Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ояндасоз

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Минтақаҳо

Додгоҳи гурӯҳи 33 нафарии мансуб ба Низом Ҷӯраев

13.01.2010

Ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба бозбинии кассатсионии парвандаи гурӯҳи 33 нафарии мансуб ба Низом Ҷӯраев, пешина соҳиби корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара ва вакили маҷлиси вилояти Суғд, оғоз кард.

Бозбинӣ дар боздоштгоҳи муваққати рақами 2 – и шаҳри Хуҷанд, дар паси дарҳои баста сурат мегирад ва интизор меравад, ҳукми Додгоҳи олиро нисбат ба 31 нафар аз гурӯҳи мазкур иваз кунад.

Моҳи июни соли гузашта Додгоҳи олӣ ин афродро бо ҳукми худ аъзои як иттиҳоди муташаккили ҷиноӣ номид ва дар фасоди моливу аз худ кардани маблағҳои бузурги давлатӣ ва бархеро дар куштори Толиб Бобоев – собиқ муовини додситони кулли Тоҷикистон гунакор хонд ва 31 нафар аз онҳоро ба муҳлатҳои аз 10 то 25 сол ба ҳабс маҳкум кард. Танҳо 2 нафар аз ин гурӯҳ, ки ба содири ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам мешуданд, бегуноҳ дониста шуда, аз толори мурофиа озод гашта буданд.

Дар пайи он Додситонии кулли Тоҷикистон ин ҳукми Додгоҳи олиро ғайримунсифона хонд ва талаб кард, то таҷдиди назар кунад.
Вакилони мудофеъ ва пайвандони маҳкумшудагон ба мақомоти мухталиф шикоят бурда, бозбинии кассатсионии парвандаро тақозо карданд.

Ин 33 нафар ҳама сокини Исфара мебошанд ва аз пайвандону ҳамкорони собиқи Низом Ҷӯраев – пешина соҳиби корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара ва вакили маҷлиси вилояти Суғд ҳастанд. Ба гуфтаи пайвандону вакилони мудофеъи ин афрод, барои Додгоҳи олӣ узви як иттиҳоди ҷиноӣ номидани муттаҳамин кофӣ буд, то 31 нафарро аз 10 то 25 сол ба зиндон ҳукм кунад. Ҳамдам Ваҳҳобов, ки бародараш – Ғаниҷон Ваҳҳобов аз гурӯҳи мазкур ба 21 соли ҳабс маҳкум шуд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гунаҳкор намудани аксари кулли гурӯҳи 33 нафарӣ бо банди 187 – и Асноди ҷиноии Тоҷикистон – таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва иштирок дар он, дар ҳоле ки айбдоркунандаи давлатӣ онҳоро танҳо ба содири ҷиноёти иқтисодӣ муттаҳам шинохт, аз рӯи адолати додгоҳӣ нест.

Низом Ҷӯраев аз Тоҷикистон берун рафта, таҳти пайгарди Интерпол қарор дорад. Ду бародараш: Фахриддин ва Толиб Ҷӯраевҳо ва ду вакили собиқи Маҷлиси шаҳри Исфара: Содирхон Убайдуллоев ва Илёсхон Абдуллоҷонов дар курсиҳои айбдорӣ нишастаанд.

Раиси мурофиа ва вакилони мудофеъ, ба далели дар паси дарҳои баста ҷараён доштани он аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ варзиданд. Наим Мансуров, раиси додгоҳи вилояти Суғд, ки дар толори он муҳокимаи аввали гурӯҳи 33 нафарӣ аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҷараён гирифта буд, гуфт, ҳукми Додгоҳи олӣ аз соли гузашта ҳанӯз нерӯи қонунӣ нагирифтааст ва додгоҳи кассатсионӣ онро бозбинӣ хоҳад кард.

Боздошти гурӯҳи 33 нафарӣ дар тирамоҳи соли 2007 ба думболи ифтитоҳи парванда алайҳи Низом Ҷӯраев сурат гирифта, дар ҷараёни мурофиаи аввал то моҳи июни соли 2009 16 нафари онҳо дар боздошт ва 17 тан дар озодӣ ба сар мебурданд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
     
Назарҳо
Ном: бехруз аз: кулоб
13.01.2010 16:31
салом ба коргарони сайти озоди як чизро мехочтм ба шумо гуям ман хеле минатдорам аз инки шумо хеле кушиш мекунед барои итило додани мардум вале аз чихати сурат камбуди доред чи ки дар кучое як нафара судаш саршавад хамун сурати 5-мох пеш як чанд нафар суд шидагиа нишон медихед агар шавад хамин суратотон иваз кунед саломат бошед

Ном: ВОВЧИК аз: КУЛОБ
15.01.2010 14:02
ЧАРО АХБОРИ МУХИМИ МИНТАКАРО ДАР ЧОЙИ ПОЙИН ГУЗОШТАЕД ЛОАКАЛ АЗ БЛОГИСТОН БОЛОТАР ГУЗОРЕД
Дар посух

Ном: осим аз: Чоркишлок
21.01.2010 02:29
Низомхон мужик буд.

Ном: Чалол аз: исфара
18.01.2010 10:36
Хамин Низом Чураев ба кучо гайб зад? Чи хел шуд, ки вай гуё замин кафиду даромада рафт? Хамон кадар молу мулки давлтаро дуздида, солхои дароз халкро азоб дод, хеч кас чизе гуфта наметавонист, чи сабаб шуд ки вай яку якбора вакили вилояти шуд? Ё вакилиро хариду дахони хамаро дар вакташ баста буд? Ва даъфаи охирин ким кадомро рози карда натавонист?
     
Ҳаҷми матн - +

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил