Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Узбакистон муроҷиати занони тоҷикро қабул накард


Гурӯҳе аз занони фаъоли тоҷик, дар назди сафорати Узбакистон дар Душанбе ҷамъ шуда, хостори боз намудани роҳҳо, қатъи муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон ва ба ҳолати одӣ бар гаштани муносиботи ду кишвари ҳамҷавор шудаанд.

Аммо мақомоти сафорати Узбакистон дар Душанбе нахостанд бо ин гурӯҳи занон мулоқот ва муроҷиатномаи онҳоро қабул кунанд, аз ин хотир ин занон нороҳат ва нигарон буданд.

Гулҷаҳон Бобосодиқова, аз фаъолони ҳаракати занон ва раҳбарони пешини ҲКТ гуфт, ки мақомоти сафорат ҳатто нахостанд, муроҷиати созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайри давлатиро қабул кунанд ва ё бо онҳо мулоқот намуда ва назару ҳарфи онҳоро гӯш диҳанд.

Дар ин муроҷиатнома аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон хоста шудааст, ки равобити дӯстонаи ду кишварро барқарор кунад ва аз идомаи ҷалавгирии убури вагонҳои ҳомили молу колои Тоҷикистон худдорӣ шавад.

Ин занон мегӯянд, аслан хостори қатъи муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон мебошанд.

Баъд аз он ки сафорати Узбакистон муроҷиатномаи ин занонро қабул накард, онҳо ба сӯи сафорати Қазоқистон дар Душанбе раҳсипор шуданд. Ва мегӯянд, ин муроҷиатномаро ба сафири Қазоқистон, ки раҳбарии даврии САҲА -ро бар дӯш дорад, таслим хоҳанд кард, то онро ба роҳбарияти Узбакистон бирасонад.

Тафсилот дар ҳоли нашр аст
XS
SM
MD
LG