Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Тоҷикистон

Мурофиаи се нашрия мавқуф гузошта шуд

02.02.2010

Пас аз як ҷаласаи ибтидоӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эълом дошт, ки баррасии даъво алайҳи нашрияҳои "Азия-плюс", "Фараж" ва "Озодагон"-ро рӯзи 23 феврали соли ҷорӣ идома хоҳад дод.

Амриддин Сафоев, додгустари парвандаи мазкур, ба ҷонибҳо машварат дод, ки то 23-юми феврал асноди заруриро барои мурофиа ба додгоҳ пешниҳод кунанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, даъвогарон ва ҷавобгарони парванда метавонанд, дар чаҳорчӯби қонун бо роҳи тафоҳум ва муросо масъаларо ҳал кунанд. Дар он сурат ба баргузории муҳокима зарурат боқӣ намемонад.

Ду додраси Додгоҳи Олӣ - Нур Нуров ва Улуғбек Мамадшоев ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе - Фахриддин Додометов, ки нашрияҳоро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашидаанд, хостори қатъи фаъолияти ин нашрияҳо то поёни таҳқиқ ва эълони ҳукми додгоҳ ва пардохти ба сурати умум 5,5 миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавиянд. Ба ғайр аз ин, бино ба даъвои додрасон муаллифи матлаб дар ин нашрияҳо -- вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев бояд шахсан1,1 миллион сомонии дигар ба онҳо ҷуброн пардохт кунад.

Даъвогарон аз шарҳи аризаи хеш ва гуфтугӯ бо хабарнигорони зиёде, ки дар даромадгоҳи Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷамъ омада буданд, худдорӣ карданд. Аммо сардабирони ҳафтаномаҳо баъд аз мурофиа, ки пушти дарҳои баста баргузор шуд, аз чанд нуктаи баҳсангези шикояти додрасҳо изҳори ҳайрат карданд.

Зафар Сӯфии Фарғонӣ, сардабири «Озодагон», мегӯяд, дар шикояти хеш додрасҳо аз додгоҳ талаб кардаанд, ки то анҷоми мурофиа ҳафтаномаҳо баста шаванд.

Вай афзуд, «мо аз он кас пурсидем, ки шумо ҳамчун ҳуқуқшинос чаро ин гуна навиштед? Тибқи қонун фақат корхонаҳои тиҷоратиро метавон баст, ки мо тиҷоратӣ нестем. Пас ин иддао ғайриқонунӣ аст. Фаъолияти моро бо мактуби Вазорати фарҳанг фақат додгоҳ манъ карда метавонад. Ё агар ягон фаъолияти террористии моро ошкор кунанд, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад. Яъне худи аризаи даъвогӣ нуктаҳое дорад, ки ғайриқонунӣ аст.»

Марат Мамадшоев, муҳаррири «Азия–плюс», мегӯяд, «5,5 миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ нуктаест, маҷбур мекунад суол пеш гузорем, ки оё даромади додрасҳо чӣ қадар аст? Бояд рӯзноманигорон аз худи онҳо пурсанд, ки ин маблағро аз куҷо гирифтаанд? Агар онҳо зарари маънавӣ дида бошанд, пас чаро ин маблағро мехоҳанд, барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун харҷ кунанд?»

Дар ҳамин ҳол, вакили дифоъ ва муаллифи нома дар се нашрия -- Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, ин парванда таҳти фишори раиси Додгоҳи олии Тоҷикистонӣ алайҳи ӯ ва нашрияҳо таҳия шудааст ва ин иродаи худи додрасҳо нест.

Вай афзуд, «ҳоло созишнома рафта истодааст. Ман ба раисҷумҳур ва Маҷлиси олӣ муроҷиат кардам, ки адолати судӣ нест, чора бинед. Аммо онҳо дурустиву нодурустии аризаи маро тафтиш накарда, қарор қабул карданд. Яъне дар Тоҷикистон қонунҳо амал намекунанд.»

Дар ҳамин ҳол, аризаи додрасҳо дар дохил ва хориҷи кишвар вокунишҳоеро ба вуҷуд овардааст. Созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки фишор бар матбуоти мустақилро аз тариқи додгоҳҳоро хотима диҳанд.

Ба ҳамин мазмун созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, ба шумули Иттиҳодияи рӯзноманигорон, Анҷумани милиии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори умум, Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, Маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Созмони "Журналист" ва Мактаби мустақили рӯзноманигорӣ як изҳороти дастаҷамъӣ пахш карда, нигаронии хешро иброз доштанд.

Қазияи мазкур севвумин ҳодисаи ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақили Тоҷикистон аст. Қаблан додгоҳ ҳафтаномаи «Пайкон»-ро 300 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва ҳамзамон Вазорати кишоварзӣ бо муроҷиат ба додгоҳ аз ҳафтаномаи «Миллат» 1 миллион сомонӣ ҷуброн мехоҳад. Ин вазорат мегӯяд, дар матлаби "Миллат" тӯҳмат ва паст задани шаъну шарафи кормандони вазорат ҷой дорад.

Коршиносон ин ҳамаро фишор ба матбуоти Тоҷикистон дар остонаи интихоботи парлумонӣ меноманд. Иддае дигар мегӯянд, шояд нашрияҳо беихтиёр ба як кашокаши байни ниҳодҳои гуногуни ҳукумат шомил шудаанд. Онҳо аз ҷумла мухолифатҳои миёни Додситонии кул ва Оҷонси мубориза бо фасодро аз як сӯ ва Додгоҳи олиро аз сӯи дигар мисол меоранд.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: Шахрванди чомеаи мадани аз: Душанбе
02.02.2010 20:27
Баъд аз шунидани хабари ба додгох кашидани расонахои мустакил:"Миллат","Фараж","Озодагон" ва "Азия плюс" шабхо хоб надорам! Бовар кунед! Наход то ин хад Додгохи Оли фарханги тахамулпазириро аз даст дода бошанд; Наход то ин хад барои рушди чомеаи шахрванди бе тафовут бошанд; Наход то ин хад барои таъмини амнияти миллии хабари бе масъулияти зохир намоянд; Наход то ин хад барои шаффоф гузаштани интихоботи дар пеш истода бе тараф бошанд!!! Судяхои мухтарами мо бояд донанд, ки манъи ин расонахо интихоботи шаффоферо, ки Раиси Чумхури мухтарами кишвар эълон карда буд зери суол мебарад! Интихобот,ки зери суол рафт донанд чомеаи шахванди, озодии фикри, хокимияти суди, хокимияти ичроия, вакилоне,ки баъд аз санаи 28-уми феврал курсии Парлумонро сохиб мешаванд, зери суолгузорихои зиед мемонанд! Ин расонахо буд халои иттилоотии кишварро таъмин менамуданд; Ин расонахо буд,ки ИБО-и Рогун бояд бо сармояи Миллат бунед шавад; Ин расонахо буд,ки аз фишори миллатгароени рус болои мухочирони мехнати садо баланд намуданд! Ахсант ба "Миллат", "Фараж", Озодагон", ва "Азия плюс" рисолати шахрванди-касбии хешро назди МИЛЛАТИ АЗИЗАТ ичро намудед! Зихи Часоратпешагон: Адолати М, Хуршеди А, Зафари С, Умед Б!!!!!

Ном: Беном
02.02.2010 21:06
Чалби сармояи хоричи мегуем. Пеш аз он ки сармояи хоричи ба Точикистон ояд, хоричихо хаматарафа меомузанд ки оё дар кишвар демократия, озодии баён, шаффофият ва гайрахо хаст ё на. Ба наздики аз рафтори ин ду судя хисоботхо байналмиллали ба нашр мерасанд ва обуруи Точикистонро паст мезананд. Президент ин васоити ахборро дастгири кунед, сахми онхо барои Рогун хеле назаррас аст. Дилсузтарин ашхос барои Точикистон кормандони васоити ахбор мебошанд!

Ном: dilikjonijonona аз: tojik
02.02.2010 21:09
Tojiki man zinda bosh

Ном: Беном
02.02.2010 21:44
То ин насли мусафедони бо тафаккури котиби райком нараванд, ба Худо Точикистон пеш намеравад.

Ном: Forsage-SD аз: TJK
03.02.2010 02:17
Додгох хеле стратегияи барои "баъзехо" самаранокро интихоб кардааст. То 23 феврал ин нашрияхо аз навиштани маколахои "гарм" худдорй мекунанд, баъд суд 23-ум огоз шуда 5-6 руз давом медихад - ана дидед, ки интихобот тинчакак гузашту рафт...

Ном: Горони аз: Душ
03.02.2010 10:55
Ба фикри ман, ин боз як фитнаю дасиcaи навбати аз тарафи хокимят дар арафаи интихоботи парлумон хасту халос. Хадафи асосии то 23-ум хам мавкуф гузоштани мурофиа, маънои бартараф кардани хафтаномахои мустакилро аз инъикоси бегаразонаи чараёни пешазинтихоботиро дорад.
Ана хама "одилонаю шаффофии интихобот", ГАП дигару КОР дигар, ин ду махфум агар барои мансабдорони ТОЧИК ба хам пайваст мебудааанд ???!!, халки мо мумкин ин ахволи дузахро намедошт

Ном: одил беадолатов аз: Душанбе
04.02.2010 17:16
Рости ин амали судяхо на танхо фишор ба макомоти васоити ахбори омма, балки, ба сохтори адвокатураи чумхури мебошад. Зеро бо кирдорхои худ судяхо мехоханд зуру бозуи худро бар адвокатхо нишонанд ва тарсро бар дили адвокатхо биандозанд.
     

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил