Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 21:29

Фарҳанг

"Қиёми рӯз" дар Маскав

Шоми 30 август дар Кохи синамои Маскав филми ҳунарии “Қиёми рӯз”-и коргардони тоҷик Носир Саидов намоиш дода шуд. Ин филм достони ду ошиқест, ки дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ дар ду сӯи марз мондаанд.

x
Ҳаҷми матн - +
Намоиши “Қиёми рӯз” дар чаҳорчӯби ҳамоиши 14-уми синамоҳои миллӣ, ки рӯзи 28 август дар пойтахти Русия оғоз ба кор кард, сурат гирифт.

“Қиёми рӯз”-и Носир Саидов дар моҳи сентябр дар Анапа дар ҷашнвораи “Киношок –2010” ва ба дунбол боз дар ду ҷашвораи байналмилалии синамо дар Қазоқистону Ҳамбурги Олмон низ ширкат хоҳад кард.

Ҳамкори мо Мирзои Салимпур дар як тамоси телефонӣ аз Носир Саидов, ки феълан дар Маскав қарор дорад, пеш аз ҳама инро пурсид, ки истиқболи бинандагон дар Маскав аз “Қиёми рӯз” чӣ гуна буд?

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Беном
31.08.2010 15:17
Филми хеле чолиб аст. Мардум зиёд омаданд барои тамошои ин филм. Хунарманди точик Далер Назар низ дар намоиши ин филм иштирок дошт. Ачоибаш ин, ки чун солхои пеш барои тамошои ин филм танхо зиёиёни точики ва ё шахсоне, ки як вакте дар Точикистон мезистанду хамакнун мукими Москва хастанд не, балки донишчуёни точик низ омаданд. ва кисми бештари толорро русхо пур карда буданд.

Ном: Равшан аз: Маскав
31.08.2010 19:05
Аз чунин хаети мадании точикон ман бо дустонам хабар надоштем.Чаро чунин хабархо дар интернет ва дигар маводхо реклам карда намешавад.Мо хатто аз консерти Далер Назар, ки дар Маскав гузашта буд, бехабар мондем. Агар чунин кисмро дар радиои Озоди мекушодед хуб мешуд.

Ном: АХМАДИ ДОНИШ.. аз: санкт ПЕТЕРБУРГ..
31.08.2010 19:35
Балле ин хело хам икдоми хуб аст..Мо бояд бештар ба барвардани филмхои баландмазмун тавачухи хосса бидихему,ба чахониён ба воситаи филмхои бадеи фарханги ва ананахои миллиро,ки аз осори бою гании ниёгони мо сарчашма мегиранд нишон бидихем..Филми бадеи ин як намуди ташвикот(реклама)-мебошад,ва барои бараси кардани аннанахои неки милли ва расму русуми мо точикон дар назди чахониён мавкеи мухимеро ишгол менамояд..Мо точиконро дар чахон набояд хамчун Равшану Чамшуд бишиносанд,-балки ба хамин воситахо мо бояд исбот намоем,ки мо аз авлоди Сосониву Сомониему,сохибони тахти Чамшеди ва ворисони,Рудакиву Фирдавси,Синову Мавлави,ва гайра шахсони бузурги миллати ориёием..Бас будагист ба фикрам хорию зори..!!!!

Назари Шумо чист?

... ... ...

Писандидаҳо