Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

И.Шарифов: 50-солагии «Вахш»-ро сазовор ҷашн мегирем


Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа
Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, меҳмони барномаи «Ҷаҳони варзиш» буд. Ва ҳоло фишурдаи мусоҳибаи хабарнигори радиои Озодӣ бо ҷаноби Шарифов ба хонандагони сомонаи интернетӣ пешкаш мешавад.

-Хоҳиш дорам, нахуст андешаҳои худро дар бораи бозии «Вахш» бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар даври аввали мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон баён созед.

- Ин бозӣ барои мо, ки дар сафар гузашт, хеле мушкил буд. Зеро мо аз ҷиҳати равонӣ (психологӣ) он қадар омода набудем, вале аз ҷиҳати ҷисмонӣ комилан тайёр будем. Бозӣ хеле тезу тунд ва пуршиддат гузашт ва дастаи мизбон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Мо, албатта, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар бозиҳои оянда бо рақиби аслиамон қусури бохтро барорем.

-Порсол дастаи «Вахш» бо кӯмаки молии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ» ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта буд. Лутфан бигӯед, ки имсол сарпарасти даста кист?

-Мо аз раҳбарону кормандони Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ», ки соли гузашта дастаро ҳамаҷониба дастгирӣ карданд, хеле миннатдорем. Ва умедворем, ки ҳамкории мо дар оянда боз ба роҳ монда мешавад. Ҳоло бошад, дастаи «Вахш» бо кӯмаки раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ширкат дорад. «Вахш», инчунин, таҳти сарпарастии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон моҳи май шарафи футболи тоҷикро дар Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ҳимоя хоҳад кард.

-Воқеан, омодагии даста ба сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси AFC чӣ гуна ҷараён дорад?

- Мо ба ин сабқат хуб омодагӣ мебинем ва мақсад дорем, ки ба давраи ниҳоӣ роҳхат бигирем. Дар сабқати гурӯҳи «В», ки аз 10-ум то 14-уми май дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон доир мешавад, «Вахш» бо дастаҳои «Нагакорп»-и Камбоҷа, «Ринаун»-и Шри-Ланка ва «Озмоишгоҳи Хан»-и Покистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

-Дар ҳайати дастаи «Вахш» имсол чӣ тағйирот ҳаст?

- Се бозигари ҳайати асосӣ дастаро тарк карданд. Инҳо ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов (ба ССКА «Помир»-и Душанбе гузашт), нимҳимоятгар Анвар Норқулов (ба «Истиқлол»-и Душанбе даъват шуд) ва ҳамлагар Ҷомихон Муҳиддинов (даъвати «Регар» ТадАЗ-и Турсунзодаро пазируфт) мебошанд, ки қарордоди мо бо онҳо ба итмом расида буд. Ба ҷои ин футболбозони пуртаҷриба мо ба даста панҷ нафари дигарро қабул намудем: ҳимоятгар Асадулло Нуруллоеви 25-сола (аз дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), ҳимоятгар Баҳодур Шарифови 28-сола ( аз «Хуҷанд»-и Хуҷанд), ду легионер аз кишвари Ганаи Африқо - ҳимоятгар Арий Элайҷаи 22-сола (ахиран дар дастаи «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон бозӣ кардааст) ва нимҳимоятгар Давид Давидсони 23-сола, инчунин нимҳимоятгар Рейди Тройи 30-сола (аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико).

-Ба андешаи Шумо дар мусобиқаи имсола кадом дастаҳо муддаъиёни унвони қаҳрамони Тоҷикистон мебошанд?

- Ба назари ман имсол дастаҳои «Истиқлол», «Регар» ТадАЗ, «Вахш», «Хуҷанд», «Энергетик» ва «Парвоз» довталабони унвони қаҳрамонианд. Вале муддаъиёни аслӣ «Истиқлол», «Регар» ТадАЗ ва «Вахш» мебошанд. Имсол мусобиқа, ки аз 9 давра иборат аст, хеле тӯл мекашад ва ҳар як даста нисбат ба соли гузашта қариб ду баробар зиёд, яъне 32 бозӣ анҷом хоҳад дод. Вале, мутаассифона, он дастаҳое, ки имкони хуби молӣ надоранд, барои то охир дар мусобиқа ширкат кардан, бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ хоҳанд шуд.

-Чунон ки маълум аст, имсол дастаи «Вахш» 50-сола мешавад. Оё ба ин муносибат ягон мусобиқа дар назар аст?

-Бале. Мо ба нақша гирифтаем, ки бахшида ба ин ҷашни пуршукӯҳ як мусобиқаи байнулмилалӣ бо ширкати якчанд бошгоҳҳои футболи ватаниву хориҷӣ баргузор намоем.
XS
SM
MD
LG