Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ояндасоз

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Тоҷикистон

Роҳҳои "Тангем"-ро тангтар мекунанд

10.03.2010

Субҳи имрӯз ҳаракати мусофирбарҳои «Тангем» дар хатсайри 25-и шаҳри Душанбе аз сӯи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ манъ шудааст.

Бар асари ин иқдом беш аз 100 ронандаи «Тангем» бо мошинҳои худ дар минтақаи Зарафшони пойтахт ҷамъ омада, хостори ташреҳи ин иқдом шудаанд.

Аммо то соати 12-и рӯз касе аз намояндагони ниҳодҳои расмӣ сабаби чунин тасмимро ба онҳо шарҳ надодааст.

Ронандагон бо изҳори нигаронӣ аз ин иқдом мегӯянд, ки онҳо асноди зарурӣ ва иҷозатномаи мусофирбариро дар даст доранд.

Ҳоло дар ин хатсайри 25 танҳо мусофирбарони тамғаи «Газел» ва автобусҳо ҳаракат мекунанд, ки ба гуфтаи мусофирон, мушкили шадид нақлиётро ба бор овардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар дигар хатсайрҳо ҳаракати «Тангем»-ҳо ба таври маъмул идома дорад.

JavaScript-и шумо сокит аст ё Adobe's Flash Player-и шумо кӯҳна мебошад. Навтарин Flash player-ро аз ин ҷо бигиред.




Мақомоти масъули шаҳрдории Душанбе ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки "ин иқдом ба хотири таъмини амнияти мусофирон ва танзими ҳаракати нақлиёти мусофирбар гирифта шудааст". Ба гуфтаи онҳо, дар хатсайри 25 ҳудуди 50 микроавтобус, ки бо рақамҳои нави давлатӣ таъмин шудаанд ва иҷозаи мусофирбарӣ доранд, мусофиркашонӣ мекунанд.

Мусофирбарҳои сохти чинии, маъруф бо номи «Тангем» тайи якчанд соли ахир ба навъи аслии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе табдил шудааст. Сокинони Душанбе мегӯянд, ки маҳз ин навъи мусофирбарҳо камбуди нақлиёт дар пойтахтро коҳиш додааст.

Соли гузашта мақомоти шаҳри Душанбе ҳаракати мусофирбарҳои «Тангем»-ро дар роҳҳои марказии шаҳр манъ карда буданд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: Мусофир аз: Душанбе
10.03.2010 12:57
Салом ахли мачлис -шояд чунин огоз шавад вохурии макомоти боли бо ин ронандагон. Оё дар шахри мо ягон вакт тартибу низом аз руи инсоф сурат мегирад ё не.
ин мардум барои фаъолият дар ин хатсайр як сола ичозат нома гирифтабуданд, ки онро чуброн мекунад. як чиз амик аст бегох кучахо пур аз мусофири саргардон мешаванд. мансабдоро бошанд сари вакт ба манзилашон бо роххои озод аз тангемхои рафта мерасанд.

Ном: Марди рох аз: Душанбе
10.03.2010 13:09
Боз як икдом ва гамхории неки Хукумат барои мардум.. бигзор маън кунанд то мардум бо такси гаштана сар кунанд.. Хукуматдорон бовари доранд, ки бо ин маоше ки мардумро медихад бо такси рави хам бад нест...........ВОЙ БАР ХОЛИ ИН МИЛЛАТИ САРСАХТ...

Ном: Майор аз: БДА
10.03.2010 13:38
Тангемхо ба меъерхои бехатари чавобгуй нестанд. Гайр аз ин бисьере аз ронандагони он на танхо коидахои идоракунии наклиетро дагалона вайрон мекунанд, балки аз кучаи одамгари гузаштаги нестанд.
Дар посух

Ном: Шахрванд аз: Душанбе
11.03.2010 07:55
Чавоб ба майори милиса. Ман на ронандаи тангем хастаму, на корманди хифзи хукук. Вале хамаруза мушохида мекунам, ки аксари кормандони БДА на танхо аз кучаи одамгари нагузаштаннд, балки намедонанд ки ин куча дар кучост. Хуб мебуд агар рохбарияти БДА ба кормандони худ дарси ахлоку одобро меомузонд,
Дар посух

Ном: Анвар аз: Москва
11.03.2010 14:58
На, бо ин мантик бояд БДА ро тамоман манъ кардан даркор.
Дар посух

Ном: Беном
11.03.2010 17:15
БДА бекор мондай хар чи мекуна
Дар посух

Ном: тангем-савор аз: Душанбе
16.03.2010 18:15
агар тангем ба меъёри бехатари чавобгу набошад барои чи ворид кардани онро манъ накардаанд аз аввал.

агар ронандахои тангем коидаро надонанд чи хел хуччат гирифтаанд

бда-ро тангем таъмин карда истодааст

Ном: Абубакр аз: Душанбе
10.03.2010 14:50
Ман фикр мекунам аз афтобусу,газел ТАНГЕН хубтар

Ном: танген аз: душанбе
10.03.2010 14:55
хуб мешавад агар ба чои тангемхо тролейбусхоро аз шахр дур кунанд

Ном: Насим аз: Душанбе
10.03.2010 15:39
Ба ронандагони воситахои наклиёти мусофиркаши маъруф ба "Тангем" рахмам меояд. Охир макомотхои ваколатдор бар замми гаронии патент, литсензия, хатсайрпули, экология боз роххои тангемхоро дар хатсайрхои шахр махдуд мекунанд. Чи кор кунанд дигар бечорахо? Имрузхо махз хамин тангемхо хастанд, ки сокинон ба воситаи онхо сари вакт ба чойи кор ё дарс рафта мерасанд, вактро бехуда сарф намекунанд. Аз хамин бастани хатсайри тангемхо чи суд бошад, хеч нафахмидам... Дар маркази шахр рафтуои тангемхои 3 ва 8-ро манъ карда бошанд хам, ба чойи онхо таксихои 2 - сомона пайдо гардиданд. Боз хам аз хамон автобусу газелхо одамон хамоно кам истифода мебаранд. Холо бинед, пас аз ин дар хатсайри 25 хам таксихои 2 сума зиёд мешаванд ё ин ки студенти бечора пагохии барвакт соати 6 баромада, ба автобусхо нишаста ба дарс мераванд.
Ягона бахонае, ки ин масъулони макомотхои давлати барои махдуд кардани хатсайри тангемхо пеш меоранд, ин вайронкунии коидахои харакат дар роххо аз чониби ронандагони тангемхо мебошад. Аммо гумон мекунам, ин барои манъкунии хамаи ронандагон асос шуда наметавонад ку, хай вайронкунандагон як то дуто будагистанд, онхоро тибки Коидахо ба чавобгари кашанд, дигаронро ба холи худашон гузаоранд.
Боки Худо хофиз!

Ном: Ъоми аз: Душанбе
10.03.2010 21:51
Салом ба ахли сухан
Бовар кунед ин як мусибат хаст хам гуем фикр мекунам хато намекунем, чун ки ба хамагон маълум аст ки танзими наклиёти мусофирбариро дар тамоми каламрави Чумхури хамин ба ном мошинхои"Тангем' мебароранд
Ин автобусхо дар ягон вакт сари вакт мардумро ба чои лозимааш набурда буд ва нахохад бурд ба хамагон маълум аст сабабаш
Донишчуй бечора дигар хобро намебинад соати 6:00 ба рох мебарояд 20 ё 30 дакика интизор мешавад то ин ки автобус ояд боз 30 ё 40 дакики дигр дар рох меравад инро ман тахмин гуфтаам рузе мешавад ки тезтар мерасад ва рузе мешавад ки дер аммо дар хичолат аст хама вакт ки тезтар сари вакт ба дарс хозир шавад гами инхоро ки мехурда боша ?
Худо ба сарвархои мо Тавфик дихад то ин ки фикри халки бечораро кунанд омин!

Ном: Рустами Достон аз: аз шохнома
10.03.2010 22:16
Хамватанони азиз максади ягонаи хукуматдорон ин пул руёнидан аз халки камбагал мебошад.Хамаи наклёт бояд дуюмбора аз назорат гузарад .Хулоса:
Порсое дидам дар сахрои хур,
Чашми танги дунёдоро ё каноат пур кунад ё хоки гур.
Дар посух

Ном: файзиддин аз: Санкт+Петербург
14.03.2010 02:54
Чони гапа гуфти бародар хазор рахмати калон

Ном: Madina аз: Toronto
10.03.2010 22:40
sari har yak "Tangem" shakhse kor mekunad ki oilaromekhoronadu mepushonad. Mardum kushish mekunad ki kor kunand vale davlati ba har holate ki az dastashonmeyoyad mardumro qashshoqtar mekunand. Boyad mardum va davlati Tojikiston beshtar ba hamin korho mujallab boshad.

Ном: Xozdozat аз: IMA
11.03.2010 04:59
Fakat Tangenhoi 25 ba meyor javobgu nestand, digar Tangenho purra javobguyand.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил