Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

395 тобути муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 395 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон оварда шудааст, ки ин рақам нисбат ба 6 моҳаи аввали соли 2009 15 тобут бештар будааст. 51 нафари ин теъдод дар манотиқи мухталифи Русия кушта шудаанд.

Даҳҳо зан бева мондаю садҳо кӯдак бепадар

Тобути шавҳари Зеборо чанд рӯз пеш аз Русия оварданд. Марги шавҳар Зебои 28-соларо бо 4 фарзанд дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону саргардон ба ҷо гузошт. Ӯ мегӯяд, тайи 10 соли издивоҷ дидори шавҳарро ба серӣ надида буд, чун шавҳараш аксари ин муддат дар мардикорӣ буд.

Дар Тоҷикистон фақат Зебо нест, ки азизони худро дар Русия аз даст додааст. Ва таҳо ин хонавода нест, ки баъди марги шавҳар ё фарзанд ё бародаре дар Русия аз саробон маҳрум мешавад.

Омори расмӣ ҳокист, ки мавридҳои ҳалокати муҳоҷирони тоҷик дар Русия имсол ҳам афзоиш ёфтааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, агар дар нимаи аввали соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 380 тобут оварда бошанд, дар 6 моҳи аввали соли равон 395 тобути шаҳрвандони тоҷик оварда шудааст.

Оқои Асадуллоев гуфт, 41 муҳоҷир, ки дар Русия ба зиндагӣ падруд гуфтаанд аз Душанбе, 126 нафар - аз вилояти Хатлон, 23 нафар - аз Бадахшон, 122 тан - аз вилояти Суғд ва 83 нафари боқӣ аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, яъне аз водиҳои Ҳисору Рашт будаанд.

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев меафзояд: «Аз ин теъдод 51 нафараш кушта шудаанд, 8 нафар худкӯшӣ кардааст, 16 нафар бо тариқи заҳролудшавӣ, 45 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ, 95 нафар ҳолатҳои ногаҳонӣ, 153 нафар бар асари беморӣ ва 27 нафар дар ҳолатҳои номуайян ҷони худро аз даст додаанд», -мегӯяд сухангӯи вазорат.

Аз ин омори расмӣ бармеояд, ки ҳаррӯз аз Русия 2 ё 3 тобут ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Мардикорони тоҷик дар Русия
Иқтисоди заиф ва маблағи муҳоҷирон

Мӯътабари Раштӣ роҳбари созмони «Оштии миллӣ» мегӯяд, афзоиши мавридҳои маргу мири муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия як навъ пайомади хомӯшиҳои давлатмардони Тоҷикистон аст, ки барои дифоъ аз ҳаққи ин мардуми мардикор ва таъмини шароити шоистаи кору зиндагии онҳо дар Русия чораҳои муассир намеандешанд.

Мӯътабари Раштӣ бо таассуф меафзояд, дар ҳоле ки иқтисоди заифи Тоҷикистон маҳз бо маблағҳои муҳоҷирон рӯи по истодааст ва рӯзгори аксарияти кулли хонаводаҳоро ҳамин мардуми муҳоҷир таъмин мекунанд, онҳо як ҳомии воқеӣ надоранд:

«Бовар кунед, аз ҳукумат ва сафорати Тоҷикистон дар Русия дида журналистон боҷуръаттар дар ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон. Вақте журналистон масоили доғ ва умдаи мардумиро матраҳ мекунанд баъдан ҳукумат ба ташаббус медарояд, мизи мудаввар доир менамояд, вале ин ҳама як намоиши беасар ҳастанд. Бубинед садҳо занон бева мемонанд. Садҳо кӯдакон бепадар ва ноновари хона».

«Сафири нави Тоҷикистон коре накард»

Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дар ҳимояи мардикорон кори чашмрасеро ба сомон нарасонидааст
Ҳикматулло Сайфулоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, вақте Русия шарики стратегии Тоҷикистон ва ба истилоҳ "бародари калонӣ" ба мушкилоти шаҳрвандони кишвари дӯст таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад, ин боз ҳам бармегардад ба мавқеи худи Тоҷикистон ва беамалии мақомоташ.

Ҷаноби Сайфулоҳзода гуфт: «Пас ин маъно онро дорад, ки ҳукумат кори чашмрасеро ба сомон нарасонидааст агар мерасонд, марги шаҳрвандон мо ин қадар зиёд намешуд. Аз ҷумла метавонам мустақим гӯям ки сафорати Тоҷикистон дар Русия бо он, ки сафирро табдил кардаанд, кореро карда натавонист ва вазъи шаҳрвандони мо боз ҳам печида шуд. Тобутҳо ҳамоно зиёд шуд. Ин маънои онро дорад, ки масоили муҳоҷирон ҳадафмандона пайгирӣ карда намешавад ва табиист, ки вақте масъала ҳадафмандона пайгирӣ намешавад, ҳалли худро намеёбад, яъне низом нотавонмандона аст».

Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВУДТ аз 51 далели куштори муҳоҷирони кории Тоҷикистонӣ 11 далели он ошкор шудааст ва маълум мешавад, 8 мавриди қатли муҳоҷирони тоҷик бо дасти худи ҳамватанони онҳо анҷом шудааст.

Қотилон боздошт намешаванд. Чаро?

Ин дар ҳолест, ки қаблан бештар дар бораи бо дасти гурӯҳҳои миллатгаро, ё сартарошидаҳои рус кушта шудани муҳоҷирони кории тоҷик сӯҳбат мешуд. Як намунаи ваҳшатбори ин гуна ҳуҷум буридани сари Салоҳиддин Азизов, як мардикори 20-сола аз ноҳияи Шаҳритус дар моҳи декабри соли 2008-ум буд, ки бо вуҷуди қавлу ваъдаи мақомоти Тоҷикистон, таҳқиқи ин парвандаи пурсарусадо то ҳол ба ҷое нарасидааст.

Соҳибназарони тоҷик мегӯянд, албатта, пешгирӣ аз ҳалокати мардикорони тоҷик дар Русия кори ғайримумкин аст, вале дар ин самт амал кардани мақомот метавонист, то ҷое шароит ва фазоро барои ин мардум дар он мулки ғурбат ҷиддан тағйир диҳад.
XS
SM
MD
LG