Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Иқтисодиёт

Фурӯши саҳмияҳои Роғун ба 700 млн сомонӣ расид

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон

29.01.2010

Маблағи умумӣ аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун то имрӯз 701 миллион сомониро ташкил дод. Ин хабар дар гузориши Сафаралӣ Наҷмидинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат садо дод.

Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон субҳи ҷумъа бо гузориши Фаррух Ҳамроалиев, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, оғоз ёфт. Оқои Ҳамроалиев, ки тоза ба ин вазифа таъин шудааст, аз бурду бохти иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта иттилоъ дод ва дурнамои фаъолиятҳои ниҳодаш барои соли 2010–ро баён кард.

Дар ҷаласаи солона Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки ҳар даҳаи моҳ ҳаҷми маблағҳое, ки аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омадааст, дар расонаҳо эълон шавад ...
Дар ҳамин ҳол Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, ки аз 6 январ шурӯъ шуд, то кунун 701 миллион сомонӣ маблағ ҷамъ ба даст омадааст.

Оқои Наҷмиддинов афзуд, «дар давоми 23 рӯз ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун дар бонкҳои Тоҷикистон 667 миллиону 197 ҳазору 124 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Ҳанӯз як бахши дигари маболиғ дар бонкҳо ҳастанд ва ба суратҳисоби нерӯгоҳ нагузаштаанд. Ба сурати умум маблағи ҷамъшуда ба 701 миллион сомонӣ мерасад».

Иттилои дақиқ дар бораи саҳмияҳои Роғунро мақомот ва бонкҳои Тоҷикистон пинҳон медоштанд. Аммо ин тасмими мақомот бо эътирозҳои мардум ва расонаҳо мувоҷеҳ шуд.

Қарор аст ҷаласаи ҳукмати Тоҷикистон ду рӯз идома кунад ва дар ҷаласаи рӯзи аввал ҳамчунин гузоришҳои раисони Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов, хадамоти гумрук Гурез Зарифов, Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, Бонки давлатии «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони бонкҳои саҳҳомӣ шунида шуд.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод изҳор дошт, ки тасарруфи ғайриқонунии 70,5 млн сомонӣ маблағи буҷа аз корхона ва муассисоти давлатӣ ошкор гардида, аз ин ҳисоб 38 млн сомонӣ дубора барқарор ва ба хазинаи давлат баргардонида шудааст.

Дар ҷаласаи солонаи ҳукумат, ки одатан тағйироти кадрӣ дар пай доранд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз фаъолияти Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл шадидан интиқод кард. Оқои Раҳмон гуфт, фаъолияти ҳам додгоҳ ва ҳам додситонӣ дар соли гузашта аз камбудиҳои ҷиддӣ орӣ набудааст.

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» изҳори нигаронӣ карда, дар худи ҷаласа се муовини раиси ин ширкатро аз вазифаҳо озод кард. Зимнан, раиси ин ширкат низ дар ду ҳафтаи қабл аз мақомаш барканор карда шуда буд. Вале аз сӯи дигар дар ин ҷаласа ишора шуд, ки дар муқоиса бо солҳои пешин вазъи таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар шудааст.

Тибқи иттилои дафтари раёсатиҷумҳур, дар ҷаласаи солона Эмомалии Раҳмон дастур додааст, ки ҳар даҳаи моҳ ҳаҷми маблағҳое, ки аз фурўши саҳмияҳо ба даст омадааст, дар расонаҳо эълон шавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дастур додааст, ки ҷиҳати назорати харҷи маболиғ ва таъмини шаффофият дар истифоаи он як кумиссиюни ҷамъиятие иборат аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои Тоҷикистон ташкил дода шавад.

Ҷаласа ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 январ низ идома хоҳад дошт.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: Net аз: Bam
29.01.2010 16:53
124 -аш аз хисоби хайрияхо бошад чи? сахмияхо ку 100 сомона хаст

Ном: Nameki Namekiev аз: Gardishi pavarot
29.01.2010 21:58
Charo xabari durugro nashr mekuned??? Hamagi 701 million somoni jam' shudaast!!! Tibki hisoboti vaziri moliyai kishvar hamin subh 701 million somoni bud pas az 3 soat ba joi ziyod shudan 1-million kam shud??? Ofarin,davom dihed rasonahoi durugro...

Ном: Файзали
30.01.2010 03:01
писарчаам барои сахмия муллим 3-4 сомони гуфт, 5 сомони додам. Инро хам хиосб кунед!

Ном: Sokini аз: Dushanbe
30.01.2010 05:09
Aknun kai sar mekunen sokhtumoni gesi Roghunro.Teztar sar kuned ,ki tez sokhta tamom kuned. Barori kor ba shumo.Khudo yoraton.

Ном: ismatjon аз: kulobjon
30.01.2010 05:12
salom ba hamai tojikoni beruniyu daruni.
akun hamun 124 somoniashro guftaand,ki baroi mardum fakt shavad,ki dar in kor rishva nest baroi odamonro diqatashonro jalb kardan har yakrishva khuri hast ki agar agar hamin az bolo farmon dihand ki az yak sohibkor 5000 somoni girad hamun odami jam mekardagi man 1000% garantiya mediham ki 7000 somoni megirad....

Ном: точик аз: Душанбе
30.01.2010 16:13
Бовар кунед барои 7млн ахоли 700млн сомони хеч чиз нестай, ба пули мачбурии донишчуёну талабахо хамин кадар чамъ мешавад. Кариб 30 вазорату кумитахо дорем ана унхора манбур кардан даркор, бисёраш дар бучаи шахсии худаш 700млн сомони не аз 700млн долар хам зиёд доранд.

Ном: мухаммад аз: шДушанбе
01.02.2010 22:13
Ман бовар доштам,ки бародарони бономуси ТОЧИК на камтар аз 2млд доллар, маблаг сармоягузори мекунанд.Афсус.ки хама инро дарк намекунанд.ИншоАЛЛОХ боз барои хариди сахмия маблаг мегузорем!!!Барои ояндаи ВАТАН,фарзандон,чамъият ва миллат!!!ХУДОВАНД дар корихои хайр хамеша бо мост!!!

Ном: мухаммад аз: ш.Душанбе
02.02.2010 21:42
Бовар намекунам!700сом. ба хар як шахрванд.Инчо ё хатост ё беномусони точик бисёртар будаанд.ЭЙ НОМУСДОРОНИ ТОЧИК БИЁЕД ЯК БОРИ ДИГАР САХМИ ХУДРО ГУЗОРЕМ!!!БА беномусон ин дахл надорад!ИНШООЛЛОХ ХУДОВАНД БО МОСТ!!!

Ном: dilikjon аз: kulob
04.02.2010 10:18
Президенти Узбакистон дар сартарошхона (парикмахер) муи сарашро паст када истода аст ва хангоми паст кардани муи сар сартарош бо овози паст шер мехонад Рогун- Рогун- Рогун- Рогун- Рогун- Рогун Президенти Узбакистон гашта ба суи Сартарош мегуяд ту чи ин кадар Рогун- Рогун- Рогун мегуи сартарош гашта ба Ислом Каримов мегуяд Чаноби Оли манн хичикор накардам бар акс кори худамро осон мекунам Ислом Каримов тарафи Сартарош гашта гуфт чхели осон мекни ки девонамон кади ай Рогун гуира сартарош тарафи Ислом Каримов гашта мегуяд ки Чаноби Оли вахте ки манн Рогун мегуям муи сари шумо рост рост мехезад дар манн муи сар кам кардан осон мешавад тез тез кам мекунам хахахахахахахаахахаахаха

Ном: фалони аз: бисмадон
05.02.2010 09:22
ман ба хисоби омории инхо бовар намекунам. зеро ягон комиссияи босалохияте ки аз хисоби халк бошад, нест ки кори инхоро назорат кунад. ун бародар рост мегуяд ки пули маччбурии студентону мактаббачагон кариб 700 милён мешавад. дар ин маърака садхо нафар сохиби хонаву хавлии муфт ва мошинхои киммат мешваанд.
     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил