Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти ДНФМ ва ҳаққи мухолифин ба ҷои кор


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар ин ҳафта бо пахши як изҳорот гуфт, баҳси додгоҳӣ миёни вазорати маорифи ин кишвар ва Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот ро бо таваҷҷӯҳ назорат мекунад ва бастани ин донишкадаро маҳдуд сохтани имконияти гирифтани таҳсилоти олӣ барои ҷавонон дар Тоҷикистон медонад.

Баҳси ин донишкадаи хусусӣ бо вазорати маориф дар сутуҳи мухталифи додгоҳӣ тақрибан як сол ба ин сӯ идома дорад ва сарнавишти ин мактаби олӣ дар ин миён мисле ки дар ҳаво муаллақ боқӣ мемонад. Бархе бар ин боваранд, ки иллати мушкил дар ин донишкада минбари устодӣ пайдо кардани чанде аз шахсиятҳои маъруфи мухолифи давлат аст.


БАЁНИЯИ САФОРАТ…


Моҷарои омада бар сари танҳо донишкадаи хусусии боқимонда дар Тоҷикистон батадриҷ рангу оҳанги сиёсӣ мегирад ва бармегардад ба масоили хеле баландтаре, чун ҳуқуқи башар ва ҳаққи мухолифин ба ҷойи кор.

Сафорати Амрико дар Душанбе дар изҳороташ хостори ба таври фарогир ва аз рӯи адолат баррасӣ шудани қазияи бозхонди хатти муҷавизи Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот дар Додгоҳи олии иқтисодӣ ва ташреҳи низ фарогири ҳар қароре, ки додгоҳ дар ин замина содир мекунад, шудааст.

Ниша Квост, муовини сафири Амрико ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қазия ба сурати умум, метавонад боқӣ хоҳишмандони сармоягузорӣ ба риштаи маорифи Тоҷикистонро дилсард кунад: “Сафорати ИМА умедвор аст, ки заминаи қабули ин ё он қарори судӣ ба пуррагӣ шарҳ дода шавад. Бастани ин донишкада барои ҷавонон имконияти гирифтани маълумоти олиро дар Тоҷикистон маҳдуд месозад. Бо сабабҳои номаълум баста шудани ин донишкадаи хусусӣ ба фазои инвестисионӣ таъсири манфӣ мерасонад ва дигаронро аз маблағгузории минбаъдаи соҳаи маорифи Тоҷикистон дилсард мекунад. “


… ВА ПОСУХИ ВАЗОРАТ…


Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон дар посух ба ин изҳорот гуфт, ки вазорат аз мавқеъи худ ақиб нахоҳад нишаст ва қазияро то ба охир хоҳад бурд: “Мо танҳо як чизро мехоҳем, ки иҷозатномае ки вазорати маориф барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дода буд, боз хонда шавад. Ин талаби моро додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе пурра қабул кард. Марҳалаи кассатсионии ин додгоҳ низ аз мо пуштибонӣ кард. Ва ду рӯз пеш марҳалаи кассатсионӣ дар Додгоҳи олии иқтисодӣ баргузор шуд. Вале азбаскӣ ҷониби даъвогар баъзе ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод карда буд, масъала бидуни баррасӣ монд. Албатта, он тараф мақомоти додгоҳӣ дар марҳалаҳои оянда муайян хоҳанд кард, ки чӣ бояд кард.”


МОҶАРО АЗ ЯК НОМА ОҒОЗ ЁФТ

Моҷаро миёни донишкадаи хусусии навовариҳои фаннӣ ва вазорати маориф ҳанӯз моҳи июли соли гузашта, замоне бархост, ки вазорати маориф қабули довталабон ба ин донишкадаро мутаваққиф сохт. Масъулини донишкада аммо ин дастурро напазируфтанд ва ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурданд. Додгоҳи Душанбе дар тирамоҳи соли гузашта ибтидо аз мавқеъи донишкада пуштибонӣ кард, вале ҳамагӣ ду рӯз баъд ҳукми худро ин навбат ба фоидаи вазорати маориф тағйир дод.

Ба ин тартиб, то кунун ин моҷаро бидуни ҳалл боқӣ монда ва акнун ду ҷониб дар толори Додгоҳи олии иқтисодӣ алайҳи ҳамдигар, ба таъбири маъруф, “дандон тез мекунанд.”

Садриддин Акрамов, муассис ва раиси донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот мегӯяд, қазия аз як номаи вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ба раисиҷумҳур оғоз ёфт, вале ношаффофии ҷараёни баррасии масъала боис шуда, ки онҳо то ҳол далели аслии қаҳри мақомот аз ин донишкадаро сарфаҳм нарафтаанд: “Мо низ бисёр мехоҳем ҳам аз вазорати маориф ва ҳам аз ҳукумат бифаҳмем, ки асли қазия чист. Аммо барои мо то ҳол норӯшан аст. Ду куммиссиюне ки яке аз ҷониби вазорат ва яке аз ҷониби ҳукумат гӯё ки дар асоси номаи вазири маориф ба президент омад, баъди онки санҷиданд, гуфтанд, ки далелҳои омада дар он нома исбот нашуд. Вале аз чӣ бошад ки шифоҳӣ ба мо чунин гуфтанду рафтанд. Ваъда карданд, ки моро бо санаде ки тартиб медиҳанд, бади чанд рӯз шинос мекунанд, ки мо ҳам зераш имзо гузорем. Вале муттаассифона, чунин нашуд.”


ТАЪРИХЧАИ ДОНИШГОҲ


Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва мухобирот, мақараш дар Душанбе, дар ҳоли ҳозир, танҳо мактаби олии хусусист, ки соли 2003 аз ҷониби ширкати амрикоии “Sadr Inc” таъсис ёфта, дар 7 риштаи умдатан марбут ба соҳоти иқтисод, ҳуқуқ ва информатика ҳудуди 1700 донишҷӯро ба таҳсил фаро мегирад.

Муассиси ин ширкат ва раиси феълии донишкада Садриддин Акрамов, як шаҳрванди тоҷиктабори Амрикост, ки дар авоили солҳои 90, бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Амрико ҳиҷрат карда, дар поёни солҳои 90 бо як силсила барномаҳои таъсиси мактабу донишгоҳҳои хусусӣ ба Душанбе баргашт. Силсилаи макотиби марбут ба ширкати “Садр” дар баробари донишкадаи навовариҳои фаннӣ ҳамчунин як гимназия дар ноҳияи Рӯдакӣ ва давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, аз ҷумла таълими забони инглисӣ ва компутарро дар бар мегирад.

Садриддин Акрамов мегӯяд, тақозои бозхонди хатти муҷавизи донишкада аз сӯи вазорати маориф метавонад танҳо донишкадаи боқимондаи хусусӣ дар Тоҷикистонро ба хатари варшикастагӣ рӯбарӯ кунад. Ӯ мегӯяд, моҷаро бо вазорат алакай барои ин муассисаи таълимӣ хисороти бузург ва пардохтношудание ба бор овардааст: “Коре ки мо кардем, бо маблағ тасвираш кардан душвор аст. Аз соли 1999 то 2002, вақте ман дар Вошингтон зиндагӣ мекардам, барои ҷамъоварии китоб дари тамоми идораҳоро кӯфтам. Ба калисоҳо ҳам рафтаму ба китобхонаҳо ҳам ва ҳам ба тамоми ташкилотҳо. Якуним миллион китоб ҷамъ овардем, ки дар 284 контейнер ҷо шуд. Дар Тоҷикистон чопи китоб умуман нест. Давлат ҳам тавони харидории китобҳои ҷавобгӯи сатҳи байналмилалиро надорад. Фақат барои овардани он ҳама китоб ба Тоҷикистон шояд аз 2 то 4 миллион доллар сарф шуда бошад, ки хароҷоташро асосан донорҳо ва як бахшашро департаменти давлатии ИМА бар дӯш гирифтанд. Ин фақат барои овардани ин якуним миллион китоб.”


ҲАДАФ ФАҚАТ ДНФМ НЕСТ?


Ин дуввумин мактаби марбут ба ширкати “Садр” аст, ки аз ҷониби вазорати маориф баста мешавад. Қаблан бо қарори ҳамин вазорат гимназияи “Садр” дар Душанбе, ки беш аз 120 кӯдаки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ятимшударо бо таҳсил фаро мегирифт, низ баста шуд.

Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маориф мегӯяд, фақат донишкадаи навовариҳои фаннӣ нест, ки ба иллати ба меъёрҳои қабулшуда ҷавобгӯ набудани сифати таълимаш баста мешаванд: “Дар давоми 4 соли охир мо донишгоҳҳои зиёдеро бастем. Тамоми он донишгоҳҳое ки ҷавобгӯи талабот нестанд, ба меъёрҳои стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ нестанд, дар фаъолияташон камбудӣ зоҳир мешавад, баста хоҳанд шуд. Аслан донишгоҳҳои басташуда пояи моддиву кадрии онҳо ҷавобгӯи талабот нест. Ва ин иқдоми мо давом дорад. Мо нисбат ба донишгоҳҳои дигар, ҳатто донишгоҳҳои давлатӣ низ чунин чораҷӯӣ карданӣ ҳастем.”


“ЛОНАИ ДИГАРАНДЕШОН”?


Аммо маҳофил дар робита ба қазияи донишкадаи навовариҳои фаннӣ мегӯянд, иллати қаҳри мақомот ғолибан ба ҳузури шахсиятҳои маъруфи мухолифи давлат, аз ҷумла равоншод Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоиров ва Шокирҷон Ҳакимов, ё раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддини Кабирӣ дар феҳрасти устодони ин мактаб бастагӣ дорад.

Яъне дар чашми мақомот ин донишкада ҳамчун “лонаи мухолифин” шинохта мешавад ва бархӯрди манфии вазорат аз ҳамин ҷо маншаъ гирифтааст.

Изҳороти сафорати Амрико низ ишораи ғайриалание ба ин паҳлуи қазия дорад. Ниша Квост, муовини сафири Амрико дар Душанбе: “Имконияти ҷавонон барои донишомӯзӣ аз омӯзгорони гуногун ва муҳокимаи ақоиди мухталиф барои пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. ”


ЗОИРОВ АЙБДОР МЕКУНАД


Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲСД ва устоди ҳуқуқ дар донишкадаи навовариҳои фаннӣ дар изҳороте дар моҳи март бо ишора ба моҷарои бархоста бар сари ин донишкада ҳукумати Тоҷикистонро айбдор кард, ки ҳаққи мухолифин ба ҷойи корро ҳам зери по мекунад.

Шокирҷон Ҳакимов, устоди дигари ҳуқуқ дар донишкадаи навовариҳои фаннӣ низ сӯъитаҳаммул нисбат ба мухолифин ва дигарандешонро як мушкил барои ҳукуматдорони феълии Тоҷикистон медонад: “Муҳити озод дошт. Дар ин донишкада намояндагони 5 ҳизби сиёсӣ кор мекунанд, аз ҷумла ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ. Донишҷӯёнаш нисбатан озоданд, таърифу тавсифи беҳуда дар инҷо нест. Масалан, Тоҳири Абдуҷаббор дар ин донишкада профессор буд, унвони илмӣ дошт. Холаҳмад Азимов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Раҳматуллоҳ Зоиров низ дар инҷо дарс мегӯянд. Ҳамагӣ олимони варзида ва аз сӯи макотиби олии Ғарбу Шарқ пазируфташудаанд, вале дар Тоҷикистон мушкилот доранд. Иллаташ ин аст, ки узви ҳизби халқӣ-демократӣ нестанд ваё дар бораи мушкилоти кишвар ошкоро сӯҳбат мекунанд. Ва ин боиси мушкилоти шахсии онҳо шудааст.”


ДАРС - ҶУДО, СИЁСАТ - ҶУДО

Садриддин Акрамов, раиси донишкада аммо мегӯяд, бояд фаъолияти илмиву устодии ин афроди дар риштаи тахассуси худ забардастро аз фаъолияти сиёсии онҳо ҷудо кард: “Дар ҷаҳони илм ҳар унвонҷӯи илмӣ, ки таҳқиқот мегузаронад ва мехоҳад дастовардашро аз лиҳози илмӣ пешкаш кунад, ҳатман барои худ ду оппоненти илмӣ мегирад. Бидуни чунин оппонент ӯ ҳатто рисолаашро ҳимоят карда наметавонад. Будани оппозитсиюн дар ҷомиа хуб аст, чунки илм бе баҳс пайдо намешавад. Хусусан барои мо ки даргоҳи илмӣ ҳастем охир. Ман шахсан фикр мекунам, ки дар ин даргоҳ бояд аз ҳама ҷабҳаҳо бошанд. Дар мактаби мо бештар аз ҳама шояд намояндагони ҳизби ҳукмрон бошад. Лекин ба ҳар ҳол, пеш аз қабул кардан ба кор мо бо устодон созишнома имзо мекунем, ки бар асоси он, бурдани таблиғоти сиёсӣ ё мазҳабӣ дар донишкада манъ аст.”

Ба назари таҳлилгарон, дар шароити Тоҷикистон узвият дар ҳизби мухолиф ва ё пуштибонӣ аз як назари ғайрирасмӣ амалан маънои ба рӯи ин нафар баста шудани дари ҳама мақомоти давлатиро дорад.

Ҳатто дар солҳои пуршӯри навадум дар ҳукумати Тоҷикистон нафарони бархоста аз наҳзатҳои милливу демократии авоили он даҳа, чун Халифабобо Ҳомидовро мешуд дид. Намунаи дигари барҷастаи ҳусни таҳаммул нисбат ба дигарандешон ба намояндагони мухолифин қоил шудани 30 дарсади курсиҳои давлат бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997 буд.

Охирин намояндагони саҳмияи сидарсадӣ дар поёни соли 2006, дар пайи интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ, ки ин бор ҳам бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷомид, аз ҳайъати ҳукумат рӯфта шуданд ва тақрибан ҳама дар ҳошия қарор гирифтанд. Ва батадриҷ саҳнаи ҳукумат ба майдони яккатозии намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва афроди содиқ ба гурӯҳи ҳукмрон табдил ёфт.


ХУДО ОППОЗИТСИЯАТ НАКУНАД

Шокирҷон Ҳакимов, устоди ин донишгоҳ ва муовини раиси ҲСДТ: “Дар кишварҳои мутамаддин, ки демократия доранд, агар сиёсатмадор дар интихобот ноком шуд, пас имкон дорад, то дар ҷомиаи шаҳрвандӣ кор кунад, ё ба фаъолияти эҷодӣ ё илмӣ машғул шавад, ё дар мадраса мударрисӣ кунад, то битавонад талаботи иҷтимоии худро аз ин роҳ қонеъ гардонад. Аммо боиси таассуф аст, ки дар Тоҷикистон чунин нест. Ва агар шумо мавқеъи шаҳрвандӣ доред, ақида доред ва миёни мардум маҳбубият, ин боиси нигаронии доираҳои ба ҳукумат наздик мешавад ва ҳама тадбирҳоро меандешанд, ки шумо бе манбаъи даромад монед.”

Ба назари таҳлилгари тоҷик Саймуддин Дӯстов, иллати чунин сурати ҳол дар Тоҷикистон дар худи низоми давлатдорист, ки ба маҳзи худкомагӣ ва такяаш бар аслҳое, чун садоқат ва маҳал, ягон навъ андешаи ғайр ва мухолиф ба арзишҳо ва манофеъи клани ҳокимро қабул надорад: “Дар ҳамаи сатҳҳо худи чунин ташкили низоми сохтори сиёсӣ ва ҳокимият имкон намедиҳад, ки нафарони дигар, ки аз клан дуранд, ё озодандештар ҳастанд, пазируфта шаванд. Муттаассифона, ин боиси нафақат рушд накардани ҷомиа ва иқтисоди Тоҷикистон гаштааст, балки то ҷое он рӯ ба инқироз низ дорад.”


РАҶАБИ МИРЗОРО ДИДАМ…

Як тимсоли барҷастаи дигарандешӣ дар Тоҷикистон ҳамоно хабарнигори маъруф Раҷаби Мирзост, ки аз замони баста шудани ҳафтаномаи пуровозаи “Рӯзи нав”-аш тақрибан 5 сол бекор монд ва сарнавишти ӯ ҳатто мавзӯъи яке аз танзҳои намакини Наҷмуддини Шоҳинбод шудааст, ки “Кӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон демократия нест? Ман дина Раҷаби Мирзоро дидам, озодона дар кӯча мегашт.”

Аммо худи Раҷаби Мирзо мегӯяд: “Агар худи маро бигирем, ман ҳудуди 5 сол бекор будам ва дар маҳфилҳои журналистӣ аз ҳамкасбони худ мепурсидам, ки "Шумо агар ба ҳунари ман ба ҳайси як журналист шакк доред, ба ман бигӯед. Агар на, биёед, расман маро ба кор бигиред. Вале ҳеҷ кадоми онҳо наметавонист ба сифати расмӣ маро ба кор даъват кунад. Дар воқеъ сахт аст, хеле сахт. Як рисолати бисёр мушкил аст дар ҷомиаҳои худкомае, чун Тоҷикистон, зистан ва дигарандеш будану ҳам ҳукумат ва ҳам ҷомиаро мутмаин кардан. Ин бисёр як кори мушкилу миёншикан аст”.

АКРАМОВ АММО ПУШАЙМОН НЕСТ

Бо ин вуҷуд, Садриддин Акрамов, муассис ва раиси донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртибототи Тоҷикистон, ки бо хатари басташавӣ рӯбарӯст, дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки акнун дар пайи ин ҳама моҷароҳои бар сараш омада аз ин ки чунин риск карда, дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, пушаймон нест, гуфт: “Не, не. Имрӯз мо куҷое ки наравем, хатмкардаҳои мактабу донишкада ва давраҳои омӯзишии “Садр”-ро вомехӯрем. Яъне он ниҳолакҳое ки мо шинондем, алакай сабз шудаанду имрӯз барои Тоҷикистон кам-кам мева медиҳанд. Аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ пушаймон нестем.”

Ба назари таҳлилгарон, албатта, бархӯрд нисбат ба афроди мухолиф ва дигарандеш дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои худкоматаре, чун Узбакистон ё Туркманистон, беҳтар аст ва давлат ҳадди ақал онҳоро батамом аз саҳна ва аз кишвар танг намекунад.

Вале, меафзоянд онҳо, ҷараён рӯ ба сӯи вахомат дорад, на ба самти беҳӣ ва тангтар шудани чорчӯбҳои расмии фаъолият ва кор барои тоифаҳои дигарандеш, ба хусус мардуме ки аз ақоид ва ормонҳои дуняӣ пайравӣ мекунад, ҳатман боиси ҷустани шеваҳои ғайримаъмулии баёни эътироз хоҳад шуд ва шумори ҳарчӣ бештари қишрҳои норозиро ба домани гурӯҳҳои зеризаминӣ ва умдатан тундрави мазҳабӣ тела хоҳад дод. Пайомаде, ки ба бовари аҳли назар, ба ҳеҷ сурат наметавонад мояи хушиву истиқбол ва ҳам ба сӯди Душанбе бошад.
XS
SM
MD
LG