Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 21:29

Тоҷикистон

Ҳалокати чаҳор нафар дар таркиши Хуҷанд таъйид шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳалокати чаҳор нафар бар асари инфиҷори рӯзи ҷумъа дар бинои Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғдро таъйид кард. Бино ба ин сарчашма, беш аз 21 нафар захмии ин ҳодиса дар бемористон таҳти назорати пизишкон ба сар мебаранд.

Ҳаҷми матн - +
Муҳаммадҷон Назриев, як масъули маркази матбуоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, яке аз афсарони милиса вақте мехостааст аз вуруди мошини ҳамлаварон ҷилавгирӣ кунад, беному нишон шуда ва афсари дигарӣ дар бемористон ҷон додааст. 



Баёнияи Вазорати корҳои дохилӣ


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қабл аз ин, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки субҳи имрӯз як мошини тамғаи "Волга" бо суръат ба дарвозаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ворид шуда ва таркидааст. Бино ба хабарӣ расмӣ дар натиҷаи ин таркиш 25 нафар аз кормандони милиса маҷрӯҳ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як баёния ҳодисаи таркиш дар Хуҷандро шарҳ дода ва гуфтааст, ки бо эҳтимоли зиёд "амали мазкур аз тарафи ҳаммаслакони гумонбаршудагон ба куштори раиси собиқи бозори Исфара Каримов Ҳомидҷон, ки эҳтимоли ба Ҳаракати исломии Узбакистон мансуб буданашон мавҷуд аст, содир карда шудааст".


Пизишкони беморхонаи Хуҷанд мегӯянд, бар асари таркиш ҳудуди 30 нафар милиса захм бардошта, ду нафар дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Манобеъи ғайрирасмӣ шумораи кушташудагонро зиёдтар медонанд, аммо дар ин бора мақомоти Суғд ҳанӯз маълумоти расмие пахш накардаанд.

Таъсиси ситоди вижа дар Хуҷанд

Хабарнигори Озодӣ дар Хуҷанд гузориш медиҳад, ки бар нерӯҳои интизомӣ ҷодаҳоро зери назорат гирифтаанд ва рафту омад дар ҷодаҳо маҳдуд шудааст.

Ҳукумати Суғд барои тафтиши ҳодисаи таркиш ситоди вижае, иборат аз намояндагони мақомоти дахлдор таъсис додааст.

Аммо то ин соат масъулини ин ситод ва мақомоти дигари масъул дар Хуҷанд аз пахши хабари расмӣ дар бораи таркиш худдорӣ меварзанд.

Масъулини бахши хабарии ҳукумат гуфта буданд, баъд аз зуҳр хабарнигорон ба брифинг даъват мешаванд, аммо ин нишаст баргузор нашуд.

 


Ҳамлаи интиҳорӣ ба милисахона

Ин таркиш ҳудуди соати 8 субҳ ба вуқӯъ пайваста аст. Як мошини тамғаи "Волга" бо суръат ба дарвозаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ворид шуда ва таркид. Дар натиҷаи ин таркиш 25 нафар аз кормандони милиса маҷрӯҳ шуданд.

Баъд аз таркиш афроди либоси оддӣ дар тан шикастапораҳоро ҷамъ меоварданд. Садҳо корманди милиса тамоми роҳҳоро аз маркази Хуҷанд ба маҳали таркиш баста, атрофи онро банд кашиданд.

Феълан сохтмони шӯъбаи минтақаии мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ва ё ба истилоҳ РОБОП-ро мақомоти амниятӣ ба муҳосира гирифтаанд.

Нақли шоҳидони ҳодиса

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, таркиш дар назди бинои идораи шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар Хуҷанд наздики соати 8 – и субҳи 3 – юми сентябр ба ҳадде сахт буд, ки шикастапораҳои автомобил то садҳо метр парида, шишаи тирезаҳои биноҳои атроф то ҳудуди 500 метр шикаста, фурӯ рехтааст.

Як фарроши беморхонаи бемориҳои дил, воқеъ дар тақрибан дар дусадметрии ҷойи таркиш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, садои баланд ба гӯшаш расид ва аз зарби шикастапорае қисме аз сақфи як палатаи бемористон ва шишаҳои тирезаҳо фурӯ рехт.

«Ман савори «маршрутка» беморхона мерафтам. Милисаҳо назди пули нав моро доштанд. Одамон мегуфтанд, ки шуъбаи 6-умро тарконидаанд.» - мегӯяд мусоҳиби дигар.
 

Бинои яке аз беморхонаҳои наздики маҳалли таркиш

Хабарҳои мухталиф дар бораи шумори қурбониён

Табибони беморхонаи Хуҷанд мегӯянд, дар натиҷаи таркиш дар назди бинои шуъбаи 6–уми милиса ҳудуди 30 нафар аз кормандони интизомӣ маҷрӯҳ шуда, 2 милисаи захмӣ дар ин беморхона ба ҳалокат расидаанд . Ба гуфтаи онҳо, ба ҳама ҷароҳатдидагон ёриҳои тиббӣ расонида шуда истодааст.

Бархе аз манобеъи ғайрирасмӣ шумораи кушташудагонро чаҳор нафар мегӯянд, аммо мақомот то ҳол инро тасдиқ накардаанд.

Бегоҳи рӯзи 3– юми сентябр як қурбонии таркиш – Аюбҷон Маҳкамов, корманди шуъбаи минтақавии мубориза ба ҷиноятҳои муташаккилро ба гӯристони маҳаллаи масҷиди Сурхи Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр ба гӯр супурданд.

Амалиёти таҳқиқотӣ дар маҳалли ҳодиса

Бино ба гузоришҳо, чанд нафар аз хабарнигорони расонаҳои маҳаллӣ ва марказӣ, ки ба ҷойи ҳодиса назик шуда ва мехостанд гузориши таҳия кунанд, аз сӯи нерӯҳои милиса боздошт ва ба милисахона бурда шудаанд. Дар миёни ин хабарнигорон Қамари Аҳрор, хабарнигори Озодӣ низ будааст, ки нахустин хабари инфиҷорро ба мо гузориш дода буд. Гуфта мешавад, дастгоҳҳои сабту навори ин хабарнигорон аз сӯи нерӯҳои интизомӣ забт шудааст.


Тибқи охирин хабарҳо хабарнигорон аз идораи милисаи шаҳри Хуҷанд баъди пурсуҷӯ раҳо шудаанд. Аммо ҳамчунон имкони наворбардорӣ ва кори журанлистон дар маҳалли ҳодиса иҷоза дода нашудааст.

Бино ба охирин хабарҳо, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон камисюни вижаеро барои баррасии ҳодисаи таркиши Хуҷанд таъсис дода, ки Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба он раҳбарӣ мекунад.

Ин камиссюн иборат аз муовинони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ба Хуҷанд сафар кардааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 8
    Баъдӣ 
Ном: фариддун аз: хучанд
03.09.2010 09:32
.Таркиш бинохои атрофро осеб расонидааст ва садхо тан аз одамон ба кучахо рехтаанд.Нерухои амнияти майдонро халка кардаанд.Ба мо хабар доданд,ки чанд тан аз одамони атроф аз шиддати таркиш пора пора гаштаандАз ин инфичор шишахои супермаркете бо номи 'Фароз' ба замин яксон шудаанд, хамчунин бинои Маркази Хун осеб дидааст ва хамчунин нуктаи бензинфуруши.Инчо муборизаи оташу дуд аст
Дар посух

Ном: Ватандор аз: Душанбе
03.09.2010 09:46
Шумо аник дидед мурдахо зиеданд ягон маълумот дихед илтимос
Дар посух

Ном: Firdavsi Azam аз: Khujand
03.09.2010 09:46
Салом,ба дусти азиз Фаридун!
Кори хуб кардед ки навишта ва хабари маро,ки дар махалли ходиса бо ду чашми сар шохид будам бо номи худ дар ин чо гузоштед.
Дар посух

Ном: nabi аз: new york
03.09.2010 09:55
salom ...barodar firdavs manam hairon shudam hamin nusxahoi faridun ro chan lahza pesh dar moi miri barodar firdavs didum yak xel bud ......
Дар посух

Ном: мундукбой
03.09.2010 10:31
фирдавси аъзам заб навистане доштагию боз иддаои "авторская права" дорй!инчо муборизаи оташу дуд аст-ачаб чумлаи бемантику тумтарокест!!
Дар посух

Ном: фариддун аз: хучанд
03.09.2010 11:37
Ачаб замона шудааст. огои Фирдавси Аъзам ман хайронам ман аввали шахсе хастам ки гузориш додам ба озоди шумо бинед маколаи раиси нави кгб-ро. худатонро кахрамон нагиред, кахрамон каси дигар аст бо чумлаи дигарон набояд ба худ обру пайдо кард. саломат бошед. хабари тоза дар холи хозир ман бо камари ахрор сухбат кардам уро аз пулис чавоб доданд аммо суртгирашро гирифтаанд. чанд аксхои хуб гирифта буду аммо маатассуф ........
Дар посух

Ном: Беном
03.09.2010 13:24
Barodaro murdaya monda tutkhuri nakuneton iltimos...
Дар посух

Ном: Ромиш
03.09.2010 10:58
Дар хакикат милисахо бисёр бо мардум муносибати бад карда истодаанд. Зиёда аз 100 метр атрофи шестой отдела лента печонида мардумро ба хонааш рафтан намегузоранд. Як муйсафедро зада-зада ба мошин бор карданд.
Дар посух

Ном: Федя аз: Африка
03.09.2010 13:40
Киро бовар кунем?
радиои озоди мегуяд ки 25 нафар, дар вести москав мегуяндки якчанд нафар ба халокат расидааст.Чи даркор дуруг гуфтан росташро гуед намешавад? Росси аз кучо медонад ки дар даруни бино моддахои тарканда кадоме гузоштааст аммо радиои озоди менависад,ки мошини сабукрави ВОЛГА бо шаст бо дарвоза даромада таркидааст акли ягон одам намегирад худатон фикр кунед
Дар посух

Ном: шохид аз: чои ходиса
03.09.2010 13:59
Бародар вакте, ки дар навбати аввал ба чои террористон, журналистонро бурда махкам кунад, пас маълумоти дакик за кучо пайдо намоянд? Ин шармандагист ки журналистонро намегузоранд маълумоти аникро ба мардум расонанд.
Дар посух

Ном: Беном
04.09.2010 04:55
Россия тамошобин аст! Ба Вести гуш накун!
Дар посух

Ном: Мох аз: Зарафшон
03.09.2010 14:06
Эй мардуми точик ин чи гап хаст, яке менависад ачаб шуд ба милиса дигаре тоба карда хамдарди баён мекунад, мо мусулмон хастем бояд худро ба даст гирем ва донем ки хар як милиса модара падар ва оила дорад, чи тавре ки вай набошад одам аст ва худо хак дор аст чазоша тияд наки мо одамо. Дергир ва сахтгир аст. Ман даст бардорам омин гуен, ки бародари ман Чамшед дар кофтукови фироршудагон соку саломат ба хонааш ба назди фарзанду занаш баргардад. Худо дар панохат нигох дор мардхои Точикистонро, ки барои сулхи Точикистон мубориза мебаранд. Омин!
Дар посух

Ном: khujolat аз: bbb
04.09.2010 08:42
vakti on ast ey kalam burandatar gardi zi teg , vakti on ast ey sukhan gurandatar gardi zi bark. chi dar kor hast hamin gaphoe ki barodari khudatro bad mekuni boyad hamai mo yak jo shavem va bar zidi in guna nomardon muboriza barem
Дар посух

Ном: Дониёр аз: Душанбе
04.09.2010 08:25
бо чашми худат надида боши чи кадар дуруг мегуи садхо одамон рехта ва пора пора шудаанд агар монанди ту барин ду нафари дигар хамин хел вохима кунад ана тамом...

Ном: Беном
03.09.2010 09:34
Худо Точикистонро нигах дорад!

Ном: Милиса аз: аз Милисахона
03.09.2010 09:42
Акнун, баъди ин таркиш милисахои тупойе, ки баъди армия ва дигар чурабозихо ба пеши мо ба кор омада буданд, чунон аз тарс мегурезанд, ки хамон фирорихоро низ абгон мекунанд, э муреде!
Дар посух

Ном: Беном
03.09.2010 10:01
Милиса, ту дар пеши?
Дар посух

Ном: Сухроб аз: Красноярск
03.09.2010 21:27
Салом ба хамаи мардуми шарифи Точикистон! Шумо бародоран ин кадар дархол рухафтода шуда хамаро беасос айбдор накунед! Акаи милиса шумо бояд нихоят хушер бошед, ки душман худо нишон надихад дар рузи истиклолияти ватани азиз ягон балоро бар сари халку ватани азизамон наорад!!! Илтимос. Худованди карим нигахдори халку ватани азизамон бод!!!

Ном: Назар
03.09.2010 09:52
Зуровари дандон мешиканад. Окибати зулм кардан ва хешутаборбози кардани хукуматдорон хамин аст...Худо точикистонро нигох дорад

Ном: мастчохи
03.09.2010 09:56
Бо терроризм шухи накунед, акохо, холо ин огози кор аст. Метарсам, ки игворо аз минтакаи Рашт тавассути Исфара ба Сугд интикол надиханд...

Ном: Muhammadlatif аз: Dushanbe
03.09.2010 09:57
Шояд баъди ин таркиш коркунони хифзи хукуки мо рохзаниро партофта ба химояи хукук сар кунанд? Ин шармандагист, ин нишонаи то ба чи дарача ба фасод додани шудани макомоти кудратии мост. Ин исботи он аст, ки амнияти Точикистон ба рахми худост. Шукри худованд.

Ном: Мавлон аз: Куҳистони
03.09.2010 09:59
Абр агар аз қибла хезад сахт борон мешавад,
Шоҳ агар одил набошад мулк вайрон мешавад.
Дар посух

Ном: Беном
03.09.2010 13:35
шох дигар кор надорад, аз бачои макомоти милисаам омада кор кунад дигар чизе нашавад шох гунахгор инхел шохи гамхоро халки точик дар таърих намебинад хама камбуди дорад лекин шохи мо аз камбуди дида хубиаш беш ба мардум расидааст худованд куваташ бидихад
Дар посух

Ном: Беном
03.09.2010 18:16
Мисли ду карат ду фахмо аст, ки шох ба чои милиса кор намекунад, лекин милисаро хамун касе таин мекунад, ки шох уро вазир таин мекунад.
Дар посух

Ном: AAAAAAAAAAAAAAAAA
03.09.2010 18:50
Sallom bah hami barodaronie ki fikri khudashon guftan lekin man baroi barodari Akai Mavlon megum gapton haq hast barodarjon dar Tojikiston ham dar sari vazifa besavof hast pul dor e tagag dora hast an kan kor kunand mardumi bechoraro dar azob inro doned ki Ruzi Qiemat hast shumo holo zulm kuned lekin mo davo karda nametavonem dar in dune
lekin mo dar nazdi KHUDO davo mekunem Dar hamkami Sudi KHUDOVAND sallomat boshed ...mardumi Tojikiston az KHUDO duo mekunam ki sallomat boshed nigahdornaton KHUDOVAND boshad Mohi SHarifi Ramzon ba ham muborak boshad
Дар посух

Ном: Мубин
03.09.2010 13:47
Рост мегуи! мардум аз фиску фасод чон ба лаб омада дандонба дандон монда гаштас. Ин су гардад пул те, он су гардад пул те, намедонад сарашро ба кучо занад.
Дар посух

Ном: Gylnazar аз: Xyjand
04.09.2010 03:30
charo dar Radiei ozod meguyan ki 25 nafar dar Vesti moskva meguyan zieda az 35 nafar ba halokat rasidast charo anikashro dar radiei Ozod nameguyan ki Xalki garib donad
Дар посух

Ном: Ханафи аз: Хучанд
03.09.2010 14:31
Хамаш ба сабаби зулму ситам ва истибдод аст.

Ном: Kamila аз: Dushanbe
03.09.2010 10:00
Наход, ки ин одамон аз Худо наметарсанд.
Дар посух

Ном: Беном
03.09.2010 14:32
Рост дустам. Ва наход хамун козихо аз Худо хам наметарсанд ки бегунохонро 30 соли суд мекунанд. Худи Бобочон ин корро кард, нав барои писараш ашк мерезад. Осон нест.

Ном: Qodir аз: Dushanbe
03.09.2010 10:03
Бовар кунед садхо бор гуфтем ки Авгонистон шудаистодаем лекин ин фанатикхои мо бовар накарданд ана чурахо Шумохонба резултат.


Озоди ! Модератор!!!!
мисли хамин милисахо тагобози накунед чизе менависем чоп кунед .
То илтимос нагуем намешавад
Дар посух

Ном: Беном
03.09.2010 10:16
Максад аз фанатик гуфтанад чист?
Дар посух

Ном: Qodir аз: Dushanbe
03.09.2010 11:14
Худат фахмиди ку!
Сухан аз тир хам нагзтар де чура адресаша худаш медонад. Получател худаш кофта меебад.

Максад хамин ки вазият хаминхел: Нано-муллохои фанатикамонро куввахо истифода бурда истодаанд.
Дар посух

Ном: Бедор шав Халк! аз: Точикистони осоиштаам ку?
04.09.2010 05:02
Фанатико хамон чаламуллохои дируза. Агар як террорист омада аз номи Худо ва Пайгамбар гап занад яку якбора чаламуллохои мо барои хизмат тайёр! Халк ба хар муллое ки дар аз номи Худо ва Пайгамбар гап мезанад бовар накунед. На хар шахсе ки дар суханхояш аз Куръон мисол меораду аз номи Худою Пайгамбар гап мезанад одами хуб аст! Бедор шав халки Точик!
Дар посух

Ном: Беном
03.09.2010 13:38
Hukumat taqdiri donishjuhoi islomi mekhondaro boyad 10 sol pesh fikr mekard, hozir ne. Ana in resultati ilmi az Pokistonu digar digarash girifta omada.

Biyoed chashmamonro kalontar kushoem: in khel "terrorist smertnik" ba tojikiston az kujo paydo shud? Agar peshi rohi in khel studentu sayohhoro nagirem ba'di 10 soli digar Tojikiston Pokistoni duyum meshavad, digar soni dushvortar meshavad ba khud omadan.
Дар посух

Ном: Беном
04.09.2010 05:04
Хукумат бояд сархади Точикистону Афгонистонро минагузори кунад ва танхо тарики пул рафту омад шавад!

Ном: Хочи аз: Душанбе
03.09.2010 10:16
Бародарони хучанди! Шумо аз ин дасисахо натарсед. Маълум ки ин кори кихост. Агар ташкилкунадагони ин таркиш ба даст афтанд, онхоро дар сохили Сир сангсор кунед. Гумон мекунам, баъд аз ин ходисхо акли рохбарон ба чояш меояду дусту душманро мешиносанд ва вобаста ба хамон амал мекунанд. Бо хушомад задан ба душман рахми уро оварда намешавад, баръакс у бештар аз худ меравад.Ба хар як амалиёт чавоби катъи бояд дод. Бубинед, ин таркиш баъд аз фирор ва баъд аз иваз шудани рохбарони баъзе сохторхо сурат гирифт. Худатон хулоса бароред!!!!
Дар посух

Ном: Муслим
03.09.2010 11:12
Б.Р.Р Ба назари ман ин кору бори давлатхои хамсоя!!! Боз зулм бамардуми точик овардани хастанд. Худованд нигахбони мардуми точик бошад....
Дар посух

Ном: Беном
03.09.2010 12:41
Ин кори ягон давлати хамсоя нест. Аз худат хулоса набарор Просто мардума зур омадаги. Рохбарон хешутабор бозиро бас кунанду фикри давлату халкро кунанд.
Назарҳо. Сафҳаи аз 8
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

... ... ...

Писандидаҳо