Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ояндасоз

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Ҷавонон

Муҳоҷирони хурдсол ва қисмати мушкил

04.02.2010

Сафаралии 16-сола, муҳоҷири навраси тоҷик, дар фурӯдгоҳи пойтахт, ба фарқ аз дигар муҳоҷирони ба ватан баргашта, хеле нороҳату афгор менамуд. Дидор бо модару пайвандон ҳам барои ӯ чандон хушоянд набуд. Зеро, ин муҳоҷири наврас на бо хоҳиши худ, балки 2 ҳафта қабл аз сӯи пулиси Русия барои сафар ва будубоши ғайриқононунӣ дар Русия боздошт ва иҷборан ба Тоҷикистон баргардонида шуд.

Сафаралӣ, ба хотири пешбурди зиндагии модару хоҳаронаш, 3 моҳ қабл тарки таҳсил карда, ҳамроҳи тағояш роҳи Русияро пеш гирифт. Аммо, мегӯяд Сафаралӣ, то замони боздошту ба ватан ирсол шуданаш, дар пайи дарёфти ҷои кору макони зист дар Маскав ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шудааст:

“Проблема бисёр буд, вале ман мехостам ҳамон ҷо монаму, кор ёфта, кор кунам. Ҳуҷҷатҳоям ҳама дуруст буд, фақат ба хотире, ки ваколатнома надоштам, ки ба хоҳиши падару модарам ба муҳоҷират омадаам, маҷбурӣ ба Тоҷикистон фиристоданд. Ҳоло намедонам чӣ кор мекунам. Худо медонад, ки мактаб равам.”

Модари Сафаралӣ хонум Гулрафтор, ки аз ноҳияи Ҷиргатол ба пешвози писари муҳоҷираш ба Душанбе омада буд, гуфт, маризиву бекорӣ ва бори гарони таъмину тарбияи фарзандон дар танҳоӣ, ӯро водор кард, то ягона писари ноболиғ ва ҳам беморашро ба муҳоҷирати корӣ равон кунад.

“Пасспорташ гирифтем, бо тағояш рафт. Охир фикр кунед, як зан бо 3 кӯдак ва бе ҷойи кор чӣ рӯзгоре дошта метавонад. Хайр, гуфтам раваду, бо ба зиндагиямон ягон ёрдам кунад. Охир ӯ ҳам калон шудаст. Зан мегӯяд, хона мегӯяд.”

Тибқи иттилои хадамоти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар самти
Охир фикр кунед, як зан бо 3 кӯдак ва бе ҷойи кор чӣ рӯзгоре дошта метавонад. Хайр, гуфтам раваду, бо ба зиндагиямон ягон ёрдам кунад. Охир ӯ ҳам калон шудаст. Зан мегӯяд, хона мегӯяд.”
баргардонидани наврасони тоҷик аз кишварҳои хориҷ кор мебарад, танҳо дар як соли гузашта беш аз 50 муҳоҷири ноболиғи тоҷик аз Руссия ба Ватан баргардонида шуданд. Ба гуфтаи Латиф Зокиров, раҳбари хадамоти мазкур, феълан, дар маркази нигаҳдории муваққатии ноболиғони Русия боз 2 навраси дигари тоҷик нигоҳ дошта мешаванд, ки бояд рӯзҳои наздик ба Ватан интиқол ёбанд.

“Ин ду ноболиғ ҳам ба мардикорӣ машғул буданд ва расман дар он ҷо истиқомат ва кор намекарданд. Сабаби асосии истирдодашон ҳам бе ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва бепарастор будани онҳо дар ин кишвар аст ”

Латиф Зокиров, раҳбари хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонон, мегӯяд, таи солҳои ахир мавориди рӯ ба муҳоҷират овардани наврасони тоҷик афзоиш меёбад. Ба ақидаи ӯ, чанд омил боиси ба кишвари муҳоҷират роҳ ёфтан ва дар рӯ ба рӯи мушкилоти фаровоне танҳо қарор гирифтани кӯдакон мешавад. Бисёри ин наврасон бинобар нодории хонаводаҳояшон бо тавсияи волидон ва бо роҳбаладии яке аз хешовандонашон ба сафар мебароянд. Ва бидуни ваколатнома ё иҷозати хаттии волидон сурат гирифтани ин сафарҳову надоштани ҷойи муайяни зист боис мешавад, то онҳо аз сӯи кормандони мақомоти интизомии Русия боздошт ва ба манзилҳояшон истирдод шаванд.

Аммо, ба гуфтаи Нигина Зиёева, корманди хадамоти пешгирӣ аз қонунвайронкунии ноболиғон, дар аксари дигари мавридҳо наврасон ба ихтиёри худ ва бидуни ягон роҳбаладе ба Русия мегурезанд. Ин гурӯҳи муҳоҷирони наврас ғолибан аз оилаҳои носолим ва аз таҳсил дурмондаанд.

«Худсарона мераванд. Чун оилаҳояшон ноустувор аст. Волидон аз ҳам ҷудо шуда, кӯдак беназорат ва бетарбия таҳти таъсири муҳит ва дӯстони хиёбониаш мемонад.»

Ба гуфтаи хонум Нигина, ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки наврасон дар натиҷаи аз озодӣ маҳрум шудани волидони муҳоҷирашон дар кишвари Русия, қурбони вазъият шуда, танҳову бесаробон мемонанд. Ӯ дар ин маврид қиссаи як тифли шашсоларо мекунад, ки дар авохири соли гузашта ба Тоҷикистон оварда шуд.

“Модари Шабнами Диловарзода, соли таваллудаш 2004, аз сабаби фурӯши маводи мухаддир дар Русия дастгир ва ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Фарзандаш дар як парваришгоҳи Руссия нигоҳ дошта мешуд ва баъдан мо ӯро баргардонида, ба хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе супурдем.”

Созишномаи вижаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар оид ба баргардонидани ноболиғон ба ватан сар аз соли 1993 мавриди амал қарор
“ Модари Шабнами Диловарзода, соли таваллудаш 2004, аз сабаби фурӯши маводи мухаддир дар Русия дастгир ва ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Фарзандаш дар як парваришгоҳи Руссия нигоҳ дошта мешуд ва баъдан мо ӯро баргардонида, ба хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе супурдем.”
гирифтааст ва тибқи он хадамоти пешгирӣ аз қонунвайронкунии ноболиғон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои кор бо ноболиғони дигар давлатҳо дар самти дарёфту ба манзилҳои худ баргардонидани наврасони то 18-солаи оворагарду мардикори тоҷик кор мебаранд.

Ҷомеашинос Дилором Раҳматовамегӯяд, баргардонидани ноболиғони тоҷик ба ватан ҷиҳати пешгирӣ аз қочоқ шудани онҳо зарур аст, аммо, ба қавли ӯ, танҳо бозгашти ин наврасонро ба ватан ва боз ҳам ба ҳамон муҳите, ки онҳоро ба муҳоҷират водор карда буд, наметавон роҳҳали мушкил хонд. Ба эътиқоди хонум Раҳматова, ин наврасон аллакай аз таҳсил дур монда, дар фикри кору даромади маблағанд ва баробари бозгашт ба хонаводаи ниёзмандашон аксаран боз дар паи дарёфти роҳҳои дигари сафар ба муҳоҷират мешаванд ва ё дар дохил мондаву, рӯ ба ҷиноят меоранд.

Хонум Раҳматова мегӯяд, ҳоли ҳозир наврасон маҷбуранд барои пешбурди зиндагӣ ба хонаводаҳояшон кӯмак кунанд ва барои ба даст овардани маблағ ба коре машғул шаванд, ва бинобар ин ба қавли ӯ, бояд барои пешгирӣ аз сафари ғайрирасмии ноболиғон ба хориҷи кишвар ва ҷинояткорӣ, онҳоро ба таври расмӣ ба корҳое ҷалб кард, ки ба рушду сиҳатиашон безарар ва дар айни замон даромади молӣ дошта бошад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
     
Назарҳо
Ном: абдуллох аз: душанбе
05.02.2010 00:00
"РАХМАТ"-и бепоён ба дузду муттахамон, ки миллатро ба ин руз расонидаанд. Илохо Худованд фарзандони шумоёнро низ акалан як хафта гирифтори рузи чавонони бенавои миллат кунад. Бовари дорам, ки баччахои шумо мисли зан мегирьянд агар рузе дар ингуна холат гирифтор шаванд. Зеро бо пули ришвату зулм факат зан-бачча ба воя мерасад халос!!!! Бори дигар "РАХМАТ"-и КАЛОН аз номи миллате, ки мунтазири надидани чехрахои дуруг гуятон мебошад!!!!

Ном: Салам
05.02.2010 00:22
Дар ҳар сурат, бе волидон (падар ё модар) ва бе розигии падару модар, аз Тоҷикистон баромадани ноболиғонро бояд манъ кард. Ҳатто, бо хешони наздик (тағо, амак ва ғ.) набояд ноболиғон аз ватани худ берун раванд. Албатта, чунин қонун ҳаст, вале чаро иҷро намешавад? Ноболиғ, ноболиғ аст ва вай аз тарафи давлат ҳимоя мешавад ва айб аст, ки то имрӯз кудакони мо дар ғариби ба сар баранд. Ин масъала ҳалнашаванда нест ва ин кӯдакон наметавонанд бо ғуломи оилаи худро хуронанд. Ба онҳо на танҳо давлат, балки ҳамаи мо кӯмак кунем. Барои пул шуда, онҳо аввал саломатии худ ва хондану касб омӯхтанро аз даст медиҳанд ва дигар, аз фикри таҳсил тамоман дур мешаванд, ки хатари асоси ин аст.

Ном: S аз: C
05.02.2010 12:46
Salam barodar man dar chand bahshoi peshin ahmiyat dodam bisyor fikrhoi hub megui, malum ast ki bisyor bo dnshi hub faro girfta shudaasti lekin hayf az on javononi ki tanho davlatro dar hama mushkilihoi zindagi gunahkor mekunandu halos. Yak fikri tu ba man bisyor mahkul omad ki gufti dar in kor naboyad hudi davlat tanho balki hamai mo yakjoya boyad sahmi hudro biguzorem. durust kayd kardi lekin boisi taasuf hast ki javononi mo fakat dar gufto hub hastand lekin dar raftoru amal tmoman digar. Charo in kadar hub suhan meguyand lekin hud raftor namekunand? yo in ki ba joi in kadar kambudihoi davlatro guftan hub meshud hama yakjoya pai islohi on meshudem va moneagiho ba jo movardem ki in rishvahoriho hud kam meshavad, lekin bar zammi in kambudiho javononi mo boz mardumro meomuzand ki" eee hondagiyo kijora giriftand, yo fikri hudata kun" digaru digar ohir to kay ?ba gumoni man sababi past budani sathi zindagii mardum tanho az hudi shahrvand gunahkor hastand , davlat gunahkor ham boshad boz ham meguem sababash moem namehonem va ba onho sharoit meorem k hamin rishvahori kunand.

Ном: азобдида аз: точикистон
08.02.2010 19:22
модари азиз.дар хакикат хукуматдорони имруза конунхои гуногуни беманиву бемантикро мебароранд аммо афсус ки фикр намекунанд ки мардум ба кадом рох умр ба сар бурда истодаанд.Ман ки худ бе падар бо ду бародар ва модарам ба воя расидаам ман эхсос мекунам ки чи тавр фарзандонатро ба воя расонидаи ва ба кадом эхсосот писари ягонаатро ба давлати бегона фиристоди. ман низ бо бародаронам баъди гуруснагихои зиёде ба воя расидему охиран ба дигар давлат рохсипор гаштем.шукронаи худованди мутаъол ки имруз хамаамон сохиби зану фарзанд ва хушхолона зиндаги дорем.чуноне ки мегуянд "сер парвои гурусна надорад".карор мебароранд ки ноболигон ба мухочират нараванд аммо фикр намекунанд ки чи мехуранду чи мехуронанд....модари азиз рухафтода нашавед "поёни шаби сиях сафедаст" мегуянд.рузе мерасад ки ин азобхоро мисли мо фаромуш хохи кард худо хофиз
     
Ҳаҷми матн - +

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил