Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсимоти ҷойҳои сабқати олимпӣ байни конфедеросиюнҳо


Кумитаи иҷроияи Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA) тақсимоти ҷойҳоро байни конфедеросиюнҳо дар Олимпиадаи Лондон-2012 тасдиқ намуд.

Дар мусобиқаи футболи мардона Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) 3,5 ҷой гирифт. Ҳамин миқдор ба қораи Африқо дода шуд. Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ дуҷоӣ ва Уқёнус як ҷой гирифт. Аврупоиҳо бо иловаи кишвари мизбон соҳиби 4 ҷой шуданд.

Дар мусобиқаи футболи занона Конфедеросиюни футболи Осиё мисли Африқо ва Амрикои Ҷанубию Шимолӣ соҳиби ду ҷой гардид. Уқёнус як ҷой ва Аврупо се ҷой гирифтанд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистонро ба мусобиқаи интихобии олимпӣ сармураббӣ Шариф Назаров омода хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG