Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Тоҷикистон

Маросими видоъ бо Фаррухи Қосим

08.02.2010

Шаби гузашта, Фаррухи Қосим, ҳунарпешаи маъруф ва раҳбари театри «Аҳорун» дар сини 62-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт. Ҷасади ин ҳунарманди нотакрор имрӯз дар қабристони Лучоб, дар шимоли шаҳри Душанбе, дар паҳлуи бисёре аз чеҳраҳои фарҳангии Тоҷикистон ба хок супурда шуд.

Бо вуҷуди сардии ҳаво ва бориши барфи зиёд садҳо тан аз шогирдону ихлосмандон, аҳли фарҳангу театри тоҷик дар маросими ҷанозаи Фаррухи Қосим гирди ҳам омада буданд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, марги ин ҳунарманди нотакрорро фоҷеаи бузурге барои миллату мардуми тоҷик номид. Вай гуфт, «воқеан даргузашти Фаррухи Қосим, ҳунарманд ва коргардони намоёни тоҷик, барои аҳли фарҳанг ва мардуми тоҷик талафоти бузург аст. Вай чун падари фақидаш Муҳаммадҷон Қосимов ва модари бузургвораш Мушаррафа Қосимова дар рушду нумӯи театри тоҷик саҳми арзишманде дорад».

JavaScript-и шумо сокит аст ё Adobe's Flash Player-и шумо кӯҳна мебошад. Навтарин Flash player-ро аз ин ҷо бигиред.



Ҳунарманди шинохтаи театри тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов дар ин маросим бештар ба ҳунари Фаррух Қосим ҳамчун коргардони театр баҳо дод. Вай аз ҷумла гуфт, «намоишномаҳои Фаррух, ба хусус «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон …» дар кишварҳои хориҷ таҳаввулоти бузургеро ба вуҷуд овард ва муҳаққиқони театр маҳз ба хотири ин намошиномаҳо Тоҷикистонро «Маккаи театрҳои шуравӣ» номида буданд».

ЭҲЁГАРИ ТЕАТРИ МИЛЛӢ

Дар маросими видоъ бо Фаррухи Қосим аз ӯ ба унвони эҳёгари театри миллии тоҷик ном бурда шуд.

Ҷаҳон киштзорест, бо рангу бӯй,
Даррав маргу умр обу мо кишти уй.
Чунон чун даррав рост ҳамвора кишт,
Ҳама маргроем чи хубу чи зишт.

Санъатшиносон аз Фаррухи Қосим ҳамчун эҳёгари театри миллӣ ёд мекунанд
Фаррухи Қосим, фаъолияти ҳунарии худро дар театри академӣ-рамавии ба номи Лоҳутӣ шурӯъ кард ва дар канори бозидани нақшҳои асосӣ дар намоишномаҳо ҳамчунин ба унвони коргардони ин театр чандин намоишномаҳоро ба саҳна гузошт.

Вале ба таъкиди бештари ҳунармандону ҳунаршиносон, таҳаввулотеро, ки Фаррухи Қосим дар оғози даҳаи 1990, пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ба вуҷуд овард, эҳёи театри нав бо сабки миллӣ ва он ҳам таъсиси театри «Аҳорун» буд. Ба хусус намоишномаҳои «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...», «Даҷҷол», «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун», «Шайхи Санъон», ҳунар, маҳорат ва тавоноии театри тоҷикро на танҳо дар дохил, балки дар Белжик, Эрон, Русия, Узбакистон, Лаҳистон муарифӣ намуд.

Санъатшиносон таъсиси театри «Аҳорун» -ро марҳалаи дурахшиши ҳунари на танҳо Фаррухи Қосим, балки оғози рушду такомули ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги асили тоҷик медонанд. Зеро, ба таъкиди санъатшиносон, меҳвари намоишномаҳое, ки тавассути Фаррухи Қосим дар театри «Аҳорун» ба саҳна гузошта шудаанд, осори бузургони адабиёти тоҷику форс аст.

Гулрухсор, шоираи шинохтаи тоҷик, низ бар ин андешааст. Вай мегӯяд, «Фаррух дар умри кӯтоҳаш тавонист андешаи миллиро эҷод кунад, таетри шеърӣ эҷод кунад, шеъри ҳазорсолаи адабиёти форсу тоҷикро дар замони Шуравӣ, ки аксар вақт иҷоза надошт, ба театр бикашад. Вай чун ҳунарманд пешсаф ва пешназар буд».

Қурбони Собир, яке аз шогирдони Фаррухи Қосим ва аз ҳунарпешаҳои маъруфи Тоҷикистон, бо нақл дар бораи устоди худ гуфт, «нахустин шуда Фаррухи Қосим шӯру ҳову ҳую ҳавлу ҳоли аҳли суфияро бо ҳаракоти ҷазбӣ дар рақси самоъ вориди саҳнаи театри тоҷик намуд, ки то устод Фаррух касе ҷуръат намекард, ки ин фалсафаро либоси театр бипӯшонад. Ва намунаи онро дар «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...» ба таври равшан мо метавонем бубинем. Илова бар ин хондани шеър бо ҳавои дарвешона низ бо талоши устод Фаррух вориди саҳнаҳои театр шуд».

Аммо аз як сӯ набуди макони мувофиқ барои фаъолияти ҳунармандони театри «Аҳорун» ва аз сӯи дигар беморӣ муддати чанд соли ахир Фаррухи Қосимро ранҷур гардонид.

Шералӣ Абдулқайсов, аз ҳамкорон ва дӯстони наздики Фаррухи Қосим, мегӯяд, «Фаррух тамоми ҳастиашонро ба театр бахшиданд. Чанд соли ахир аз беморӣ ранҷ мебурданд ва, фикр мекунам, бо ормон рафтанд. Чун дар дил ниятҳои неки зиёд доштанд».

ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД...

Зимнан, Фаррухи Қосим дар соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони саршиноси театр ва синемои тоҷик Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо чашм ба олами ҳастӣ кушуд. Ҳарчанд волидайн бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мавҷуд дар зиндагии ҳунармандон фарзанди худро барои омӯзиш ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба бахши физик равона карданд, аммо баъд аз як соли таҳсил дар донишгоҳ Фаррух онро тарк кард ва дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Точикистон барои таҳсил дар бахши ҳунарманди синемо ва театр пазируфта шуд.

Фаъолияти эъҷодии ин абармарди фарҳангу ҳунар ба унвони ҳунарманд ва коргардон, дар театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷони Воҳид ва тайи 20 соли ахир дар театри «Аҳорун» сипарӣ шудааст.

Фаррухи Қосим баррандаи бархе аз ҷоизаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» аст. Ҳамчунин Фаррухи Қосим дар соли 2004 яке аз даҳ ҷоизаи солонаи Бунёди Принс Клоуси Ҳуландро ба даст овардааст, ки аз саҳми босазои вай дар фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дарак медиҳад. Бале, кору номи нек аст, ки ба ҷаҳониён мемонад. Он гуна, ки Саъдии бузург гуфтааст,

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накуном зист,
К–аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: Хабиб аз: Русия
08.02.2010 20:16
Рухат Шод Бод, Ай Азиз!
Дар посух

Ном: Ҳамза аз: Маскав
09.02.2010 04:24
Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст,ки номаш ба накӯӣ набаранд.

Ном: HN аз: Lisboa
08.02.2010 20:59
Ahli adab budaand. Bechora shudem! Farhangi boloi tojiki bechora shud.
Bod joyashon jannatu firdaws!

Ном: Barzgar аз: Dushanbe
09.02.2010 01:38
"Tappidanhoi dilho nola shud ohista ohista"
Ruhat poku ravonat shod bod Mardi Xiradmand!

Ном: Ваҳоби Қосим
09.02.2010 02:16
Ба наздикони марҳум, Фаррухи Қосим, ҳамдардии худро баён мекунам ва аз онҳо сабри ҷамил хоҳонам. Худованд, ҷои марҳумро Ҷаннат, гӯрашро пурнӯр ва арвоҳашро шод гардонад.

Ном: Ҳамза аз: Маскав
09.02.2010 04:15
Саъдиё ,марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст,ки номаш ба накӯӣ набаранд.

Ном: donishju USA
09.02.2010 11:56
ALLOH rahmatu makhfiratash kunad inshaALLAH. HUDOVAN az obi kavsar ser obash kunad (OMIN) !!!

Ном: Тахмина аз: Техрон
09.02.2010 14:52
Равонат шод бод, абармарди сахнаи точик

Ном: tolib
09.02.2010 17:38
inna LILAHU VA INNA ILAIHI ROJIUN. Xudovand joyashro jannat va gurashro purnur gardonad.....

Ном: Safarsho аз: USA
12.02.2010 09:05
Farruh edat ba hayr
man URO az soli 1969 meshinohtam... bo tamomi hastiyash sanhatkor bud, insoni buzurg, omuzgori bolaekat,navovari teatr, dusti behad mehrubon va pesh az hama
laekati buzurg dosht... nomi Farruh Kosim dar tarihi teatri dune boki memonad .. ba tamomi ahli oilaash taziyai chukur baen mekunam
ALVIDO DUSTI AZIZ FARRUH.. JOYAT JANNAT BOSHAD

Ном: Азик
12.02.2010 16:16
Худовандо руй и инсони бузугро чойяшонро чанат гардон омин !!!
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил