтани зиндониен раванду чоеро кафонад. Ин вакти зиедро мехохад. Дуввум ин ки фирориен хеч нақшаи хосе надоштанд вагарна "организатор" и онхоро бо ин зудди ва осони дастгир намекарданд.
Воқеан Ватани мо бо неруе ру ба ру шудааст, ки нақшахои палиди калоне дорад. Аз имкон дур нест, ки ифичори Хучанд ва кушиши нокоми террористхо дар Гипрозем бо хам алоқамандие доранд ва аз имкон дур нест ки ин хама "отвлекающий маневр" буда зарбаи ассоси дар чойи дигар в замони дигар зада хохад шуд. Барои ман ин вокеахои соли 98 -ро ба ед меорад, ки пеш аз истилохи Махмуди ноком Хучанди бостони, дар Душанбе в Кургонтеппа рух дода буданд.
Бояд хушьер бошем то душман гофилгир накунад.
Дар посух

Ном: vatando аз: kshloqi
03.09.2010 23:31
man sad dar sad gapi turo tajid mekunam inho kasone hastan ki hej robitae ba gureahohi zindoni robita nadoran vale hukumati mo bojad jak chizro khub dark kunad ki bidyor ba mardum fishor naorad masalan kasone ki dar kkhudi tojikiston darsi ilomi megiran bisyoriho az jonshon bezor meshavan vaqte be gunoh mlesaho meravan be gnoh megiranshu azobshun medan
Дар посух

Ном: Tojik barodari Uzbak аз: Tojikistoni azizamon
04.09.2010 12:41
In tarkish kori Uzbakiston ast...
Дар посух

Ном: Пулис
07.09.2010 04:10
Ягон хел смертник набуд.

Ном: Masson. аз: Karachi.
03.09.2010 21:54
Khudovand vatani azizi moro nighbon boshad.

Ном: Точик аз: Хатлон
03.09.2010 22:29
Ман ба суханони Хуршед хамрохи карда мехохам бигуям, ки эй бародарони азизи Точикистони!!! Биеед акламонро кор фармоем. Ба дасисаю игвохо дода нашавем. Танкидкунихои чи Хукумату чи дигароно бас кунем. Бо танкид кардан чи фоидае ба даст меорем. Асосаш ин ки муллохоро кати рухониен боиси таъкиру фанатику нана-мулло(гуфти баъзе бародарон) нагиред. Хамон мулло хам фарзанди мову шумо точикон аст. Гарчанед баъзе муллохо камбуди дошта бошанд, айб аст бигуем, ки онхоро гуш карда одамон фанатику терорист мешаванд. Агар мусулмон терорист бошад дар ягон чо чои обод намемонад. Шумо давлатхои аврупоро бубинед чи кадар мусулмон зиед шудаистодааст. Ягон таркише ки шуддаст одами одди е масчидрав накардааст. Барои ноороми кардани минтакахо баъзе гуруххое хастанд, ки маблаггузори мекунанд барои он одамони бефахми гумрох, ки худро дар чои серодам мекафонанд. Касе ки худро мусулмон шуморад хеч гох 1) Худро намекушад (Худованд сарохатан дар Куръон ба мо супориш медихад, ки худро бо дасти худ макушед, ки зиене кардаед барои худ, яъне барои ин кор дузахи хохед гашт)
2) Худованд мегуяд, ки фасодкори макунед, хуни одамро марезед
Магар мешавад мусулмон номид он одамеро ки хуни одами бегунохро мерезонад? На бародарони азиз
Давлати мо душманони зиед дорад, ки намехоханд дар чои мо ороми бошад ва ба чои оне, ки мо муттахид шавем, барои якдигар ердам кунем, хушеру зирак бошем, ки ходисахои Киргизистон дар мо нашавад е ки он чанги хонумонсуз бори дуввум рох надихад, мо боз хамун тахкиркунихои якдигар, дашном, муллогуи, сатру румол, е ки дигар чизхоро мисол оварда якдигарро маломат кардаистодаем. Бовар кунед душманон аз лахзаи муносиб истифода бурда ба сарамон фитна меоранд, игво меандозанд ва гайрахо. Чи гунае ки имруз дар Хучандшахр ин ходиса руй дод. Мо агар ягон одами бегона е подозрительный дар чашм вохурад дархол ба кормандони хифзи хукук бояд мурочиат кунем. Аз соддагиамон истифода бурда моро чанг андохтанд ва бинед ки чи кадар кафо задем, лекин Алхамдулиллох давлатамонро тинч кардему харакат карда истодаем, ки пешрафт кунем. МАН АЗ ХАМА БАРОДАРОН ХОХИШУ ИЛТИМОСЕ ДОРАМ, АГАР ШУМО ЗАРРАЕ ДАР ДИЛ ИМОН ДОШТА ВА ХИСИИ МИЛЛАТДУСТИ ДОШТА БОШЕД, БАС КУНЕД ДАР ОЗОДИ ТАНКИДИ ЯКДИГАРРО, ФИКРУ АНДЕШАХОТОНА БАРОИ ИСЛОХИ КАМБУДИХОИ МАКОЛАХО, ХУКУМАТДОРХО ИЗХОР КУНЕД, МАСЛИХАТ ДИХЕД, ЛЕКИН БА ИЗЗАТИ НАФСИ ХОНАНДАГОНИ ИН СОМОНАИ ОЗОД НАРАСЕД. КАСАМ БА ХУДО АГАР МО ЯГДИГАРРО ТАНКИД НАКУНЕМ, МАСЛИХАТ ДОДА ЯКДИГАРРО СИПОГУЗОРИ КУНЕМ, ЯГОН ДАСИСАЮ ИГВО ЧУМХУРИАМОНРО НОТИНЧ КАРДА НАМЕТАВОНАД. ЯК МИСОЛ САЙТИ ЦЕНТРАЗИЯРО БИНЕД, ЯК САЙТИ БЕМАЪНИИ ИГВОГАРИ ВА ФИТНАГАРИ АСТ, МАРДУМИ ОСИЕ МИЕНАРО ЧАНГ МЕАНДОЗАД. БЕЧОРА КОРМАНДОНИ РАДИОИ ОЗОДИ БАРОИ ДАШНОМУ ТАХКИРКУНИИ ШУМО БАРОДАРОН ИН САЙТРО НАКУШОДААНД, КИ ФАКАТ МЕБИНАМ, ТАХКИРКУНИИ ЯКДИГАР МЕКУНЕД. БИЕЕД БАРОДАРОН КИНАВУ АДОВАТРО АЗ ДИЛ ДУР КУНЕМ. МАН АЗ ХАМИН САЙТ ХУЛОСА БАРОВАРДАМ, КИ АКЛИ МАРДУМАМОН ДАР ЧОЯШ ОМАДААСТ, КИ ЯГОН КАС АКДИГАРРО АЗ РУИ МАХАЛ ТАНКИД НАМЕКУНаД, ГАРЧАНДЕ БАЪЗЕ ВАКТ БАРОДАРОНИ ХОЛО ХАМ ДАР ХОБИ ГАФЛАТ БУДА, СОЛХОИ 1992 РО БА ЕД ОВАРДА МАХАЛЧИГИ МЕКУНАНД. ФАРОМУШ НАКУНЕД, КИ ШУМО ДАР НАЗДИ ХУДОВАНД БА ХАЙСИ БАНДА БА ХИСОБ МЕРАВЕД, НА ГАРМИВУ КУЛОБИ, ЛЕНИНОБОДИВУ ЗАРАВШОНИ, КАРОТЕГИНИВУ ПОМИРИ ВА БАРОИ ТОЧИКУ МУСУЛМОН БУДАН ШУКРИ ХУДОВАНДРО БА ЧО ОРЕДУ, ГАНДАГИХОИ ГУЗАШТАРО ПАСИ САР КУНЕД ВА ДАР ХАККИ КУЛЛИ ТОЧИКИСТОНИ ДУО КУНЕД. Ман узр мепурсам аз кормандони Радиои озоди, бовар кунед, хисси мусулмон будану точик буданам намегузорад ки карор шинаму тахкири якдигари бародаронро тахаммул кунам. Сахт асаби мешавам барои назархои бародарон. Ташаккури зиед, ОЗОДИ ки барои одамон чои дилхоликуни мухае кардед, вагарна одамон дарди дилу фикрхояшонро намедонанд дар кучо изхор кунанд. Каме хам бошад холи карда сабук мешаванд. Рахмати калон ва дар панохи Худо бошед
Дар посух

Ном: bekorkhuja 2
03.09.2010 23:51
Bakhalyolam gap hoi khub navista boshi dustam! ammo jurat nakardam khondanba, khele va khele bisyor
Дар посух

Ном: Гулом аз: Маскав
05.09.2010 17:33
Рахмат хатлони! Одилона мешуд агар "Чаноби Оли"-ро мухотаби худ карор медоди. Зеро аз рафтору гуфтахои рузхои охири у чунин буйи чудоиандозиву кохи кухнаро бод кардан меомад..

Ном: Mahbub аз: Dubai
04.09.2010 00:49
Barodar Tojiki Xatlone xub naveshtedu xub ham nasehat karded va behtar va behtaren ham meshud agar hamen nasehatotona ba rahbarone mo kekarded.Oxer to ba kai zulm,to ba kai mahalgroe,to ba kai tagoboze,mentaqagaroe,xair hamen chezho ke boshad mardum bezor meshan.Aqalan hukumat xedmat karda natona o mona marduma ozod to nonshona yoband.O en che mane ke hatto zanhoe bohejobro az beznes man mekenan ke onho dar vaqte savdo kardan hejob napushand.Hukumatdorone mo agar xedshona esloh nakenand bovar kenen Tojikistone va umuman oseyoe meyona ba yak mentaqae Tolibon tabdel mesha.

Ном: Абдуллох аз: Исфара
04.09.2010 01:01
Рахмат ба бародари дурандешам Точик аз Хатлон.Аллох аз шумо рози бошад.Ман ба гуфтахои шумо хамовозам.

Ном: Kurghontepa аз: UAE
04.09.2010 03:58
Russiya mekhohad guruhi khudro dar tojikiston ivaz kunad yane faroshturuka bo shuturmurgh hardu ra boz bo ham jang dokhta hardura gum mena 1 guruhero meora ki shoyadki (buz) bosha.
Ozodi saloat boshi baroi in sharoiti muhayo karda aton

Ном: barodari Tojik аз: amriko
04.09.2010 05:12
бародар Точик ташакури зиед барои суханону дилсузиатон. кош хамаи мардум хаминхел дилсуз мешуданду акли солимро ба кор мебурдан.
аз кормандони Озоди хохиш хамин ки ин навиштачоти бародар- Токиро дар хамаи мавзухо чоп кунед то дигарон хонда фахманд.

Ном: бобои мастчои аз: КУХИСТОН
04.09.2010 08:55
бародар хеле суханони сахеху ватандустдорона ,ман хамфикри туям .

Ном: мухаммад аз: москва
04.09.2010 11:43
ба номи худованди таоло
аз тамоми хамватанони азиз хохиш ва илтичо дорам ки дар ин рузхо дар гирди раиси чумхур чамъ шуда хама бар зидди террористони вайронгар мубориза барем
бояд хушер бошем то моро боз ба хамдигар чанг наандозанд
танкиди дини ислом муллохо ва часпидан ба хичоби исломи хеч фоидае надорад ва сабаби чудои андохтан байни миллат аст
он муллохое ки ошкоро бар зидди давлат хастанд чазо дода шаванд ман фикр намекунам ки чунинхо дар точикистон бошанд.
дар пеш лайлатул кадр аст аз хамаи ононе ки ВАТАНИ АЗИЗАМОН ТОЧИКИСТОНРО дуст медоранд илтичо дорам ки аз даргохи аллох таъоло барои ин миллат ва ин ВАТАН ороми амният субот ва тараккиетро талаб намоянд.
ташаккури зиед.

Ном: Mehrob аз: New York
04.09.2010 14:52
e bratano biyen hamika bisyori bad nanaisen xushi xondanat nameoya, chi darkorai ika bisyorsh, xo medonm meforaton gapotona hama bxona neki afsusda...., baxshish bratanoda maxsusan tojik az Xatlon
Xudo nigahbon
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

... ... ...

Писандидаҳо