Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Тоҷикистон

Шикояти Вазорати кишоварзӣ аз ҳафтаномаи "Миллат"

28.01.2010

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби интиқодии ҳафтаномаи мустақили «Миллат» ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Назрулло Додобоев, сухангӯи ин вазорат ба радиои Озодӣ гуфт, далел як мавод таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ - фасодзадатарин ниҳод» аст, ки дар шумораи 49-ум аз 10 декабри соли гузашта дар ҳафтаномаи «Миллат» ба нашр расидааст.

Дар сурати ин дафъа қонеъ кардани даъвои Вазорати кишоварзӣ нисбати ҳафтаномаи "Миллат" ба маҳдуд кардани озодии сухан меорад ...
Вай афзуд, ҳафтанома кормандони соҳаро дар истифодаи ноҷо ё дуздии беш аз 5 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст. Оқои Додобоев гуфт, масъулини вазорат аз ҳафтанома исботи арқомро талаб кардаанд, аммо ҳуҷҷате ба онҳо пешниҳод нашудааст.

Дар ҳамин ҳол Зойири Давлат, сардабири ҳафтаномаи «Миллат мегӯяд, посухи вазорати кишоварзиро нашр кардаанд ва манбаи хабар низ расмист: «Ин хабари мо нест. Ба ҷуз мо ин хабарро дигар расонаҳо низ нашр кардаанд».

Сардабири «Миллат» мегӯяд, хабар бар асоси суханронии Сафаралӣ Гулов, раиси Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон нашр шудааст, ки дар як ҷаласаи парлумон гуфта буд.

Вай меафзояд, «дар зерсохторҳои ин вазорат оиди хариди таҷҳизоти фаннӣ бо мақсади аз худ кардани маблағҳои давлатӣ аз ҷониби шахсони масъул, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо, бо роҳи нақдкунии маблағ тавассути ширкатҳои хусусӣ такрор меёбад. Умуман, тафтиши гузаронидашуда зарари молиявиро ба маблағи 5, 2 миллион сомонӣ ошкор сохт, ки ин нисбат ба зарари молиявии ошкоргардида дар ҷамъбасти соли 2008 ду маротиба зиёд буда, аз он танҳо 50 дарсади маблағҳо ба давлат барқарор карда шудаасту халос».

Назрулло Додобоев, сухангӯи вазорати кишварзӣ мегӯяд, ин иттилоъ беасос аст. Вай афзуд, барои ҷуброни зарари маънавиву ҳифзи обрӯву эътибори ниҳод 1 миллион сомонӣ тақозо мешавад.

Ин дуввумин маврид тайи се моҳи ахир дар Тоҷикистон аст, ки як ниҳоди давлатӣ нашрияи мустақилро ба додгоҳ мекашад ва ба чунин маблағи дар шароити Тоҷикистон ҳангуфт ҷарима мехоҳад. Қаблан оҷонси «Тоҷикстандарт» муваффақ шуд дар як қазияи додгоҳӣ ва низ ҳифзи обрӯву эътибори ниҳод бар ҳафтаномаи «Пайкон» пирӯз шавад. Додгоҳ «Пайкон»-ро 300 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мегӯяд, як вазъи нигаронкунандае дар матбуоти Тоҷикистон пеш омадааст. Вай афзуд, ниҳодҳо ҳаққи қонунии муроҷиат ба додгоҳҳоро доранд, аммо ҷаримаҳое, ки онҳо мехоҳанд, ғайривоқеӣ ҳастанд.

Ҷаноби Қаршибоев мегӯяд, «моҷарои миёни «Тоҷикстандарт» ва «Пайкон», ки додгоҳ товони зарари зиёдро ба ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ, ки қариб 69 ҳазор доллари амрикоӣ мешавад, муқаррар кардааст ва дар сурати ин дафъа қонеъ кардани даъвои Вазорати кишоварзӣ нисбати ҳафтаномаи «Миллат» ба маҳдуд кардани озодии сухан меорад. Расонаҳои Тоҷикистон чунин имкониятро надоранд, ки ҷаримаҳои ҳангуфтро пардозанд. Аз ин хотир, онҳо метавонанд аз байн раванд ва майдони озодии сухан дар Тоҷикистон хароб шавад».

Тоҷикистон як моҳ пас интихоботи парлумонӣ дорад. Иддае аз коршиносон дар остонаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ фишор ба расонаҳои мустақил аз ҷониби ҳукуматро баъид намедонанд, зеро дар гузашта низ қабл аз интихоботҳо далоили фишор ба чашм хӯрдааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: Дехкон аз: Сари замин
29.01.2010 10:19
Шармандаги !!! Пул ба номи мо списат мешаваду ба чайби дигарон меравад.

Ном: Раис аз: Душанбе
29.01.2010 12:13
Ман фикр мекунам,ки ин хама барои тарсонидани нашрияхои мустакил мебошад ва далолат ба он мекунад,ки озодии сухан дар душанбе махдуд аст, инчунин ин маблаге инхо талаб доранд гайри маъкул аст вазорат худаш шояд,ки ин маблагро пайдо карда натонад- ва як зарбаи сахт барои журналистони точик аст.

Ном: Navruz аз: Dushanbe
29.01.2010 13:43
Хеле хуб кардаанд! Аслан чунин хафтаномахо на ин ки боиси афзудани обруи ВАО-и мустакил мегарданд, балки бо тухмату ноадолати ва инъикоси бардуругу фармоиши ба сари худ об мерезанд. Баста шудани "Пайкон"-у "Миллат" боиси тоза гаштани фазои матбуоти точик аз бухтон мегардад. Шояд бо ин тарз каме хабарнигорон этикаи журналистиро ёд гиранд. Чор задлан фоида надорад, зеро ин хафтаномахо хамеша гаразноканд. Хакикатро бояд эътироф намуд. Зеро бо вучуди вокунишхои зиёд ислох нашуданд,.

Ном: Абдирахмон аз: Рогун
29.01.2010 16:59
Хамааш аз як камандаанд. Ха вазирону хам судияхойи папкадор. Так что хар чи,ки онхо мегуянду мехоханд ба гуфти худашон рост аст. Рузномахои мустакил як тан шавед то шумо хам бо шиками холиву кисахойи пурчангатон ба мукобили ин шикамдорон бархезед. Шумо Иншоаллох голиб мебароед. Чун,ки хак хамеша гардани нохакро мешиканад!!! Шумо хам охир аз онхо камтар гап мезадед шояд чунин намешуд. худованд нигахбонатон. ..................

Ном: Хусниддин аз: Хучанд
30.01.2010 09:24
ба Наврузи душанбеги:
аз этикаи журналисти сухан мегуи, вичдон азобат намедихад, ё чашми зохири Шумо надид, ки рузи Миллатро ба суд додан чигуна сайти Озоди суратеро аз майдони шахидон дастак карда хабари " Миллат"-ро руи чоп овард. ва гуфте портрети "Миллат"-ро тачасссум кард. Ба ин амали озоди чи гуна бахо доди? ё нотавонбини дори. Ин ки миллату Пайконро ба суд медоданд хануз як нафар дустат Хуршед кайхо ин пешгуиро карда буд. акнун навбат ба озодагону, азия плюсу Фараж расид, гарчанде пешгуии Хуршеди Атовулло 99% рост омад, аммо каме мардак шав аз Хуршед одамгариро ёд гир,ё ту ки амбитсияхои махалиатро дар матнат хам пушида наметавони боз худро навруз аз Душанбе ном мебари. Пушида нест, ки миллатро ба додгох кашидан пешниходи ночавонмардонаи ту барин этикаи журналистикаро медонистагихо хаст. аммо ку Озодии хакикатнигор, ки матлаби моро хам ба чоп ичозат дихад.
Ё,
"Он хакикат, ки аз дахр таманно доштам,
Ошён дар харами дидаи анко дорад"?
бародарон биёед чавонмардиро аз бонувони миллат ки бо калами рузноманигори руз мебаранд омузем

Ном: марс аз: душанбе
30.01.2010 09:36
газетахо хуб мешаванд фард ин сарнавишти хамаи шумо мешавад баъд хуба мебинем.
имруз газет намефорад фардо магазини ту намефорад рузи дигараш хонаи ту маъкул намеша баъдтараш афтат писанд намеша ба ана тамошо кун.

Ном: СНАЙПЕР аз: БЕМАКОН
30.01.2010 12:01
АГАР МИЛЛАТ ТОКА МЕБУД ДИГАР ГГАП БУД МЕТАВОНИСТЕД КАСД БИСИТОНЕД АММО ХОЛО ХАМАИ ГАЗЕТОИ ДЕМОКРАТИ БА СУД КАШИДА ШУДАНД ПАГОХ НАВБАТИ САЙТИ ОЗОДИ ХАМ МЕРАСАД БАРОИ ХАМИН ШЕРБАЧАХОИ ОЗОДИ БИХОХЕН КИ АЙ ОЙЛИК НАМОНЕН БА ЧОЙИ ЧАНГДОЗИ КОРЕ БИКУНЕН КИ МАСЪАЛА БА НАФЪИ ЖУРНАЛИСТО ХАЛ ШАВАД.

Ном: Snaiper аз: Cherdak
01.02.2010 06:27
Тирандозо бисёр шидян ку. Хай бо ту писталет ё гранатамёт шав. сета шидем. Снайпер, СНАЙПЕР ва Snaiper. Нарушение авторских прав! Ба Додгох кашида шаванд! )))
     

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил