Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ойини мадоро

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Минтақаҳо

Cафари нахустини сафирони ИМ ва Бритониё ба Хуҷанд

Сафири Амрико дар Тоҷикистон

17.12.2009

Кеннет Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон, ва ҳамтои бритониёии вай дар Тоҷикистон Трейвер Мур барои бори аввал бо як сафари серӯзаи корӣ вориди Хуҷанд шуданд.

Дар рӯзи 17–уми декабр онҳо бо Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, дидору гуфтугӯ карданд ва дар поёни он сӯҳбати кӯтоҳе ҳам бо рӯзноманигорон анҷом доданд. Мавзӯи аслии суҳбат таъмини амният ва суббот дар Афғонистон ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин росто буд.

Бритониё омодагӣ гирифтааст ба Афғонистон 500 сарбози иловагӣ фиристад. Амрико мехоҳад беш аз 30 ҳазор низомии дигар равон кунад.

Кеннет Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон, гуфт, умедвор аст, ки ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон ба таъмини амнияту субот
Сафири Бритониё дар Тоҷикистон
дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард. Трейвер Мур, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, дар тақвияти сухани ҳамтои амрикоиаш афзуд, сафорати кишвараш дар овардани сулҳу субот ба Афғонистон бо Тоҷикистон ва давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ дорад ва ҳамаро ҳамин як мақсад ба ҳам овардааст.

Сафирони ИМ ва Бритониё бо раиси вилояти Суғд дар бораи тақвият ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ суҳбат кардаанд. Онҳо гуфтанд, сафари аввалинашон ба Хуҷанд ба хотири ошноии бештар бо мардуми вилояти Суғд, тағйироту таҳаввулоти минтақа ба хотири тақвияти ҳамкориҳои давлатҳояшон бо ин минтақа сурат мегирад.

Сафари кории сафирони Амрикову Бритониё дар Тоҷикистон дар Хуҷанд се рӯз, то бегоҳи ҷумъа идома хоҳад дошт.
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил