Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Фарҳанг

«Зиндагӣ аз ман рабуда ...»

Tajik - the cover of the new book by Sunnati

30.12.2009

Оғози суруди «Зиндагӣ аз ман рабуда…» - и Кароматуллоҳи Қурбон - овозхони зиндаёди тоҷик акнун муқоваи китоберо ҳам зеб медиҳад. Аз муқова акси Кароматулло ба мо менигарад, бо ҳамон табассуми фарох ва самимонаи хоси ӯ.

Як чеҳраи рамзӣ ва намирандаи даҳҳову садҳо қурбониёни силоҳбадастони маънивияткуш дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон. Ситораҳое, ки аз тири ҷаҳолат ҷисми онҳо мурда, аммо бо ҳунар ва осори худ рӯҳи онҳо зиндааст ва ба имрӯзиёну ояндагон паёми ишқ мефиристанд. Ёдномаи яке аз онҳо, ки аз тарафи рӯзноманигор – Набиуллоҳи Суннатӣ таълиф шудааст, дар нашриёти «Шарқи озод» дар Душанбе бо теъдоди 1 ҳазор нусха ба нашр расид.
Муаллифи «Зиндагӣ аз ман рабуда» дар офаридани чеҳраи Қароматуллоҳ аз чашмдошти ӯ бештар муваффақ шудааст...

«Ман аз хурдӣ дилбохтаи сурудҳои Кароматтуллоҳ будам ва мехостам ӯрову сурудхониашро бубинам. Ва вақте ки ӯро дар тирамоҳи соли 1992 ӯро душманони ҳунару маънавиёт ваҳшиёна ба қатл расониданд, қалби кӯдаки ман инро як фоҷиаи бузург қабул кард ва як орзуе дар дилам пайдо шуд, ки калон шавам, дар бораи зиндагии Кароматуллоҳ китобе хоҳам навишт.» - ба Озодӣ нақл кард муаллиф.

Ҳамин меҳру дилбастагӣ Набиуллоҳро дар тӯли ду ним сол борҳо аз Хуҷанд то Душанбеву дигар нуқоти Тоҷикистон бурд, то аз нигоҳи аҳли оилаи Кароматтулоҳи Ққурбон , ба хусус – ҳамсараш – Зулфиябону, пайвандону дӯстони ҳофизи маҳбуб, Ортиқи Қодир ва Маҳмудҷони Қосим - ба хусус, ҳамсинфону ҳаводораш ва бойгониҳо мавод ҷамъ оварад, то ҳақиқати зиндагии ӯ воқеӣ рӯи коғаз ояд.

Вай мегӯяд : «Кароматулллоҳ як инсони бисёр наҷибе будааст, хоксору фурӯтан. Ба ман нақл карданд, ки назди вай як марди маъюбе меомададаст, ки «ман - мухлиси шумо. Кароматуллоҳ ӯро ба хона дароварда, меҳмон карда, ҳатто фиттаҳои сурудҳояшро ба ӯ тақдим мекардааст. Эҳтироми хосаи ӯро ба он мард дида, дӯстонаш ба Кароматуллоҳ мегуфтаанд, ки охир, ин ҳама вазиру кабир, ки мухлиси шумо ҳастанд, ин марди оддиро аз ҳама боло мегузоред. Мегуфтааст, мухлиси аз ҳама азизи ман ҳамин аст.»

Ортиқи Қодир – ҳунарвар ва ровии тоҷик, аз дӯстони наздики Кароматуллоҳи Қурбон мегӯяд, "муаллифи «Зиндагӣ аз ман рабуда» дар офаридани чеҳраи Қароматуллоҳ аз чашмдошти ӯ бештар муваффақ шудааст."
 
Вай афзуд, китоб ҳарчанд мисли як қиссаи мустанад аст, ки бо бадеият навишта шудааст, вале чеҳраи Кароматуллоҳ, чун як инсон ва ҳунарвар воқеӣ ба қалам омадааст. Ба гуфтаи Ортиқи Қодир, Кароматуллоҳ асолати ҳунарро гиромӣ медошт ва пеши ҳар касу нокас сар хам намекард.
Набиюллоҳи Суннатӣ, муаллифи китоб

Дар китоби Набиуллоҳи Суннатӣ як нақши рӯшан ва пурҳасратест, ки дареғо, чаро чунин овозхони нотакрорро эҳтиёт накардем ва аз даст додем . Ва муаллиф ба таҳқиқ нишон медиҳад, ки фарҳангсӯзӣ ва маънавияткӯшӣ натиҷаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ба ин маънӣ ин китоб танҳо дар бораи зиндагии Кароматуллоҳи Қурбон нест, балки назари як насли нави тоҷик дар бораи ҷанги шаҳвандӣ дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ҷанге, ки дар он як идда дар ниҳояти бераҳмӣ ситораҳои илму адаб ва ҳунар, амсоли Кароматуллоҳи Қурбонро ҳадафи тир қарор доданд. Ситораҳое, ки дар осори ҳунарии худ дарсеву сабақе барои имрӯзиёну ояндагон боқӣ гузоштаанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: Hamkurs аз: S-Peterburg
30.12.2009 20:49
Barodar Nabiyollohro bo chunin dastovard tabrik meguyam, iloho hamesha nigahbonat Khudo boshad va muvaffakiyat hamrohat.

Ном: Шахло аз: Душаанбе
30.12.2009 22:57
Бародари гироми Набиуллох ин даст ранче,ки солхои зиёд дар орзуяаш будию имруз инак дастраси хонанадгон гаштааст барояат муборак бошад.
Зиндагӣ достони ғам аст,
Зиндагӣ гарчӣ умраш кам аст.
Зиндагӣ як нафас, як садост,
Зиндагӣ сар ба сар мотам аст.
Бале, шумо дар ин китоби худ зиндагии як инсонеро, ки дар дилу дидахои мардум чо гирифтаст ба пураги инъикос кардед!
Ба шумо барори кору эчод ва муваффак буданро дар зиндаги таманно мекунам.
Худованд хамаи моро бо бехтарин илму дониши зиндаги бонасиб гардонад ва калбхои торики моро бо нури имон рушан гардонад! Омин!


Ном: Bahman аз: London, UK
31.12.2009 20:33
Tashakkuri ziyod baroi kitob. Xele mexoham xondan in kitobro ,vale namedonam chi tavr paydo kunam.

akai Nabiulloh Xudovand nigahbonaton..

Ном: Хукмиддин аз: ш.Харков
02.01.2010 14:25
Салом ва минатдории худро ба нависандаи ин китоб мерасонам.Мо шахрвандони точик эчодиети имрузаи ватанро танхо тарики интернет дастрас карда метавонем. Хуб мешуд,барои мо ин китобро тарики интернет пахш мекардед.Худо хофиз.

Ном: Набиюллоҳи Суннатӣ аз: Хуҷанд
04.01.2010 11:58
Дуруд ва сипос ба онҳое, ки ин ҷо назари хешро навиштаанд. Иншоаллоҳ рӯзҳои наздик ин китобро дар сомонаи махсус ё веблог низ ҷой медиҳем. Он рӯз дур нест, зеро мо дар садади омодасозии сафҳаи наве дар пахнои васеъи интернет қарор дорем, ки он ҳам бошад исми «Зиндагӣ аз ман рабуда»-ро ба худ дорад.
Бо иродат Набиюллоҳи Суннатӣ

Ном: Хурсанд аз: Руссия
07.01.2010 13:02
ашаккури зиёд аз шумо, бародарони азиз, ки аз хабарх,ои охирини Ватан мо гарибонро огох, месозед... Мехох,ам ба шумо миннатдоргии худро баён намоям, барори кор, хабарх,ои тару тозаи шуморо интизорем...

Ном: Кароматуллои аз: Курбон
07.01.2010 22:27
устод Кароматулло шумо хамеша хамрохи мо хастен, Худованд рухатонро шод кунад

Ном: Фотима Ѓоибова аз: Душанбе
08.01.2010 10:36
Кароматулло ситорае буд пурчило, ки то имрўз аз нуру зиёяш дўстдорони фарханг бахраманданд. Садову симои точикона ба беш аз ин бехтарин инсон будан, бехтарин дўсту рафик будан аз хислатхои неки ў буд, ки месазад хамеша ёдаш кунем. Аз байни мо рафтани Кароматулло талафоти бузурге буд барои фархангу хунари точик ва мо рафикону хамкорон. То имрўз чои холии ў ва Абдурахмону Фаридро касе натавонист пур кунад. Харчанд Нозияву Мухаммадрофи идомаи рохи нопаймудаи падар хастанд, вале самимияту мехрубони, чехраи хамеша хандону дили софу чун кўдак бегаши Кароматулло дигар буд. Аз ин рў ин китоб шояд як ёдбуде барои мову муаррифии ў барои насли чавон хохад буд.
Муваффак бош, бародар.



Ном: Davlatyori Baydullo аз: ш.Душанбе
08.01.2010 19:41
Вокеан хам муаллифи ин китоб Набиуллоҳи Суннатӣ кушиш намудааст, ки тамоми он вокеъоту ходисотеро ки дар рузгори шодравон овозхони махбуби халки точик ки хеч гох овози фораму нафисашон аз ёдам намеравад, ба тасвир оварад. Ман хам яке аз мухлисони ашадии Кароматуллох Курбон хастам ва хохам буд ва офарин ба Набиуллоҳи Суннатӣ мехонам, ки у тавонист рухи уро зинда кунад. Ман китобро хондам ва гохе хандидам гохе ашки чигарсуз димогамро гирифта монеъаи хонданам шуд ва гохе овози мусикию сурудхои у ба гушам мерасиду як чахон афсус мехурдам ки У рафтааст. Тансихату хонаообод бошед дустони азиз.
     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил